Суббота
28.12.2024
22:49
Форма входа
Календарь
«  Декабрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 465
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Таърихи дехаи Понгоз. Кисми 1

Ашт – 2012

Ин рисолаи илмӣ - таърихӣ инъикоси омўзиши деҳаи Понғоз дар асрҳои ХIХ-ХХ ва фарҳангу маданияти деҳаро дарбар мегирад. Паҳлўҳои ҷуғрофии деҳа, табиату иқтисодиёт, шаклҳои хоҷагидорӣ ва масоили этнографӣ, демографӣ, маорифу маданиятро таҳлил менамояд.

Қисмати охири китоб маълумотҳои омории таърихиро ошно месозад.

Аз рисолаи мазкур муаллимони фанҳои ҷуғрофия, таърих, забону адабиёти тоҷик ва биология метавонанд чун дастури методӣ истифода баранд.

ПЕШГУФТОР

Паҷўҳиши таъриху фарҳанг, этнография ва ҷуғрофияи деҳаи Понғоз ҳанўз асри ХIХ, аз тарафи сайёҳону муаррихон оғоз гардидааст. Олимони машҳур Н.С.Андреев, Н.Н.Ершов, Н.Н.Неъматов, Н.О.Турсунов доир ба таърихи ноҳияи Ашт ва деҳаи Понғоз тадқиқотҳои пурарзиш гузарониданд. Дар ин паҷўҳиши тадқиқотӣ муаллифон кўшиш ба харҷ доданд, ки паҳлўҳои ҳоло ҳам тадқиқнашудаи деҳаи зебоманзари Понғозро баррасӣ намоянд. Аз мутолиаи ин очерки мухтасари таърихӣ, этнографӣ ва ҷуғрофӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки деҳаи Понғоз ҳанўз охири ҳазорсолаи I пеш аз милод вуҷуд дошт ва номи Чоркўҳро дошт. Дар пештоқи қабристони Мир Ҳаким Ато байте ҳаккокӣ шудааст:

Понғозро торихаш бо оҳ гуфт:

«Хатми Қуръон бар сари одам бихон».

Таҳлили мисраи дуюм аз рўи ҳисоби абҷад таърихи деҳаи Понғозро 2595 сол нишон медиҳад (Т.Пўлотов). Бостоншиносон дар деҳаи Понғоз қурумҳо, муғхонаҳо, хонаҳои сангин ва тасвирҳои рўи сангро дарёфт карданд, ки аз кўҳандиёр будани деҳа дарак медиҳад. Шуғли асосии мардум чорводорӣ, боғдорӣ ва ҳунармандӣ будааст. Қабристонҳои Мир Ҳаким Ато, Бобои Мутақ ва тарзи гўрондан дар онҳо ҳокӣ аз онанд, ки мурдаҳо аз рўи русуми зардуштӣ дафн карда шудаанд. Номҳои қадимии зардуштии Вотвок, Зарвот, Инчос, Искавдок, Пидарк, Шоват, Ғурусмон намунаи гуфтаҳои болоиянд. Оиди аҳолии бумии маҳал ақидаҳо гуногунанд. Бархе олимон бар онанд, ки асрҳои ХIV-ХV Темурланг аз Дарвоз қисми аҳолиро ба маҳаллаҳои Бурак, Шахак ва Қалъа бо зўрӣ овардааст. Дигарон ҳадс мезананд, ки гўё аҳолии маҳаллаҳои Судҷа ва Муллоён аз Тошкент, Устоёниҳо аз Самарқанд омада бошанд. Ин масъалаҳо аз нигоҳи олимон гувоҳӣ медиҳад, ки таърихи деҳаи Понғоз ҳоло пурра омўхта ҳаллу фасл нашудааст.

Ақидаи дигаре низ ҳаст, ки муаррихи варзида марҳум Исоматов Маъруф бори аввал номи деҳаро Пунғаз гуфта ва навиштааст. (Ашт. М.Исоматов). Дар Понғоз талаффузи калимаҳо аз рўи лаҳҷа чунин аст: Нон-нун, хон-хун, Конибодом-Канибодум, Қурғонтеппа-Қурғунтеппа. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки мо аз рўи лаҳҷа Пунғаз мегўем, вале аз рўи имло Понғоз менависем. Гуфтаҳо боиси он шуд, ки ҳатто олими таърихшинос А.Мирбобоев Пунғазро калимаи қазоқй номид (Рўзномаи «Суғд») ва ҷои тохтутози қазоқҳо гуфт. Бинобар ҳамин мо аз ҷонибдорони воҷаи Пунғаз эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ақидаи худро асоснок намуда, ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кунанд. Баъди қарори мазкурро баровардани Маҷлиси Миллӣ дар харита, китобҳои дарсӣ, мўҳрҳо, овезаҳо тағйирот ворид карда, минбаъд Пунғаз навиштан қонунӣ мешуд. Аз рўи гуфтаи шахси таърихдон ва машҳури ҷумҳурӣ, марҳум Нуриддин Аҳмадов авлоди яке аз муаллифони очерки мазкур (А.Л.) Ҳаким Понсад ном доштааст.

Дар тадқиқоти дар даст доштаи Шумо, хонандагони азиз бо далелҳои нисбатан асоснок баён мешавад, ки ҳақиқатан аҳолии деҳаи Понғоз омадагон нестанд, балки бумианд, яъне аз қадим дар ин ҷо сукунат доштанд, аз асрҳои VII-VI пеш аз милод. Ҳамин тариқ ба хулоса омадан мумкин аст, ки 2600 сол инҷониб дар деҳаи Понғоз аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Нисбати номи Понғозро гирифтани деҳа бояд қайд кард, ки ақидаи бештар маъмул ва нисбатан аниқ ин панҷсад ҷанговари ислом барои аз муғулҳо муҳофизат кардани деҳаи худ, ки Чоркўҳ ном дошт, ба ҷанги нобаробар бо қарахитоиҳо дар мавзеи ҳозираи Даҳана дохил шуда, ғалаба кардан ва номи «ғозӣ»-ро гирифтани онҳост. Аз ин рў, бо боварӣ метавон гуфт, ки аз асри ХШ-и милодӣ сар карда, номи деҳа аввал Понсадғозӣ, сипас Понғоз шудааст.

Обёрии замину боғот аз сойи ягонаи деҳа буда, ба воситаи ҷўйҳо амалӣ мешуд. Номи ҷўйҳо ҳам зардуштиянд: Патан, Полуник, Кухшод, Соғу, Зарвот.

Обҳои чашмасорон ва сойи Понғоз хеле мусаффо ва барои ошомидан мувофиқанд. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ деҳаи Понғоз ба ду қисм: тарафи рости сой Понғози Боло ва тарафи чапи сой Понғози Поён номгузорӣ шуда буданд.

Соли 1907 дар Понғози Боло ва Поён 632 хоҷагӣ ва 3542 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард (Н.Турсунов. с.403)

Моҳи августи соли 1918 дар Сари Бозор ҷамъомад баргузор шуда, Ҳокимияти Шўравӣ дар Понғоз эълон гардид. Дар он ҷамъомад командири аскарони сурх Василий ҳамроҳи Эрмат Эшматов - яке аз барпокунандагони Ҳокимияти Шўравӣ дар ноҳияи Ашт ва ҷамоати Понғоз баромад намуда, ба ҳозирин эълон карданд, ки Ҳокимияти Шўравӣ дар Понғоз ташкил шуд. Аз соли 1922 ҷамоатҳои Понғози Поён ва Боло ташкил шуданд. Ба Понғози Боло маҳаллаҳои Судҷа, Устоён, Муллоен, Соқиён, Пушта, Хуҷибак, Қалъа ва Саро дохил мешуданд. Ба Понғози Поён маҳаллаҳои Хотхона, Шахак, Бурак, Хиштхона ва Бободархон дохил мешуданд.

Соли 1946 ҳар ду Понғоз муттаҳид ва номи Шўрои деҳаи Понғозро гирифт. Аз деҳаи Понғоз тахминан 900 нафар ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар карда шуда, қариб 300 нафар барнагаштанд.

Ҳоло аҳолии деҳа қариб 26 ҳазор нафар буда, 14 муассисаи таълимӣ, 1 беморхона, 5 маркази саломатӣ, 5 клуб ё маркази маданӣ, шўъбаи амонатбонку бонки Эсхата, китобхона, чандин муассисаҳои фарҳанг дар хизмати аҳолианд. Имрўзҳо мардуми меҳнатқарини деҳаи биҳиштосои Понғоз барои бошукўҳ гузаронидани ҷашнҳои 20-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олӣ, 15-солагии Ваҳдати Миллӣ, 90-солагии Ҷамоати деҳоти Понғоз ва 250-солагии шоири номдори деҳа Маъдан тамоми кўшишу ғайрати худро равона намудаанд.

Деҳи ман, кишвари ман, дилбари ман,

Наравад меҳри ту дур аз сари ман.

                                     (А.Шукўҳӣ)

Одамӣ бо гузашта, ҳозира ва ояндаи худ зинда аст. Агар мо гузаштаро донем, бо ҳозира қиёс кунем, ояндаро пешгўӣ карда метавонем.

Таърихи Понғоз ҳам қадима чун таърихи башарият барои ҳар як фарде, ки дар ин куҳандиёр тавлид шудааст, аз «Тирози ҷаҳон - Боми ҷаҳон» оғоз меёбад, ҳамроҳи хуни нофаш меҳри ёру диёр дар қалбаш ҷой гирифтааст.

Ба таваҷҷўҳи шумо, хонандагони гиромӣ, таърихи мухтасари муқтадири Понғозиҳо манзур мешавад. Хатое, иштибоҳе пеш ояд, узри моро маъзур доред. Ба ислоҳашбикўшед ва мо - муаллифону мураттибонро бо некӣ ёдовар шавед. Зеро ин таҷрибаи аввалин буд, ки мо онро ба қалам додем. Рисолаи мазкур аз қисматҳо иборат буда, аз рўи хронологияи таърихӣ чунин сурат гирифт.

I. ҶУҒРОФИЯИ ДЕҲАИ ПОНҒОЗ

Понғоз дар қисми шимолии ноҳияи Ашт воқеъ буда, дурдасттарин деҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маркази деҳа аз сатҳи баҳр дар баландии 1450 метр ҷойгир аст. Аз рўи тадқиқот ё ташхисоти маркази боду ҳавосанҷӣ дар арзи 41° ва тўли 71° воқеъ аст, масоҳати деҳа 250 км/мураббаъ мебошад.

Силсилакўҳи Қурама яке аз шохаи асосии кўҳи Тяншон буда, он дар шимоли деҳа тўл кашидааст. Ба воситаи ағбаҳои Понғоз, Чарбу ва Кандир бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамҳудуд аст.

Аҳолиаш 25,5 ҳазор нафар (соли 2010) буда, дорои 6181 оила мебошад. Ин маълумоти оморӣ нисбӣ буда, саршумори аҳолии Понғозии дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он бударо дарбар намегирад.

Мавқеи ҷуғрофии Понғоз хеле мураккаб буда, агар дар тобистон дар қисми ҷанубии Понғоз гармӣ ҳукмронӣ кунад, дар баландкўҳҳо ҳавои хунук ҳукмфармо мегардад.Ағлаби кўҳҳои пасту баланди Понғоз аз рустаниҳо камбағал буда, ба эрозия дучор гаштаанд. Ҷангалзорҳо, туғайзорҳо ва олами ҳайвонот дар соҳили сой ва чашмасорон ғанӣ аст.

Табиати ин кўҳистон нотакрор буда, амсоли онро дар дигар ноҳияҳо дида намешавад.

Силсилакўҳи қаторкўҳи Қурама аз шохаи асосии Тяншон буда, ба масофаи 170 км тўл кашида, дорои иқлими алпист. Бо воситаи ағбаи Чарбу ба Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамсарҳад аст. Аҳолӣ дар баландиҳои 1400-1700 метр маскан гирифтаанд.

Деҳаи Понғоз дар иҳотаи доманакўҳҳост. Қисмати ҷанубии деҳа бо мавзеи Маҷидобод ба шаҳраки Шайдон пайваст аст. Аз 9 иқлими зинагӣ иборат буда, хусусиятҳои ба худ хос дорад, ба иқтисодиёти деҳа бетаъсир нест. Ба воситаи шохакўҳҳои Сангбуррон ба деҳаи Ошоба, ба воситаи Пуштакўҳи Понғоз дар ғарб бо Кўли Хоҷа ва Мулломир ҳамсарҳад мебошад. Аз роҳи ҳавоӣ, обӣ, оҳан басо дур аст. Ҳамчун манотиқи кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ дар байни дигар деҳаҳо маълуму машҳур аст.

Понғоз мисли дигар деҳаҳои кўҳии Тоҷикистон дорои мактабу бемористон, нуқтаҳои алоқаю барқ, клубу бозорҳо ва ғайраҳо мебошад.

Понғоз саросар кўҳистон буда, як қисми водии Фарғона ба шумор меравад. Кўҳҳо ба тарафи ҳамворӣ паст шуда мераванд, ки ин ба иқлими мавзеъҳо бетаъсир нест. Қурама баландтарин кўҳҳои шимоли Тоҷикистонанд. Қуллаи Бобои Об баландтарин нуқтаи он мебошад, ки аз сатҳи баҳр 3769 метр баланд аст. Ин қисм дар зери ҳаракатҳои тектоникии давраи чорум, ки аз 60 то 160 метр ғафсӣ дорад, тўл кашидааст. Таркиби онҳо аз гил, рег, намак, санг, гипс, таҳшониҳои шикастаи дағал иборат мебошад. Релефи Понғоз басо мураккаб буда, сабаби ҳосилшавии сойҳои байникўҳӣ гардида, ҳосилшавии чашмаҳо ва обҳои зеризаминӣ гардидааст.

Релефи Понғоз ба се қисм ҷудо мешавад.

1.                  Қисми шимолӣ: релефи эрозионӣ депудотсионӣ

2.                  Қисми марказӣ: релефи аккумлятивӣ -эрозионӣ

3.                  Қисми ҷанубӣ: релефи аккумлятивӣ, дар қисми поёнии деҳа релефи мухталиф вуҷуд дорад.

Ҷинсҳои таҳшонӣ зери таъсири боришоти атмосферӣ монда, аз баландиҳо ба ҳамвориҳо таҳшин шудааст.

Олимони соҳаи коншиносӣ қисми шимоли Понғозро релефи мураккаб арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи намудҳои ҷирмҳои давраҳои геологӣ мушоҳида шудаанд. То ҳол ҳаракатҳои тектонии замин идома дорад. Дар охири давраи юраи эраи мезозой 140 млн сол пеш аз ин кўҳҳову ҷангалзорҳо пайдо шудаанд. Пайдоиши кони Ангрен ба ин давраи геологӣ марбут аст. Пайдоиши ҷирмҳои кўҳии ин маҳал ба давраи карбони эраи палеозой монанд аст. Давраи карбон ба се қисм ҷудо мешавад:

1.                  Карбони поёнӣ: Ин қисматро типи Қурама дар бар гирифта, рангаш кабудчатоби хира аст, ки дар ҳама мавзеъҳои деҳаи Понғоз дучор мешавад.

2.               Карбони миёна: Фаъолияти дигаргуншавии қабатҳо сурат мегирад. Дар ин давра қисмҳои деҳаи Понғоз дар зери об монда, об таҳшониро ба вуҷуд овардааст, ки ин қабат дар навбати худ ба се қабат ҷудо мешаванд.

А) Қабати кўҳи дароз;

Б) Қабати суничок;

В) Қабати исковдок.

3.    Қабати болои карбон аз ҷирмҳои гуногуни обтақсимкунанда ба ҳисоб мераванд. Селҳои пайдарпай омада, ба хоҷагиҳои деҳа хисороти зиёд меорад. Баъзан бо гарм шудани ҳаво дар баландкўҳ барфу яхҳо ва тармаҳо об шуда, сатҳи оби сойро боло мекунад. Дар фасли тобистон камобӣ ва беобӣ мушоҳида мешавад. Аммо ин ҳаводис на ҳама вақт ба вуқўъ меояд. Селобаи соли 1999 хисорати зиёд овард.

Хок низ аз омилҳои муҳими муайянкунандаи шароити ҷуғрофии ин ё он маҳал аст. Пайдошавии хок ба релеф, иқлим, олами ҳайвоноту наботот ва организмҳои зиндаву ғайризинда иртибот дорад.

1. Хокҳои хокистарранги сиёҳтоб то чуқурии 5-6 метр аз сангмайдаҳо иборат аст. Ин хок то 0,6 % гумус дорад. Ҳамчунин 0,8% фосфор дорад.

2. Хоки марғзорону ботлоқӣ.

Бо сабаби зиёд будани намнокӣ ин ҳодиса ба вуҷуд меояд. Хокҳое, ки дар иқлими Понғоз пайдо шудаанд, бо хокҳои регӣ аз шағалҳову сангрезаҳо иборатанд. Ба ҳама гуна хокҳо поруҳои маҳаллӣ, минералӣ меандозанд. Ағлаб заминҳои кўҳсорон, доманакўҳҳо, ҳамвориҳо ба эрозия дучор шудаанд. Дар минтақаи дарахтони арча хоки бешаҳои арчагӣ мавҷуданд. Пайдоиши он ба хоки ҷигарии равшан монанд аст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ деҳаи Понғоз 20%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ҳар як км2 30-60 нафар аҳолӣ рост меояд. Ба ҳисоби миёна дар як км2 45 нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолӣ асосан дар миёнакўҳ ва доманакўҳҳо маскан гирифтаанд.

Соли 1907 – 3542 нафар;

Соли 1914 – 4242 нафар;

Соли 1989 – 15300 нафар;

Соли 2001 – 20600 нафар;

Соли 2005 – 22900 нафар;

Соли 2010 – 25500 нафар.

Афзоиши табиии аҳолӣ баробари афзоиши аҳолии ҷаҳон аст. Мувофиқи ҳисобу китоби демографҳо аҳолии Понғоз соли 2031 ду баробар зиёд мегардад. Зиёдшавии аҳолӣ ба мигратсия, камбизоатӣ, бебизоатӣ ва дигар омилҳо оварда мерасонад.

Олами гиёҳҳои шифобахш аз меваҳои худрўй ва парвариши растаниҳои кўҳӣ дар доманакўҳҳо ва даштҳо иборат аст. Аз 1500 намуд гиёҳҳои шифобахши ғизоӣ – давоӣ, 150-200 намудаш дар иқлими баландкўҳи магмавӣ: грандиорит - порфирҳо, кварс-порфирҳо, фелзит-порфирҳо иборат аст. Дар ин давраҳо ҳодисаи тектоникӣ дар авҷ буд.

Сангҳои сурхи Саро, Ровакон марбути ин давраҳоянд. Дар тадқиқу омўзиши кўҳистони Понғоз саҳми ганҷҷўён; С.Бобохоҷаев, Р.Нурматов, С.Абдураҳимов, Н.Муҳиддинов, З.Сайфиддинов калон аст.

Понғоз дар минтақаи иқлими мўътадил воқеъ аст. Ин чунин маъно дорад, ки тобистон гарми хушк, зимистон мўътадил аст. Сабаби иқлими хушк будан дар он аст, ки аз баҳру дарё дар масофаи дур ҷойгир аст. Минтақаи мо дар дохили материк буда, массаи ҳавоие, ки ворид мешавад, хушк мебошад. Массаи ҳавоӣ аз уқёнуси Атлантика омада, баъзан сабаби бориш мешавад. Аксарияти боду шамол аз самти ғарб ба шарқ мевазад, Вазиши шамолҳои сахт то суръати 15-20 м/сония мебошад. Аммо суръати шамолро кўҳҳои Қурама ва шохаҳои он пасттар мекунанд. Анбўҳи ҳавои арктикии аз тарафи шимолу ғарбӣ оянда дар фасли зимистон ба минтақаи мо омада мерасад. Ин бодҳо боиси сардии ҳарорати ҳавои минтақа мегардад. Ҳарорати ҳаво то -200 -250С паст мегардад. Моҳи гармтарин июл буда, ҳарорат то ба +240 – +280 гоҳо ба +350 – +400С мерасад. Хунуктарин ҳарорат моҳи январ буда, -8 – -170 паст мефарояд. Боришот дар баландиҳо ва миёнакўҳҳо ба 300 мм мерасад. Боришот нобаробар буда, фасли баҳору зимистон ба вуқўъ меояд. Аз шаҳраки Шайдон то кўҳҳои Қурама иқлими манотиқ ба 9 зериқлими хурд ҷудо мешавад. Ҳарорати ҳаво, фишор, намнокӣ, релеф тағйирёбанда мебошад.

Ба обҳои минтақаи Понғоз захираи барфу ях, оби чашмаҳо, обҳои зеризаминӣ, сойи Понғоз ва шохобҳои он мансубанд. Замоне сойи Понғоз ба дарёи Сир мерехт. Дертар, бо обёрӣ тадриҷан кам шуда, то ба Ашти калон рафта мерасад. Оби сой сол аз сол кам мешавад. Боришҳои мавсимӣ махзани асосии оби сойи Понғоз мебошад. Иртибот ба камобӣ ва серобӣ аз талаботи мардум ба амал меояд. Баъзе солҳо хушксолиҳо ба вуҷуд омадааст. Чунончи таърих гувоҳ аст, солҳои 1917, 1940, 1953, 1991 ва 2011 камобии сой ва шохобҳои он ҳис карда шуд. Зиёдшавии боришот боиси баланд шудани сатҳи оби сой мегардад. Дар кўҳҳои Қурама растаниҳо нашъунамо меёбад. Сабзавоту меваҳо низ парвариш карда мешаванд Гиёҳҳои шифобахши Понғоз мева, тармева, хушкмева дар баландии 3467 метр аз сатҳи баҳр нашъунамо мекунад. Деҳқонон бештар ба парвариши меваи себу зардолу машғуланд, он аз нуқтаи назари экологӣ ба талабот ҷавобгў буда, бештар ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Дар хоҷагии ҷангалпарварӣ ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул мешаванд. Ҳифзи он аз мардум ғамхорӣ талаб мекунад.

Понғозиён табиатан деҳқони асил буданд. Заминро хуб омўхта, муносибат мекарданд ва ҳосили фаровон мегирифтанд. Ҷўйборҳо кушода, обшор мекарданд. Миробон ба обу замин шабу рўз назорат намуда, ризқу рўзии худро пайдо мекарданд. Понғозиҳо дар обёрии заминҳои Қуқуроқ, собиқ колхози ба номи Энгелс, Гулшан, Шакаркўл саҳм гирифтанд. Пахтакорӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, чорводорӣ, пиллапарварӣ, асалпарварӣ, кўчаттайёркунӣ, зироатчигӣ ва ғайраҳо машғулияти асосии мардуманд. Токпарварӣ дар заминҳои даштии Ашт аз соли 1985 оғоз шудааст. Мардум дар ҳама давру замон ба ангур эҳтиёҷ доранд. Навъҳои гуногуни ангур парвариш карда мешаванд. Чорводорӣ шуғли асосии Понғозиён буд. Аҳолии таҳҷоӣ соҳиби чорвои хурду калон буда, бо гўшту ширу равғану пашм таъмин мебошанд, пиллапарварӣ дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад, аммо масоили тутпарварӣ ҳаллу фасл нашудааст. Сол аз сол тутзорҳо кам мешаванд. Занбўри асалпарварӣ ва оилаҳои он зиёд мешаванд.

Растаниҳои шифобахш

Номи асосӣ

Номи маҳаллӣ

Ҷигда

Ҷида

Тут

Тути балхӣ, тути хасак

Чормағз

Чумоқ

Олучаи кўҳӣ

Ғайдолу, олуча

Арча

Арчаи боғӣ

Бурсарча

Бурс, бурси кўҳӣ

Чакка

Меваи буттагӣ

Гелосчакка

 

Хоргул

Гули хор

Анор

Анори боғӣ

Сангсеб

Себи сурхи Понғозӣ

Шафтолу

Шафтолуи боғдорӣ

Бодом

 

Бодоми ширин

Бодоми ширин

Бодоми талх

 

Зардолу

Зардолу

Зирк

 

Тоғу

Дарахти  мевадори худрўй

Қамиш

Най

Карам

Гулкарам, каллакарам

Сурхак

Сурхча, резинка

Маҳ

Татарун

Сич

Думи рўбоҳ

Юган

Воғун, боғун

Хавар

Харбузаи гург

Думи гов

Марги моҳӣ

Испанд

Ҳазориспанд, исриқ

Бобуна

Бобунаи майдагул

Забонгазак

Қаламфури обй

Газна

Тавланг

Пудина

Ҳулба

Ҷағ-ҷағ

Ҷа-ҷа

Лола

Лолаи сурх, сафед, зард

Ревоҷ

Ревоҷ, чукрӣ

Обсабза

Алафи обӣ

Чойкаҳак

Чачароғу

Барги зулф

Филгуш

Роҳдавак

Буғумалаф

Волдурғун

 

Ширинбўя

Чормағзи урусӣ

Мармарак

Гўши барра

Ҷанбили кўҳӣ

Ҷамилак

Зираи кўҳӣ

Зирагиёҳ

Салом: алейк

Алафи худрўй

Ландшафти Понғоз сатҳи якхелаи табий дошта, омилҳои табиӣ обу хок, релефу иқлим ва набототу ҳайвоноти ба худ хос дорад.

Ҳайвонот дар биосфера метавонад мубодилаи моддаҳо ва мувозинати экологиро ба вуҷуд орад. Азхудкунии кўҳҳо, доманакўҳҳо, сохтмони манзилгоҳҳо, истифодаи чароғоҳҳо ва ғайра ба нестшавии олами ҳайвонот оварда мерасонад. Ҳайвонот зери обу хок, рўи хоку санг, буттаю дарахтон ва кўҳҳову баландкўҳҳо зист мекунанд. Олами ҳайвоноти деҳа мухталиф буда, аз чунин намудҳо иборат аст:

Аз паҳнкирмҳо, лўндакирмҳо, ҳалқакирмҳо, кирми ҷигармак, бандкирми гов, эхинокок, аскарида, гиҷҷа ва ғайраҳо дучор мешавад.

Аз бандпойҳо шапалакҳо, магасҳо, гамбускҳо вомехўранд.

Дар сойи Понғоз ширмоҳӣ, ки ба оилаи зағорамоҳиҳо мансуб аст, зиндагӣ мекунад.

Аз обхокиҳо ва хазандаҳо - қурбоққаи ҳавзӣ, калтакалоси муқаррарӣ, баҳтур, геккон, мори обӣ, мори чипор, гурза ва дигар намудҳо зиндагӣ мекунанд.

Аз паррандагон намудҳои зоғ, мусича, гунҷишкҳо, фотимачумчуқ, майна, кабўтар, эзорсурхак, шонасарак, фароштурук, достакҳо, соч, ғурак, кабк, мурғи ҳилол, уқоб, калхот, бум, ҷуғз, боша ва ғайраҳо сукунат доранд.

Дар деҳаи Понғоз бисёр намуди ширхўрон: хуки ёбоӣ, гург, рўбоҳ, савсор, саг, хонгул, юрмон, калламушҳо, мушҳо, ҷайра, хорпуштак, муши паррон, заргўши толай, кўрмушҳо, кўршапаракҳо, гурба, қоқум ва ғайра вомехўрад. Ҳамчунин ҳайвонҳои ширхўри хонагӣ зиёданд. Ба китоби Сурхи Тоҷикистон ин ҳайвонҳои деҳа сабт шуданд: гахвораҷунбони дарахтӣ, қундузҳо, шапалакҳои сафед. Аз хазандаҳо гекконҳо, мори чипор, гурза.

Аз паррандагон бургут, мурғи ҳилол, заргулдор, пашшахўрак, эзорсурхак, шонасарак, бум аз ширхурон кўршапаракҳо, юрмон, ҷайра, хорпушт, суғур, қашқалдоқ, хоргул, хуки ёбоӣ, харгўши толай ва ғайраҳо.

Ин ҳайвонҳоро ҳифзу нигоҳ доштан вазифаи инсонии мову шумост.

II. НАЗАРЕ БА АСОТИР ВА ТАЪРИХ

 Баъди ронда шудани ҳазрати Одаму Момоҳаво аз Аҷам, ки биҳишти рўи замин буд, Худо шамшери оташфишонро ба назди дарахти ҳаёт, ки хўрдани меваи он манъ аст, ба замин зад, то ин ки ин меваи манъкардаи Худоро нахўранд. Худои некӣ, ростӣ ва равшанӣ аввалин одам Каюмарсро офарид. Каюмарс яккаву танҳо буд. Офарандагони Аҳриман дурўғ, торикӣ, деву париҳо, ҷину аҷинаҳо қасди душманӣ доштанд ба Каюмарс. Ниҳоят Каюмарсро дар ин гулбоғи ҷаҳон дар назди дарёи муқаддаси Ванагўҳ ва Донатиё ба ҳалокат расонданд. Ҳурмуз ба замин фурў омад, тухми Каюмарсро, ки дар думғоза ниҳон буд, гирифта бо нури муқаддас соф кард. Аз тухми Каюмарс Мошону Машон рўиданд, ки яке марду дигаре зан буд. Ҳурмуз ба онҳо гуфт: - Соҳибақлед, сухан гуфта метавонед, ба якдигар наздикӣ ҷўед, дунёи худро офаред. Аз авлоди Мошону Машон тадриҷан одамон зиёд шуданд дар мулки Аҷам. Яке аз қавму қабилаҳои Аҷами ориёнӣ ба Эрон ҳиҷрат карданд ва ориёни эронӣ пайдо гаштанд. Аз қабилаҳои Ориёни эронӣ қабилаҳои ба самти Шарқ ҳиҷрат карда, ки онро Ориёни Вайҷа меноманд, пайдо гаштанд. Ҳамин тавр, аз Ориёни Вайҷа дар мамолики форсу аҷам, тоҷикон дар Осиёи Марказӣ пайдо шуданд. Ҳиҷрати форсҳо ва зардуштиён ба ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон, аз он ҷумла ба ноҳияи Ашти водии Фарғона дар асрҳои VI-V и пеш аз милод, қабл аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна ва Эрон сурат гирифта буд. Ҳамин тавр, тоҷикони Понғозӣ аз авлоди форсҳои Ориёнии Вайҷа; Ориёнии Вайҷа, аз авлоди Ориёнии Эронӣ; Ориёнии Эронӣ аз авлоди Ориёнии Аҷамӣ; Ориёнии Аҷамӣ яке аз қавму қабилаҳои Мошону Машон, ки аз Каюмарс пайдо шуда буданд, ташаккул ёфтанд.

Каюмарс

Мошону Машон

Ориёни Эронӣ

Ориёни Вайҷа

Ориёни Аҷамӣ

Тоҷикони Тоҷикистон ва тоҷикони беруназмарзӣ

Ҳурмуз

Дар нақшаи болоӣ пайдоиши тоҷикон инъикос ёфтааст, ки аз рўи дини зардуштӣ ва хронологияи таърихии ин дин омадаанд. Баробари Ориёнии Вайҷа ба Осиёи Миёна то ҳудуди Чину Мочин қабилаҳои туронӣ ё аз Аҷам ё аз Эрон ҳиҷрат карда буданд. Тўрониҳои саҳроӣ кўчманчианд. Аз ин лиҳоз, дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар водии Фарғонаю ноҳияи Ашт тақсимоти ҳудудҳои аҳолинишин байни тўрониҳои саҳроӣ ва тоҷикони муқимнишин дар замонҳои хеле қадим ба вуқўъ омада буд. Аз ин рў, қариб нисфи аҳолии ноҳияи Аштро тўрониҳо ташкил мекунанд. Аммо дар деҳаи Понғоз дар доманакўҳҳои Қурама тоҷикон муқимнишин шудаанд. Миқдори бағоят ками тўрониҳо ҳам дар деҳаи Понғоз манзилу маскан гирифтаанд, ки дар канори деҳа ҷойги