Среда 06.12.2023 20:13 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Джамоат Муджун (Анбаргаз, Иторчи, Муджун)Ҷамоати Муҷун – Jamoat MujunДата образования: 1929 г. Прежнее название: Муджун (1929-1935), Иторчи (1935-1944), Анбаргаз (1944-1950), Муджун (1950 - по настоящее время) Что означает это название: Центр: деха Муджум Территория: 19.47 кв. км
Административное деление джамоата: на июнь-август 1932 г. Джамсовет Муджум Уратюбинского района Таджикской ССР Центр: Муджум (Mujum) Число сёл: 7 (на июль август 1932 г.) - Амбаргаз, Бешкал мангит (Beshkal manghit), Кудук, Муджум (Mujum), Турк, Хаутак (Hautak), Ходжа кургон (Khoja qurghon) Домохозяйств: 892 (на июль август 1932 г.) Населения: 2555 чел. (на июль август 1932 г.) Население джамоата Ҳолати умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ҷамоати деҳоти Муҷун Сохтори маъмурӣ ва ҳудудии ҷамоат. Масоҳати умумии ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Ғончӣ 19.47 км квадратиро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳоти Муҷун аз 10 деҳа иборат аст - Муҷун, Иторчи, Ўртақӯрғон, Кенагас, Кучкина, Манғит, Ҳавутак, Анбарғаз, Бешкал ва Чағат. Ҷамоат дар ҷанубу шарқи ноҳияи Ғончи аз шимол бо ҷамоати деҳоти Ғазантарак, аз ҷануб бо ҷамоатҳои Расровут, Овчӣ ва Калининобод, аз тарафи ғарб - бо ноҳияи Истаравшан (18 км), аз тарафи шарқ бо вилояти Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Маълумоти фарҳангӣ ва таърихӣ. Ҷамоати деҳоти Муҷун дар асоси хуҷҷатҳои пешниҳодкардаи бойгонии давлатии шаҳри Истаравшан соли 1929 таъсис ёфтаст. Дар соли 1935 ум Совети қишлоқи Иторчи ва дар солҳои 1944 Совети қишлоқи Анбағаз низ номнавишт шудааст. Дар солҳои 1950 ум бо сабаби барҳам хӯрдани ноҳияи Калининобод деҳаҳои дар ҳудуди ў буда ба ҷамоати деҳоти Муҷун ҳамроҳ шудаст. Ҷамоати деҳоти Муҷун дар қисми ҷануби шарқии ноҳияи Ғончӣ вилояти Суғд ҷойгирбуда, масофа аз маркази ноҳия 12 аз маркази вилоят 90 ва аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон 260 км-ро ташкил медиҳад.Шароитҳои табиӣ ва иқлимҶамоати деҳоти Муҷун дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон ҷойгир шудааст. Маркази ҷамоати деҳоти Муҷун дар баландии 1035м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Миқдори миёнаи солонаи нурафшони офтоб 6200 кч.м.кв буда, ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 12,5 С аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 30-32.4 С буда, дар моҳи январ -2то -14 С хунук мешавад. Дар ҷамоати деҳоти Муҷун миқдори солонаи боришот ба 220-320мм баробар аст. Дар нишебиҳою баландиҳои гирду атрофи ҷамоати деҳот растаниҳои зиёди шифобахш месабзанд. Аз дарахтони мевадиҳанда себ, нок, олуча, чормағз, шафтолу ва дарахтони сояафкан сада, чинор ва ғайра вомехўранд. Вазъи демографӣ Ба ҳолати 1.01.2011 сол аҳолии ҷамоати деҳоти Муҷун 24840 нафарро ё 18% аҳолии умуми ноҳияи Ғончиро ташкил медиҳад, аз ҷумла мардон 12581 нафар, занон 12259 нафар буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,98 %- ро ташкил медихад. Дар ҳудуди ҷамоат 6348 хонавода истиқомат мекунад. Аҳолии ҷамоати деҳоти Муҷун аз рӯи маҳаллаҳо
на 1.1.2017 г. Исторические документы: |
Copyright OOO "BOOM" © 2023 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |