Суббота
27.04.2024
14:15
Форма входа
Календарь
«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 447
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Хусейншайх

Деҳаи Ҳусейншайх – Village Huseinshaikh

Что означает это название: Топоним «Хусейншайх», означает «Шейх Хусейн» и состоит из имени «Хусейн или Хусайн» (арабское: حسین‎) - арабское мужское имя, означающее «красивый», и арабского слова: «Шайх» - арабское: «старец, суфийский наставник, учитель, крупный ученый», встречается и как составная часть собственных имен. Классическая исламская триада: шейх, аулия, дивана.

Карта местности на Google map:

География: Хусейншайх расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:

Расстояние до центра джамоата 7 км

Расстояние до центра района 9 км

Расстояние до центра области г. Кургонтеппа  ____   км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           1188
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

Бобо Сафаров http://www.cccp.tj/images/saidazam.jpg
Миёнаи солҳои 1970 бори аввал ӯро дидам. Рӯзи 9 май дар растаи марказии шаҳраки Данғара ҳамроҳи қиблагоҳӣ қадам мезадем. Рӯ ба рӯямон марди миёнақади ордендори ришсафед меомад.

Эшон бо падарам гарм вохӯрданд. Ӯ бо ҳамроҳонаш рафту аз падар пурсидам, кӣ буд ин мард? Қиблагоҳ гуфт, ӯро сипоҳӣ, раис, масъуд, пешавар, одендор ва қаҳрамон Бобо Сафаров меноманд. Ин марди фахровар 20 сол раиси калхози ба номи Ленин буд. Раис ҳамшаҳрии мост, аз деҳаи Ҷаршикан. Пурсидам, Ҷаршиканаш куҷост, гуфт, «дар наздикии деҳаи Савдаи шаҳраки Кангурт». Бо гузашти солҳо дар бораи сарбози шуҷоъ огоҳии бештаре ёфтам. Соли 1987 бори дигар номи раис дар саргаҳи матбуоти даврӣ ҷилва гирифт. Он сол дӯсту бародари ҷанговар, фармондеҳи охирини ротаашон, ки то рӯзи зафар бо ҳам буданд, Саидаъзам Эсангалиеви қазоқ бо суроғи ҳамяроқаш омада буд. Дар миқёси хоҷагӣ ва ноҳия меҳмони олиқадрро бо тамоми расму русуми тоҷикӣ истиқбол гирифтанд. Дар мактабу корхонаҳо бо қаҳрамонони ҷанг вохӯриҳои хотирмон барпо шуд. Бобо дӯсташро ҳамроҳи пайвандон то ба вокзали роҳи оҳани ш. Душанбе гуселонд. Лаҳзаи видоъ муассир буд. Онҳо ҳини ҳайрухуш каш гирифта, то дер аз якдигар ҷудо нагаштанд…
Бобо Сафаров с.1918 дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Дар 2-солагӣ модар аз дунё мегузарад ва онҳо ба деҳаи Ҳусейншайхи н.Данғара мекӯчанд. Дар ин ҷо хоҳари падараш оиладор буд. Ӯро аммааш Хосиятбону ба тарбия гирифт. Падараш боз оилаи нав барпо карда, соҳиби 2 духтар мешавад. Соли 1925 дар Ҳусейншайх мактаби ибтидоии типи нав боз шуд. Бобо ҳамин ҷо синфи 4-ро тамом кард ва бо мадади хешони падар барои идомаи таҳсил ба Душанбе роҳ пеш гирифт. Ӯ дар техникуми педагогии ш.Душанбе ва ҳамзамон дар мактаби махсуси маданӣ-равшаннамоӣ таҳсил намуд. Раис дар суҳбатҳои хос бо фахр мегуфт, ки «ман бо афроди маъруфи кишвар-Мамлакат Наҳангова ва Меҳрубон Назаров хондаам. Ҳамсабақони ман одамони номвари ҷумҳурӣ мебошанд». Ӯ баъди хатми техникум ба деҳа баргашта, баъди чанде ба назди хешони модариаш, ба рустои Ғузихами Балҷувон меравад. Он ҷо 3 сол, то охири с.1941 ба ҳайси муаллими ибтидоӣ ифои вазифа менамояд. Аввалҳои с.1942 назди падар бармегардад. Дар колхоз ӯро табелчӣ монданд. Вале пас аз 3 моҳ бо хоҳиши худ ариза дода, ба ҷабҳа меравад. 5 моҳ дар шаҳри Каттақурғони Узбекистон дарси ҳарбӣ андӯхта, бо рутбаи сержанти калон ба ҷабҳа мегуселонанд. Ӯ ҷангро ҳамчун ноиби командири рота аз Донбасс оғоз намуда, то Венгрия бар зидди фашистони гитлерӣ размид. Дар ҳарбу зарб Бобо 3 бор захм бардошта дар госпиталҳо табобат гирифтааст. Ҳар 3 маротиба ҳам баъд аз госпиталҳо баромадан, қисмашро дигар кардааст. Фармондеҳи охирини диловар Эйсангалиев то охири ҷанг бо ӯ буд. Бобо бори аввал дар фронти наздикии ш.Будапешт аз даҳонаш тир мехӯрад. Саидаъзам, ки дар паҳлуяш буд, зуд пироҳанашро пора карда, ҷароҳати дӯстро баста, ба госпитал гуселонид. Бобо дар госпитал 6 моҳ табобат гирифт. Комиссияи тиббӣ баъди ташхис ӯро чун маъюби гурӯҳи 1 ба хона ҷавоб дод. Шоёни зикр аст, ки тоҷикписар зидди фашистони гитлерӣ мардонавор ҷангида, бо 8 раҳматномаи Сарфармондеҳи Олӣ И.В.Сталин, орденҳои Ситораи Сурх, Шараф дараҷаи 3, медалҳои «Барои шуҷоат»… сазовор гаштааст. Дар ҳаракатҳои ҷангии Бобо нишони қаҳрамонӣ низ ҳаст. Дар наздикии дарёи Дунай 3000 аскар интизори лаҳзаи ҳуҷум дар гузаргоҳ қарор дошт. Фармондеҳ Соколов ба сарбозон гуфт, яке аз комсомолони шуҷоъ бояд шабонгаҳ аз дарё гузашта, дар мавқеи қулай ҷо гирифта, дар гузаштани қисм аз рӯд кӯмак кунад. Аввалин шуда ӯ қомат афрохт. Фармондеҳӣ номзадии ӯро пазируфтанд ва тоҷикписар соати 3-и шаб бо кемачаи худсохт дарёро гузашт. Ӯ ноаён болои теппачае шинак шишта, пеши роҳи аз сӯи ботлоқзор наздик омадани фашистонро мегирад. Ягона роҳ барои наздик омадани душман ин лойқазор буду халос. Болои сараш борони тир мерехт, аммо ӯ истодагарӣ намуда, дар гузаштани қисми худ аз дарё ёрӣ расонд. Ин корнамоии ӯро фармондеҳон ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ лоиқ дониста, пешниҳоди хешро мураттаб ва ба Москва ирсол карданд, лек мутаассифона, пешниҳод то ба Кремл нарасид. Самолёти номабарро фашистон тирборон карда месӯзонанд. Нусхаи пешниҳод дар бойгониҳо ёфт шудааст, лек пас аз ҷанг пурдил пушти ин гап нагашт.
Бобо баъди аз ҷабҳа баргаштан ба кори хоҷагӣ баромад. Дар пешрафти сохти колхозӣ дар водии Данғара саҳм гирифта, соҳиби обрӯи баланд гашт. Ӯро ба ҳайси коргари фаъол ба Москва, ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (ВДНХА) фиристоданд. Заҳмати ӯро ҳукумати вақт намунаи ибрат дониста, бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва чандин медалҳо қадр намуданд. Боиси тазаккур аст, ки Бобо 20 сол раиси колхози ба номи Ленини н.Данғара буд. Солҳои роҳбарии ӯ хоҷагии мазкур ба комёбиҳои назарраси меҳнатӣ ноил шуд. Истеҳсоли ғалла, пахта ва саршумори чорво ба маротиб афзуд. Баъди якҷоя кардани 3 колхоз Бобо ба ҳайси мудири анбор, экспедитор ва солҳои охир мудири фермаи ширию молии деҳаи Ҳусейншайх буд. Бобо Сафарови қаҳрамон с.1998, дар синни 80 аз дунё гузашт. Аммо далерӣ, кордонӣ ва кору пайкори ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат ва шоистаи таҳсил буду ҳаст. Шогирдону пайравон ва пайвандон номи қаҳрамонро воло медонанду бо номаш ифтихор доранд.

Умар Алӣ, Чоршанбе, Май 10 2017, (хафтаномаи «СССР»)

Достопримечательности:

 

Исторические факты: