Вторник
24.12.2024
05:47
Форма входа
Календарь
«  Декабрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 464
Статистика

Онлайн всего: 14
Гостей: 14
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Калон

Деҳаи Калон – Village Kalon

КАЛОН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Зиддӣ, райони Ленин, РСС Тоҷикистон. Аз Калон то марка­зи район 71 км; роҳ шағалпӯш. Аҳолиаш 1370 нафар (1979), Тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, магазин, клуб, шӯъбаи алоқа, касалхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — тамокукорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Зиддӣ обьёрӣ мешаванд.

Дата образования:

Что означает это название: "Большой"

Карта местности на Google map:

Является центром джамоата

Расстояние до центра района ___ км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

География: Калон расположен на высоте 2151 м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           3297
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

 

Достопримечательности:

ЗИДДӢ-ПОРАИ КАШФНОШУДАИ ВАТАН

Дараи Зиддии ноҳияи Варзоб сари шоҳроҳи Ду­шанбе Хуҷанд, дар баландтарин мавзеъи қаторкуҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст. Аҳолии ин дараи зебоманзар аз қадимулайём бо чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти он машғул буданд. Ба ақидаи куҳансолони деҳа асоси рӯзгори мардуми Зиддӣ чорводорӣ буда, дар за­монҳои пеш ҳар яке аз сокинони ин маҳал аз 100-200 то 1000-2000 сар бузу гусфанд парвариш мекарданд. Ба хотири беталафот гузаронидани зимистон чорво­дорони Зиддӣ бо ҳамтоёни худ аз Эсанбою Шур­манқаю Данғара аҳду паймоне доштанд, ки мутобиқи он зимистон онҳо чор­пои худро ба саҳроҳои гарми он тараф бурда ва ба ивази он тобистон ба чорводорони ҷануб аз чаро­гоҳҳои сералафи Зиддӣ замин медоданд. Ин гуна ҳам­кориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатнок то кунун вуҷуд доранд.

Кӯҳҳои ин минтақа дорои захираҳои калони ан­гишт, волфрам, уран, фосфор ва дигар маъданҳо ме­бо­шанд. Солҳои охир бо сабаби зиёд шудани ис­теҳсоли ангишт табиати биҳиштосои ин диёри хуш­манзар за­рари зиёд дид. Ҳарчанд, ки аз чорводорӣ ба ангишт­кани табдил ёфтани шуғли асосии мардуми деҳа вазъи иҷтимоии аҳолиро беҳтар карда бошад ҳам, вале таби­ати нотакрори дараи Зиддӣ зиёни хеле калон дид.

Ҷамоати Зиддӣ ҳафт деҳаро дар бар гирифтааст: деҳаи Калон бо шумораи сокинонаш беш аз 4 ҳазор, Намозгоҳ – 1500 нафар, Панҷхок – 700 нафар, Насруд – 700 нафар, Оби Хирф – 700 нафар, Ҳазора – 1000 нафар, Куктеппа – 300 нафар. Ҳамагӣ дар ин дара қа­риб 10 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар ибтидои асри 20 маъмури дарбори амири Бу­хоро, муаррих Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ мута­халлис ба Гулшанӣ аз ин мавзеи зебоманзар гузар карда, мафтуни ин диёр шуда дар китобаш «Таърихи Ҳумоюн» тассуроташро дар бораи Зиддӣ чунин навиштааст: «Вилояти Душанбе қарияҳои бисёр азими обод дорад ва ба дараҳои кӯҳистон ва аз он ҷумла қарияи Зиддӣ, ки аҳолии он ба санъати чак­мани Тибет ва босма маъруф ва машҳуранд. Қарияи мазкур назар ба вилояти Ҳисору Душанбе ба вилояти Уротеппа наздик аст. Бозори онҳо дар аксари сана ви­лояти Уро­теппа аст, чаро ки нӯҳ моҳ роҳи Душанбе бо сабаби касрати нузули барф баста мешаванд ва ҳар сол се моҳ баъзе туҷҷори Ҳисор аз ин роҳ молу чор­пои худро ба вилояти Уротеппа бурда фурӯхта мео­янд. Ба даруни камарҳои кӯҳ ва болои кӯҳҳои васеи вилояти мазкур бисёр қарияҳои ободу маъмур до­рад. Ва аз аҳли сулуку (парҳезкорон) машоихи кибор ва мардумони синни онҳо мутаҷовиз аз сад сол бағоят фаровон аст ва аз удабоу шуаро низ бисёр ба назар мерасад.»

Ин порчаи дар китоби «Таърихи ҳумоюн» овар­да­шуда ба хонандаи муосир дар бораи касбу кори мар­думи Зиддӣ, иқлими ин мавзеъ тиҷорати онҳо бо шаҳри Уротеппа (Истаравшани имрӯза) дар давраи тақрибан 120 сол пеш аз ин маълумоти гаронбаҳоеро фароҳам овардааст. Муаллиф номи ин деҳаро Зиддӣ бо «зод»-и арабӣ навиштааст ва мо низ дар ин мақола ҳамон шакли навишти номи деҳаро, ки дар «Таърихи Ҳумоюн» оварда шудааст, истифода намудаем. Он чизе ки Гулшанӣ дар китобаш оид ба касбу кору тиҷорати мардумони Зиддӣ навиштааст, то кунун ҳамон касбу ҳунарро дар байни аҳолии Зиддӣ вохӯр­дан мумкин аст. Фақат чакману босма, – яъне матоъи аз пашми бузу гӯсфанд бофта шуда бо сабаби набу­дани эҳтиёҷ ба онҳо аз байн рафта истодаанд. Тиҷорати чорпо дар бозорҳои Истаравшан ҳамоно идома дорад.

Тавре муаррихи дарбори амир ривоят кардааст, аксари мардумони мавзеи Зиддӣ аз нигоҳи танду­рустӣ саломатии хуб дошта, беш аз 100 сол умр ме­дидаанд. Дар он давраҳо, ки на духтур буду на доруву бемор­хона, беш аз 100 сол умр дидани одамон насли имрӯзаро ба ҳайрат мегузорад. Вале аз ҷониби дигар обу ҳавои тоза ва табиати биҳиштосои ин диёри кӯҳистон метавонад ба инсон умри дароз ато намояд.

Агар ба хурду хӯроки одамони ҳамон давраҳо назар кунем, маълум мешавад, ки онҳо аз нуқтаи назари тибби имрӯза танҳо ғизои солимро истеъмол мекардаанд. Аз ҷумла гандуми маҳаллӣ, зағир, боқила (лубиё), мулк ва дигар зироатҳо, аз маҳсулоти чорводорӣ бошад, гӯшт, равғани думба,чак­ка ва ҷурғот асоси маводи ғизоии аҳолии ин дараро ташкил мекарданд. Дар ибтидои асри ХХ заминҳои васеъу серҳосили ин мавзеъ аҳолии Зиддиро бо гандуму зағир ва лубиёгиҳо пурра таъмин мекарданд. Дар ин дара ҳамон солҳо 7 осиёб ва 5 ҷувози равғани зағир кор мекард. Аз он ҷумла мардуми деҳа то имрӯз номи яке аз ҷувозкашҳои машҳури Зиддӣ Бобои Қосимро аз сиёҳсарҳо ба некӣ ёд меоранд.

Миёнаҳои асри ХХ бо ворид шудани гандуму равғани арзони русӣ кишти гандуму зағири маҳаллӣ ва коркарди он дар осиёбу ҷувозхонаҳо низ барҳам мехӯрад.

Дар айни замон, чунин маҳсулоти хӯрока мисли намак, шакар ва дигар намуди шири­ниҳо, картошкаю помидор ва чою нӯшокиҳои дигар умуман вуҷуд надоштанд. Мардум танҳо оби тозаро истеъмол мекарданд. Дар баъзе мавридҳо обро ҷӯшонида, ба он каме «каҳак» (омехтаи гиёҳҳои куно­гун)-ро ҳамроҳ карда менӯшиданд.

Тавре маълум аст, ин тарзи истеъмоли хӯрок беҳтарин намунаи парҳези таом мебошад, ки имрӯзҳо олимони намоёни ҷаҳон онро дар байни мар­дум тарғибу ташвиқ мекунанд. Аз ҷониби дигар, онҳо ҳамеша дар ҳаракат буданд, ҳатто аз як ҳавлӣ ба ҳавлии дигар ва аз як кӯча ба кӯчаи ди­гар гузаштан дар шароити кӯҳистон худаш аллакай тамрини бадан аст.

Инҳо омилҳои асосие буданд, ки ба мардуми ин маҳал умри дарозу тани солим ато мекарданд. Ҳар­чанд, ки дар даврони муосир дар ин дара беморхонаю дорухонаҳо ва табибони зиёд фаъолият дошта бошанд ҳам, вале мутаассифона ҳатто як нафар ҳам садсоларо пайдо кардан мумкин нест.

Ба қавли кӯҳансолон, мардуми ин ҷо асосан онҳое мебошанд, ки дар асрҳои гузашта аз манотиқи гуногу­нии Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, аз азобу ма­шаққати рӯзгору айём ба ин гӯшаи дурдасту душ­воргузар паноҳ бурдаанд. То имрӯз аҳолии деҳоти Зиддӣ худро муаррифӣ карда, авлодашонро ном мегиранд, ки аз ма­нотиқи гуногуни Тоҷикистон реша гирифтаанд. Ав­лодҳои қулакӣ, канарсӣ ва лифиғарӣ (раштӣ), сиёхсарӣ (дарвозӣ), суфисафарӣ (ромитӣ), мирбобӣ ва миразорӣ (балҷувонӣ ва сарихосорӣ), фонӣ ва латифӣ (мастчоҳӣ ва айнигӣ), ҳамчунин мал­лагиҳо ва қирғизиҳо аз ав­лодҳои асосии ин сарзамин мебошанд, ки садҳо сол пештар, ба сабабҳои гуногун, хонаю ҷои бобоии худро тарк карда, дар байни кӯҳҳои касногузару дарёчаҳои Зиддӣ ва Майхураи дараи Варзоб барои худ паноҳгоҳ ёфта буданд.

Бори аввал дар бораи яке аз авлодҳои Зиддӣ устод Муъмин Қаноат чунин ҳикоят карда буд: у дар суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо дар бораи яке аз ав­лодҳои Зиддӣ – сиёҳсарҳо ривояти аҷиберо, ки бо фактҳои таърихӣ мустанад шудааст, оварда буд. Мувофиқи нақли устод сиёҳсарҳо авлодони сарбо­зони шоҳи Дарвоз мебо­шанд, ки баъд аз ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна, соли 1868 бо даъвати мири Ҳисор, бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳади ин кишвар ба ин ҷо омада буданд. Ҳамин гуна бо даъвати мири Ҳисор лашкари беки Балҷувон ҳам омада ва ҳамроҳи дарво­зиҳо дар мавзеъҳои атрофи имрӯза шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор, деҳаҳои Чорбоғ (н.Варзоб), Туда, Лолагӣ (н.Ҳисор)ва дараи Қа­ратоғ (н.Турсунзода) маскан меги­ранд. Мақсади асосӣ аз ҷамъ овар­дани лашкар дар Бу­хорои Шарқӣ ин мустаҳкам наму­дани мавқеи амири Бухоро ва роҳ надодан ба воридша­вии гурӯҳҳои ан­глисҳо аз ҷониби Афғонистон буд.

Но­вобаста ба ин, он давраҳо тохтутози баъзе қабилаҳои турк ба мин­тақаҳои кӯҳистон баъзан рӯй медод. Ҳамин тавр, боре ба мири Ҳисор хабар мерасад, ки гурӯҳе аз роҳзанони турктабор ба деҳоти дараи Зиддӣ ҳамла оварда, қисме аз сокинонро ба ғуломӣ бурданианд. Мири Ҳисор ба мадади мардуми Зиддӣ лашкари шоҳи Дарвозро бо сарварии сарлашкари онҳо Мир Ҳоҷиби Зарринкамар мефиристад. Ин лашкаркаши дарвозиҳо бо ҳамин ном дар байни мардуми Зиддӣ то имрӯз машҳур аст. Ҳол он ки ба андешаи мо шояд номи ӯ дар асл дигар хел бошад. Чунки калимаи «Ҳоҷиб» маънои «омири дарбори шоҳ»-ро дорад. Ба истилои имрӯза «ҳоҷиб» роҳбари дастгоҳ. Эҳтимол, ӯ дар дарбори шоҳи Дарвоз ҳамин вазифаро иҷро ме­карда бошад. Калимаи «Зарринка­мар» бошад, унвони варзишӣ ва паҳлавонӣ мебошад. Устод Муъмин Қаноат ҳам номи аслии Мир Ҳоҷиби Зарринкамарро қайд накарда буданд. Он кас танҳо ҳамин чизро қайд карданд, ки Мир Ҳоҷиб ва аксари лашкариёни ӯ аз деҳоти Курговади Дарвоз мебошад. Ба нақл аз устод Муъмин Қаноат Мир Ҳоҷиб як паҳла­вони номдор буда ҳатто «бо девҳо меҷангидааст».

Ҳамин тавр Мир Ҳоҷиби Зарринкамар бо лашка­раш ба Зиддӣ омада роҳзанҳоро мағлуб мекунад ва мардумро аз асорат халос мекунад. Баъд аз ин ҳодиса онҳое, ки аз асорат халос мешаванд, ба худ номи «қулакӣ»-ро мегиранд, аз калимаи туркии «қул» – яъне «ғулом».

Ҳамин рӯйдод сабаб мешаваду бо пешниҳоди мири Ҳисор бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳад дар шимоли сарзаминаш қисме аз лашкариёни дарво­зиҳо дар ин дара маскун шуда, дар ин ҷо ватани нави худро пайдо мекунанд ва онҳоро «сиёҳсар» мено­манд, аз­баски онҳо ҳамчун либоси низомӣ дар сар ку­лоҳи сиёх мепӯшиданд.  Дар давраҳои баъдина аз миёни сиёҳсарҳои Зиддӣ одамони баруманду номдори водии Ҳисор ба­ромадаа­анд. Мисли Саидбек паҳлавон, ки дар тамоми ҳудуди Бухорои Шарқӣ дар паҳлавонӣ ҳамтои вай набуд. Ӯ паҳлавони касбӣ буда дар дарбори мири Ҳисор танҳо бо гӯштингирӣ машғул буд. Баъд аз ши­касти мири Ҳисор дар солҳои 20-уми асри ХХ Саид­бек Паҳлавон ба Зиддӣ бозмегардад, вале пеш аз мар­гаш хоҳиш ме­кунад, ки ӯро дар деҳаи Кушкаки ма­зори дараи Ал­мосӣ дафн кунанд. Саидбек соҳиби 3 фарзанд буд: Давлатбек, Солеҳбек ва Хосабек, пи­сари Давлатбек набераи Саидбек Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҷабалӣ Давлатов, яке аз шахсиятҳои номдори водии Ҳисор буда, барои обо­донии ин диёр хизматҳои зиёд кардааст. Ҳамчунин аз миёни сиёҳсарҳо бисёр шах­сони маъруфи дигар ба­ромадаанд.

Суфӣ Санг – иштирокчии фаъоли шӯриши Хуҷанд зидди Русияи подшоҳӣ дар соли 1916. Соли 1919 ӯ дар шаҳри Оренбурги Русия ба ҳаракати бол­шевикон пайваста, дар барқарор кардани ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон накши муҳим бозидааст.

Давлат Саид – собиқ котиби Ҳизби Коммунис­тии вилояти Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз

Бобоҷонов Нор – собиқ котиби якуми Кумитаи Ҳизбии шаҳри Душанбе, собиқ раиси шаҳри Ду­шанбе.

Саид Раҷабов – ҳуқуқши­носи маъруфи тоҷик устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Ба нақл аз устод Муъмин Қаноат аз миёни дарво­зиҳои ба Ҳисор омада, асрҳои XIX-XX боз дигар шах­сиятҳои номдори ҷумҳури низ баромадаанд, аз он ҷумла, аз дараи Қара­тоғ.

Ҳамин тавр, аз байни авлодҳои дигари Зиддӣ низ шахсиятҳои шинохтаю маъруфи зиёд баромадаанд.

Сафаралӣ Ниёзов, энергетики машҳури ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ роҳбарии ширкати «Тоҷикгидро­энер­го­строй»-ро ба уҳда дошту дар сохтмони ГЭС-и Бойғозӣ, Заводи Алюминии Тоҷик ва дигар ин­шоотҳои муҳимми ҷумҳурӣ нақши хеле намоён дошт.

Ҳасан Ёқуб –собиқ сардори милитсияи ноҳияи Янгибозор (ҳоло Ваҳдат) дар саркӯб кардани ишғол­гарони хитоӣ, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хоки Тоҷикистон дар Бадахшон ворид шуда буданд, нақши муҳим бозида буд.

Одина Ризо – маорифчии намоён, ки ҳоло мак­таби деҳа ба номи ӯ гузошта шудааст. Онҳо ҳамагӣ аз авлоди маллагиҳоянд.

Халифа Ҳасан – шахсе, ки дар ободонии шаҳри Панҷакент ва сохтмони корезҳои обгузари ин шаҳр саҳми калон гузоштааст. Аз авлоди канарсиҳо.

Сафаров Таваккал – собиқ раиси Суди ноҳияи Данғара

Мирбобоев Абдулло – «Абдулло командир», ро­нандаи оддие, ки барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ ва зидди беадолатиҳои амалдорон дар солҳои 80-уми асри ХХ, дар замони Давлати Шуравӣ мубориза бурда буд, аз авлоди миразориҳо,

Ҳарчанд, ки аҳолии Зиддӣ аз мардумони мин­тақаҳои гуногуни кишвари азизамон ташаккул ёфта бошанд ҳам, вале имрӯз онҳо худро ҳамчун як ҷузъи ягонаи миллати тоҷик ҳисобида, дар роҳи пешрафти Тоҷикистони маҳбуб саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.

Зиддигиҳо тоҷикони асиланд, чунки намоянда­гони авлодҳою қабилаҳои гуногуни Тоҷикис­тони азизамон асрҳои гузашта дар ин мавзеъ бо амри тақдир ва бо мақсади аз азобу шиканҷаи амалдорон раҳои ёфтан маскан гирифтаанду заминаи мусоидро барои бунёди умумиятҳои миллӣ гузоштаанд. Дар да­воми солҳо онҳо лаҳҷаи забонӣ ва урфу одатҳои ба худ хосеро пайдо намудаанд, ки дар минтақаҳои ди­гари Тоҷикис­тон такрор намешаванд.

Шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ, ки аз байни аҳо­лии ин дараи зебоманзар баромадаанд, дар роҳи пешрафти ҷумҳурӣ ва ободию зебоии диёри азизамон саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳаёту фаъолияти онҳо ба­рои насли ҷавон намунаи беҳтарини омӯзиш ва тар­бияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию миллат­дӯстӣ мебошад.

Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДАном­зади илми таърих