Вторник
19.03.2024
08:32
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Джамоат Пулодон

Ҷамоати Пӯлодон – Jamoat Pulodon

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОДОН, марказаш деҳаи Пӯлодон, санаи ташкили он - 02. 09. 1919. Ҷамоати Пӯлодон яке аз ҷамоатҳои калонтарин ва бонуфузтарин дар шаҳру ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар 5197 хоҷагии ин ҷамоат 33441 нафар аҳолӣ (ба 01.01.2017) истиқомат мекунанд. Дар ҳудуди ин ҷамоат 1912 хоҷагиҳои кишоварзӣ, деҳаҳои аҳолинишини Пӯлодон, Ғалчамулло, Работ, Сари кӯй, Роҳи нав, Таги тӯда, Ободон, шаҳраки Курғонча, ҶС ба номи Энаҷон Бойматова, ҳафт мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, комбинати таълимию истеҳсолии байнимактабӣ, дармонгоҳ, панҷ пункти тиббӣ, китобхона, хонаи маданият, бозор, заводҳои пахтатозакунӣ ва равганкашӣ, масоҷид ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд. Ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ибтидо аз чор ҷамоат: Пӯлодон, Работ, Сари кӯй ва Роҳи нав иборат буд. Аз солҳои 50-уми асри XX дар натиҷаи муттаҳидшавии колхозҳо фаъолияти ҷамоатҳо нисбатан маҳдуд гардида, муттаҳидкунии онҳо оғоз гардид. Бо Укази Президиуми Со­вети Олии РСС Тоҷикистон аз 30.10.1948 ҷамоати Роҳи нав барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Сари кӯй ҳамроҳ кар­да шуд. Бо фармон аз 03.11.1950 ҷамоати Сари кӯй барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 26.05.1952 деҳаи Ғалчамулло аз ҳудуди ҷамоати Пӯлодон бароварда шуда, ба ҳудуди ҷамоати Работ ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 08.10.1954 ҷамоати Работ барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 01.10.1956 ҷамоати Патар барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд.

Бо фармон аз 05.01.1965 ҷамоати Патар аз нав ташкил ёфта, деҳаҳои Па­тар, Калпаса, Халтақишлоқ, Яккатерак, ҳудуди идораи ҷангал, заводи равған, за­води пахта аз тобеияти ҷамоати Пӯлодон ба тобеияти ҷамоати Патар гузаронида шуданд. Ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ҷумҳурӣ чун манбаи кадрҳои баландихтисос шӯҳрат ёфтааст. Аз ҳудуди ин ҷамоат, се нафар ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, сазовор гардидаанд, даҳҳо олимони барҷаста фарзандони ин маконанд. Ҷамоати Пӯлодон аз лиҳози ободонӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятии намунавӣ ва тартибу танзими расму оинҳои нав борҳо ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ гардида буд.

Дар ин ҷамоат дар солҳои гуногун ба сифати раис:

Азимов Мухсинбой (аз 09.09.1919),

Мирзоумаров Акбар (1922),

Заӣниддинов Ғиёсиддин (1933-34),

Турсунов (1935),

Ортиқов Маҳкамбой (1936-37),

Шокиров Ахмадҷон (1937-39),

Назирова Шарифа (1955-63),

Отахонов Исмоил (1963-64),

Тайфиқов Юнус (1964-66),

Боҳиров Турсунбой (1966-75),

Ҷӯраев Сайдулло (1975-82),

Раҷабова Фарида (1982- 85),

Бобоолимова Фотима (1985-90),

Марасулов Мухтор (1990-95),

Шарифов Бахтиёр (1995-97),

Ҷабборов Ҳасанбой (1997-2001),

Шарифов Бахтиёр (2001-03),

Юсуфова Ҳанифа (2003 -11),

Шарифов Боҳир (2011-2013),

Холматова Дилбар (2013-2015).

Ализода Набичон (17. 03. 2015 -..)

Дата образования: 9 сентября 1919 г

Что означает это название: Топоним «Пулотон» правильнее будет «Пулодон», означает «Стальные» и состоит из слова " пӯлод" - означающий "стальной" и «-он» (-о (хо); -ан, -ун, -йон, -йун, -ён) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты.

Центр: деха Пулодон

Территория: 4633 км. На территории джамоата 7 общеобразовательных учреждений; дом культуры; 2 клуба; 7 библиотек; 4 оздоровительных центров; 5 спортзала; 2 спортплощадки. Действуют завод по переработке  обработки хлопка; цех по производству растительного масла; кирпича; пиво; швейный цех ( на  декабря 2014 ).

Население джамоата  

Название городов,

дехов и пгт.

(на 01.01.2017 г.)

Население городов, дехов и пгт. на:

Расстояние от центра 

джамоата до деха, км.

15.01.1959

1970

1979

1989

1999

01.01.2009 

2014 

 Галчамулло

 

 

 

   

 

 

 

 Ободон

 

 

 

   

 

 

 

 Пулодон

 

 

 

   

 

 

 

 Равот

 

 

 

   

 

 

 

 Рохи нав

 

 

 

   

 

 

 

 Сари куй

 

 

 

   

 

 

 

 Таги туда

 

 

 

   

 

 

 

Хамаги /Итого

         

29271 человек Из них: Мужчин - 14272 человек, Женщин – 14749 человек

31985 человек.

 

на 1.1.2017 г.

 

Исторические документы:

Административно-территориальное деление Таджикской ССР, Указ от 04.01.1963 г. (перейдите по ссылке)

Указ от 28.07.1954 г. (перейдите по ссылке)