Вторник 08.10.2024 20:26 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха ПулотонДеҳаи Пӯлотон – Village PulotonПӮЛОДОН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пӯлодони, райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Москва». Аз Пӯлодон то маркази район 4 км, роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 6813 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, китобхона, клуб, хонаи пионерон, пункти тиббӣ, амбулатория, санатория ва боғчаи бачагон, муассисаҳои хизмати маиши, 12 магазин, 2 ошхона, 3 нонвойхона ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара ва Канали Калони Фарғона обьёрӣ мешаванд. ПӮЛОДОН, деҳаест дар ҷ/д Пӯлодон, 1 ноҳ. Конибодом. Аз Пӯлодон то маркази - шаҳр - 3 км, то истгоҳи роҳи оҳан - 6 км. Шумораи хоҷагӣ - 1477, аҳолиаш - 9545 (01.01.2017). Номи деҳа аз касбу кори аҳли ин маҳал, ки дар замонҳои қадим ба пӯлодгудозӣ шуғл доштаанд, гирифта шудааст. Ҳунармандони деҳа аз оҳану пӯлод олотҳои меҳнат: досу болға, корд, каланд, мех сохта, аҳолии шахрро бо маҳсулоти ҳунармандии худ таъмин мекарданд. Деҳаи Пӯлодон аз маҳаллу гузарҳои Подаҷо, Себахша, Кулолон, Рангрезон, Мисгарон, Масчиди сурх, Арабои боло ва Тутмави закон иборат аст. Дар ҳудуди деҳа солҳои сиюм - панҷоҳуми асри XX колхозҳои Подовой, Стаханов, Орҷоникидзе ташкил ёфта буданд. Дар деҳаи Пӯлодон МТМУ №25 ба номи Абдуқодир Маниёзов ва МТМУ №26 ба номи академик Рауф Баротов, дармонгоҳ, шӯъбаи алоқа, боғчаи кӯдакон ҷойгир аст. Заминҳои деҳа аз Канали калони Фарғона обёрӣ карда мешаванд. Деҳа бо мевазорҳои серҳосили худ (зардолу, себ, анор ва бодомаш) шӯҳрат пайдо кардааст. Пӯлодон макони олимони номвари ҷумҳурист. Академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон Р.Баротов, С.Ҳакимова. И.Обидов, А.Маниёзов, Ф.Тоҳиров, Н.Зоҳидӣ, профессорон Дадоҷон ва Ёқуб Тоҷиевҳо, С. Бобохоҷаев, Ҷ.Бобокалонова, бародарон Воҳидовҳо ва даҳҳо нафари дигар зодагони ин деҳаанд. Что означает это название: Топоним «Пулотон» правильнее будет «Пулодон», означает «Стальные» и состоит из слова "пӯлод" - означающий "стальной" и «-он» (-о (хо); -ан, -ун, -йон, -йун, -ён) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание ^о используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. Карта местности на Googlemap:
География: Пулотон расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________ Является центром джамоата Расстояние до центра района 3 км Расстояние до центра области г. Худжанд _____ км Расстояние до г. Душанбе_____ км Как добраться: Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы: НАЗИМОВ Насиб Эсанович, рядовой, стрелок-гранатометчик, родился 6.01.1961 на территории к/с Пулотон Канибадамского района Ленинабадской области Таджикской ССР. Таджик. Окончил Канибадамское СПТУ-18. В Вооруженные Силы СССР призван 18.6.79 Канибадамским ОГВК. В Республике Афганистан с декабря 1979. Принимал участие в боевых действиях, проявил себя смелым и решительным воином. 11.5.1980 погиб в бою. Награждён медалью "За отвагу" (посмертно). Похоронен на кладбище к/с Пулотон. НОЗИМОВ Насиб Эҳсонович (06.01.1961, гузари Зарбед, ҷ/д Пӯлодон, ноҳ. Конибодом - 11.05.1980, Афғонистон, 15.05.1980 дар қабристони ҷ/д Пӯлодон мадафун аст), ҷанговари интернатсионалист. Соли 1979 ОКТ №18-и (ДМТ Литсейи касбии саноати кишоварзӣ) ш. Конибодомро хатм кардааст. 18. 06. 1979 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси тирандоз-гранатамётчӣ шуда, хизмат кардааст. Дар ин муддат, дар якчанд амалиётҳои ҷангӣ ширкат варзида, худро боинтизом, ҷасур ва шуҷоатнок нишон додааст. 11.05.1980 ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ қаҳрамонона ҳалок шудааст. Бо медалҳои «Барои шуҷоат» (25.07.1980), «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон» (22.02.1989) мукофотонида шудааст. ИСОХӮҶАЕВ Иброҳим (1917, маҳаллаи Мисгарони ҷ/д Пӯлодон, ноҳ. Конибодом - 28.12.1944, Венгрия), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, муборизи фаъоли зидди дастаи босмачиён. Дар сафи милитсияи ш.Конибодом ва ш.Исфара хизмат менамуд. Сипас, ба ноҳ.Исфара кӯчида, пеш аз ҷанг дар яке аз артелҳо кор кардааст. Аз он ҷо 23.06.1941 ихтиёран ба майдони набард рафта, барои озодии Ватан ҷонбозиҳо намуд. Барои корнамоиҳояш бо орденҳои Ситораи Сурх, Шараф дараҷаи III ва медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шудааст. Пайшиносон ва кишваршиносони музеи таъриху кишваршиносии ш.Олшански в.Черкасск аз 07.05.1985 ба аҳли оилаи ӯ мактуб ирсол намуда, қаҳрамонии Иброҳимро дар озод кардани ш.Черкасск маълум намуда буданд.
Иброҳим Обидов. Бори нахуст ба ин ном дар китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" барои синфҳои 7-10, охири солҳои 1970 вар хӯрда будам. Бо гузашти солҳо, ҳини донишҷӯӣ, киву чикора будани эшонро фаҳмидам. Муаллимон талқин мекарданд, ки ӯ аз зумраи устодони варзидаи соҳаи педагогикаи кишвар маҳсуб меёбад. Пасон донишманди муътабарро аз рӯи таълифи мақолаву кутуб, суханрониҳояш аз минбари чорабиниҳои гуногуни кишвар ва намоишҳои телевизионӣ шинохтам. Аз ҳама беш, қомати расо, роҳгардии низомиёна, орденҳои пеши бар: "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ", планкаҳои ордену медалҳояш ба лавҳи хотири ин ҷониб сахт нақш бастанд. Ин чиз воқеият дошт, зеро то нимаи солҳои 1980 дар сафи устодони макотиби олӣ иштирокчиёни ҶБВ зиёд набуданд. Аз наздик, бори аввал Обидовро тақрибан с.1993, дар ҳавлии бародари қарин, устоди ДМТ-Абдусалом Миралиев (ҳоло доктори илми педагогика, профессор-У.Ш.) дида будам. Яке аз рӯзҳои истироҳати аввали тобистон дӯстам моро хонааш хонд. Болои кати соҳибхона 3 тан аз мардони солхӯрда табъи хуш доштанд. Якеро ба зудӣ шинохтам, ӯ муаллим Иброҳим Обидов буд, дигарӣ роҳбари илмии соҳибхона, доктори илмҳои педагогӣ, шодравон профессор Сангинмурод Қодировро Абдусалом муаррифӣ кард. Чун устод Обидов фаҳмид, ки ман корманди рӯзномаам, бо лутф гуфтанд, ки журналистон нафарони пешрафтаи ҷамъиятанд. Ҳич маслакие мисли онҳо пурдон нестанд. Он рӯзи хотирмон суҳбат ба дарозо рафт. Қатъи назар аз вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ хони дӯст вобаста ба давр камбуде надошт. Сари оши палав, нуқлу наво, мусалласи лаъли ҷонбахшо ҳозирин чун дӯстони куҳан ба қиссапардозиҳо дода шуданд. Сарфи назар аз синну сол (устод ба синни 70 расида буд) аз иддаи ҷавонон нерумандтар буд ва онро бори дигар дар он нишаст ба хубӣ эҳсос намудам. 1 сухани ҳазломезу пандгунаи пири кор то ҳол аз лавҳи хотирам зудуда нагаштааст, ки он чун аст: "Одамони хуби хуб сари роҳи калон хона месозанд". Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош, Аз он рӯз ба баъд чандин маротиб дар ҳавлии Абдусалом бо устоди Обидов гирди хони дӯст суҳбат ба дарозо бурдаем. Садои марғуладори хотирмон доштанд. Ҳазлҳои муаллим ҳоло ҳам пеши назарам ҷилвагаранд. Нишонаи зафармандӣ дар чеҳраву гуфторашон ҳувайдо буд. Ӯ яке аз донишмандони бонуфузу соҳибмартаба, маъруфу шогирдпарвари арсаи маорифи тоҷик маҳсуб меёфтанд. Эшонро ҳамчунон яке аз пештозони бахши педагогикаи кишвар мешумурданд, ки ба он шак нест. Муаллим ин унвон, шарафи устодиро то охир бо сари баланд ба офоқ бардошт. Бесабаб нест, ки тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Обидов ба 127 рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ роҳбарӣ намудааст. Чуноне зикр рафт то ҷое аз шарҳи ҳоли донишманди муваффақ бохабарем. Инак, шингиле аз ҳаёти академики АИ педагогии СССР-Иброҳим Обидов. Умар Алӣ, адиб, Чоршанбе, Апр 26 2017 (хафтаномаи «СССР») Достопримечательности: |
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |