Суббота
27.04.2024
16:47
Форма входа
Календарь
«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 447
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Таърихи дехаи Понгоз. Кисми 3

Ин дар таърих собит аст, аз рўи адён Ориёнии Аҷамӣ аз авлоди Мошону Машон, Мошону Машон аз Каюмарс. Аз ин сабаб Понғозиҳо чун тоҷикони Тоҷикистон ва бурунмарзӣ аз қавму қабилаҳои Ориённаҷоданд, онҳо ба наҷоди муғулӣ, африкоӣ ва аврупоӣ мансубият надоранд. Ба ориённаҷод қавму қабилаҳои мамолики форсизабон (Эрон, Афғонистон, Покистон) ва дар Аврупо олмониҳо дохил мешаванд.
Қисмати тақдири минбаъдаи Понғозиҳо ва таърихи дуру наздики он ба қисмати тақдири халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан ба водии Фарғона пайвасти ногусастанӣ дорад.
Имрўзҳо Понғозиҳо чун дигар тоҷикони Тоҷикис-тон як пораи Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёданд. Дар шароити нави иқтисоди бозаргонӣ душвориҳои давраи гузаришро бо ҷидду ҷаҳд ва кў-шишҳо бартараф карда, барои соҳиб шудан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва қафо намондан аз корвони олами тамаддун қадам гузошта, пеш рафта истодаанд.
Ин олимон дар омўзиши ҷуғрофия ва таърихи. Понғоз саҳм гарифтаанд.
Таърих
1. И.И.Вселовский    1885-1886
2. К.А.Рудановский   --**--**--
3. М.С.Андреев         --**--**--
4. Б.А.Литвинский    1953-1957
5. Е.Д.Салтовская      1960-1980
  
А) С.Г.Хмелнитский
Экспедитсияи таърихӣ ба вилояти Суғд бо сарварии Н.Неъматов
Б) О.Панфилов
В) Е.Д.Салтовская
Г) Н.Неъматов
Д) С.Поляков
 
1.    П.Е.Кузнетсов
2.    Н.О.Турсунов
3.    Р.Р.Раҳимов
4.   Асару очеркҳои таърихӣ навиштаанд
А.И.Чвир
5.    А.Юлдошев
6.    Ҳ.Шарипов
7.    М.Исоматов
 
1.  Роҷеъ ба муборизони роҳи озодӣ «Ёддоштҳо» навиштаанд 

О.Боқиев

2.    F.Ҳ.Ҳайдаров
3.    Қ.Ф.Қосимбеков
4.    Д.Ахмедов

 

Фолклор ва забоншиносӣ
 
1.         В.С.Расторгуева
2.         Н.Азимов
3.         Б.Камолиддинов
4.         Ш.Ҳайдаров
5.         И.Усмонов
 
Асарҳои бадеӣ
1.    Ҳ.Аскар
2.    М.Наҷмиддинов
3.    Қ.Алӣ
4.    З.Дўстматов
5.    Н.Азимов
6.    Д.Аҳмадов
7.    Ф.Аҳмадов
8.    Ш.Ҳайдаров
9.    И.Усмонов
10.  Т.Бойбобоев

 

Набототи деҳаи Понғоз
1.    Мақсуд Ҳоҷиматов
2.    Тухтасун Тошпўлотов
Олами ҳайвоноти Понғоз
1.    С.И.Огнев
2.    Г.С.Давидов
 
Геологияи Понғоз
 
1.    Г.Д.Романовский И.В.Мушкетов    1885
          1878    Қаромазор Қурама
2    С.Ф.Машковсев    1925    Қурама
3    А.И.Крихкова    1927-1928    Понғоз, Ашт, Fудос, Надок
4    Б.Н.Наследова    1928-1935    Қаромазор, Қурама
5    Ф.И.Волфсон    1933-1935    Аз Қарамазор то Чодак
6    А.Г.Дуброва    1935    Понғоз
7    Н.А.Островский    1934    Ҷанубу шарқи Қурама
8    А.С.Аделунга    1937    Ашт, Понғоз, Надок, Ғудос
9    А.Н. Незведский    1943-1946    Харитаи геологии Понғоз
10    А.Н. Незведский ва Н.В.Василовский    1948    Қаромазор
11    Ф.А.Саркулова    1949    Понғоз, Қурама
12    М.Е.Ким ва Б.Баҷеканов    1953    Қурама, Чодак
13    Отрядҳои Қаромазор ва Кони Мансур    1957    Понғоз
14    Институти геологияи АУ Тоҷикистон    1957-1961    Қаромазор, Қурама
15    ОТР № 26 Конимансур,  Қаромазор    1958-1970    Понғоз-Надок Чашмаи Динор Чарбӣ
16    Н.Муҳиддинов З.Сайфиддинов    1970-1973    Рисолаи дипломӣ навиштанд

 

III. РАСМУ ОИН, КАСБУ ҲУНАР

Ба анъанаҳои миллии мардуми Понғоз инҳо дохил мешаванд: тўйи арўсӣ, тўйӣ калон, хатнасур, таваллуди кўдак, гусел ба хизмат, азову мотам, рўзи мавлуд, фотеҳа, пайғамбарошӣ, идҳои миллӣ, идҳои замонавӣ, гусел ба ҳаҷ, гапхўрӣ (гаштак).

Тўйи арўсӣ иборат аз маросимҳои зерин: Фотеҳа (сафедигирӣ), идидиҳӣ, никоҳ, ЗАГС, гулбазм, оламӣ, таги ҷувол, таги хурмагӣ, чодирканӣ.

Тўйӣ калон: маслиҳатошӣ, ҳезумбаравон, нонхўрон, танҳо-танҳо, се кас - се кас, хат, суфра қоқти, оши занон, либоспўшонон (ҳам мардону ҳам занон). Ин тўйро шахси фарзанддоршуда (новобаста аз писар ё духтар будани фарзанд) доир менамояд.

Дар аввалҳо тўйи калон 12 рўз давом мекард (то солҳои ҶБВ) баъди ҷанг 9 рўз

1.        Маслиҳатошӣ

2.        Ҳезумбаравон

3.        Нонхўрон

4.        Танҳо-танҳо

5.        Се кас-се кас

6.        Хат (аз 4 маҳалла низ ба воситаи хат хабар мекарданд)

7.        Суфрақоқӣ

8.        Оши занон.

9.        Каллахўрон (каллаи чорворо мепўхтанд)

Ҳар шахси тўй мекардагӣ дар хонааш нонвойро оварда, танўрро созонда, нон мепазонд. Ба одамони калонсол дар рўзи хат 9-донагӣ, ба наврасон 6-донагӣ, ба бачагон 2-донагӣ нон медоданд. Инчунин ба шахсони ғоиб (ҳамон рўз набуда) низ нон медоданд. Хубии ин туй он буд, ки бою камбағал аз рўи синну сол сари як дастархон менишастанд, ош мехўрданд, дўстии байни одамон мустаҳкам мешуд. Одамонро ба табақа ҷудо намекарданд. Имрўзҳо дар як рўз тўйи калонро доир мекунанд.

Таваллуди кўдак: нўҳдорон, чиллагурезон, гаҳворабандон, дандонбаророн (дунчошӣ), миёнбандон, рўзи таваллуд, камарбандӣ дар вақти ба мактаб гусел кардан.

Азою мотам: шустани майит, ҷаноза кардан, гўру чўб кардан, бегоҳи чор, либоси мотамӣ пўшидан, фотеҳахонӣ, бегоҳи ҷумъа, бист, чил, сари сол.

Ҳамчунин дар азо марсияхонӣ ва овозандозӣ (гирякунӣ) дар хона ва қабристон.

Маросими динӣ: мавлудхонӣ, пайғамбарошӣ, хатми Қуръон, рўзакушоён, таровеҳ, шаби қадр, мати-матии бачагон.

Маросими занон: Бибисешанбе, Бибичоршанбе, Мушкилкушо, қайтарма, чароғмонӣ, фотеҳаи тани сиҳат, хатми бибиён, гапхўрии занона.

Идҳои миллӣ - Наврўз, Сада, барфи аввал, ҳосилғундорӣ, иди деҳқон

ШАРҲИ БАЪЗЕ АЗ ИН АНЪАНАҲО

1.  Суманак - пеш аз иди Наврўз ду, се, чор хонавода шарик шуда, суманак мемонанд. Рўзона ва шабона ба навбат истода, онро тайёр мекунанд. Дар атрофи дег шеърхонӣ, байтбарак мекунанд. Бо нияти нек ба дег аз сой сангча оварда мепартоянд.

2.        Арғунчак - дар иди Қурбон ва иди Рамазон занону духтарон ба дарахт арғунчак андохта бозӣ мекунанд.

3.        Дандонбаророн - агар кўдак дандон барорад, каме мош ё биринҷро аз сари он давр занонда, ба паррандагон мепартоянд.

4.       Ҳашари пойдевор - соҳиби хона мардону ҷавононро хабар мекунад, аввал фотеҳа, сипас ба кор шурўъ мекунанд, дар як рўз пойдеворро бутун мекунанд.

5.        Хокандозон - баъди ба болои хона вассаю най хобондан лой мехобонанд. Мисли пойдевор даст ба даст ҳашар гузаронида мешавад.

6.        Маслиҳатошӣ - дар ҳамаи чорабиниҳо пеш аз ҳама хешу табор, ҳамсояҳо ҷамъ шуда маслиҳат мекунанд. Ба худ вазифаи муайян мегиранд.

7.        63-солагӣ (пайғамбарошӣ) - вақте ки мардон 63-сола мешаванд, хатми Қуръон доир карда, тамоми одамони маҳалларо хабар мекунанд.

8.        Гусел ба хизмат-ҷавон ба хизмат аз тарафи хешу пайвандон, ёру ҷўраҳо, ҳамсояҳо гусел карда мешавад.

9.        Қабул ва гусели меҳмон - ба назди меҳмон ҳамсояҳо, хешон, мўйсафедон хабар карда мешавад.

10. Гусел ба мардикорӣ - бо хешу пайвандон, ҳаққу ҳамсояҳо хайру хуш мекунанд, мўйсафедон ё кампирон фотеҳа медиҳанд.

КАСБУ ҲУНАРҲОИ ҚАДИМА ВА ҲОЗИРА

1. Оҳангарӣ: яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми Понғоз ин оҳангарӣ буд. Ин ҳунар аслан дар деҳаҳои Ашт, Шайдон, Понғоз маъмул буд. Дар оҳангарӣ ҳунармандон асбобу анҷомҳои заруриро сохта, талаботи мардумро қонеъ мекарданд: аз қабили корд, дос, болға, табар, каланд, чок, ҷоду, чангак, путк, хокгир, оташгирак ва ғайраҳо.

Асбобҳои кишоварзӣ ва рўзғор барои ҳаёти ҳаррўзаи одамон бисёр ҳам зарур буд. Қулфу калид, мелох, дастқапак, чопқу, занҷир, ҳалқа, зулфӣ ва амсоли онҳо ашёҳои лозим буд.

2. Кандакорӣ - дарвоза, дар, тиреза, дарича, тарнобҳо, пештоқи хонаҳо, кат, каровот, ҷевону сандуқ, ороиши гунбази масҷидҳо, мадрасаҳо.

3. Гаҷкорӣ - нақшу нигори сақфу хонаҳо, тарфҳои даруну берун, ҳуҷраи даромадгоҳ, дар ҷойҳои намоёни деҳаҳо ба кор мебурданд.

4. Тунукакорӣ - ордгирак, мевагирак, ғаллагирак, печкаҳо, карнайҳо, каҷкарнайҳо, печкақо барои гармидиҳии хонаву ҳаммому ошхонаҳо.

5. Гилкорӣ - гил барои сохтани оташдон, танўр, кўза, хум, танўри заминӣ ва дигар зарфҳои рўзгорӣ истифода мешуд.

6. Тоқидўзӣ - тоқии мардона, занона, духтарона, бачагона, тоқии арўсӣ, тоқии арўсии зарҳалӣ бо сабти дубайтиҳо чун ороиш ва зебу зиннат маъмул буд.

7. Дўзандагӣ - либосҳои мардона, ҷома, шарвар, эзор, рўймолҳо, рўйҷой, гулдўзии таксарӣ, миёнбанд, либоси занона, сарбандак, сарбандаки арўсӣ дастӣ ва ё бо мошинҳои чокдўзӣ тайёр карда мешуд.

8. Гилему қолинбофӣ-алоча, шолча, намад, канаф, карбос, сабад, сабадча, қолинча, чойпўшак, бурё ва гайра.

9. Бофандагӣ - карбосбофӣ, чиғриқ барои ҷудо кардани чигит, чарх барои ресмонресӣ, бофтани арғамчин, аз мўй ҷўроббофӣ, ҷиҳакбофӣ ва ғайра.

10. Сўзандўзӣ - кўрпа, болишт, якандоз, тўшак, лагандаи ҷома, хелҳои миёнбанд ва амсоли онҳо.

11. Қаннодӣ - хурўсқанд, оби дандон, оби навот, нишолло, ҳалвои пашмак, қандалот, қанди тунук, ҳалво, ҳалвочак, қалақанд, шиннӣ.

12. Пазандагӣ - нони обӣ, лочурӣ, нони нонво, фатир, қалама, қатурма, буғурсоқ, толқон, самбўса, кулчаҳои ҳархела.

13. Тайёр кардани хўрока-оши палав, шўрбо, шавла, обҷўшон, оши суюқ, явғон, ҷаврӣ, манту, угро, туппак, каду, ширкаду, нонпалав.

14. Дуредгарӣ - сохтани хона, ошхона, болохона, таҳхона, меҳмонхона, оғилхона, баҳоршинак, шипанг, айвони хона, дарвозахона.

15. Чармгарӣ - маҳсӣ, мўза, чоруқ, кафш, пўстин, тахтапўст, тахтапўсти деворӣ, тахтапўсти ҷогаҳ, қамчин, сарнўхта, қабуз, қанҷубак.

16. Сартарошӣ - ороиши мўйсар, риш, мўйлаб, ниёзмонӣ. Асбобҳои истифода мешуда: поку, устура, наштар, тасма, қайроқ, чарх, тезкунак.

17. Олотҳои шикорӣ - қапқон, ҷелӣ, дом, тур, шаст, тиру камон, силмоқ, чузма.

18. Асбобҳои мусиқӣ - чилдирма (доира), рубоб, четор, карнай, сурнай, най, таблак, ғиҷҷак, чанг, дутор, сетор.

19. Ороиши занона - занҷир, марҷон, ҳалқа, дастпона, ангуштпона, нишона (узнак) тугмаю тугмачаҳо, гулҳои фарфараки майда, тиллокашӣ, усма, сурма.

20. Афзори ҳайвони хонагӣ - лаҷом, зин, қушқан, мула, қамчин, ғилоф, узангу, наъл, мех.

21. Қассобӣ - молҳои хонагӣ, қавурдоқ, ҳасиб, қазӣ, гўшти хушк, ишкамба, калла поча, пўстдумба, ҷазза

22. Хаттотӣ - рўйнависи китобҳо, нақшу нигори муқова, ҳуруфоти арабӣ, форсӣ, лотинӣ, санъати хаттотӣ, китобдон, ғилофи китоб барои Қуръон.

23. Асбобҳои гаҳвора-белинчак, арғунчак, қабуз, побанд, дастбанд, кузача, чугдон, бандаки бозингарак, бозичаи бачагона, лўхтак, қузмилчоқ.

24. Чўбдаста-асо, асои пирӣ, асои чўпон, асои маъюбон, нонпаррак, ҷуга, нонсозак, собачўб, тирак, тахта.

25. Тайёр кардани мақсулоти ширӣ - қурут, айрон, зардоб, қатиқ, равғани маска, панир, сузма, қурўтоб, қимиз.

26. Рангу бори матоъ - ранги сурх, сиёҳ, гулобӣ, ҷигарӣ (химия)

Аз унсурҳои табиӣ - пўсти пиёз, пўсти анор, пўчоқи писта, хуч, гули хор, чойкаҳак, пўсти себ ва ғайра.

27. Равғанкашӣ - чигит, чормағз, обҷувоз, мағзи бодом, шафтолу, зағер, офтобпараст, кунҷит, донаки талхак.

28. Кокулбофӣ - мўйи ула, чочуқак, тоқии гулдор, ниёзкокул, дугеса, гулкокул, тепакокул, гесубаста, гесусалла.

29. Ороиши занона - усма, ҳино, ҳусни юсуф, қирмол, холмонӣ, қалами сиёҳ, кабуд, қоши тилло, бозубанд.

30. Сангтарошӣ - сангнова, санги осиё, қайроқ, тахтасанг, болосанг, донаи шатранҷ, донаи шашбеш, санги сипар, санги сўрохқадаҳ, пуд, санги сари қабрҳо, сангуғур, дастуғур.

31. Бозичаи бачагона - ҳуштак, аллак, пар, чузма, лухтак, ғиҷҷак, бозингарак, қасқанд, ҷавгон, тиру камон, шамшер, бодбарак, киштича дар об, фарахути ҳавоӣ, пақ-пақ, аробачаи бачагона, аспча.

32. Омехта - пустхалта, тобадон, калидона, гулмех, обрез, нова, ширполояк, кафкир, панҷараҳои пурнақшу нигор, дук, чарх, челак.

IV. ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚ

Фолклор вобаста ба таркиби аҳолӣ ва забони онҳо арзи вуҷуд дорад. Забони маҳаллӣ ин лаҳҷаи тоҷикӣ буда, мардум бо забони ўзбекӣ ҳам эҷод намудаанд.

1.    Фолклори бачагона ё фолклори одамони калонсол

2.    Фолклори динӣ-суннатӣ.

Боз эҷодиёти даҳанакии Понғозиён аз инҳо таркиб ёфтаанд: сурудаҳо, ашўлаҳо, дубайтиҳо, чистонҳо, тезгўякҳо, муаммоҳо, латифаҳо, афсонаҳо, ҳикояҳо, бозиҳои бачагона ва ҳоказоро дар бар мегирад. Чанде аз намунаҳои онро пешкаши шумо мегардонем:

 

Бойчечака овардем,

Хонаба даровардем.

Очам диду гирён шуд,

Дадом диду ҳайрон шуд.

 

Бойчечаку бойчечак,

Апичаам келинчак.

Соли дигар ҳамин чоқ,

Меҷунбонад белинчак.

 

Эй акоча, чикоед,

Иқа чӣ камнамоед?

Чӣ мешуд, ки имшаб,

Ба хоби ман дароед.

 

Лаби сунда шағалтош,

Духтарҳои қаламқош.

Гирам гўям пулам не,

Чӣ кор кунам қариндош.

 

Туппӣ гули шафтолу,

Ман духта наметунам.

Ёрам заҳри таллоғу,

Истода наметунам.

 

Дадо куҷо меравад,

Сурхобба пахтак орӣ.

Манба чӣ мебиёред,

Куртаи қарғашоҳӣ,

 

Олучанда арғунчак,

Як бор равам чӣ мешад.

Дадом роҳи дуранда,

Як бор бинам чӣ мешад.

 

Ғилболанда ғуза ҳай,

Кошки адо намешуд.

Ин олами ғарибия,

Гўям адо намешад.

 

Ҳар саҳар мехезаму ёдам ба ёди модарам,

Гул ба гул мепечаму ҷигаркабобам модарам.

Модарам сурма сафед, сурма сиёҳ кардам, нашуд,

Хоки пойи модарамро тўтиё кардам, нашуд.

 

Барфу борон ҷола кард,

Кабкҳо ба дашто нола кард.

Ин ҷавони нозанин,

Аз санги хоро хуна кард.

 

Чўби Худо садо надорад,

Агар занад даво надорад.

 

Ло илоҳа илаллоҳ

Муҳаммаду расулуллоҳ

Аспи рабби ҷаллувлоҳ,

Мофи қалби ғайруллоҳ.

Бозиҳои бачагона - гўшталобак, тоқу ҷуб, йес-йес, дастхобонӣ, чавгонбозӣ, парбозӣ, аллакбозӣ, тавлангзанӣ, ошуқбозӣ, кураш, ҳойландӣ, обчошак, оббозӣ, байтбарак, гулбазм, оламӣ, қамбарпартоӣ, лойбозӣ, ҳарифона, ҳамелсозӣ, баскикунӣ, чумоқбозӣ, петакбозӣ, ҳайда-ҳайда, ҳадаланг, сангчабозӣ, лапту, трах-трах, як кал-ду кал, камонбозӣ.

ИЛМ

Ба асари илм амали инсон саҳеҳ мегардад.

Дар кори омўзиши таърихи Понғоз на фақат олимони рус, балки олимони тоҷик ҳам паҷўҳиши илмӣ-тадқиқотӣ бурданд. Олимон Б.Ғафуров, А В.Бартолд, В.М.Литвинский, В.С.Расторгуева, М.Л.Массон, Н.Неъматов, Н.Турсунов, С.Бобохоҷаев, О.Панфилов ва чанде дигарон дар соҳаҳои гуногуни илм корҳои тадқиқотӣ карданд.

Олимони Понғозӣ дар соҳаҳои зерин паҷўҳиш карданд: дар соҳаи таърих: Усмонов И., Исоматов М., Раҳматҷонов М., Ҳайдаров А., Эшматов С., Абдуллоев Р.

Дар соҳаи забон ва адабиёт: Воҳидов С, Камолиддинов Б., Азимов Н., Неъматов А., Сиддиқов С., Собиров А., Ҳайдаров Ш., Ҷўраев Р.

Дар соҳаи тиб: Исомиддинов А., Тошпулотов Т.. Дар соҳаи иқтисодиёт: Исоматов Б., Усмонов Э,, Умаров 3., Шарипов М., Дадоматов Д., Мирбобоев Р. Хоҷагии қишлоқ: Усмонов Р., Ахмедов К. Биология: Ҳоҷиматов М., Мадаминов А. Физика-математика: Муҳаммадиев Э., Дадоматов Ҷ., Ҳасанов Ю,

Илм ва техника: Шарипов М.Турсунов А., Мирзоахмедов Ф., Неъматов Т., Аҳмадов Ф.

Фалсафа: Мирзоев Ғ., Ҳасанов Р.

Педагогика:   Қодиров   Н..   Маҳкамов   М., Мирзоматов А., Мирзоматов Н. ҳуқуқ: Имомов А., Ҳувайдуллоев Н.. Химия: Қобилов Н., Тухтасунов О. Санъат: Рузиматов С.

Эҷодкорон:

Маъдани Понғозӣ

Одинамуҳаммад Маъдан (1762-1846) шоири ғазалсарои Понғоз буда, борҳо дар дарбори Амир Умархон (1811-1822) бо ғазалҳои пурмаънии худ шоирони дарборро дар ҳайрат гузоштааст.

Аз бозёфти ашъори шоир то ин вақт чунин шаклҳои назм боқӣ мондааст: 128 ғазал, 28 мухаммас, 22 мусаддас, 8 қасида ва байтҳои ҷудогона.

 

Дар охир намунае аз ашъори Маъдан меорем, ки бори дигар Понғоз будани номи деҳаро исбот кардааст:

 

Диёнат рафт, ё раб, аз диёри мардуми Понғоз,

Ба дасти аблаҳон шуд ихтиёри мардуми Понғоз,

Ба вайронӣ муқаррар кишту кори мардуми Понғоз,

Сагон серанд аз сайди шикори мардуми Понғоз,

Ки ин номардакон хасми кибори мардуми Понғоз.

 

Саду сӣ гурги золим бар хилофи кор чўпон шуд,

Ба таҳрики залолат дар масофи гўсфандон шуд,

Балои Понғазу ғоратгари мулки Шаҳидон шуд,

Ки ин ҳар ду вилоят з-офати ин қавм вайрон шуд,

Намерўяд гиёҳе аз канори мардуми Понғоз.

 

Хусусан сарбуриҳо шуд муқаррар дар раҳи Шохак,

Таҷовуз карда аз ҳафтод афзун умри он бадраг,

Зи беинсофию тавфиқ дорад мазҳаби муҷдак,

Магар бар заъфи пирӣ нафъ дорад...,

Ки дар явмулҷазо бошад ҳимори мардуми Понғоз.

 

Ҳамон малъуни ҳақ рўинатан дар миллати фосид.

На аз ҷоми шаҳодат серу на аз бодаи тавҳид,

Гирифт аз ман зи расми мардумон шаш тангаи зоид,

Ҳамин даъво, ки ман дорам, Худою Мустафо шоҳид,

Ки бошад шоҳиди дигар ҳуззори мардуми Понғоз.

 

Бигў бо зумраи даҷҷол бархезад, ки мавсум шуд,

Ки бидъатҳо фаровон гашт, бедодӣ ба мардум шуд,

Тазаллумҳои золим дар паи озори мардум шуд,

Зи қабри мурдагон фотиҳаю хатму дуо гум шуд

Ки арвоҳе наояд бар мазори мардуми Понғоз.

 

Ҳамон ғули залолатпешаи баттоли беномус,

Аҷоиб нақшаҳо дорад ба дил чун шаҳпари товус,

Ҳамехонад ҳамин абёт, мегўяд маро махсус:

Қаровулбеки Шайдон дод Шохак дар баҳои...,

 

Чу фарзандони Шайдон мегузинад даъвии ман-ман,

Ба таври худ бувад мумтоз аз Кайхисраву Баҳман.

Накарданд ин лаъимон имтиёзи духтарон аз зан,

Шуданд аз… фурўшӣ як ҷамоа шоду ҳокимтан,

Аз ин ғофил, ки ҳастанд шармсори мардуми Понғоз.

Мақоми худ шуморад бартар аз Ҷамшеду Искандар,

Ситонад аз раоё тангаю тиллою симу зар.

Надонам, чун шавад ҳолаш даруни хонаи бедар,

Саволи бандагӣ пурсанд аз вай Наккиру Мункар,

Шавад дур аз сараш он дам хумори мардуми Понғоз.

 

Шақӣ то вақти мурдан бас накарда аз

 фикри номаъқул,

Ҳавои нафс кардаш бо мулозимпешагӣ машғул,

Зи қашшоқию ифлосӣ надорад як дирам маҳсул,

Ба... гирад, ба зери бурё бошад, агар як пул,

Чу дуздон сар барорад аз ҳисори мардуми Понғоз.

 

Ба чашми имтиҳонаш дид ҳар кас, зишти олам гуфт,

Шариат зоҳири ўро сазовори ҷаҳаннам гуфт,

Шақиро дузахӣ гуфтам, валиоллоҳу аълам гуфт,

Тилисми назми Маъданро, ки шояд исми аъзам гуфт,

var container = document.getElementById('nativeroll_video_cont'); if (container) { var parent = container.parentElement; if (parent) { const wrapper = document.createElement('div'); wrapper.classList.add('js-teasers-wrapper'); parent.insertBefore(wrapper, container.nextSibling); } }