Вторник
19.03.2024
16:52
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Маданият (Мазортол, ст. Ковальский)

Деҳаи Маданият – Village Madaniyat

МАДАНИЯТ, деҳаест дар ҷ/д ба номи Эргаш Шарифови ноҳ. Конибодом, ки пеш Мазортол ном дошт. Аз деҳа то марка­зи ҷамоат 3 км, то маркази шаҳр 17 км, роҳ асфалтпӯш. Дар ду канори шоҳроҳи мошингарди Конибодом - Хӯҷанд воқеъ аст. Аҳолиаш - 1831 нафар (01.01.2017). Шумораи хоҷагиаш - 261 адад. Дар деҳа МТМУ №15, китобхона, дармонгоҳ, чойхона мавҷуд аст. Соҳаҳои асосии хоҷаги пахтакорӣ, чорводорӣ ва зироатчигӣ мебошад, заминҳои деҳа аз Канали Калони Фарғона ва ба воситаи обкашҳо обёрӣ кар­да мешаванд. То солҳои 30-юми асри бист чанд нафар аҳолии он дар оғуши Сиёҳкӯҳ (мавзеи дамгирӣ) ҷойгир буд. Аз рӯи гуфти мӯйсафедон он ҷо 6 нафар бародарон - Машрафкорвон. Мараҳиммутаваллӣ, Холмерган (Холмат), Нурмат, Ёрмат бо аҳли оилаашон умр ба cap мебурдаанд. Соли 1930 онҳо аз байни кӯҳ ба ҷои ҳозираашон кӯчидаанд ва деҳаи навро «Мазортол» номидаанд. Мардум онро «Шишбеди Мазор» низ мегуфтанд. Аҳли деҳа солҳои 30-юми асри гузашта кол­хоз ташкил намуда, онро «Нубар» ном гузоштанд. Деҳаи Мазортол бо қарори комиҷроияи Конибодом аз 28.02.1966 «Маданият» ном гирифтааст. ("Энциклопедияи Конибодом")

Прежнее название: "Мазортол" (с 1930 до 28.02.1966 г.). Село основано 6 братьями: Машрафкорвон. Марахиммутаваллӣ, Холмерган (Холмат), Нурмат, Ёрмат , станция Ковальский

Что означает это название: "Культура"

Карта местности на Google map:

География: Маданият расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:

Расстояние до центра джамоата 4 км

Расстояние до центра района 16 км

Расстояние до центра области г. Худжанд      км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1930 1959 1979 1989 1999 2009 01.01.2017
Количество домохозяйств 6           261
Количество населения             1831
из них мужчин              
из них женщин              
Количество медпунктов             1
Количество школ             1

Известные уроженцы:

 

Достопримечательности:

Масчиди панҷвақтаи Маданият. Масчиди панҷвақтаи мазкур аз с.1993 фаъолият мекунад. Бинои масчид ба тарзи ҳашар бунёд шудааст. Масчид тобеи масчиди ҷомеи Имом Муслим мебошад. Суроға: ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов, деҳаи Маданият, кӯчаи Мичурин б/р.

ХӮҶАТАКРОВУТ, мазор, 6 км болотар аз деҳаи Маданияти ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов ҷойгир аст. Он дар доманаи Сиёҳкӯҳи Туркистон воқеъ буда, аз 3 қисм - Боғ, Мазорбобо, Чилдухтарон иборат аст, ки онҳоро аз ҳамдигар талу теппаҳои паст ҷудо мекунанд. Дар баландии 800 м аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз шарқ ва ғарб бо баландиҳое, ки аз шимол ва ҷануб ба қисми асосии қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳи Туркистон мепайванданд, иҳота шудааст.  Дар қисми шарқӣ кӯҳе бо номи Каркулоҷ (Калкулоҷ) воқеъ буда, дар доманаи он чашма вуҷуд дорад. Ҷанубтар аз чашма дар қисми марказӣ ғоре мавҷуд аст. Балан­дии даромади ғор 2,5 – 3 м, бараш 1 - 1,5 м мебошад. Роҳи даромади ғор васеъ набуда, фақат як нафар одам даромада метавонад. Роҳи ғор 1,5 – 2 м масофа дошта, дар қисмати поён майдончаи ҳаҷмаш 14 – 16 м намоён мешавад ва дар қисми чапи он дар чуқурии 2 - 2,5 м чашмаи дигар ҷорӣ аст. Дар охири майдонча 3 роҳ мавҷуд буда, аз рӯи ривоятҳо ба воситаи ин роҳҳо ба Маккатуллоҳ рафтан мумкин будааст. Дар асл бошад, ин роҳҳо баъд аз 5 - 10 м ҳурд шуда, эҳтимол ба охир мерасанд. Дар тарафи рости ғор бошад, қадамҷои авлиёи манзил - санги муқаддасе, ки дар он нақши чоруқи авлиё ва арча мавҷуд аст, ҷойгир шудааст. Мувофиқи маълумот ин арча ҳазорсола мебошад. Дар қисми ғарби қадамҷо ҳуҷраи гумбаздор ва дар он қабри Хӯҷа Неъматуллоҳи Вали ҷойгир аст. Қабр дар таги гумбаз ҷойгир шуда, баландии он 1,5 м, дарозиаш 3,25 м, бараш 1,5 м мебошад. Дар қисми поёнии қабр санг мавҷуд аст, ки дар ду тарафи он изи устухони ҳурди соқи пойи одам ба назар мерасад. Қисми дигари Хӯҷатакровут бо номи Чилдухтарон маълум буда, дар бай­ни қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ ва нисбат ба дигар қисмҳои он дар мавзеи тангтар ҷойгир аст. Қабри Чилдуҳтарон (дарозии қабр 30 м, бараш 6 – 7 м, баландии қисми даромадгоҳи он 3,5 – 4 м), дар қисми ғарбии қаторкӯҳ (аз шарқ ба ғарб) ҷойгир шудааст. Мав­зеи Боғ, ки дар қисми шарқии Мазорбо­бо ҷойгир аст, барои зиндагии одамон шароити мусоид дорад. Аз миёни Боғ селроҳа мегузарад. Қисми шарқии Боғ чашма ва ҳавз дорад ва он қисми Боғро бо об таъмин мекунад. Дар ин ҷо лагери пионерии «Насими Кӯҳсор» (ҷ\с «Бодом») ҷойгир шудааст. Тибқи ривоятҳо баъди истилои воҳа аз ҷониби арабҳо Хӯҷа Неъматуллоҳи Вали соҳиби ин манзили хушманзара ва мубаллиғи дини мубини ислом шудааст. Яке аз деҳконон, ки дини исломро қабул карда буд ба тариқи хайрот ба мазор такка мебарад. Хӯҷа барои қурбонӣ кардан таккаро гирифта ба кулбаи худ медарояд ва деҳқон онро интизор мешавад, лекин Хӯҷа бо такка ғайб мезанад ва аз ҳамин лиҳоз номи манзил «Хӯҷ такка бурд» ном гирифта, сониян халқ Хӯҷатакровут метуфтагӣ шуд. Бешубҳа Хӯҷа Неъматуллоҳи Вали шахси воқеӣ буда, қабрашон дар ин макон ҷойгир аст. Ҷустуҷӯ дар сарчашмаҳои хатти ва муайян кардани шахсияти ӯ вазифаи муҳаққиқони минбаъда мебошад. Аҳолии Канди бостонӣ ва воҳаи зироаткори он то ислом идҳои Наврӯз, сайри лола, харбузаро дар манзили Хӯҷатакровут ҷашн мегирифтанд. Бисёр расму оинҳои анъанавии ҷашнгирии ин идҳо то солҳои 30 - 40-уми қарни XX по барҷо буд. Аз ҷумла, кандиҳо дар қадим барои гузаронпдани сайри лола барои 3 рӯз хӯрокворӣ ва ашёи лозимаро ҷамъ карда, ба таври кӯч ба Хӯҷатакровут равона мешуданд. Мувофиқи таомули он давра як шахс харид мекард ва аҳли «кӯч» ин маблағро тақсим карда, ба ӯ бармегардониданд. Дар Хӯҷатакровурт зоирон бо «кӯчи» худ дар шипангҳо, хаймаҳо ҷойгир шуда, 2 рӯз истироҳат ва дилхушӣ ме­карданд, дар рӯзи сеюм аҳли «кӯч» ҷамъ шуда ба лолачинӣ мебаромаданд. Барои ин аз Канд дарахти сершох меоварданд ва пас аз он, лолаҳои ҷамъшударо ба зарфҳо ҷой мекарданд. Лолаи боқимондаро ба дарахти сершох овехта, онро ба ароба ҷой мекарданд ва ба шаҳри Канд бармегаштаанд. Сайри лола ба Канд мекӯчид. Дар маҳаллаи Ишикорҷои шаҳр ҳар як «кӯч» алоҳида ҷойгир шуда, бо лолаҳои овардаи худ дарахти сершохро ороиш дода, барои беҳтарин лола мусобиқа мекарданд.

Ад.: Б.Р.Турсунов, Аз таърихи маконҳои муқаддаси воҳаи Конибодом (дар мисоли мазори Хӯҷатакровут), Хӯҷанд - 2007.