Вторник
19.03.2024
13:52
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Шол

Деҳаи Шол – Village Shol

Дата образования:

Что означает это название: Топоним «Шол»,  состоит из слова  «шол, шоли» - неочищенный рис.

Карта местности на Google map:

География: Шол расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________

Расстояние до центра джамоата 8 км

Расстояние до центра района 24 км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. 

Население

  1959 1981 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           1193
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

 

Достопримечательности:

БОЗЁФТҲОИ НОДИР АЗ ДЕҲАИ ШОЛИ БОЛО

Деҳаи Шоли болои Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст. Сокинони ин русто асосан ба чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва ҳунармандӣ ном баровардаанд. Дар сарчашмаҳои муосир ин мавзеъро пайроҳаи «Роҳи Бузурги Абрешим» низ ном мебаранд.
Дар ҳақиқат, агар ба ҳудуди ин деҳа назар афканем фикру андешаи моро боз ҳам равшантар месозад. Дар ин ҷо бисёр талу теппаҳои таърихӣ ба монанди «Сари тӯпхона», « Кулулатеппа», «Чашмаи тор», «Дараи Мазор», «Чашмаи гармак», «Хами Раҷаб» ва «Сафолбегим» ва монанди инҳо мавҷуданд. Ба гуфтаи кӯҳансолони деҳа дар баландии калони «Сари тӯпхона» дидбонгоҳи амирони Ҳисор вуҷуд доштааст. Тоҷирону савдогарон аз ин роҳи гумрукӣ мегузаштанд. Дар ин теппаи таърихӣ ҷойи сарбозон ва якчанд тӯпи ҷангии онҳо қарор дошт. Аз ҳамин сабаб ин теппаро мардум то ҳол «Сари тӯпхона» ном мебаранд.
Чанде пеш сокинони русто Ашӯралӣ Салимов ҳангоми коркарди замини хоҷагии деҳқонии ба номи «Насимҷон» ва Ҳайиталӣ Сангинов ҳангоми коркарди замини боғи худ дар мавзеи «Чашмаи гармак» тасодуфан бозёфтҳои зиёди таърихиро пайдо карданд.
Ганҷинаи бузурги деҳаи Шоли боло бостоншиносон, таърихнигорон ва аҳли илму фарҳанги ноҳия ва ҷумҳуриро ба ваҷд овард. Шумораи осорҳои ёфтшуда зиёда аз панҷоҳ ададро ташкил медиҳад. Қисмати бештари осорҳоро зарфҳои рӯзгор-лаълиҳои мисин, офтобаҳо, чароғҳои мисин, косаҳои нуқрагин (бо омехтаи рӯҳ), қандилҳои мисини болои ҳам мондашуда, кӯзаи сафолин, тагдегдону қолабрезаки коргоҳи ҳунармандӣ, шоҳкосаҳои ҳаҷми гуногундоштаи мисин, тағораҳои бо рамзҳои паррандагону ҳайвонот тасвирёфта, зарф барои гузоштани ороишоти занона (шкатулка) ва монанди инҳо дар бар мегиранд.
Дар рӯи тасвири табақҳои барҷомандаи ин ҷо асотирҳои хаёлиро низ мушоҳида мекунем. Чунин услуби ороишотии зарфҳо дар асрҳои XI –XIII хеле густариш ёфта буд. Зарфҳо бо хатҳои ҳандасӣ, нақшҳои наботӣ, тасвири мавҷудоти зинда (хусусан ҳайвону паррандагон) оро дода шудаанд. Дар рӯи лаълиҳо-моҳӣ, мурғ, мурғобӣ, оҳу, паланг, шер, саг ва ғайра ҳаккокӣ шудаанд.
Ҳар яке аз онҳо дорои рамзи худ мебошанд. Лаълиҳо хатҳои тасмашакл дошта, бо катибаҳои хатти куфӣ ва гирду атрофи онро устоҳои мисгар бо баргакҳои ба шакли дарахтон ё гулу буттаҳо монанд моҳирона пардохтаанд.
Офтобаҳои мисини деҳаи Шоли боло ба асрҳои X-XIII мутааллиқ мебошанд. Офтоба аз ду ҷониб бо ҳам ҳалқа дорад. Дар рӯи болои дастаи он ғураи гули анор ба мушоҳида мерасад. Таърихи осорҳои деҳаи Шоли боло зиёда аз 800 солро дар бар мегиранд.
Академик Аҳрор Мухторов дар мақолаи таърихии худ бо унвони «Офтобае аз Ӯротеппа» нисбати ҳунармандони асрҳои X-XII-и сарзамини Осиёи Марказӣ менависад: «Соли 1972 дар деҳаи Қалъаи баланди ҳудуди Ӯротеппа 18 намуди зарфҳои мисин пайдо гардид, ки дар рӯи чор офтобаҳои мисини он номи усто Аҳмад зикр шудааст».
Бостоншиносони тоҷик дар ҳафриёти Лағмони қисмати ҷанубии Тоҷикистон зарфҳои мисин – офтобаҳо, косаю лаълиҳо, чароғи мисини асрҳои X ва аввалҳои асри XIII –умро дарёфтанд, ки онҳо қимати таърихии худро молик мебошанд. Зарфҳои мисини ҳунармандони асрҳои XI ва аввали асри XIII-и деҳаи Шоли болои ноҳияи Ҳисор (қисмати марказӣ), ҳудуди Ӯротеппа (қисмати шимолӣ), ҳафриёти Лағмон (қисмати ҷанубӣ) ҳунари ҳаккокии тараққикардаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра амсоли бинокорӣ тиҷорат ва ҳунармандӣ низ хеле пеш рафта буд. Чунин услуби тарҳрезии зарфҳо дар Осиёи Марказӣ кам ба чашм мерасад.
Дар байни муҳаққиқон нисбати макони пайдоиши ин ҳунари волои асрҳои XI-XIII фикру андешаҳо гуногун мебошанд. Бозёфтҳои деҳаи Шоли болои ноҳияи Ҳисор як хусусияти хоси худро муайян кард. Дар қатори зарфҳо қолабрезаки мисгарӣ пайдо шуд. Аз ҳамин сабаб бо итминони комил гуфта метавонем, ки коргоҳи мисгарӣ маҳз дар ҳамин мавзеъ вуҷуд доштааст. Маҳсулоти устоҳои чирадасти ин деҳа ба воситаи тиҷорат ва савдогарон ба тамоми Осиёи Марказӣ паҳн мешуд. Мо ганҷинаи бузурги деҳаи Шоли болоро ҳамчун маҳсулоти маишии як оила маҳсуб медонем, ки ба ҳунармандӣ машғул будаанд.
Албатта, нисбати ганҷинаҳои деҳаи Шоли боло ҳоло чизе гуфтан бармаҳал аст. Омӯзишу таҳқиқи он дар ихтиёри олимони тоҷик қарор дорад. Пас аз омӯзиши ин бозёфтҳои нодир аз шигифтҳои сарпеч ва гиреҳҳои нокушодаи таърихии ин ганҷинаи бузург пурра ҷавоб хоҳем ёфт.
Қурбонмурод АСОЕВ - узви ИЖТ,
Юсуф ҚОДИРОВ- нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ҳисор
http://www.gazeta.tj/chg/5121-bozyoft1202oi-nodir-az-de1202ai-sholi-bolo.html
 
Исторические документы: