Суббота 12.10.2024 02:41 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха Гезани поёнДеҳаи Ғезани поён – Village Ghezani poyon
Дар мулки ғариби ман тура ёд кунам, Монандаки кабки тоқа фарёд кунам. Ҳаргаҳ, ки дар ин шаҳр ту ба ёдам ойи, Гардам тарафи Ғезану фарёд кунам. Дата основания: примерно 1400 г. Что означает это название: "Нижний Гезан". Топоним «Гезан» означает «Причал». С древних времен естественный природный причал назывался «Гезан (Ғезан, Ghezan)». Слово «Гезан (Ғезан, Ghezan)» встречается в произведении «Бадоеъ – ул - вақоеъ» средневекового поэта и ученого Восифи (16 век), где он описывает битву происходящие на берегу озера Мугиён, где был разбит один из узбекских ханов. Дар замонҳои қадим омадааст, ки дар замонҳои мози, ағбаи Вачахна сарбаста буда, паси он кўли азамат лаппиш мехўрдааст, чунон ки ҳоло паси дараҳои сарбаста лаппиш мехурад Ҳафткўл, Кўли Калон, Искандаркўл ва кўлҳои дигари кўҳсори Зарафшон. Ва кўли Вачахнаи собиқ аз ағбаи Вачахна шурўъ гашта, то поёндасти деҳи Сору Хурми ва Муғиён доман паҳн карда, дар як бари миёнаҳои он теппакўҳҳо амсоли нимҷазира меистода ва болои он «Ғезан» ном дошта. Ва аз рўйи мавқеи ҷойгиршавиаш «Ғезан» то ҳадде шабоҳат дошта, бар бандарҳои табии. Ҳамчун бандар истифода мешудааст инҷо. Ва аз қадим бандарро ҳам «Ғезан» мегуфтанд. Дар асари машҳури «Таърихи Табари» ҳам «Ғезан» ба маънои «бандар» омада. Муқимиёни Ғезан баъди поён рафтани обистони кўли Вачахна аз сари кўҳпора поён фаромадаанд ва дар пояи он манзил гузидаанд. Аз рўи маъхазҳо ин кўли азим дар замонҳои на онқадар дур аз байн рафтааст, чунон, ки Восифи (қарни 16) дар асари худ «Бадоеъ – ул - вақоеъ» доири замони худ ҳикоятҳо карда меорад: яке аз хонҳои ўзбакия дар соҳили кўли Муғиён шикаст хўрдааст. Восифи кўли Муғиён гуфта, ҳамин кўли Вачахнаро дар назар дорад, ки дар замони вай ҳарчанд хурд шуда буд вале пурра аз байн нарафта буд. Заминҳои поёндасти Ғезанро қози харида, ҳамчун манзили зисту идороти худ интихоб намудаанд. Қозиҳои дар поёндасти Ғезани қадима маскундоштаро «Қозиҳои Соярў» меномиданд (Ва уезди Панҷакент ун замон боз ду қозии дигар дошта, ки яке дар маркази шаҳр меистода ва он «Қозии Мобайн» ё «Қозии Панҷакент» номбар мешудааст, ва дигаре дар Ёри меистода, ки онро «Қозии Офтобрўя» меномиданд). Қароргоҳи козиро «Қозихона» ё «Деҳҷо» ном мебурданд. Вале азбаски дар поёндасти Ғезани кадима будааст, мардуми корафтода ё роҳгузар баъзан онро «Қозихонаи поёни Ғезан» ном мебурдаанд. Баъд ин таъбир мутассил-мутассил суфта шуда, «Қозихонаи Ғезани Поён» шуда. Хуллас, манзилгаҳи ҷавони поён низ номи Ғезани қадимаро гирифтааст, фақат Ғезани Поёнро. (аз Абдурофеъ Рабизода («Мафҳуми Ғезан чист?) Карта местности : География: Гезани поён расположена на высоте 1500 - 1550 м от уровня моря (39.283509, 67.722462), граничит с дехом: Гезани боло Расстояние до центра джамоата 8 км Расстояние до центра района 37 км Расстояние до центра области г. Худжанд 277 км Расстояние до г. Душанбе 253 км Как добраться: Доехать можно через г. Пенджикент. Необходимо добраться до главного базара. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в Гезан. Обычно таксисты стоят у главной аптеки расположенной рядом с базаром и набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности:
Исторические документы: ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 19 июни соли 2024, № 523 Дар бораи иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз карда шаванд: 1) дар шаҳри Истаравшан: - деҳаи Бафоии деҳоти Гули Сурх ба деҳаи Вафоӣ; - деҳаи Саричияки деҳоти Қалъачаи Калон ба деҳаи Саричак; 2) дар шаҳри Панҷакент: - деҳаи Киштудаки Поёни деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Киштудаки Пойин; - деҳаи Сойи Вешисти деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Нови Вешист; - деҳаи Уртақишлоқи деҳоти Саразм ба деҳаи Миёндеҳ; - деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Ғезани Пойин; - деҳаи Майдони Моғиёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Моғиёнмайдон; - деҳаи Рашнаи поёни деҳоти Шинг ба деҳаи Рашнаи Пойин; - деҳаи Ҳушёрии деҳоти Шинг ба деҳаи Ҳушор; 3) дар ноҳияи Ашт: - деҳаи Ашти Поёни деҳоти Ашт ба деҳаи Ашти Пойин; - деҳаи Каттасарқамиши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Найистон. Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ ш. Душанбе 1905 г. - Российская империя, Туркестанский край, Самаркандская область, Самаркандский уезд, Пенджикентский участок, Магиано-Фаробская волость, Хурминское сельское общество, деха Гезани поён *Гизанъ-паянъ = Гезани поён (Ghezani poyon), Гизанъ-баля = Гезани боло (Ghezani bolo), |
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |