Суббота
27.04.2024
14:09
Форма входа
Календарь
«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 447
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Села вошедшие в город

Деҳаҳое, ки ба шаҳр дохил кардиданд

Маҳаллаи Авул

АВУЛ, Овул, деҳа дар Совети қишлоқи Испечаки районии Ленин, РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Победа». То маркази район 30 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1921 нафар (1976), тоҷикон. Мактаби 8-сола, пункти тиббӣ дорад. Соҳаи хоҷагӣ - асосан пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Варзоб обёрӣ мешаванд.

Маҳаллаи Испечак  (часть села Испечак, образован новый микрорайон "Испечак")

ИСПЕЧАК, деҳа, маркази Совети қишлоқи Испечаки райони Ленин, РСС Тоҷикистон. Маркази колхози «Победа». Аз Испечак то маркази район 18 км. Аҳолиаш 1796 нафар (1979), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, хонаи маданият, пункти тиббӣ, шӯьбаи алоқа, ресторан («Зарафшон»), чойхона, нонвойхона, магазин дорад. Цехҳои либосдӯзӣ, пойафзолдӯзӣ ва суратгарии комбинати хизматн маишии район кор мекунанд. Аҳолӣ бо пахтакорӣ машғул аст. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд.
Деха Ходжамбиё (Ходжа Анбиё) - описан в "Туркестанских ведомостях" за 1910 г.