Ҷамоати шаҳраки Палос – Jamoat of Palos town
Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов дар асоси фармони Президиуми Советии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 07.1954, таҳти рақами №297 ташкил шудааст. Моҳи октябри соли 1977 Совети маҳаллӣ номи Шӯрои вакилони халқии Палосро гирифт. Масоҳати умумии Ҷамоати шаҳраки Палос 148,99 га-ро дар бар мегирад.
Шумораи аҳолӣ (то моҳи декабри соли 2013) 4313 нафар буда , аз ин шумор 2149 нафар мардҳо ва 2164 нафар занҳо мебошанд. Шумораи ҷавонон 556 нафар буда, кӯдакони то синни 15 сола 1209 нафар аст. Як варзишгоҳ бо 1000 ҷоӣ нишаст дар ҷамоат мавҷуд мебошад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Палос дар баробари тоҷикон инчунин намояндагони миллатҳои узбек, рус ва дигар милатҳо умр ба сар мебаранд.
Дар ҷамоат мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №11 бо фарогирии 690 хонанда ва Филиал-гимназияи “НУР” бо фарогирии 218 нафар толибилм мавҷуд буда, барои тарбияи насли наврас хизмати созгор дорад. Ҳамзамон кӯдакистони рақами №16 бо номи “Афсона” ва боғчаи баччагонаи №2 бо номи “Меҳрона” амал менамояд. Маркази таҳсилоти иловагии ҷамоат айни замон 332 нафарро тарбия менамояд. Ҷамоат дорои як китобхона буда, фонди китоби он 10000 адад мебошад
Филиали Маркази саломатӣ дар ҷамоат бо фарогирии 18 нафар кормандони соҳаи тиб баҳри саломатии аҳолии ҷамоат хидмат менамояд.
Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Палос масҷиди паҷвақтаи ба номи Имом Бухорӣ мавҷуд аст.
Дата образования: 30.07.1954 г.
Что означает это название:
Центр: пос. Палос
Территория: 148,99 га
Население джамоата
Название городов, дехов и пгт. |
Население городов, дехов и пгт. на: |
Расстояние от центра джамоата до деха, км. |
||||||
15.01.1959 |
1970 |
1979 |
1989 |
1999 | 2009 |
2019 |
||
пос. Палос |
|
|
|
|
|
|