Деҳаи Пахтакор – Village Pakhtakor
ПАХТАКОР, деҳаи аҳолинишин дар ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов, ноҳ. Конибодом. Масофаи он то маркази ҷамоат – 1 км, то маркази шаҳр - 12 км, шумораи хоҷагӣ - 451, аҳолиаш - 1922 нафар (01.01.2017). Номи пештараи ин деҳа Мингбой буд. Деҳа дар самти ғарбии хонии Қӯқанд, дар поёни роҳи оҳан ҷойгир буд. Дар деҳа заминдоре бо номи «Мингбой» зиндагӣ дошт ва деҳа ҳам ба номи «Мингбой» маъруф буд. Мувофиқи маълумоти таърихӣ, с.1907 дар деҳа 40 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст. Деҳқонони деҳа с.1930 колхозе бо номи «Ударник» ташкил дода, ба кишти пахта ва зироатҳои полизӣ шуғл варзиданд. Деҳаи Мингбой то 05.01.1965 ба ҳайати ҷамоати Маҳрам, сипас ба ҳайати ҷамоати Э. Шарифов (собиқ ҷамоати Ниёзбек) дохил гардид. Бо қарори комиҷроияи ноҳия аз 28.02.1966 деҳаи Мингбой тағйири ном кард. Он «Пахтакор» номида шуд. Мувофиқи рӯйхатгирии умумииттифоқӣ аз 15.01.1970, дар деҳаи Пахтакор 120 хоҷагӣ, 565 нафар аҳолӣ истиқомат доштаанд, ки онҳо асосан тоҷикон буданд. Аҳли ин деҳа аз номи шахсиятҳои обрӯманд, пахтакорони номӣ Мирзобой Тӯраев, Эргашбой Амонов, Аҳмадҷон Маҳмудов, корманди ҳизбию давлатӣ Ортиқбой Қурбонов, омӯзгорони деҳа Эгамқул Мавлонқулов, Зебӣ Қурбонова, Абдусалом Саидмуродов, номзади илм Тоҳирҷон Тӯрдибоев фахр доранд.
Прежнее название: "Мингбой" (до 28.02.1966 г.). Основан местным богачом по имени "Мингбой"
Что означает это название: Топоним «Пахтакор», означает «Хлопкороб» и состоит из слов «пахта» – хлопок, и «кор» от глагола «коридан» - сеять, сожать что-либо.
Карта местности на Google map:
География: Пахтакор расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:
Расстояние до центра джамоата 1 км
Расстояние до центра района 12 км
Расстояние до центра области г. Худжанд ____ км
Расстояние до г. Душанбе_____ км
Как добраться:
Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.
Население
1907 | 1959 | 15.01.1970 | 1979 | 1989 | 1999 | 2009 | 01.01.2017 | |
Количество домохозяйств | 40 | 120 | 451 | |||||
Количество населения | 565 | 1922 | ||||||
из них мужчин | ||||||||
из них женщин | ||||||||
Количество медпунктов | ||||||||
Количество школ |
Известные уроженцы:
Достопримечательности:
Масчиди панҷвақтаи Амир Ҳамза. Масчиди панҷвақтаи мазкур аз с.1994 фаъолият мекунад. Бинои масчид ба тарзи ҳашар бунёд шудааст. Масчид тобеи масчиди ҷомеъи Имом Муслим мебошад. Суроға: ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов, деҳаи Пахтакор, кӯчаи ба номи О. Қурбонов б/р.
Исторические документы: