Вторник
19.03.2024
08:00
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Дехбул

Деҳаи Деҳбул – Village Dehbul

Дата основания: основан в период 1752-1773 годов выходцами из селения Дахбед близ Самарканда

Что означает это название: 

Карта местности на Google map:

География: Дехбул расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:

Расстояние до центра джамоата 11 км

Расстояние до центра района 11 км

Расстояние до центра области г. Кургонтеппа  ____   км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. 

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           77
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

 

Достопримечательности:

 

Исторические факты:

Даҳбедиҳои Балҷувон кистанд?

Деҳаи Деҳбул дар собиқ ҷамоати Хазлаҳати ноҳияи Балҷувони вилояти Кўлоби РСС Тоҷикистон ҷойгир буд. Деҳбул номи маҷози ва рамзи буда, аз нигоҳи муаррихон ва этнографҳо ҳақиқати таърихи дорад. Аслан гузаштагони Деҳбул аз Даҳбеди Самарқанд аввал ба Конибодом, пас ба Деҳбули Балҷувон меоянд.

Солҳои 1752-1773 сулолаи хонадони Аштархониҳо суқут карда, сари ҳокимият аз қабилаи манғитҳо Муҳаммадраҳимхон меояд. Ҷангу низоъҳо бархеста, феодалони манғит заминҳои корамро аз дасти заминдорон - тоҷикон кашида мегиранд. Нодори, гуруснаги, зулму шиканҷаи заминдорон маҷбур мекард, ки рў ба гурез - ба кўҳистон оранд. Аз Конибодом 3 бародар Раҷаббек - калони, Улуғбек - миёна, Суякбек - хурди пайт ёфта аввал ба «Хлоз» - и Дарвоз омада, онро бо номи Деҳбаланд макони иқомат қарор медиҳанд. Шароити маҳал ва тангии замин имкон намедиҳад, ки зироаткориро рушд диҳанд. Барои ҷои хубу хушҳаво ёфтан, бародарон ва чанд насли худ аввал ба тарафҳои мавзеи Сари Хосор меоянд. Аз он ҷо рў ба Балҷувон оварда, бо умеди ҷои хушобу замин гузарашон болотар аз Балҷувон, дар масофаи беш аз 8-10 км ба заминҳои Деҳбули имрўза меафтад. Он ҷо сукунат карда, машғули зироаткорию боғдори мешаванд. Деҳбул дар замони гузашта ҳам, ки ҷои хушобу ҳаво буд, чун пуштаи гулҳои Балҷувон яке аз ҷойҳои истироҳатгоҳи бек фасли баҳору тобистон ва тирамоҳ буд. Ба бек мерасонанд, ки чанд нафари ношинос заминҳои тасарруфии ўро аз худ карда, хонаю ҷой сохта истодаанд. Бек дар ғазаб шуда чопар фиристода, онҳоро ба маҳкамаи худ меорад.

Зиракии деҳбули

               Акаҳои конибодоми бисёр ашхоси зираку ширинзабон буданд. Ба расидан назди бек аввал санои ўро мехонанд:

Биллоҳ! Эй шоҳи даврон, эй ҳокими мустамандон! Эй нодири замон! Аё дастгири ғарибу бенавоён! Мо ба гарданшикастаги, ба итоати шумо омадем. Ба хости Худованд, аз инояту саховати хеш моро баҳраманд соз!

               Аз тавсифҳои бародарон бек бо ғypypy мулоимати мепурсад: Шумо куҷоиед!

               - Мо аз Даҳбеди Самарқан­ду Конибодом! - мегўянд ба­родарон.

               Бек, ки асосан аз авлоди манғитанд, баъди ширинзабонии бародарҳо бо раги ҳамшаҳрчиги боргоҳро хилват месозад ва ба онҳо мегўяд: Ба шумо васиқаи замин даркор! Азбаски инҷоиед, даъвои замин карда наметавонед! Алҳол назди қози, муфти, амалдорону оқсақолҳои деҳ шуморо сахт мегирам. Шумо бошед, «Биллоҳ»! мехонед, ки заминҳо аз шумо ва гузашта­гони шумоянд. Барои қасамшикан нашудан бо мўҳлат аз зодгоҳатон рафта, чанд турбат хок оварда ҷо - ҷои заминҳо мемонед. Ман шоҳиду ваколатдори ҳукми шаръии бекиро мефиристам.

               Бародарон аз ғамхории бек рўҳ, гирифта, дар мўҳлати кўтоҳ чанд турбат хок улав меоранд ва ба бек хабар медиҳанд. Намояндагони бек ба­рои таҳқиқ, ба Деҳбул меоянд. Онҳоро ба қитъаҳо, ҷои пури хок бароварда, аз хоки овардаи Конибодом чун ҳиллаи шаръи мегўянд:

               -Биллоҳ, ки ин хоки ватани аслии мост! Биллоҳ, ба ҷони худу фарзандон қасам ба Қуръони шариф мехурам, ки дурўғ намегўем, дурўғгў душмани Худост! Ҳамин хок хоки замини аҷдодии мост - гуфта ҳозиронро бовар мекунонанд.

               Қасамхури дар замони пеш воситаи худсафедкуни ва ҳимоя буд. Пас аз ин заминҳои ин мавзеъ ба номи бародарон васика (аҳду паймони доими мешавад).

Муҳоҷирати Деҳбул

Дар Деҳбул чашмаҳои Хибил, чашмаи Калон, Кампархам (Кампирхам), чашмаи Рўи Зак, Ёхудкулак, чашмаҳои Сўфи Шариф, чашмаи Қурбонали ва дигарҳо ҳаст. Як қисми руди Сурхоби Балҷу­вон аз ҳамин мавзеъ бо номи руди Талхак маншаъ мегирад. Сокинони Деҳбулро солҳои 1950-51 муҳоҷир карда ба ноҳияи Фархор, колхози ба номи К.Маркс мебаранд. Ҳоло дар ин деҳ қариб 13 оила зиндаги дорад. Дар таърихи гузашта ва имрўз аз авлоди Деҳбул бисёр саромадони илм, арбобони сиёси ва давлати, ҳунармандони асил, тоҷирон, корчалонҳои тиҷорат, бастакорони шўҳратманд, роҳбарони ҳизби, хоҷаги ва фаъолони ҷамоатчи, духтур, муҳандис, ҳуқуқшинос, иқтисодчи, дипломат... ба воя расиданд. Имрўз номи ходимони давлати ва сиёси Асадулло Ғуломов, Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, Маҳмадулло Сайдалиев, Рамазон Оймаҳмадов, Фотеҳ Аминов, Бахтиёр Сафаров, ҳуқуқшиносҳо Шерхон Салимов, Маҳмадназар Солиҳов, Ҳабибулло Болидов, Хатича Ҳакимова (рўҳаш шод), Музаффар Сафаров, бастакорону санъаткорон - Одина Фотеҳ, Хайрулло Абдуллоев, Лутфулло Давлатов, Убайдулло Раҷабов, Чилахон Холов, табибон - Маҳмадшоҳ Гулов, Зариф Сафаров, Абдулло Пиров, Муродали Сабуров, Шодихон Одинаев, соҳибкорон Абуали Исматов, Каромат Абдиев, Акбар Ғуломов, Ҳомид Мухаков, Каҳрамони меҳнати сотсиалистии с. 1948 Шариф Қурбонов... машҳуранд. Акнун аён шуд, ки гузаштаи ман ҳам аз Деҳбеди Самарканд аст.

Faни Сафаров,

раиси Шурои ветеранҳо, котиби якуми кумитаи ҲК, н.Темурмалик,

(газетаи «СССР», №13 (550) аз 28 марти соли 2019)