Вторник
19.03.2024
14:03
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Кварталы г.Канибадам

Гузару Маҳаллҳо - Кварталы 

МАЗОР, ё қиссаи ҳафт мазор ва ҳафт дарахти сарв. Дар байни мӯйсафедони Ко­нибодом дар бораи ин мазор ривоятҳои гуногун мавҷуданд, вале то ҳол ҳуҷҷате пайдо нагардидааст, ки тасдиқгари ин ривоятҳо бошад. Беш аз 60 сол пеш аз ин домулло Ғуломнақшбанд Зоҳидов, ки шахси донишманду фозил ва олими замони худ буд, дар бораи пайдоиши ҳафт мазор ва ҳафт дарахти сарв чунин ҳикоят кар­да буд. «... Дар замонаҳои қадим ҳокими Бухоро барои забти хонигарии Қӯқанд лашкар кашид. Дар муҳорибаҳои хунин аз ҳар ду тараф ҷангиёни зиёд кушта шу­данд. Сипас 7 нафар сарлашкари дар ҷанг ҳалокшударо ба аробаҳо бор карда ба ва­танӣ худ Бухоро бурданӣ буданд. Ҷасадҳо аз гармо то ба Конибодом расидан бӯи мутанаффир пайдо карданд. Он гоҳ бо маслиҳати сарварони уламои Конибодом ҳафт ҷасади шаҳидони ҷангро ба ҳафт мазори шаҳр гӯрониданд ва барои нишона ба сари қабри онҳо яктоӣ ҳафт дарахти сарв шинониданд». Шояд ин ривояте бо­шад, вале дарахти сарв дар мазорҳои ш. Конибодом ҳанӯз боқист.

МАДРАСАИ МАЙДОНИ МАШҲАД, ёдгории таърихии асри XIX. Дар маркази ш. Конибодом, дар майдони Машҳад (боғи маданият ва истироҳати шаҳр) ҷой гирифта, дар наздикии Мадраса бозор ва паҳлӯи он қабристон воқеъ буд. Ин Мадраса солҳои 20-уми асри XIX аз ҳисоби маблағи Мулло Маткарим ном давлатманде сохта шуда буд. Мадраса аз хишти пухта сохта шуда, 21 ҳуҷра, ҳавз ва масҷид дошт. Солҳои 1914 - 16 Норчабой дар шафати ин Мадраса манора сохт. Дар ин Мадраса ба сифати мударрис қори Тӯрахон Мирзо ва Мирзо Маъруф кор кардаанд. Дар Мадраса 70 - 80 нафар толибилм таҳсил мекарданд. Мадраса 9 таноб вақф (замин) дошт. Солҳои 30-юми асри гузашта ин Мадраса ба хароби рӯ овард. Аз Мадраса ҳоло нишоне боқи намондааст.

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ, ёдгории таърихии асри XVII. Мадраса солҳои 1656 - 60 бо ташаббуси ҳокими он замон Мирраҷаб Додхоҳ дар кӯчаи Ҷари ш.Конибодом аз хишти пухта сох­та шудааст. Бино ба вақфномае, ки соли 1883 навишта шудааст, ин Мадраса ба домулло Олим ном марди хирадманде тааллуқ дошт. Даромадгоҳи Мадраса дар мобайн воқеъ буда, дарвозаи кандакорӣ дорад. Дарвозаи мадрасаро устоҳои кандакор Мулло Ҳоҷи Сайд ва Усто Мансур сохта, дар кунҷи болои он санаи сохта шудани дарвоза - 1070 (1659 - 60) ва исми худро бо хати арабӣ сабт намудаанд. Дар даромадгоҳи Мадраса гумбази куррашакл ва пештоқҳо ҷойгиранд. Дар ду тарафи даромадгоҳ ду манораи начандон баланд ҷойгир аст. Асоси ёдгориро ду толори гуногунҳаҷм ташкил медиҳанд, ки як толор ба сифати намозгоҳ, толори дигар ба сифати дарсхона истифода бурда мешуд. Дар дохили Мадраса 15 ҳуҷра ва дар қисми ҷанубии он айвони 10-сутундор ҷойгир аст, ки ба сифати намозгоҳи тобистона ис­тифода мебурданд. Ин айвонҳоро солҳои 1916 - 17 устоҳои наҷҷор Муҳаммад Шукур, Усто Эрбой, Усто Ориф ва Усто Олим сохта, кандакорӣ намудаанд. Дар Мадра­са 100 нафар шогирдон таҳсил мекардаанд. Дар ибтидои асри XX Ҷунайдулло Махсум (ваф. 1919) ва Махсум-домулло аз гузари Арабхона 40 сол мударриси ин Мадраса буданд. Сипас дар ин Мадраса Бӯрихон-домулло, Убайдулло-домулло, Ҷунайд-домулло ва Саидхон мударриси кардаанд. Мадраса дар роҳи Халтақишлоқ (Деҳқонобод) замин (вақф) дошт, ки даромади он ба хароҷоти Мадраса сарф ме­шуд. Соли 1883 Муҳаммад Шариф писа­ри Ашӯр Қайчӣ ба ин Мадраса сарварӣ мекард. Ӯ ба 15 пули тилло об харид ва онро ба истифодаи замини Мадраса бидод. Дар бинои ин Мадраса солҳои 1921 - 26 мактаби Доруттадрис дараҷаи 2-юм, курси дусолаи муаллимӣ, минбаъд интернат ва хобгоҳи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №18 (МТД Литсейи касбии саноати кишоварзии ш.Конибодом) ҷой гирифта буданд. Бинои вайронаи ин Мадраса бо қарори комиҷроияи ш.Конибодом аз 03.08.1977 пурра таъмир гардид ва аз 07.07.1983 барои истифода ба ихтиёри осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр дода шуд. Аввалин директори осорхона номзади илмҳои фалсафа Муртазоев Саъдихон, писари аввалин мудири маорифи Конибодом Бӯрихонов Муртазохон таъин шуда буд. 13 ёдгории таърихи Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии «Ёдгориҳои таърихии шоҳроҳи бузурги абрешим»-и ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО дохил шуданд. Моҳи ноябри с. 2015 зимни конфронси байналмилалии Осиё, ки дар ш.Алмаатои Қазоқистон дойр шуд, ба ин рӯйхат шомил шудани 2 ёдгории ш. Конибодом - Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим барррасӣ ва тасдиқ ёфт.

МАДРАСАИ ХОҶАРӮШНОӢ, ёдго­рии меъмории асри XVIII. Мадраса дар марказӣ ш.Конибодом, дар собиқ би­нои омӯзишгоҳи касбҳои техникии №8 ҷойгир буд. Ҳоло аз он Мадраса ғайр аз манорапораи начандон баланд чизи дигар боқӣ намондааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар канори Мадраса чанд ҳуҷра, дар дохили Мадраса ҳавз ва манора мавҷуд буд. Ин ҷо даҳҳо нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Замини (вақфи) Мадраса то як километр тул мекашид. Соли 1925 бо қарори комиҷроияи шаҳр замини вақфи мадрасаро ба сохтмони комбина­ти консервбарорӣ доданд. Солҳои 1865 - 1884 Қории Ҳисорӣ дар ин Мадраса ба сифати мударрис фаъолият дошт. Дар давраи Ҳокимияти Шуравӣ (1919), бинои Мадраса ба истифодаи мактаб, радиокомитети шаҳрӣ ва с. 1945 ба ихтиёри мактаби касбомӯзии фабрика-заводи (ФЗУ), баъдтар суди шаҳрӣ дода шуд. Сипас, бинои мадрасаро вайрон намуда, ҷои онро ба сохтмони собиқ омӯзишгоҳи касбҳои техникии №8 дода буданд.

МАҚБАРАИ ЛАНГАРИБОБО, номи мавзеест дар маҳаллаи Лангарибобо. Бинобар шаҳодати муаррихон, дар он ҷо яке аз сайидони араб, ки дар асрхои IX - X талқинкунандаи дини ислом ба шумор мерафт, мадфун будааст. Тибқи шаҳодати муаррихони ватанӣ ва хориҷӣ, асри X дар замони салтанати Сомониён шаҳри Канд рӯ ба тараққӣ оварда буд. Ҷамъиятҳои бисёри пешаварӣ амал мекарданд. Аз ин лиҳоз, номи гузарҳои пешаварӣ то замо­ни мо омада расидаанд. Айни замон дар мавзеи Лангарибобо як дахмаи қадима ва қабри авлодони он сайиди бузургвор ҳоло ҳам побарҷост. Дахма асри XVII аз нав барқарор карда шудааст. Дар гузашта ҳар як муаммои кори, ҷанҷолӣ ва марбут ба ин ё он касбро сардорони пешаварон, яъне бобоён мавриди муҳокима қарор медоданд. Бо чунин ном ҷойҳои зист дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Осиёи Миёна ва Озорбойҷон мавҷуд аст. (Ад.: Д. Каримзода, Сарнавишти Канд, Кони­бодом, 2017.)

МАНОРАИ КОНИБОДОМ, ёдгории таърихӣ, амали санъати бинокорони халқӣ. Манораи Конибодом ибтидои асри XX дар паҳлӯи намозгоҳи Майдони Машҳад (дар боғи истироҳат ва маданияти шаҳр) аз хишти пухта сохта шудааст. Баландии он 24 м, қутраш 4,2 м. Манора аз 6 қисм иборат буд. Бунёдгарон ба мустаҳкамӣ ва устувории манора аҳамияти зиёд медоданд, то ки он ба зилзила тобовар бошад. Устоҳо барои таҳкурсии манора хандаки 6-7 метра кофтанд, ба зери он санги хорою чӯби зарангу туту арчаро хобонида, онҳоро бо ҳам васл намуданд, байни чӯбҳоро бо оҳаксангу per шибба намуда, баъд корҳои хиштчиниро cap карданд. Дар дохили манора 60 зинаи морпеч сохта шудааст, дохили онро даричаҳо, равзанҳо равшан мекунанд. Девори манора аз хиштҳои суфтае, ки нақшу нигори ҳандасӣ доранд, чида шудаанд. Ин тарзи хиштчинӣ услуби санъати меъмории манорасозии асри 11 - 12 ро ба хотир меоварад ва аз истеъдоди баланди устоҳои тоҷик, ки анъанаҳои классикиро моҳирона истифода мебурданд, шаҳодат медиҳад. Манораҳоро дар гузашта ба сифати дидбонгоҳ, нишони роҳ, барои азонгӯӣ ва даъвати мусулмонон ба намоз истифода мебурданд. Аз рӯи маълумоти Усто Инъом (1909 - 2004), Аҳмадҷон Шарифови раиси колхоз (1893 - 67), Усто Юлдоши гачкор (1880 - 58), Усто Абдусаломи таъмиргар ва чанд ҳуҷҷати дигар манораи Конибодомро устоҳои манорасоз аз ш.Қӯқанд Усто Ҳайдархон ва Усто Камолиддин бо ҳамкории Усто Юл­доши гачкори конибодомӣ солхои 1914 - 16 сохта буданд. Баъзеҳо санаи бунёди онро солҳои 1923 - 24 меҳисобанд. Ин манора бо ташаббус ва маблағгузории Норчабой сохта шуда буд, аз ин рӯ, онро то кунун манораи Норчабой меноманд. Соли 1935 манора осеб дид. Ин солҳо чанде аз ҷахолатпарастон манораро ҳамчун боқимондаи замони гузаш­та вайрон карданӣ буданд. Хушбахтона, манора бо ҳимояти раиси шаҳри вақт Амирбек Қиёбеков аз харобӣ нигоҳ дошта шуд. То имрӯз ин манораро ду маротиба таъмир кардаанд. Дафъаи дуюм солҳои 1991 - 94 усто Бобоҷон Мавлонови кулол ҳамроҳи писараш Раззоқ онро 7 метри дигар боло бардоштанд ва шакли аввалаашро барқарор карданд. Ин ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

АРАБХОНА, гузар ва маҳалла дар ш.Конибодом. Тибқи ривоят дар ин маҳал дар замонҳои гузашта чанд оилаи арабҳои этникӣ истиқомат доштанд. Шояд Арабхона ном гирифтани ин маҳал ба ҳамон дав­ра оид бошад. Дар ибтидои асри XX чанд оила аз бозмондагони арабҳо ба деҳаи Пӯлодон кӯчида, маҳалҳои истиқомати худро бо номҳои Арабои поён ва Арабои боло таъсис додаанд. Намоёнтарин оилаҳои арабҳои бозмонда оилаҳои Шодӣ-араб, Фозил-араб ва чанде дигарон буданд, ки минбаъд ба деҳаи Ғалчамулло кӯчида, ба зироатчигӣ машғул шуданд.

МАСЧИДИ ҶОМЕИ АРАБОИ БО­ЛО. Масчиди ҷомеъи Арабои боло тақрибан солҳои 1860-70 бо қувваи аҳли маҳаллаи Арабо (шакли вайроншудаи калимаи «Арабҳо») сохта шуда, то солҳои 1950 амал кардааст. Он то с. 1989 ҳамчун анбори колхози «Москва» (ҷ/с ба номи Энаҷон Бойматова) истифода бурда шудааст. Солҳои 1990 - 93 масчиди мазкур аз тарафи аҳолии деҳаи Арабо аз нав барқарор карда шуд. Ин масчид ҳамчун масчиди панҷвақта фаъо­лият дошта, аз с.1997 ба масчиди ҷомеъ табдил ёфт. Солҳои 2010 - 2015 масчид бо дастгирии аҳли деҳаи Арабо ва саховатмандон аз нав ба тариқи замонавӣ сох­та, ба истифода дода шуд. Масчидҳои панҷвақтаи Ғалчамулло, Работ, Тагибед тобеи масчиди ҷомеъи Арабои боло мебошанд. Суроға: ҷ/д Пӯлодон, кӯчаи ба номи Дадохон Олимов, 250.

ГУМБАЗӢ (Гунбазӣ), маҳалла дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳр. То инқилоб тобеи ҷамоати Фирӯзоба буд. Аз замонҳои қадим қабристони Гумбазӣ аз дигар минтақаҳои шаҳр бо мақбараҳои гумбаздораш фарқ дошт. Одатан ба рӯи қабрҳои одамони бузург, донишманд, саидон, мақбараҳои сарлашкарон, ҳокимон сағона бино менамуданд. Аз ин лиҳоз гузар Гумбазӣ ном гирифтааст. Ҳоло як қисми гузар ба шаҳр, қисми ғарбиаш ба ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи F.Ортиқов шомил аст. Дар Гумбазӣ МТМУ №4 ба номи Аҳмадҷон Абдураҳмонов, маркази савдои Пахтакор ва гармоба мавҷуданд.

Масчиди панҷвақтаи Гумбазӣ. Ёдгории меъмории асри XIX буда, бунёдгузораш Маҳкамбой (1840 - 1910) мебошад. Соли 1990 бо дастгирии аҳли маҳаллаи Гумбазӣ аз қабили Тоҳиров Уктам, Та­рифов Эгамбердӣ, Усто Олимбой ва дигарон таъмир ва тармим карда шуда, аз с. 1991 фаъолият дорад. Сурога: кӯчаи Коммунист, 2.

ДЕВОРИ ҚАЛЪА, номи кӯчаи собиқ Садовая, ҳоло ба номи Ойтӯра Маннонов, танҳо қисмати кӯча, ки аз шимоли бозори «Раъно» то кӯчаи Ҷар (ҳоло ба номи Шокирҷон Боҳиров) воқеъ аст.

ДЕГРЕЗОН, яке аз гузарҳои қадимаи шаҳр ба шумор меравад. Он дар қисмати шарқии беруни дарвозаи Хӯқанди қалъа, рӯ ба рӯи Қаландархона ва идораи хоҷагии қишлоқи имрӯза воқеъ будааст. Дар замонҳои қадим дар ин гузар коргоҳи рехтагарӣ вуҷуд дошта, дар он асбобҳои рӯзгор: дег, чойҷӯш, чароғи сиёҳ, поза, қисмҳои ароба, осиё, ҷувоз ва ғ.-ро дар натиҷаи об кардани чӯян ба қолабҳои махсус рехта истеҳсол мекарданд. Аз ин гузари қадима ба мо ном ва лақаби авлодӣ аз қабили Неъматҷони дегрез, Ғуфронбоӣ дегрез ёдгор мондааст.

ЗАРБЕД, номи гузар (маҳалла), ки дар қисмати шимолу шарқии ҷ/д Пӯлодон воқеъ аст. Аз маркази шаҳр то гузар З км ва аз гузар то маркази ҷамоат 400 метр аст. Тибқи ривоятҳо аз замонҳои қадим аз ин маҳал як ҷӯй об мегузаштааст. Дар ду тарафи ҷӯй дарахтони бед шинонида буданд ва дар сояи ин дарахтон дӯконҳои моли ниёзи мардум ҷой гирифтаанд. Бинобар тафси ҳаво ва хушк шудани оби ҷӯй дар тобистон барги дарахтон зард шуда, моил ба рехтан мешуданд. Аз ин рӯ, ин ҷоро «зардбед» меномиданд ва бо мурури замон бо афтидани овози «д» номи гузар Зарбед шудааст. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ин ҷо бинои масҷиди ҷомеъ (охири асри XIX) боқӣ модааст. 3арбед дар қади роҳи корвонгузари Абрешим ҷойгир буд ва ин ҷо дӯконҳои оҳангарӣ, нонвой, кӯҳнадӯзӣ, меҳмонхонаҳои шахсӣ ва ғ. мавҷуд буданд. Кӯчаро, ки гузарро убур мекард «Кӯчаи Хӯқанд» ҳам ном мебурданд, ки аз он корвони шутурҳо мегузаштанд. Ҳоло дар 3арбед як мактаби миёна, заводҳои пахта ва равғанкашӣ, бунгоҳи тиббӣ, мағозаҳо ва ғ. мавҷуданд. 3арбед зодгоҳи академик Ф.Тоҳиров, профессорон F.Ҷӯраев, F.Аҳ­мадов, муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Н.Сангинов, журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон М.Узоқов, ходимони ҳизбию давлатӣ  Усар ва Ҷӯра Дӯстматовҳо, дорандагони ордени Ленин Д.Сайфуллоев, Ҳ.Мамадов ва дигарҳо мебошад. Аҳолии 3арбед аз қадим ба боғдорӣ, пахтакорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд.

МАСЧИДИ ҶОМЕИ ЗАРБЕД Сохтмони масчиди ҷомеи Зарбед соли 1908 оғоз гардида, соли 1912 ба итмом расидааст. Ин маълумот дар шифти масчид, дар вассаҳо аз тарафи устоҳои рангуборчӣ навишта шудааст. Бино ба нақли мӯйсафедони гузари Зарбед масчид бо маблағи аҳли гузар ба тариқи ҳашар бино гардидааст. Дар ин ҳашар Ҷалил Бобо роҳбарӣ ва устогӣ кардааст. Болорҳои дароз ва сутунҳои баланди чӯбини масчид аз Исфара тавассути оби сой оқонда оварда шудааст. Дар ин кори хайр ва савоб Қодиров Ҷӯрабой ва Қобилов Ҳоҷибой ташаббус нишон дода, дар корҳои сохтмон фаъолона иштирок доштаанд. Солҳои 1997 - 98 бо дастгирӣ ва ташаббуси Сайдулоҷон Раҳимов ва қувваи аҳолӣ масчид пурра таъмир карда шуд. Дар фасли зимистон утоқи масчид гарм карда мешавад. Масчид айвони калони бархаво дорад. Дар фаслҳои гарми сол намозхонӣ дар айвон сурат мегирад. Аз с. 2011 инҷониб ҳамчун масчиди ҷомеъ фа­ъолият мекунад. Дар ҳудуди масчид чанд иншооти хурди ёрирасон ва ҳавзи калон воқеъ аст, ки аз оби он аҳолии гирду атрофи масчид истифода мебаранд. Атрофи ҳавзро дарахтони ороишӣ ва сояафкан зеб додаанд. Суроға: ҷ Пӯлодон, кӯчаи Бӯстон, 46.

Масчиди панҷвақтаи Саримазор. Бино ба нақли мӯйсафедони маҳалла ва пирони кор масчид таърихи қадим дошта, санаи сохта шуданаш маълум нест. Он бо ташаббуси аҳли маҳалла бо дастгирии Набиҷон Инъомов раиси вақти ч/с ба номи Энаҷон Бойматова с. 1998 таъмир карда, ба истифода дода шудааст. Ҳамчун масчиди панҷвақта тобеи масчиди ҷомеъи Зарбед мебошад. Суроға: ҷ/д Пӯлодон, кӯчаи ба номи Д. Сайфуллоев, 92.

КОРДГАРӢ, номи маҳалла. Дар ин ҷо ба касби кордсозӣ машғул буданд. Аввалҳо ин касб хеле нуфуз дошт. Корд дар рӯзгор ва корҳои хоҷагӣ истифода мешуд. Кордро аз оҳан, пӯлод месохтанд. Аз асрҳои XII кордро бештар аз пӯлоди тоза месохтанд. Гулӯбанди кордро аз мис, биринҷ, қурғошим месохтанд ва дастаи он аксаран аз устухон, шохи ҳайвонот таҳия мешуд. Вале баъди инкишофи муносибатҳои капиталистӣ ва ворид шудани кордҳои истеҳсоли хориҷӣ ин намуди касб таназзул ёфт.

КУЛОЛОН, маҳаллаи аҳолинишин дар ш.Конибодом. Маҳаллаи Кулолон дар қисми шимолу-ғарбии шаҳр ҷойгир буда, дар замони Шӯравӣ ба он «Фа­бричная» ном гузошта буданд. Ин кӯча аз паҳлӯи клуби комбинати консервабарории шаҳр оғоз ёфта, ба тарафи шимол тул кашидааст. Дар ин маҳалла зиёда аз 100 хоҷагӣ истиқомат дошта, 10 -12 хоҷагӣ ба касби кулолӣ машғул буданд. Кулолон анъанаҳои қадими миллиро идома дода, аз гил ҳаргуна асбобҳои рӯзғор, косаю табақ, хуму офтоба, бозичаҳои гуногуни бачагона месохтанд. Ин маҳал мувофиқи касбу кори сокинонаш аз қадим Кулолон ном гирифта буд ва ҳоло ҳам мардум онро ҳамин тавр меноманд. Мардуми диёр номи ҳунармандони маъруфи Ко­нибодом Усто Айюби Кулол (с. ваф. 1897), Усто Мӯъминхоҷаи Кулол (с. ваф. 1900), Усто Абдуқаюми Кулол (с.ваф 1912), Усто Мелибой Ниёзматов (с.ваф. 1959) ва пи­сари ӯ аъзои Иттифоқи рассомони СССР Усмон Мелиев. Ашӯрбой ва Бобоҷон Мавлоновҳоро, ки дар санъати кулолӣ ба зинаҳои баланди ҳунарӣ расидаанд, бо камоли ифтихор ба забон меоваранд. Намунаи беҳтарин офаридаҳои кулолони гулдасти Конибодом У. Мелиев, Ашӯрбой ва Бобоҷон Мавлоновҳо дар осорхонаҳои таърихӣ, аз ҷумла дар Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ва дар осорхонаи таърихии кишваршиносии ш.Конибодом ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Осори нафиси ин ку­лолони номӣ дар бисёр намоишгоҳҳои давлатҳои Белгия, Канада, Ироқ, Сурия, Туркия, Венгрия ба намоиш гузашта шуда, соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд. Ин касби аҷдодиро солҳо Мадризо Зиёев (лақабаш Кали Ризо), Шарифҷон Шодиев, Тоҳирҷон, Абдуллоҷонамак, Усто Аҳмади Кулол ва чанде дигарон идома доданд. Баъдан санъати волои кулолгариро писари Бобоҷон Мавлонов - Раззоқ (Бӯрибой) идома дода, онро дар ороиши тарабхонаю меҳмонхонаҳо ва таъмиру тармими Манораи Норчабой истифода кард.

МАСЧИДҲОИ КОНИБОДОМ, ёдгориҳои меъмории халқии Осиёи Миёна, ки барои гузаронидани маросимҳои динӣ, ҷамъомадҳои идона дар гузарҳои шаҳр ё деҳот ва ғ. бино ёфтаанд. Аксари масчидҳои гузарҳо дар Конибодом асри XIX ва ибтидои асри XX аз хишти хом сохта шудаанд. Масчиди гузар одатан аз бинои дарозрӯяи пешайвондори шифтҳояш вассапуш, айвонҳои бисёрсутунаи бо нақшҳои рангорангу гачкориҳои олӣ ороёфта иборат буданд. Ин масчидҳои гузарӣ бо дасти эъҷозофарини меъморону устоҳои халқӣ бунёд ёфтаанд. Дар Конибодом то солҳои 30-юми асри гузашта 105 масчиди гузарӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аксарияти ин масчидҳо то замони мо фарсудаю вайрона шудаанд. Дар давраи Истиқлолият би­нои масчидҳои мавҷуда ба намозгузорон баргардонида шудаанд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.03.2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Конибодом 9 масчиди ҷомеъ ва 28 масчиди панҷвақта амал мекунанд.

МАСЧИДИ ҶОМЕИ МАРКАЗИИ САРВ. Масчиди ҷомеи марказии Сарв таърихи беш аз 1000 сола дорад. Масчид бинобар дар мобайни саҳни масчид мавҷуд будани дарахти сарв номгузорӣ карда шудааст, ки ин дарахт 1000 сола мебошад. Масчид дар аввалҳои асри XIX аз тарафи Собир Пансад аз нав барқарор карда шудааст. Масчиди ҷомеи Сарв то солҳои 60-ум фаъолият карда, баъд аз фаъолият боз мондааст. Соли 1989 боз аз нав таъмир карда шуда, фаъолият дорад. Он яке аз калонтарин масчидҳои ҷомеъ буда, маркази ҳамаи масчидҳои шаҳр ба ҳисоб меравад. Масчидҳои панҷвақтаи Ҳоҷӣ Абдуллохон, Қазоқон, Мирмӯъмин, Гумбазӣ тобеи масчиди ҷомеи марказии Сарв мебошанд. Сурога: ш.Конибодом, кӯчаи Ҳавзибаланд, 92.

Масчиди панҷвақтаи Қазоқон. Масчид с. 1887 аз ҷониби Соҳибназарбой ва се нафар додаронаш сохта шудааст. Солҳои 1992 - 93 аҳли маҳаллаи Қазоқон бо дастгирии Мулло Абдусаттор бинои масчиди мазкурро таъмиру тармим карданд, ки пас аз он ба фаъолият оғоз намудааст. Суроға: кӯчаи ба номи Р.Қосимов, 15.

Масчиди панҷвақтаи Мирмӯъмин. Бинои масчид с. 1847 аз тарафи Мулло Боймат ва панҷ нафар додаронаш сох­та шудааст. Бинои масчид аз ҷониби аҳолии маҳаллаи Мирмӯъмин бо дастгирии соҳибкорон Исоқов Солибой ва Исоқов Умарҷон аз нав таъмиру тармим гардида, ба он тарҳи нав дода шуд. 01.06.2001 масчид ба фаъолият шурӯъ кардааст. Суроға: кӯчаи ба номи Л.Ҳасанов.

Масчиди панҷвақтаи Ҳоҷӣ Абдуллохон. Сохтмони масчид бо ташаббуси аҳолии маҳаллаи Тангак ва истиқоматкунандаи ҳамин маҳалла Ҳидоятов Абдуллохон моҳи июни с.1992 оғоз шуда, тирамоҳи с.1993 ба итмом расидааст. Масчид дорои ду хонакоҳ, айвон, дарвозахонаи болояш гумбаздор ва таҳоратхона мебошад. СуроҒа: кӯчаи ба номи Қаробоев, 41а.

Масчиди панҷвақтаи Таги бед. Масчиди панҷвақтаи Таги бед с.1910 сохта шудааст. Бино ба ибораи мӯйсафедони маҳаллаи Тагибед масчид бо ташаббусп Қори Қосимҷон бино гардидааст. Дар ҳудуди ин масчид 2 бино ва 1 ҳавз воқеъ аст. Суроға: ҷ/д Пӯлодон, кӯчаи ба номи Дадохон Олимов. 9.

Масчиди панҷвақтаи «Абдусаломбобо». Ин масчид аз як қисми масолеҳи бинокорие, ки с. 1955 дар натиҷаи вайрон кардани масчиди Содирбой пайдо гардида буд, сохта шудааст. Масчид бо роҳбарӣ ва ташаббуси Ҷӯраи Қистақӯзӣ бунёд гардидааст. Бо ташаббуси Собиров Исроилҷон, Аҳмадов Абдусалом ва аҳли маҳалла с.1990 масчиди дарозиаш 15 метр ва бараш 6 метр сохта шуд. Ҳоло ин масчид ҳамчун масчиди панҷвақта бо номи Абдусалом­бобо амал мекунад, ки он тобеи масчиди ҷомеи Имом Бухорӣ мебошад. Суроға: кӯчаи ба номи Шарофат Қосимова, 47а.

МАСЧИДИ ҶОМЕИ ТЕЗГУЗАР Масчиди ҷомеи Тезгузар пеш ҳамчун масчиди панҷвақта фаъолият дошт. Санаи бино ёфтани масчид маълум нест. Дар шафати масчид қабристони бузурге воқеъ аст, ки қариб 1 га -ро дарбар мегирад. Аз рӯи нақли калонсолон ба мавҷудияти ин қабристон зиёда аз 300 сол шудааст ва чунин ақида пеш меояд, ки масчид низ баробари қабристон дар тӯли ин солҳо фаъо­лият дошт. Солҳои 1994-95 бо роҳбарии Сайдуллоҷон Эгамназаров ва бо дастгирии Муллосангин Шарифов, Ҳоҷинеъмат Юлдошев ва саховатмандон бинои кӯҳнаи масчид вайрон карда шуда, ба ҷои он ба тариқи ҳашар бинои нав сохта шудааст. Дарвозаи баромад ва тирезаҳои дохилиро усто Солиҷон Султонов сохта, сутунҳои айвонро кандакорӣ кардааст. Дар сохта ба истифода додани бинои нави масчиди Тез­гузар саҳми устои номбурда ва Юнусҷон Бобоҷонов, Абдуллоҷон Сӯф