Понедельник 07.10.2024 19:36 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха ПатарДеҳаи Патар – Village PatarПАТАР деҳаест дар ҷ/д Патар, ноҳ. Конибодом, аз маркази ҷамоати Патар то маркази шаҳр - 12 км, роҳ асфалтпӯш, дар канори роҳи мошингарди Конибодом - Қӯқанд ҷой гирифтааст. Шумораи хоҷагиаш 859, аҳолиаш - 5452 нафар (01.01. 2017). Дар ҳудуди деҳаи Патар хоҷагиҳои деҳқонӣ, мактаби миёнаи №21, корхонаи ҶСШК «Ассор» (собиқ заводи равған), бозор, клуб ва дармонгоҳ ҷой гирифтааст. Соҳаи асосии хоҷагӣ - пахтакорӣ, зироатчигӣ, чорводорӣ ва кирмакпарварӣ. Заминҳо аз Канали калони Фарғона ва бо воситаи обкашҳо обёрӣ карда мешаванд. Патар дар қисми ғарбии Конибодом, соҳили дарёи Сир, яъне дар ботлоқзор ҷой гирифта буд, ки одамон онро «Ботар» ном мебурданд, сипас он Патар ном гирифт, ки маънояш «Пои тар» ё «ғарбтар» будааст. Бо гузашти солҳо одамон аз ботлоқзор ба ҷойи хушки дашт, роҳи корвонгузари Конибодому Қӯқанд кӯчида, ба зироаткорӣ машғул гардиданд. Патар аз 3 маҳалла: Даштмаҳалла, Чуқуракмаҳалла, Пастмаҳалла иборат буда, дар асри XIX ин ҷо 500 нафар аҳолӣ истиқомат мекард. Солҳои 20-уми асри гузашта деҳқонони деҳа аввалин колхозро ба номи «Янги Патар» ташкил дода, ба кори саҳро баромаданд. Қисме аз аҳолии деҳа бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон барои ободонии водии Вахш кӯч баст. Деҳқонони Патар он ҷо садҳо фарсах заминҳои партовро корам гардонданд, дар ноҳияҳои гуногун зодгоҳи доимии худро бунёд карданд. Патар зодгоҳи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сироҷиддин Исоев, доктори илмҳои биология Толиб Рӯзиев, нависандагон Зайниддин Дӯстматов, Ҷамолиддин Тошматов ва даҳҳо нафар дигарон аст. Дата образования: Что означает это название: Топоним «Патар». Патар расположен западнее города Канибадам у берегов Сирдарьи в болотистой местности, которую местное население называло «ботар» со временем преобразованное в «патар» от «пои тар», что означало «Мокрая нога» или по другой версии это слово означает «Западнее». Карта местности на Googlemap:
География: Патар расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________ Является центром джамоата Расстояние до центра района 12 км Расстояние до центра области г. Худжанд _____ км Расстояние до г. Душанбе_____ км Административное подчинение: на июнь-август 1932 г. Джамсовет Патар Канибадамского района Таджикской ССР. Являлся центром джамсовета Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности: Масчиди панҷвақтаи Патар. Масчиди панҷвақтаи Патар солҳои 1880 - 1900 сохта шудааст. Масчид бо қувваи аҳли маҳалла ба тариқи ҳашар бино гардидааст. Он минбаъд таъмиру тармим карда шудааст ва тобеи масчиди ҷомеи Деҳқонобод мебошад. Суроға: ҷ/д Патар, кӯчаи Иссоев, 39. МАДРАСАИ ОЙИМ, ёдгории таърихии чаҳоряки якуми асри XIX. Дар сари роҳи қадими деҳаи Патари ноҳ. Конибодом воқеъ аст. Солҳои 1824 - 25 сохта шудааст. Шогирди ин Мадраса Қоринасиби Ҷамол санаи 1825 сохта шудани онро тасдиқ намуда буд. Ин мадрасаро домулло Мир Олим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибиойим гузоштааст. Дарозии Мадраса дар қисми шимолӣ - 36,5 м, дар қисми ғарбӣ – 35 м, сатҳи дохили он 17 x 20,5 м. Мадраса аз 25 ҳуҷра иборат буда, ҳаҷми ҳар яке аз он 2,4 х 3 м аст. Аз рӯи маълумотҳо дар ин Мадраса 200 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Дар Мадраса 4 мударрис, 1 мутаваллӣ, 2 имом, 1 сӯфӣ, 1 посбон ва 1 сартарош кор мекарданд. Соли 1891 бо фармони губернатор Камолхоҷа - домулло мударриси ин Мадраса таъйин гардид. Баъди вафоти ӯ ба ин вазифа Мулло Бобохоҷа Бузургхоҷаев таъйин гашт. Солҳо ба сифати мударрис Охунҷон Махдум ва Мулло Мирвалӣ кор кардаанд. Замини деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар вақфи Мадраса ба ҳисоб рафта, даромади он дар бонки Қӯқанд нигоҳ дошта мешуд. Бинои ин Мадраса баъди Инқилоби Октябр ба истифодаи артели ҳунармандӣ, солҳои 1941 - 70 ба ихтиёри колонияи ислоҳоти бачагони душвортарбия дода шуд. Сипас бинои фарсудаи Мадраса бо ташаббус ва дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати ш.Конибодом дойр ба омодагӣ ба ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён (1999) бо қувваи коргоҳу ташкилотҳои шаҳр аз нав таъмир ва тармим карда, ба истифода дода шудааст. Исторические документы: |
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |