Суббота
28.12.2024
23:47
Форма входа
Календарь
«  Декабрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 465
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Яғноб (тоҷ.)

Маълумоти умуми дар бораи мардуми Яғноб.

Яғноб аз шимол дар байни силсилакўҳҳои Зарафшон ва аз ҷануб силсилакўҳҳои Ҳисор ҷойгир буда, тобеи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад. Яғноб дар баландии 2500-3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва дорои дарёча, кўҳу, чашмасорҳо, канданиҳои гуногуни зеризамин ва табиати бисёр зебои афсонави мебошад. Пешаи асосии мардуми Яғноб чорводори ва кишоварзист. Солҳои 1970 мардуми кўҳани Яғнобро барои бунёди ноҳияи нави пахтакор ба дашти тафсон ва дорои оби шўр – ноҳияи Зафаробод муҳочир карданд. Ва зиёда 3194 нафар мардуми Яғнобро маҷбуран дасту пояшонро баста, ба дохили чархбол партофта бурданд. Дар чунин лаҳзаҳо бонувону пиразанҳо савори чархбол шудан нолаҳои ҷонхарош карда, рўйу мўйи худро меканданд, Аз дидани ин манзара ва шунидани нолаву шевани онҳо дил реш - реш мегашт. Ҳамин тавр як ҷои ободу зебо ки дар он 32 - деҳа 4000 аҳоли зиндаги мекард дар муддати кутоҳ ба кулли валангор карда, ба чарогоҳи тобистона табдил дода шуд. Баъд аз гузашти солҳо қисми аз Яғнобиҳо бо таври пинҳони ба ватан баргаштанд. Ва қисми зиёди мардуми таърихан бузурги Яғноб дар аснои муҳоҷир гуреза шуда паҳну парешон гардид. Алҳол қисми зиёди онҳо дар ноҳияи Варзоб деҳаҳои Сафедорак, Зуманд, Гароб, Кўктеппа, Тагоб, Варзоб-қалъа, Даҳана, Арақчин, Варзоб-ГЭС, Алхитой, Дараи фони, Дараи Яғнобиҳо, Шехак, Чорбоғ, Обќул, Дуғоба, Гурраха, Хуҷамбиё, Ҷангалак, Бакавули нав ва кўҳна…, ноҳияи Рўдаки деҳаҳои Мисс – Бўстон, Гулбутта, Чорякорон, Чабалай, Курпаи, Эсанбой-Карагаза, Лойоб, Роҳати, Кулписта…, ноҳияи Ҳисор Мавлонҷар, Чағатай, Багарак, Наврўзбулоқ, Келатош.., ноҳияи Шаҳринав деҳаи Уро - ур, ноҳияи Вахдат деҳаи Ҳоҷи – қатаған,Теппаи Самарқанди, ноҳияи Ёвон дар деҳаҳои Чучу, Гарав, Сабзасор… дар Душанбе кўчаҳои Заҳматобод, Зайнабиби, Чкалин, Яккачинор, Политехникум, Каттасой, Гулбутта ва дар дигар ноҳияҳои дурдаст сукунат доранд. Ҳамин тавр, аз таърих ва гардиши айём ба мо маълум мегардад, ки толеъ ба мардуми Яғноб чандон омад накардааст. Алҳол дар Яғноб аз 32 деҳа танҳо 14 –деҳа вуҷуд дораду халос .