Суббота
27.04.2024
15:01
Форма входа
Календарь
«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 447
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Золи Зард

Деҳаи Золи Зард –Village Zoli Zard

Дата образования: 

Что означает это название: Топоним «Золи Зар» назван в честь отца Рустама героя «Шахнамэ» Фирдавси. По преданию Золи Зар родился с красным лицом и белыми волосами и по этой причине его назвали Золи Зар что означает «Золотой Зол», в переносном смысле означает «старик, седой, хитрый старец».

Карта местности на Google map:

География: Золи Зард расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:

Расстояние до центра джамоата 2 км

Расстояние до центра района 17 км

Расстояние до центра области г. Кургонтеппа  ____   км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           519
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

 

Достопримечательности:

Является историческим местом. По поводу древнего исторического местечка Золи Зар в Фархорском районе есть отдельное предание. Золи Зар – это имя отца Рустама, одного из главных героев исторической поэмы «Шахнаме». Ходят легенды, что в древние времена здесь проходила одна из магистралей Великого шелкового пути и купцы из Афганистана, Ирана, Индии, направляясь в сторону Самарканда и Бухары, останавливались в крепости Золи Зар. Это место даже называли воротами в Афганистан. С двух сторон крепости Золи Зар протекает канал, который в старину выполнял оборонительные функции. В самой крепости сейчас находится одноименный мавзолей. 

Ёдгории таърихию фарҳангии «Золи-Зар»-и ноҳияи Фархор

Золи-Зар яке аз ёдгориҳои нодири ибтидои асри миёна буда, 17 км шимолтари Фархор ҷойгир мебошад. Ҳудуди шаҳрак 120 гектарро ташкил дода, дар ин ҳудуд дуқабати маданӣ – шаҳраки антиқа ва шаҳраки ибтидоии асри миёна ҷойгир мебошанд. Бахши қадима дар қисмати шимолии ёдгорӣ ҷой гирифта, то имрӯз ба қабристон табдил ёфтааст. Бахши асримиёнагӣ дар қисмати шарқии ҳудуди ёдгорӣ ҷойгир буда, аз қалъа ва шаҳр таркиб ёфтааст. Қалъа дар тарафи шимолу ғарбии ёдгорӣ ҷой дошта, шаклаш чоркунҷа ва андозааш ба 70x70м. баробар мебошад. Атрофашро девор иҳота намудааст, ки дар чор кунҷ манора сохта шудааст. Шаҳрак низ шакли росткунҷаро дошта, аз тарафи ғарбиаш девори лойии бараш 4 метра ва баландиаш 2 метра иҳота кардааст, ки дар ҳар як кунҷи девор манораи баландиаш 5 метра сохта шудааст.

Шаҳрак то охир пурра омӯхта нашуда, вобаста ба маводҳо ва осори пайдошуда, онро мансуб ба асрҳои II -III ва VII - VIII милодӣ медонанд. Ёдгорӣ бори нахуст соли 1964 аз тарафи корманди Шуъбаи бостоншиносии ИТБМ ба номи А.Дониш Х. Муҳиддинов мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Доир ба ёдгории мазкур якчанд мақола ва гузоришҳои илмӣ низ ба чоп расидаанд.

Дар замони Истиқлол солҳои 2008-2009 бостоншиносон М. Азизов ва Ю. Яъқубов дар ин ёдгорӣ ҳафриёт гузаронида, натиҷаи таҳқиқ дар мақолаҳои илмии Яқубов Ю., Хуҷагелдиев Т., Қурбонов Ш. (“О работах кулябского археологического отряда на городище Золи-Зар в 2008г. // АРТ - Душанбе, 2010. Ҷилди.34, саҳ.241-277), Энциклопедияи миллии тоҷик (Душанбе, 2011, саҳ.503-512), Яқубов Ю., Довудӣ Д. (Ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Золи-Зари ноҳияи Фархор дар соли 2009// Археологические работы в Таджикистане. - Душанбе, 2012. Ҷилди, 35, - саҳ 236-250) дарҷ гардидаанд.

Ҳамзамон солҳои 2015-2017 бо мақсади анҷом додани харитаи бостоншиносии Тоҷикистон, бостоншиносон дар ноҳияи Фархор такроран таҳқиқот гузаронида, якчанд ёдгориҳои навро ба қайд гирифтанд. Айни замон харитаи бостоншиносии ноҳияи Фархор бо маводҳои тасвирӣ ба чоп омода шудааст (муаллифон Филимонова Т.Г., Муҳиддинов Х.Ю), ки дар он доир ба ёдгории Золи Зар низ маълумот оварда шудааст. Баъдан, соли 2017 ҳангоми омода намудани “Феҳрасти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи бостоншиносон Филимонова Т.Г., Сайфуллоев Н.Н., Каримова Г., Қурбонов Ш. доир ба ин ёдгорӣ маълумоти фаровон манзур гардидааст (ниг.: “Феҳрасти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”//Душанбе: “Бебок”-2017', саҳ.204).

Дар мақолаи Фарзонаи Файзалӣ - «Фархор - Золи Зар ба таҳқиқ ниёз дорад» («Ҷумҳурият», №201-202 аз 12 октябри соли 2020), саҳван Золи Зар ёдгории давраи то мелодӣ номида шудааст. Ҳамзамон рӯзноманигор даъво аз он дорад, ки ҳатто бостоншиносон дар бораи ин ёдгорӣ маълумоти кофӣ надоранд. Дар фавқ мо доир ба маводҳо ва мақолаҳои ба ин ёдгорӣ бахшидаро номбар намудем. Бояд қайд намуд, ки тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар 3416 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст ва дар як вақт бостоншиносону мутахассисон имконияти омӯхтани тамоми ёдгориҳои ҳудуди кишварро надоранд.

Шоистаи зикр аст, ки вобаста ба гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барномаҳои давлатӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. То соли 2020 “Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” фаъолият мекард, ки баъд аз тамом гардидани мӯҳлати барномаи мазкур боз “Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” таҳия гардид ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли 2020, №253 қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 44, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ, тармиму барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар на танҳо масъулият ва вазифаи мақоми ваколатдорӣ давлатӣ, балки масъулият ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандон дар маҷмӯъ бояд ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун рукни асосӣ ва муаррифгари таъриху тамаддуни башарӣ арҷ гузорем.

Абдусаломов Мирзошариф - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исторические документы: