Приведен таджикский текст постановления:
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 июни соли 2024, № 524
Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ва иваз намудани номи он, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Некобод иваз карда шавад.
2. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Варзоб иваз карда шаванд:
- деҳаи Тошбулоқи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Наврӯзчашма;
- деҳаи Пурзабади деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Пурзавот;*
- деҳаи Бегари деҳоти Варзобқалъа ба деҳаи Беғар;**
- деҳаи Косатароши поёни деҳоти Лучоб ба деҳаи Косатароши Пойин.
Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе.
* Поменяли "Пурзабад" на "Пурзавот". Опять же неправильно написано название села на таджикском. Не "Пурзабад" а "Пурзобод"! Что означает "Пурзавот"? "Пурзавот" диалектическое произношение названия "Пурзобод". Грамотеи!
** Поменяли "Бегар" на "Беғар". Название села и без этого постановления было "Беғар (Beghar)"
|