Вторник
19.03.2024
12:34
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деваштич

ДЕВАШТИЧ

Деваштич  (согд. δy-w’šty-c), также Дивастич  и  Дивашти  (? — 722) — согдийский афшин (правитель), один из последних правителей Самаркандского Согда, правитель Пенджикента  (предполагаемая  дата начала правления — 708 год н. э).

Диваштич вырос в Пенджикенте, где женился на дочери местного правителя Чекин Чур Бильге. После его смерти он стал правителем Пенджикента. В 720 году он вместе с царем Согда Гуреком поднял восстание против арабских завоевателей.

После взятия крепости на горе Муг штурмом, Деваштич был распят арабскими воинами хорасанского эмира Саида аль-Хараши в 722 году.

Деваштич - яке аз шоҳони (ихшиди) охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент, қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи  Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб иштирок кардааст.

Таърихи шӯриш

Деваштич баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр - Хатлон, Чоч, Уструшана,  Фарғона  ва Ҳоқони Турк мактубҳои имдодӣ навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо ба ҷанг даъват намуд. Дар натиҷа дар солҳои 719-720 дар Суғд ду лагери зидди арабӣ: яке бо сардории ихшид Ғурак, ки аз назари арабҳо ҳокимияташ ғайриқонунӣ буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар кӯҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба ҷанги зидди арабҳо омодагѝ медиданд. Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии нерӯи ҷангандаи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Дар ин миён ихшиди Суғд - Ғурак аз тарси эътибори рӯзафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангид.

Шикасти шӯришгарон

Соли 722 пайравони Деваштич ба арабҳо муқобилияти сахт карда, ба тарафи қалъаи кӯҳи Муғ ақибнишинӣ карданд. Онҳо дар дохили девори қалъа ҷойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабҳо роҳи даромади қалъаро гирифтанд. Муҳосираи қалъа ва муқовимати суғдиён се - чор моҳ давом кард. Ҳамчунин фасли сармо фаро расид ва онҳо маҷбуран бо арабҳо сулҳ бастанд. Мувофиқи муоҳада суғдиён розӣ шуданд, ки дар сурати ба ҳаёти сад нафар исёнгарон ва аҳли оилаи онхо аз ҷумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабҳо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз ҷониби арабҳо риоя нашуд, ба он далел, ки сарвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро арабҳо тирамоҳи соли 723 дар Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба  Ироку  дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусурӣ, ки дар Тахористон иқомат дошт, фиристоданд.