Вторник
19.03.2024
12:21
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Пулотон

Деҳаи Пӯлотон – Village Puloton

ПӮЛОДОН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пӯлодони, райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Москва». Аз Пӯлодон то маркази район 4 км, роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 6813 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, китобхона, клуб, хонаи пионерон, пункти тиббӣ, амбулатория, санатория ва боғчаи бачагон, муассисаҳои хизмати маиши, 12 магазин, 2 ошхона, 3 нонвойхона ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара ва Канали Калони Фарғона обьёрӣ мешаванд.

ПӮЛОДОН, деҳаест дар ҷ/д Пӯлодон, 1 ноҳ. Конибодом. Аз Пӯлодон то маркази - шаҳр - 3 км, то истгоҳи роҳи оҳан - 6 км. Шумораи хоҷагӣ - 1477, аҳолиаш - 9545 (01.01.2017). Номи деҳа аз касбу кори аҳли ин маҳал, ки дар замонҳои қадим ба пӯлодгудозӣ шуғл доштаанд, гирифта шудааст. Ҳунармандони деҳа аз оҳану пӯлод олотҳои меҳнат: досу болға, корд, каланд, мех сохта, аҳолии шахрро бо маҳсулоти ҳунармандии худ таъмин мекарданд. Деҳаи Пӯлодон аз маҳаллу гузарҳои Подаҷо, Себахша, Кулолон, Рангрезон, Мисгарон, Масчиди сурх, Арабои боло ва Тутмави закон иборат аст. Дар ҳудуди деҳа солҳои сиюм - панҷоҳуми асри XX колхозҳои Подовой, Стаханов, Орҷоникидзе ташкил ёфта буданд. Дар деҳаи Пӯлодон МТМУ №25 ба номи Абдуқодир Маниёзов ва МТМУ №26 ба номи академик Рауф Баротов, дармонгоҳ, шӯъбаи алоқа, боғчаи кӯдакон ҷойгир аст. Заминҳои деҳа аз Канали калони Фарғона обёрӣ карда мешаванд. Деҳа бо мевазорҳои серҳосили худ (зардолу, себ, анор ва бодомаш) шӯҳрат пайдо кардааст. Пӯлодон макони олимони номвари ҷумҳурист. Академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон Р.Баротов, С.Ҳакимова. И.Обидов, А.Маниёзов, Ф.Тоҳиров, Н.Зоҳидӣ, профессорон Дадоҷон ва Ёқуб Тоҷиевҳо, С. Бобохоҷаев, Ҷ.Бобокалонова, бародарон Воҳидовҳо ва даҳҳо нафари дигар зодагони ин деҳаанд.

Что означает это название: Топоним «Пулотон» правильнее будет «Пулодон», означает «Стальные» и состоит из слова "пӯлод" - означающий "стальной" и «-он» (-о (хо); -ан, -ун, -йон, -йун, -ён) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты.

Карта местности на Googlemap:

География: Пулотон расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________

Является центром джамоата

Расстояние до центра района 3 км

Расстояние до центра области г. Худжанд    _____ км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. 

Население

  1959 1981 1989 1999 2009 01.01.2017
Количество домохозяйств           1477
Количество населения   6813       9545
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов   3       1
Количество школ   2       2

Известные уроженцы:

НАЗИМОВ Насиб Эсанович, рядовой, стрелок-гранатометчик, родился 6.01.1961 на территории к/с Пулотон Канибадамского района Ленинабадской области Таджикской ССР. Таджик. Окончил Канибадамское СПТУ-18. В Вооруженные Силы СССР призван 18.6.79 Канибадамским ОГВК. В Республике Афганистан с декабря 1979. Принимал участие в боевых действиях, проявил себя смелым и решительным воином. 11.5.1980 погиб в бою. Награждён медалью "За отвагу" (посмертно). Похоронен на кладбище к/с Пулотон. 

НОЗИМОВ Насиб Эҳсонович (06.01.1961, гузари Зарбед, ҷ/д Пӯлодон, ноҳ. Конибодом - 11.05.1980, Афғонистон, 15.05.1980 дар қабристони ҷ/д Пӯлодон мадафун аст), ҷанговари ин­тернатсионалист. Соли 1979 ОКТ №18-и (ДМТ Литсейи касбии саноати кишоварзӣ) ш. Конибодомро хатм карда­аст. 18. 06. 1979 ба хизмати ҳарбӣ даъ­ват шуда, дар Ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси тирандоз-гранатамётчӣ шуда, хизмат кардааст. Дар ин муддат, дар якчанд амалиётҳои ҷангӣ ширкат варзида, худро боинтизом, ҷасур ва шуҷоатнок нишон додааст. 11.05.1980 ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ қаҳрамонона ҳалок шудааст. Бо медалҳои «Барои шуҷоат» (25.07.1980), «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон» (22.02.1989) мукофотонида шудааст.

ИСОХӮҶАЕВ Иброҳим (1917, маҳаллаи Мисгарони ҷ/д Пӯлодон, ноҳ. Конибодом - 28.12.1944, Венгрия), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, муборизи фаъоли зидди дастаи босмачиён. Дар сафи милитсияи ш.Конибодом ва ш.Исфара хизмат менамуд. Сипас, ба ноҳ.Исфара кӯчида, пеш аз ҷанг дар яке аз артелҳо кор кардааст. Аз он ҷо 23.06.1941 ихтиёран ба майдони набард рафта, барои озодии Ватан ҷонбозиҳо намуд. Барои корнамоиҳояш бо орденҳои Ситораи Сурх, Шараф дараҷаи III ва медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шудааст. Пайшиносон ва кишваршиносони музеи таъриху кишваршиносии ш.Олшански в.Черкасск аз 07.05.1985 ба аҳли оилаи ӯ мактуб ирсол намуда, қаҳрамонии Иброҳимро дар озод кардани ш.Черкасск маълум на­муда буданд.

 

 

 

Иброҳим Обидов.

http://www.cccp.tj/images/ibrohim.jpg Бори нахуст ба ин ном дар китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" барои синфҳои 7-10, охири солҳои 1970 вар хӯрда будам. Бо гузашти солҳо, ҳини донишҷӯӣ, киву чикора будани эшонро фаҳмидам.

Муаллимон талқин мекарданд, ки ӯ аз зумраи устодони варзидаи соҳаи педагогикаи кишвар маҳсуб меёбад. Пасон донишманди муътабарро аз рӯи таълифи мақолаву кутуб, суханрониҳояш аз минбари чорабиниҳои гуногуни кишвар ва намоишҳои телевизионӣ шинохтам. Аз ҳама беш, қомати расо, роҳгардии низомиёна, орденҳои пеши бар: "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ", планкаҳои ордену медалҳояш ба лавҳи хотири ин ҷониб сахт нақш бастанд. Ин чиз воқеият дошт, зеро то нимаи солҳои 1980 дар сафи устодони макотиби олӣ иштирокчиёни ҶБВ зиёд набуданд. Аз наздик, бори аввал Обидовро тақрибан с.1993, дар ҳавлии бародари қарин, устоди ДМТ-Абдусалом Миралиев (ҳоло доктори илми педагогика, профессор-У.Ш.) дида будам. Яке аз рӯзҳои истироҳати аввали тобистон дӯстам моро хонааш хонд. Болои кати соҳибхона 3 тан аз мардони солхӯрда табъи хуш доштанд. Якеро ба зудӣ шинохтам, ӯ муаллим Иброҳим Обидов буд, дигарӣ роҳбари илмии соҳибхона, доктори илмҳои педагогӣ, шодравон профессор Сангинмурод Қодировро Абдусалом муаррифӣ кард. Чун устод Обидов фаҳмид, ки ман корманди рӯзномаам, бо лутф гуфтанд, ки журналистон нафарони пешрафтаи ҷамъиятанд. Ҳич маслакие мисли онҳо пурдон нестанд. Он рӯзи хотирмон суҳбат ба дарозо рафт. Қатъи назар аз вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ хони дӯст вобаста ба давр камбуде надошт. Сари оши палав, нуқлу наво, мусалласи лаъли ҷонбахшо ҳозирин чун дӯстони куҳан ба қиссапардозиҳо дода шуданд. Сарфи назар аз синну сол (устод ба синни 70 расида буд) аз иддаи ҷавонон нерумандтар буд ва онро бори дигар дар он нишаст ба хубӣ эҳсос намудам. 1 сухани ҳазломезу пандгунаи пири кор то ҳол аз лавҳи хотирам зудуда нагаштааст, ки он чун аст: "Одамони хуби хуб сари роҳи калон хона месозанд".
-Ҳавлии Абдусаломи мо дар шафати 2 шоҳроҳ қарор дорад, пас ӯ чӣ гуна мартабаро молик бошад? - бо хотири хуш, лутфомез пурсид устоди гиромӣ С.Қодиров.
-Абдусалом ҳимматбаланд асту доимо дастархони боз дорад, ман дуогӯяш ҳастам. Бовар дорам, ки солҳои наздик ҷойгузини мо мешавад, кори моро идома мебахшад, ба мартаба мерасад. Аз ин рӯ, ӯ бояд панди Шайх Саъдиро бар гӯш гирад:

Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,
Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош!

Аз он рӯз ба баъд чандин маротиб дар ҳавлии Абдусалом бо устоди Обидов гирди хони дӯст суҳбат ба дарозо бурдаем. Садои марғуладори хотирмон доштанд. Ҳазлҳои муаллим ҳоло ҳам пеши назарам ҷилвагаранд. Нишонаи зафармандӣ дар чеҳраву гуфторашон ҳувайдо буд. Ӯ яке аз донишмандони бонуфузу соҳибмартаба, маъруфу шогирдпарвари арсаи маорифи тоҷик маҳсуб меёфтанд. Эшонро ҳамчунон яке аз пештозони бахши педагогикаи кишвар мешумурданд, ки ба он шак нест. Муаллим ин унвон, шарафи устодиро то охир бо сари баланд ба офоқ бардошт. Бесабаб нест, ки тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Обидов ба 127 рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ роҳбарӣ намудааст. Чуноне зикр рафт то ҷое аз шарҳи ҳоли донишманди муваффақ бохабарем. Инак, шингиле аз ҳаёти академики АИ педагогии СССР-Иброҳим Обидов.
Мавсуф 20.06.1923 дар деҳаи Пӯлодони н.Конибодом ба дунё омада, соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодомро хатм кардааст. Лек фаъолияти омӯзгориашро ҳанӯз с.1939 дар курсҳои маҳви бесаводӣ ҳамчун муаллим оғоз бахшида. Бо нияти оғози пешаи омӯзгорӣ буд, ки Германияи фашистӣ аҳд шикаст. Ӯ аз рӯзҳои аввали саршавии ҶБВ ихтиёран ба ҳимояи Ватан бархост. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддати омӯзишгоҳи ҳарбии Қӯшунҳои пиёдагарди ш.Тошканд, моҳи ноябри с.1941 дар ҳайати бригадаи тирандози 57-и Фронти 2-и Белоруссия барои озод кардани ш.Москва ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Москва, Калинин, Новгород, Псков, Ленинград, ҷамоҳири назди Балтика, Полша размидааст. Ба қавли бузургон ӯ хасмро дар лонааш сӯзондааст. Ғалабаи бузургро дар соҳили дарёи Элба пешвоз гирифт.
РУҶӮЪ. "Ибтидои моҳи декабри с.1941 ҳамлаи душман боздошта шуд ва Армияи Сурх ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Дар набарди назди Москва одамони советӣ намунаи олии ҷасорату мардонагӣ нишон доданд, ки миёни онон тоҷикписарон кам набуданд. Иброҳим Обидов яке аз онҳост. Ӯ қабл аз ҷанг муаллими мактаб буд. Ва роҳи ҷангро пеш гирифт, мардонагиҳо нишон дод ва дар яке аз набардҳои назди Москва сахт ярадор шуд. Иброҳим Обидов марди корзор аст ва барои хизматҳои ҷангиаш бо орденҳои "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ" дараҷаи 1, медали "Барои шуҷоат" ва ғайраҳо мукофотонида шудааст". (М.Бобохонов, "Мардони майдон", Душанбе, "Маориф", 1989, с.33).
Баъди ҷанг ба зодгоҳ баргашта, муаллими забони русии мактаби №25 таъин шуд. Сипас, солҳои 1946-1954 муаллим, инспектор, мудири кабинети педагогии шуъбаи маорифи халқи н.Конибодом буд. Дар ин миён ӯ с.1951 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров)-ро хатм кард. Солҳои 1954-57 аспиранти АИ ҷумҳурӣ, 1957-1960 ходими калони илмии Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон буд. Обидов с.1959 дар мавзӯи "Инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон дар давраи баъдиҷангӣ (солҳои 1946-1955)" рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ҳини ифои вазифа дар институти мазкур вазифаи ходими илмиро ба уҳда дошт ва нахустин асарҳои илмиашро ҳамин давра ба чоп расонд. Дар ҳамкорӣ бо олимони таърихшинос Б.Л.Литвинский, В.А.Казачковский, А.Мухторов китобҳои дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" (синфҳои 7-10), бо А.Мухторов. "Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон" (синфҳои 7-10), бо Ф.П.Репа китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" (барои синфи 4)-ро навишта ба табъ расонданд. Ҳамчунон, с.1965 асарҳои калонҳаҷми ӯ "Очерки мухтасари таърихи маорифи халқи Тоҷикистон", "История развития народного образования в Таджикской ССР" (1917-1967), "История и философия образования" (2006) ва ғ. чоп шудаанд. Донишманд беш аз 220 таълифотро ба нашр расондааст. Тадқиқоти олим асосан масоили таърихи инкишофи маорифи халқи ҷумҳурӣ, илми педагогика, макотиби олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникиро фаро гирифтаанд. Ҳамчунон, оид ба инкишофи маданияти халқи тоҷик, методикаи фанни таърих, ҳаёти педагогҳои намоён, нахустин муаллимони ҷумҳурӣ, машъалони маориф ва маданият як қатор рисолаву мақолаҳо чоп шуда, ки он ҳама ба муштарии хушзавқ расидааст. Муҳаққиқи шинохта-Обидов солҳои 1960-61 муовини директор, 1961-69 директори Институти тадқиқоти илмҳои педагогии ҷумҳурӣ, 1969-1975 дотсенти Институти давлатии педагогии Душанбе, 1975-78 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, аз с.1978 декани факултети такмили ихтисоси директорони макотиби миёнаи маълумоти умумӣ дар назди Институти давлатии омӯзгории Душанбе, аз июни с.1980 мудири кафедраи педагогикаи ҳамин донишкада буд. Беш аз 20 китобу мақолаҳои донишманд ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Мавсуф, ҳамчунон, муҳаррир ва муаллифи бисёр асарҳои дастаҷамъист. Ӯ с.1986 узви вобаста ва с.1990 узви пайваста-академики АИ педагогии СССР ва узви раёсати он интихоб шуда буд. Шурӯъ аз с.2004 то рӯзҳои охирини умр дар вазифаҳои Президенти АИ педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (то с.2011) фаъолият намуд. Сарбози матин бо 26 ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, аз ҷумла, бо орденҳои "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ"-и дараҷаи 1 ва 37 ифтихорнома, унвони фахрии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон" сарфароз шудааст. Академики АИП СССР (1990), доктори илмҳои педагогӣ (1974), профессор (1977), "Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон" (1988) Иброҳим Обидов фарзанди шоистаи миллати тоҷик баҳри музаффарияти Ватан, пешрафти ҷамъият, тарбияи ҷавонон, олимони бахши педагогикаи мамлакат нақши бегазанди худро гузоштааст. Хидмати ҷанговар, устоди забардаст, олими тавоноро шогирдон ва ҳамсафонаш идома хоҳанд дод…

Умар Алӣ, адиб, Чоршанбе, Апр 26 2017 (хафтаномаи «СССР»)

Достопримечательности: