Вторник
19.03.2024
12:46
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Джамоат Овчикалъача

Ҷамоати Овчиқалъача – Jamoat Ovchiqal’acha

Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача соли 1929 таъсис ёфтааст. Пайдоиши номи Ҷамоат аз номи ду деҳаҳои калонтарин Овчӣ ва Қалъача иборат мебошад. Аслан Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача аз 8 деҳа Қалъача, Овчӣ, Шайхон, Деҳнав, Пахтаобод, Боғпарвар, Себзор ва Наврӯз иборат аст. Ҳудуди Ҷамоат 581, 4 гектарро ташкил дода, бо деҳаи Қулундаи ноҳияи Лайлаки ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба марзи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача таалуқ дорад, обанбори калоне сохта шудааст, ки оби кӯхиро дам намуда, барои шодобгардонии заминҳои ноҳияи Ҷ.Расулов ва хоҷагиҳои кишоварзии Хоҷабоқирғон, С.Урунхоҷаев ва Д.Азизови ноҳия тақсим карда мешавад. Оби боқимонда ба наҳри Хоҷабоқирғон равона карда мешавад, ки аз байни минтақаи аҳолинишин ҷорӣ мешавад. Табиати зебои соҳилҳои наҳри Хоҷабоқирғон, масҷиди «Хоҷабоқирғон», ки дар болои ҷариҳои обшуста ҷойгир шудааст, оби мусаффои доимо ҷоришаванда диққати сайёҳонро ҷалб намудааст. Дигар сабаби ташрифи меҳмонон ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ин мазори «Хоҷабоқирғон» аст. Аҳолии Ҷамоат асосан бо боғдориву сабзавотчигӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Дар ҳудуди Ҷамоат чор адад хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошанд: Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳбар Қосимов, Хоҷабоқирғон, филиали Суғдии Институти илмию истеҳсолии боғдориву сабзавотчигии ноҳия, хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов. Дар масофаи наздик ҷойгир будани фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, истгоҳи Роҳи оҳан, шаҳрҳои калони Хуҷанду Чкалов ба рушду инкишофи тиҷорат дар Ҷамоат имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ин сабаб мардуми Ҷамоат айни ҳол бо тиҷорат низ машғул буда, маркази Ҷамоатро мағозаву марказҳои савдо зеб дода истодаанд. Дар ҳудуди ҷамоат 2 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Инчунин дар ҳудуди Ҷамоат 2 шӯъбаи алоқа, 167 адад муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо, 6 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 адад гимназия, 1 муассисаи томактабӣ, 1 хонаи кӯдакон, 1 клуб, 1 филиали мактаби санъат, 1 беморхона, 3 хонаи саломатӣ, 3 марказҳои саломатӣ, 1 толори варзишӣ ва 6 майдончаҳои баскетболию валейболи мавҷуд мебошад. Инчунин дар ҷамоат 1 масҷиди ҷомеа ва 7 масҷидҳои панҷвақта фаъолият менамояд. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2013 – 20945 нафар мебошад. Дар ҷамоат тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо зиндагони менамоянд. Заминҳои ҳосилхез, фаровонии обҳои мусаффои кӯҳӣ ба мардуми меҳнатқарини Ҷамоат имконият медиҳад, ки бо меҳнати созанда машғул шуда, меваҳои шаҳдбору хушсифат истеҳсол намоянд.

Дата образования: 1929 г.

Прежнее название: 

Что означает это название: Топоним «Овчи қалъача», означает "Маленькая крепость охотников" и состоит из тюркского слова «овчи» - охотник, арабского слова: «Қала, қалъа (qal'a)» - 1. Крепость, укрепленный город. 2. Башня., и форманта «- ча», соответствующего детерминативному суффиксу в таджикском языке, показатель уменьшительности. Название джамоата произошло от имени двух сел: "Овчи" и "Калъача".

Центр: деха Калъача

Территория: 581, 4 гектар

 

Административное деление джамоата:

на июнь-август 1932 г. Джамсовет Овчи Ходжентского района Таджикской ССР

Центр: к. Овчи

Число сёл: 3 (на июль август 1932 г.) - Калъача (Qal’acha), Овчи, Шейхон

Домохозяйств: 437 (на июль август 1932 г.)

Населения: 2468 чел. (на июль август 1932 г. )

Население джамоата,

Название городов,

дехов и пгт.

(на 01.01.2014 г.)

Население городов, дехов и пгт. на:

Расстояние от центра 

джамоата до деха, км.

15.01.1959

1970

1979

1989 1999

01.01.2013 

2019 

 Ворошиловобод

 

 

 

   

 

 

 

 Дехнав

 

 

 

   

 

 

 

 Калъача

 

 

 

   

 

 

 

Богпарвар

 

 

 

   

 

 

 

 Овчи

 

 

 

   

 

 

 

 Пахтаобод

 

 

 

   

 

 

 

 Себзор

 

 

 

   

 

 

 

 Шайхон

 

 

 

   

 

 

 

 Навруз

 

 

 

   

 

 

 

Хамаги / Всего

         

20945

   

на 1.1.2017 г.

Исторические документы: