Вторник
08.10.2024
21:05
Форма входа
Календарь
«  Октябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

АСРОРИ ПИРЯХИ ВАНҶЯХ

АСРОРИ ПИРЯХИ ВАНҶЯХ

Яхистони Ванҷях дар оғӯши сарди худ асрори чандинҳазорсолаи таърихро ниҳон дорад. Агар мо ба замони се ҳазор сол пеш аз ин баргардем, дар ин минтақа манзараеро мебинем, ки дар муқоиса бо манзари имрӯзаш шинохтанашавандааст…

Пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) яке аз бузургтарин пиряхҳои ғайриқутбии дунёст. Дарозии вай 77 км. ва паҳнояш аз 1700 то 3100 метрро фаро гирифтааст. Ғафсии ях дар қисмати миёнааш 1000 метрро ташкил медиҳад. Як нӯги вай дар баландии 6280 м. ва нӯги дигараш дар баландии 2900 метр воқеъ гашта, дар ноҳияҳои ғайриқутбии дунё дарозтарин пирях аст. Майдонаш иборат аз 700 км² аст. Ин пирях асосан дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ воқеъ гашта, шохаҳояш ба дигар минтақаҳо низ кашида шудаанд.

Пирях аз доманаҳои шимолии қаторкӯҳи Язгулом қад кашида, ба нишебии шарқии қуллаи Академияи Илмҳо убур мекунад. Пирях дар паҳлуи қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ воқеъ гаштааст.

Соли 1871 бо роҳбарии А.П. Федченко ба ин минтақа экспедитсияи русие ташкил шуда буд. Баъд ин пирях соли 1878 аз ҷониби сайёҳи рус В.В. Ошанин кашф гардида, онро ба номи дӯсташ Федченко номгузорӣ кардааст. Чанде пеш аз ҷониби Парлумони кишвар пиряхи мазкур Ванҷях номгузорӣ гардид.

Саволе, ки олимон ба он посухи мукаммал надодаанд, ин аст, ки синну соли пирях чи қадар аст? Албатта, умуман пиряхҳо синну соли гуногун доранд, ки баъзеҳо аз байн рафта баъзеи дигар ба вуҷуд меоянд. Пиряхи Ванҷях низ санаи бавуҷудоӣ дорад, ки мутаассифона, он маълум нест. Мутахассиси яхшинос (гляциолог) нависанда Александр Яблоков дар суҳбат ба муаллифи ин сатрҳо санаи пайдоиши пиряхи Федченко (ҳоло Ванҷях)-ро 10 ҳазор сол гуфта буд. Дар бораи ҳолати кӯҳҳои Поми дар он даврон муаллифони «История Горно Бадахшанской Автономной области» навиштаанд, ки «Тибқи назари дигар олимон Помири Шарқӣ дар голотсени нахустин поёнтар аз сатҳи кунунӣ воқеъ гашта буд, аз ин ҷиҳат шароити иқлими он даврон сабуктар буд… Л. Ф. Сидоров чунин мешуморад, ки табиати Помири Шарқӣ 10 000 сол пеш дар даврони гелотсен аз шароити кунунӣ бисёр тафовут дошт. Дар даврони гелотсени аввалия маҷрои дарёҳои асосӣ дар сатҳи кунунии баландкӯҳ воқеъ набуда, дар масофаи 600-700 метр аз нишонии кунуниашон поёнтар қарор доштанд. Он замон дар водии дарёҳо туғайзор, дар нишебиҳо арчазор ва дар дашту теппаҳо марғзору алафзор мерӯид».

Солҳои Ҳокимияти шуравӣ олимони Пажӯҳишгоҳи геология ва геофизикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пиряхҳои Помиру Олойро таҳқиқ намуда, ошкор карда буданд, ки дар сайёра пиряхҳои абадӣ вуҷуд надоранд. Мувофиқи ҳисоби онҳо ҳар як пирях дар тайи ҳазор сол худро нав мекунад. Аз ин ҷо онҳо хулоса кардаанд, ки синни пиряхи Федченко (Ванҷях) 1000 солро ташкил медиҳад. Баъзе олимони дигар синни онро 200-300 сол гуфтаанд.

Мутаассифона дар бораи ин пирях аз ин бештар маълумоте дарёфт кардан душвор аст. Баррасии синну соли пиряхро ба ихтиёри мутахассисон вогузор карда, ҳоло ба масъалае рӯ меоварем, ки масъалаи муҳимми таърихист.

Дар китобҳои ҷуғрофиёи қадим дар бораи ин пирях маълумоте нест. Ҳамчунин дар “Авесто”, асарҳои орёҳиндуӣ ва хитойӣ дар ин бора чизе гуфта намешавад. Дар китоби “Стҳанангҳа Сутра…” ки ба ҷуғрофиёи Ҷамбу (Помир) бахшида шудаааст, бештар дар бораи рудҳову кӯҳҳои ин минтақа сухан меравад. Воқеан, дар даврони беш аз се ҳазор сол пештар ин пирях вуҷуд дошта наметавонист, зеро сатҳи кӯҳҳо аз ҳолати кунуниашон хеле паст воқеъ гаштаву ҳаво низ муътадил буд.

Дар “Авесто” эзадбонуе зикр мешавад, ки хеле номаш маъруф буда, дар баробари он ки эзадбону ё муваккали руди Аранг – Сирдарёи кунунист, яке аз рудҳои машҳур — Аредви Сура Аноҳито ё Ардвисура бо номи ӯ тасмия гардидааст. Аксар паҳлавонони эронӣ дар Эронвиҷ ва соҳилҳои руди Рангҳа ба ӯ ниёиш мекунанд. Ин руд «…ба андозаи ҳамаи рудҳои ҷаҳон, ки як ҷо ҷамъ шаванд, нируманд аст ва аз кӯҳи Ҳукарё ба дарёи Ворукаша мерезад…» Баландии кӯҳи Ҳукарё ҳазор баробари қади одамӣ аст ва руди Аредвисура Аноҳита аз фарози он ба дарёи Фарохкард фурӯ мерезад, ба бузургии ҳамаи обҳое, ки бар ин замин равон аст.

Дар «Авесто» аксари ниёишҳои Зардушт ва шоҳону қаҳрамонҳои эронӣ дар соҳилҳои рудҳои Доитиё ва Ардвисура сурат гирифтаанд. Масалан, Тӯс, писари Нӯзар, аз Ардвисура Аноҳито чунин хостор мешавад: «Эй Ардвисура Аноҳито! Эй нек! Эй тавонотарин! Маро ин комёбӣ арзонӣ дор, ки ман бар писарони далери хонадони Виса дар гузаргоҳи Хшатра Саук бар фарози Канги баланд ва ашаван пирӯз шавам; ки ман сарзаминҳои турониро барандозам: панҷоҳҳо садҳо, садҳо ҳазорҳо, ҳазорҳо даҳ ҳазорҳо, даҳ ҳазорҳо сад ҳазорҳо».

Ардви Сура Аноҳито дар «Авесто» мисли Сарасватӣ, эзадбонуи руди Сарасватӣ аз “Ригведо” зани зебо ва ҳамчунин номи руд аст. Дар «Обон-яшт» (кардаи 16) дар бораи ӯ омадааст: «Аредвисура Аноҳито ба пайкари дӯшизае ҷавон зебо, барӯманд, бурзманд, камар бар миён баста, ростболо, озоданажод, бузургвор, ки ҷомаи заррини гаронбаҳои пурчине дар бар дорад, падидор мешавад… Бар фарози сари Аредвисура Аноҳито тоҷе ороста бо яксад ситора ҷой дорад; тоҷи заррини ҳаштгӯшае, ки ба сони чархе сохта шуда ва бо наворҳо зевар ёфта; тоҷи зебои хушсохте, ки чанбаре аз пеш омадааст» (кардаи сиюм). Ин ном аз “ардви” – руд, “сура” – зӯр, “аноҳито” – пок, беолоиш шакл гирифта, маънои руди тавонои покро дорад. Ардвисура Аноҳита баъдҳо дар Эрони сосонӣ хеле шуҳратёр шуда, ба асотири дигар халқҳо ворид гардид.

Паҳлавонони Эрони бостон бостон дар Эронвиҷ, соҳили руди Аранг (Сирдарё, вале дар Авесто бештар қисмати водии Фарғонагии ин руд дар назар аст – М.Ҳ.) ва соҳили руди Ардвисура Аноҳито ниёиш ва талаби комгорӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, бояд ин се мавзеъ бо ҳам наздик бошанд. Руди Аранг – Сирдарё, Эровиҷ – водиҳои Лахшу Олой, кӯҳи Албурз ва баландтарин қуллаи вай Ҳукарё – кӯҳи ба номи Исмоили Сомонӣ барои хонандаи мо аз мақолаҳои пешин ошноянд. Ва руди Аредвисура Аноҳиторо низ дар ҳамин минтақа бояд суроғ кард. Мувофиқи навиштаҳои “Авесто” қуллаи баланди силсилаи кӯҳҳои Ҳара Баразаити, ки дар паҳлавӣ номи Албурзро гирифтааст, Ҳукар ном дошта, дар атрофи он як силсила воҳидҳои ҷуғрофии авестоӣ воқеъ гашта будаанд. Яке аз он ҳо эзадбонуи обҳо Аредви Сура Аноҳито ё Ардвисура — фариштаи руди Аранг, яъне Сайҳун буда, шоҳон ва паҳлавонони Эрони бостон ба ӯ ниёиш мекардаанд. Ин руд аз қуллаи баландтарини кӯҳи Албурз, ки номи Ҳукар ё Ҳукарё дорад, сарчашма гирифта, тибқи маълумоти «Авесто» дар самти Нимрӯз (ҷануб) ба баҳр ё дарёи Ворукаш (Фарохкард) мерезад. “Ҳугари баланд он аст, ки оби Ардвисур аз ӯ фуруд ояд як ҳазор мард боло…» Руди Аредвисура нахуст ба кӯли Урвиш ва баъдан ба дарёи Ворукаш мерезад. Тибқи навиштаҳои пешини мо як қисмати баҳри Ворукаш руди кунунии Панҷ будааст.

Чунин руде, ки имкон дошт аз кӯҳи Исмоили Сомонӣ сарчашма гирифта, ба руди Панҷ ҳамроҳ шавад, ин Ванҷови кунунист. Дар адабиёти авестоӣ аз баҳри Ворукаш ёд мешавад, ки мавқеияти он дар Нимрӯз гуфта шудааст. Дар замони пеш аз се ҳазор сол азбаски сатҳи кӯҳҳо аз ҳолати имрӯзаашон хеле паст буд, дарёҳо суст ҷараён гирифта, ба шакли кӯлҳо ё баҳрҳо вуҷуд доштанд. Аз ин лиҳоз, руди Омӯ аз баҳри Арал то Помир баҳри Ворукаша дониста мешуд. Ва соҳилҳои руди кунунии Панҷ дар шумори сарзаминҳои Нимрӯз қарор доштанд. Аммо дар он ҷое, ки руд сарчашма мегирад, бояд кӯле вуҷуд медошт, ки руди Аредвисура аз он ҷо убур мекард, аммо ҳоло он ҷо яхистон ё пиряхи мавсум ба Ванҷях (собиқ Федченко) вуҷуд дорад. Оё имкон надошт, ки дар ҷои ин пирях он замон кӯле вуҷуд дошта бошад? Дар «Бундаҳишн» зикр гардидааст, ки «Дарёчаи Урвиш ба Ҳугари баланд аст». Дар адабиёти ориёҳиндӣ – кӯҳи Меру ё Сумеру кӯҳи ба номи Исмоили Сомонӣ аст. Дар ин адабиёт низ дар назди кӯҳи Меру мавҷудияти кӯле зикр гардидааст: «Дар Ҷамбудвипа (Помир –М.Ҳ.) кӯҳи Сумеру вуҷуд дорад. Сумеруро чаҳор кӯҳи дигар иҳота кардаанд: Мандара, Мерумандара, Супаршва ва Кусуда… Дар он ҷо кӯлест, ки обаш тоза аст». Яъне дар паҳлуи кӯҳи ба номи Исмоили Сомонӣ мавҷудияти кӯле зикр мешавад, ки ҳоло вуҷуд надорад. Тавре зикр гардид, ғафсии яхи миёни яхистон 1000 метрро ташкил медиҳад. Албатта, ин масъала таҳқиқи мехоҳад, аммо назари мо ин аст, ки дар ин яхистон пеш аз ях бастан ҳатман кӯле вуҷуд дошт. Оби руди Аредвисура аз домани ӯҳи Ҳукар – Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифта, ба кӯл (дарёча)-и Урвиш мерехт ва аз он ҷо дар шакли руди кунунии Ванҷов ба руди Панҷ (Ворукаша) мерехт. Мувофиқи навиштаи адабиёти дерин дар Помир 800 кӯл вуҷуд дошт, ки имрӯз боқӣ намондаанд. Кӯли Урвиш низ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи кӯҳҳо ба яхистон табдил ёфт. Он шохаи руди Ардвисура Аноҳито, ки аз домани кӯҳи Исмоили Сомонӣ сарчашма мегирифт, ба яхистон табдил ёфт. Вале ҳоло низ Ванҷови кунунӣ аз ҳамин яхистони бузурги мавсум ба Ванҷях сарчашма мегирад…

Мутаассифона, то ҷое ба мо маълум аст, дар бораи руди Ардвисура Аноҳито, дарёчаи (кӯли ) Урвиш ва мавқеияти онҳо то кунун ҳеҷ донишманде изҳори назар накардааст. Аксаран ин руду ин кӯл ва кӯҳи Ҳукарёро асотирӣ мешуморанд. Вале воқеият он аст, ки ин ҷо гуфта шуд.

Муҳтарам ҲОТАМ