Понедельник
14.10.2024
09:21
Форма входа
Календарь
«  Октябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ

Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ

Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз бостонитарин халқиятҳои башар буда, роҳи пур аз шебу фароз ва пур аз ҳаводисро тай намуда, дар ин росто бо офаридаҳову бо майдони илму сиёсат ворид намудани ҳазорҳо олимону шоирону нобағагон ва сиёсатмадорон ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардаанд. Тоҷикон дар ҳар куҷое, ки зистро ихтиёр карда, он замини маскунии хешро обод намуда, дар он макон шахсиятҳои бузургеро тарбияву ба воя расониданд, ки онон дар муаррифии минтақаи хеш ва номи поки тоҷикон саҳми арзишманде гузоштаанд. Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз онон “низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи мухталифи динӣ, инчунин ҷараёни мактабҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштаанд”, ки имрӯз башарият аз он ангушти ҳайрат газида, аз ин мероси бебаҳои ниёкони мо истифода мебаранд.

Сарзаминҳои тоҷикнишин аз қадимулайём аз маконҳои ободу пешрафта буда, тавассути ниёкони бомаърифати мо рушду тараққӣ ёфта, ба бузургтарин маконҳои илму маърифат мубаддал гашта, дар ин замина бузургтарин олимону шоирон ва сиёсатмадорону ҷангҷӯёнро ба арсаи илму адаб ва сиёсат ворид намуданд. Яке аз қаламравҳои тоҷикнишин, ки дар қуруни вусто ва дар асрҳои минбаъда дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илму адаби тоҷикон нақши муаассир дошт, Уструшана (Истаравшан) ба ҳисоб меравад. Истахрӣ дар асари худ “Масолик ва мамолик” ҳудуди онро муайян намуда, қайд мекунад, ки “ҳадди шарқии он бо Фомир ва Фарғона… ва ғарби бо ҳудуди Самарқанд, ва шимол бо Чоч ва ҷонибе аз Фарғона ва ҷанубӣ сӯйи Кеш  ва Ҷағониёну Шумону Яшгирд ва Рашт” мерасад. Пойтахти он Бунҷикат аст, ки ба қавли Истахрӣ волиён ва қариб даҳ ҳазор мард дар онҷо иқомат мекардаанд. Айнан ҳамин гуфтаҳоро бо каме илова Ибни Ҳавқал дар “Сафарнома”-и худ зикр мекунад. Дар асари “Ҳудуд-ул-олам”-и муаллифаш гумном, зикри ин минтақа рафта, қайд шудааст, ки “Сӯрушана ноҳиятест бузург ва ободон, бо неъмат…ва шаҳру рустоҳои бисёр. Ва аз вай набиди бисёр… ва аз кӯҳҳои вай оҳан хезад”.

Дар ибтидои ҳуҷуми арабҳо ба сарзаминҳои тоҷикнишин мулки Уструшана яке аз маконҳое буд, ки муқобили душманон истодагарӣ намуда, мардумаш аз худ далериву шуҷоат ва матонату мардонагӣ нишон дода, мулки худро муҳофизат намуданд ва дар давраҳои баъд аз густариши Ислом низ онон дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикон нақшгузор буданд. Дар ин мулкҳо ҳокимони мустақили тоҷик ҳукумат менамуданд ва онҳоро “Афшин” мегуфтанд, ки аз ҷумлаи фармонравоёни шуҷоъ ва ҷанговар ва дар асрҳои VIII-IX аз хонадони Ковусиён  буданд. Арабҳо муддати зиёде талош намуданд, то ин мулкро ишғол намоянд, аммо ба қавли муаррихи варзидаи тоҷик Аҳрор Мухторов “руҳи озодихоҳонаи мардуми ин диёр, ба сари давлати мазкур ҳукм рондани сипоҳиёни кордону шуҷоъ… ва работҳои мустаҳками биносохтаи Афшинҳо дар сарҳадоташон ва мустаҳкамии истеҳкомҳои шаҳрӣ” нагузошт, ки ба осони ин қаламрав тобеи арабҳо шаванд. Аз ҳамин хитаи тоҷикон ва аз ҳамин хонадон бошад, нафаре ба майдони сиёсат ворид мешавад, ки бо далерию шуҷоатмандӣ ва ҷанговарии хеш ба яке аз бузургтарин сарлашкарон дар ҷаҳони Ислом табдил ёфта, шуҳрат ва бузургии тоҷиконро дучанд месозад. Ин ҷанговари шуҷоъ ва лашкаркаши боистеъдод Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ мебошад, ки дар замони хилофати Аббосиён аз ҷумлаи бузургтарин сарлашкарони таърихи ин хонадон буд. Ӯ бо далериву фармонравоии худ мулкҳои зиёдеро таҳти тасарруф қарор дода, ба мулки Хилофат изофа намуд ва дар мустаҳкам намудану аз парокандагӣ раҳонидани онон хизмати шоёне намудааст.

Афшин Ҳайдар дар замони хилофати Маъмун исломро пазируфта, ба хидмати халифаҳои Аббосиён мепардозад. Аз худ шоҷоату далерӣ ва вафодорӣ нишон дода, бо инъоми халифа нахуст ба вазифаи Ҳоҷиб-ул-умаро таъин мешавад ва дар идома, корнамоиҳои зиёд аз худ нишон дода, боварии халифаро пурра ба даст меорад ва минбаъд, вазоифи бузургтареро иҷро менамояд. Аҳрор Мухторов аз Ҳаким Заҷҷоҷӣ, ки ӯ дар асари худ доир ба Афшин Ҳайдар иттилооти зиёде дода, шахсияти ӯро тасвир намудааст, иқтибос меорад, ки чунин аст:

Малик бошад Афшин бадон буму бар,

Зи ҷамъи бузургон буд, он пурҳунар,

Варо Ҳайдари меҳрубон буд ном,

Амири сарфароз буд шодком.

Зи пушти дилафрӯз Ковус буд,

Пур аз донишу ному номус буд.

Ниёкони ӯ подшоҳон буданд,

Ҷаҳоне варо некхоҳон буданд…

Аз ин мисраҳои шеъри баръало равшан мегардад, ки воқеан Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ, ки аз насли подшоҳон буд, хуб парварда шуда, аз донишу заковат, илму маърифат, лашкардорӣ ва дигар хислатҳои шуҷоатмандӣ бархурдор буд ва ҳамин омил шарти муҳими рушд намудани Ҳайдар чун шахсияти комил ба шумор меравад. Ӯ ба суйи илму маърифат, ки асоси пешрафти ҳар як инсон аст, шитофт ва илму дониш ва далерию мардонагӣ ӯро ба қуллаи мақсуд расонд. Бо рушд намудан чун шахсияти комил ва шуҷоъманд тамоми садди дар пешистодаро бишкаста, ҳамвор намуд ва ҷойгоҳи бузургро ба даст овард.

Дар ҳамин ҳангоме, ки Афшин Ҳайдар дар хидмати халифаҳои Аббосӣ даромада буд, дар бахши Қафқозии Хилофат бо сарварии Бобак шуриш сар зад буд ва муддати зиёде идома кард, ки халифаҳо дар пахши он оҷиз мемонанд. Бинобар ин, онон маҷбур мешаванд, ки аз фармондеҳони ҷасури тоҷик дар пахши ин шуриш кор бигиранд. Воқеан, бо вуҷуди будани сарлашкарону амирони зиёди арабтаббор халифа ночор дасти худро сӯйи як тоҷикзодаи Истаравшанӣ дароз мекунад, ки албатта ин аз бузургӣ ва қадру манзалати баланди Афшин ҳайдар далолат мекунад. Ба навиштаи Абулҳусайни Зарринкӯб дар китоби “Таърихи Эрон баъд аз Ислом” “Халифа ночор сардори эронинажод ва навмусулмони хеш Хизар (Ҳайдар) бини Ковусро, ки аз Ушрусана дар сарзамини Ҳайотала бархоста буд, ба ихтиёри бисёр ва бо лашкари анбӯҳу созу барги комил ба дафъи ӯ (шуриши Бобак) равона кард, бо ваъдаҳои дилнавоз ва бо фармони ҳукумат, ҳарҷо ки дар ҷанг ба тасарруф тавонад овардан”. Афшин Ҳайдар, ки алакай ҷангҳои зиёдеро пушти сар намуда, таҷрибаи зиёди ҷангӣ омӯхта, ҳамзамон шахсияти донишманду закӣ ва соҳибдироят буд, тамоми чораҳои заруриро андешид то шуришро пахш намояд. Албатта, шикаст додани исёне, ки дар он оммаи васеи халқ зери як шиор ба ҳам омада, иштирок мекунанд ва дар баробари ин, аз хориҷ кӯмак мегиранд, кори саҳлу сода нест. Аз ин рӯ, ба Афшин лозим омад, ки муддати зиёде бо қувваҳои шуришчиён корзор намуда, охируламр маконҳои онҳоро фатҳ ва роҳбари шуришро ба фирор намудан водор созад. Ин ғалаба обруву эътибор ва ҷойгоҳу мақоми ӯро назди халифа боз ҳам боло мебарад ва ҳамин буд, ки ба қавли Аҳрор Мухторов “Рафтору кирдори Афшин Ҳайдар ба ҷое расид, ки ӯ бидуни хоҳиши халифа амал мекардагӣ шуд”. Дар ин замон, Афшин баъд аз халифа мақоми дувумро ишғол мекард ва нуфузу эътиборашҳам назди мардум аз халифа дида болотар меистод.

Абӯали Муҳаммади Балъамӣ низ дар китоби худ “Таърихи Табарӣ” муборизаи Афшин Ҳайдарро бо Бобак тасвир карда, қайд месозад, ки “Бобак марде буд, ки дини хуррамӣ андар он аср ӯ падид овард…ва мазҳаби Бобакро осон ёфтанд… ва халқ ӯро иҷобат карданд. Ва ӯ ба ҳисори хеш андар ҳамебуд эмин…ва бист сол ҳам бад-ин бимонд. Пас Мӯътасим бад-ӯ заҷир шуд ва тадбири ақл ҳама бад-ин андар кард, то киро фиристад. Пас ихтиёри ӯ ба Афшин афтод”. Балъамӣ дар индомаи ин тасвир Афшин Ҳайдарро “Сарҳанге аз бузургони Хуросон ва ба асл аз Мовароуннаҳр” мегуяд ва ба таври хело олӣ набарди ӯро инъикос менамояд, ки албатта дар ин набардҳои Афшин шуҷоати зиёд нишон дода, Бобакро шикаст медиҳад. Балъамӣ ҳамзамон зикр мекунад, ки Афшин ҳар чизе, ки ба даст меовард, ба хонаи хеш Уструшана мефиристод.

Абӯлфазли Байҳақи низ дар асари худ, мавзуеро бо номи “Зикри ҳикояти Афшин ва халос ёфтани Будалаф аз вай” дар мавриди Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ нигоштааст, ки хело ҷолиб аст. Аз ҷумла, дар ин ҷо зикр шуда, ки халифа Муътасим мегуяд: “ба ҳукми он, ки хидмате писандида карду Бобаки Хуррамдинро барандохт ва ба рӯзгори дароз ҷанг пайваст, то ӯро бигрифт ва мо ӯро бад-ин сабаб аз ҳадди андоза афзун бинавохтем ва дараҷае сахт бузург бинҳодем”. Дар ин ҷо гарчанде ки аз хидмати Афшин Ҳайдар ёд шуда, вале дар тасвири ин мавзӯъ Байҳақӣ аз забони Муътасим Афшин Ҳайдарро ниммусулмон зикр мекунад ва дар идома тасвири ҷолибе дар ин ҳикоёт мекунад, ки овардани он ҳамаро зарур намешуморем.

Ҳаким Заҷҷоҷӣ, ки Афшин Ҳайдарро ба қаҳрамони асосии асари худ табдил додааст, дар тасвири ӯ бо як шеваи ниҳоят дилангез шахсияти ӯро чунин инъикос менамояд:

Сарафроз Афшин гаронмоя буд,

Бари Мӯътасим бартарин поя буд.

Дар Эрону Арман буд Афшин амир,

Гузашта ба рафъат зи парвину тир…

Ҳама Руму Арман варо мулк буд,

Ба рафъат зи гардун гарав мерабуд.

Зи Уструшана буд он сарфароз,

Зи пастӣ шуда комрон бар фароз…

Ин мисраҳои шеъри гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мақому мартабаи Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ аз тамоми вазирону сарлашкарону амирони дигари араб боло буда, назди халифа Мӯътасим ҷойгоҳи махсусро ишғол мекард. Ҳамин аст, ки ӯ мулкҳои зиёдеро соҳиб гашта, дар он ҷойҳо фармонфармоӣ мекард. Нуқтаи муҳим он аст, ки гарчанде ӯ аз насли шоҳон бошад ҳам, вале дар мулке буд, ки аз Хилофат фарсахҳо дур ва шоядам шоҳони ин гуна мулкҳоро халифаҳо эътироф ҳам намекарданд. Вале, Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ аз ҳамин мулки кӯҳистон бархоста, бо нерӯи ақлу заковат, донишу хирад ва далериву шуҷоатмандӣ ва аҳдофи гузоштаи худ ба баландарин мақом дар Хилофати Аббосиён расид, ки дигар ҳатто халифа аз ӯ ҳарос пайдо намуда буд. Аҳрор Мухторов муаррихи варзидаи тоҷик бошад, бар он назар аст, ки сабаби аслии ба ин мартабаҳои олӣ расиданӣ ӯ, пеш аз ҳама:

  1. “Ҷаҳонбинии васеъи ӯ нисбат ба арабҳо ва сарлашкарони онҳо вобаста ба ин ақлу заковат ва фарҳангдӯстии Афшин Ҳайдар”. Воқеан, агар ба ин нуқта назар кунем, дар ҳақиқат Афшин Ҳайдар аз донишҳои илмӣ бархурдор буд ва маҳоратҳои олии ҷанговарӣ дошт, ки ин бартарии ӯро нисбат ба дигар сарлашкарони аъроб, ки аксаран дар биёбонҳо гашта, танҳо ҳунари ҷанговариро доштанд, бартар месохт. Ғалаба бар душман танҳо бо ҷанговарӣ ба даст наомада, зиракиву кордонӣ, дурбинӣ ва тарҳрезии нақша алайҳи душман низ роҳи асосии ғалаба аст, ки ин хислатҳоро Афшин Ҳайдар доро буд.
  2. “Хизмати хешу ақрабо ва уструшаниҳое буданд, ки бо ӯ ба назди халифаи араб ба Бағдод рафта буд… ва боварии халифаро ба даст оварда буданд”. Дар воқеъ, барои як сарлашкар, ки тавонад ғалабаҳои зиёд ба даст оварад, пеш аз ҳама одамони боваринок ва наздик будани атрофиёнаш ба шумор меравад, то дар лаҳзаҳои муҳимтарин хиёнат накарда, баръакс ба хотири музаффарияти ӯ ҷонашро фидо кунад. Афшин Ҳайдар бошад, ин чизро дарк намуда, хешовандонашро бо худ мебарад, ки онон барои ғалабаҳои Ҳайдар кӯмакҳои зиёде мекунанд.
  3. “Сазовор гаштан ба боварии халқи оддии араб”. Албатта, бидуни ба даст овардани эътимоди мардум ва танҳо бо қувваи ҳарбии худ такя намудан, дер ё зуд ӯро аз саҳнаи сиёсат берун мегардонид. Аз ин лиҳоз, Афшин Ҳайдар боварии кулли ҷомеаро ба даст гирифт, ки ҳатто Халифа наметавонист, ки ӯро дар назди мардум бикушанд.

Бо боло рафтани шуҳрату нуфузи як тоҷикзодаи кӯҳистони бо номи Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ бахилону ҳасудонро ором намегузошт ва халифаро низ ба ваҳм оварда буд. Аз ин рӯ, ҳамаи онон даст ба ҳамдигар фишурда, ноҷавонмардона нақшаи қатли ӯро тарҳрезӣ намуда, ӯро ба зиндон андохтанд. Баъзе аз муаррихон баҳонаи зиндони шудани онро дар он тасвир кардаанд, ки Афшин Ҳайдар хатна нашуда буд ва инро далеле барои мусулмон набудани ӯ гумошта, ба равонаи зиндон мекунанд ва аз рӯйи маълумотҳои таърихӣ ӯ аз гуруснагӣ дар соли (840-841) вафот кард, вале номи ӯ ҳамеша дар сафҳаҳои таърих боқӣ монд.

Ҳамин тариқ, Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ яке аз бузургтарин сарлашкарон ва фармондеҳони на танҳо хилофати Аббосиён, балки кулли араб буда, бо ақлу заковати хеш аз поёнтарин мақом ба баландтарин мартаба расида, ҷангҳои бешуморро пушти сар намуда, аз худ шуҷоатмандии зиёд нишон додааст. Албатта, дар ин ҷо шаммае аз шуҷоату корнамоиҳо ва ҳаёту рӯзгори ӯ баён карда шуд, вале бо вуҷуди ин ҳам, ин саргузашти ӯ ибрате барои халқи тамаддунофари тоҷик мебошад, ки худро ҳамхуну ҳамтан шумурда, ба якдигар боварӣ намуда, ба сӯйи қуллаҳои мақсуд қадам ниҳем ва ин метавонад, корнамоҳои ӯро такрор намуда, кишвари моро ба пешрафтатарин мамлакатҳои замон мубадал созад. Имрӯз, ки ҷаҳон ҳолати пурталотум ва пур аз ҳовидисро аз сар мегузаронад ва душманони миллат камин гирифта, мунтазири фурсате ҳастанд, насли ҷавони тоҷикро мебояд, ки рӯй ба таърих оварда, аз гузаштаи рангину пурҷилои худ дарси ибрат андузанд ва ҳамин охирин қаламрав, ки аз ниёкони мо ба мо мерос мондааст, бо муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмӣ дифоъ намоянд ва номи неку поки тоҷиконро боз ҳам ҷовидона гардонанд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ, унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ

Самандар МАҲМАДАМИНОВ, магистранти факултети таърихи ДМТ