Вторник
19.03.2024
14:05
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Таърихи дехаи Понгоз. Кисми 2

 Таснифи пайдоиши наҷодҳо

 т/р

Номи худоҳо

Пешомадагон

Наҷодҳо

Қавму қабила ва миллатҳо

Ранги пўст

1

Яҳво

Одаму Ҳавво

Аврупоӣ

Яҳудиҳо, славянҳо ва диғар қавму қабилаҳои мағрибӣ

Сафед-пўстон

2

Ҳурмузд

Каюмарс Мошону

Машон.

Ориёнӣ

Ориёни аҷамӣ, эронӣ, ориени

Вайҷа, форсҳо, тоҷикон

Гандум-рангон

3

Ҳақ

Бараҳман

Африқоӣ

Африқоиҳо, ҳиндуҳои ҳинд, ҳиндуҳои африқоӣ

Сиёҳ-пўстон

4

 

Тўрониҳо

Муғулӣ

Ўзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо

Гандум-рангон

 

Ба шаҳодати академик Н.Неъматов маҷмўаи сангтасвираҳои дараҳои Понғозу Қуруқсой, Шайдону Чоргонаксой ба миёна ва нимаи дуюми ҳазораи якуми то милод тааллуқ дорад. Боқимондаҳои устухонхонаҳои зардуштӣ (сағонаҳо) дар деҳаи Понғоз дар асри ХХ ва имрўзҳо ҳам дар қабристонҳо арзи вуҷуд доранд. Солҳои 50-уми асри ХХ як қисми устухонхонаи дар қабристони Бобои Ҳаддод буда (дахмаи ҳозираи Қалъа), ҷои ҳозираи майдончаи варзишии мактаби рақами 4, маркази боду ҳавосанҷии Понғоз вайрон карда шуд. Ҳоло дар Қалъаи Бобои Муттақ ду устухонхонаи (сағонаи) хурду калон дар шакли қадима арзи вуҷуд дорад. Устухонхонаи калони умумии барои кўдакон буда, устухонхонаи хурд оилавӣ аст. Дар устухонхонаи хурд то ҳол ҳам ҷасади оилаи хешро мегузоранд (асосан кўдаконро).

Далели ин гуфтаҳо калимаҳои муғхона, ғорхона, авринггузар, кўҳи муғ, дахмаҷойҳо, қурум (грум) ва ғайраҳоанд, ки дар гуфтори мардуми мо боқӣ мондааст. Муғхонаҳо ҳамчун чуқурӣ то солҳои 70-уми асри ХХ дар дашти маҳаллаи Муллоён вуҷуд доштанд, вале одамон онро аз сангу хок пур карда, ҳоло ба боғот табдил додаанд. Дини зардуштӣ яке аз динҳои миллӣ чӣ дар Осиё, Африқо, Амрико, то асрҳои Х-ХV маъмул ва машҳур буд. Ин дин ба одамон ростӣ, некӣ, равшанӣ, зебоиро талқин мекард. Шиори ин дин «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» буд. Баёнгару аёнгари дини зардушт мўъбадони мўъбади «Авесто» буданд.

Тахминан ҳазору панҷсад сол, то асри Х дини зардуштӣ дар ин деҳаи қадимаи Понғоз ҳукмронӣ дошт. Ривояти ҷоришавии дини ислом дар деҳа чунин аст. Яке аз хешовандони Қутайба ибни Муслим (асри VIII), ки якчанд сол сабақи ҷангӣ дошт, бо лашкараш ба деҳа меоянд. Ў лақаби Баҳодури Баҳодурхонро соҳиб буд. Аз пастобаи дарёи Сир гузашта, ба ин ҷо бо корвони аспу уштур, раҳсипор гашт. Дар маркази деҳа, ки он вақт Бободархон ном дошт, чун тоҷир худро муаррифӣ карданд. Аз сокинони деҳа, хоҳиш карданд, ки барои харидани молҳои рўзғор оянд. Сипас онҳоро ба дини нави ислом даъват карданд, ки аҳолӣ онро бо хушнудӣ қабул карданд.

Се шохаи шоҳроҳи «Роҳи Бузурги Абрешим» аз сарзамини Ашт, аз он ҷумла Понғоз мегузашт.

1.            Аз Попу Чусту Намангон, Косон, Чодак, Ашт, Хуҷистон, Хуҷанд, Зомин, Ҷиззах ва Самарқанд мегузашт.

2.            Аз Шош сар карда, Оқангарон, Лашкарак, бо ағбаи Қурама, Понғози боло, Бободархон, Шайдон ва Хуҷистон васл мешуд.

3.            Аз Тошкент сар шуда, бо силсилакўҳи Қурама ва ағбаи Кандирдавон, Мулломир, Кули Хўҷа, Бободархон, Шайдон, Хуҷанду Хуқанд пайваст мешуд.

Дар шохаи ду ва се дар фасли зимистон корвонкашон кам мегузаштанд, чунки роҳҳо ноҳамвору сербарф буданд. Бо василаи ин роҳҳо бештар намак, қанд, маҳсулоти боғдорӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, ғалладонагӣ кашонида мефурўхтанду мехариданд.

Тоҷикон дар ташкил кардани «Роҳи Абрешим» ҳиссаи калон гузоштаанд. Бо ин роҳ то Чину Мочин, Рус, Рум мерафтанд. Суғдиён дар як моҳ як бор бозори калон ташкил мекарданд, ки 7-10 рўз давом мекард. Аз Чин савдогарон шоҳӣ, косаву табақ, доруҳо меоварданд. Аспҳои водии Фарғона дар бозори ҷаҳонӣ маълуму машҳур буд.

Аз ривоятҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки вақте кўдак таваллуд мешавад, ба забони ў асал мемолиданд, то ки чун асал забонаш ширин шаваду ба дасташ тангаи тилло мебастанд, то ин ки пулёбу молёб шавад.

Дар замони Сосониён, ки онҳо ҳокимиятро 400 сол дар даст доштанд (солҳои 224-651) ва минбаъда халифаҳои араб Уммавиён (661-750) ва Аббосиён (750-1258) давлатдорӣ карданд, тоҷикон дар парокандагиву сарсонӣ ва бесару сомон буданд. Муттаҳидкуниву барқароркуниву пуриқтидоркунии тоҷикон асри IХ оғоз ёфт. Ҳукмронии Сомониён аз соли 874 то 999 барқарору устувор буд, ки масоҳати давлат қариб 1 миллион км2 буд. Дар он давру замон равобити сулҳу ваҳдат байни қавму қабилаҳо пойдор буд, яъне давлат бо сиёсат, мулк бо тиҷорат равнақ ёфт.

Деҳаи Понғоз дар ин давра дар канор набуд. Ба ин ҷо оҳангарони аштӣ омаданд. Оҳангархонаҳо дар Бурак, Устоён, Бободархон бунёд карда, аз фулузоти Адрасмону Консой, Қаромазор (кўҳи сим) оварда, бо ангишт оташ карда оҳанро об карда, оҳангарон барои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, шикорчигӣ олотҳои зарурӣ месохтанд. Намунаи ин олотҳо ҳоло ҳам дар деҳаи Понғоз мавҷуд аст. Зину узангу, досу болға, занҷир, афзорҳои асп ва ғайраҳоро мебинем, ки аз оҳану биринҷ сохта шудаанд. Баробари тараққиёти оҳангарӣ, кулолӣ, кандакорӣ, нақшу нигори пештоқҳо ҳоло ҳам дар хонаҳои қадима, масҷиду мадрасаҳо, таҳмонҳои ҳуҷраҳо, пешсутуни айвонҳо боқӣ мондааст. Асбоби рўзғори чинӣ, сафолӣ, матоъҳо аз бозори тоҷирони роҳгузари «Роҳи Абрешим» дар Бободархон бо ивази пул ва ё маҳсулоти кишоварзӣ харида мешуд.

Дар давраи ҳукмронии Қарохониҳо, Муғулҳо, Темуриён, Шайбониҳо ва Аштархониён вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии Понғоз чӣ гуна буд?

Салтанати туркони Қарохонӣ дар водии Фарғона, аз ҷумла ноҳияи Ашт пурвусъаттар буд. Давраи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии аштиён ба ҷаҳонсўзию ҷаҳонкушоии ўрдуи ваҳшатбори муғул, ҳокимияти Темуру Темуриён, салтанати сулолаи Шайбониён ва Аштархониён иртиботи ногусастание дорад. Аммо омезиши Тўрониён бо Понғозиҳо, ки аслан авлоди Ориённаҷоданд, баргузор нагардид. Сабаб он ки аввало деҳаи Понғоз дурдаст буд, гирду атрофи он бо кўҳҳои осмонбўс ҳисора дошт:

1.            Аз он гузаштани Тўрониён амри маҳол буд.

2.            Ғурури миллии авлоди Ориёнии ору номус дошта, дар мадди назари аввал буд.

3.            Фарқияти куллии забони модарӣ, расму русум, анъанаҳо, фарҳангу маданияти ориёӣ-аҷдодӣ буд, ки садди роҳи омезишу олоиши забони модарӣ ва анъанаҳои милливу оинҳои динӣ гардид.

Барои туркони саҳроӣ, ки кўчӣ буданд, гузаштан аз ин садди роҳ ба ҳисораи Понғозиҳо имконнопазир буд. Омезишу олоиши забон, адабиёт, фарҳанг, расму русум, оинҳои динӣ ба тўрониён, ки аз корвони тамаддуни олам қафо монда буданд, фақат дар водиҳои маҳалли тоҷикнишини ноҳияи Ашт амалӣ шуд. Ин ҳаводис на фақат дар деҳаи Понғоз инчунин дар деҳаи Пунук, қисман дар Ашт, берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Чуст, Поп, Чодак, Бақсуқ ва тоҷикони Оҳангарон низ мушоҳида мешавад, ки гарчи онҳо дар тасарруфи тўрониён бошанд ҳам, асли бунёди забони модарӣ, анъанаҳои миллии худро гум накардаанд. Ин ҳақиқати таърихиро, ки собит аст, имрўзҳо ҳам тадқиқоти илмӣ - таърихӣ, этнографӣ метавонад тасдиқ намояд. Аммо ин ҳама омўзиши махсусеро аз таърихшиносон интизору интизор аст.

Бино ба маълумоти А.Е.Кузнетсова 500 нафар сарбозони исломӣ ҷиҳод эълон намуда, ба деҳаи Понғоз ҳуҷум ва бо сокинони маҳаллӣ задухўрд карданд. Ба ин ҷанг бо тайёрии пешакӣ ҷанговарони соҳибтаҷриба ва боистеъдод дохил шуда буданд. Дар ин задухўрди шадид Зардуштиён муқобилияти сахт нишон дода, дар айёми ҳуҷум ва забти диҷҳои Зардуштиён сарбозони фотеҳи исломӣ талафоти калон доданд. Ин ҷанги аҷнабиёни тозӣ муддати дарозу тўлонӣ буд. Арабҳо борҳо талафот дода, ба қафо баргаштанд. Аз сабаби парокандагии диҷҳо дар Шахак, Қалъаи шоҳ «Кўҳи Муғ» ва парокандагии занону кўдакони хурдсол дар кўҳҳои душворгузар, нобаробарии қувваҳо, зардуштону муғони оташпараст бо арабҳо сулҳ бастанд. Дертар тадриҷан дини ислом ба ҷои дини зардуштӣ ҷорӣ шуд. Ин ҳаводис ихтиёрӣ, на иҷборӣ сурат гарифта буд. Таърихи дини зардуштӣ аз асри V-и то милод то асри Х-и мелодӣ баробари 1500 сол мебошад.

Аз таҳлили таърихи Понғоз бармеояд, ки Зардуштиёни Понғозӣ ягона одамоне буданд, ки муборизаи шадидеро зидди арабҳо дар қисми шимолии Тоҷикистон оғоз карда буданд.

Ақидаи дигаре низ ҳаст, ки гўё то асри ХIII ин деҳаи кўҳӣ Чоркўҳ ном дошт, ҳуҷуми муғулҳо ба Хуҷандро шунида, 500 нафар ихтиёриён ба кўмаки онон шитофтанд. Онҳо медонистанд, ки баъди ишғоли Хуҷанд ба дигар маҳалҳо низ муғулҳо сар мехалонанд.

Дар роҳ тахминан дар ҷои ҳозираи Даҳана сарбозони панҷсаднафара ба қабилаҳои Қарохитоӣ, ки ба қасди ишғоли деҳаи Чоркўҳ меомаданд, вохўрданд. Ҷанги нобаробар сар шуд. Дар ин ҷанг 500 нафар сарбозони шуҷои чоркўҳӣ ғалабаи комил ба даст оварданд. Хабари ин ғалаба ба деҳа зуд чунин паҳн шуд: «Понсад ғозӣ омада истодаанд». Бо ҳамин номи деҳа дар асри ХIII аввал Панҷсадғозӣ, Понсадғозӣ, сипас ихтисор шуда, Понғоз шудааст. Кадоме аз ин ақидаро қабул кунед, ихтиёратон, хонандагони азиз.
Аз соли 1709 то 1876 Понғоз дар тасарруфи давлатдории хонҳои Хўқанд буд. Дар ин солҳо хонҳои Хўқанд водии Фарғона, Тошкент, Оҳангарон, Қаротегин ва дигар навоҳиҳоро ба ихтиёри худ гарифта буданд. Дар замони салтанати Шоҳрухбийи олимақом дар хонигарии Хўқанд 6000 нафар лашкари омехтаи тоҷику ўзбек, қазоқу қирғиз ташкил шуда буд. Ин лашкари Шоҳрухбий савораю пиёда, аз таҷҳизоти техникӣ заиф буда, бо яроқҳои анъанавӣ мусаллаҳ буданд. Сипас хонигарӣ ба Олимхон дар солҳои 1798 то соли 1810, баъди он ҳукмронии Умархон соли 1810 то соли 1822 сурат гирифта буд.
Понғозиҳо дар ҳайати лашкари хонҳои Хўқанд сарбозони зиёд доштанд. Ба монанди Авазбий, ки Маъдан мегўяд:
 

Аваз шуд Авазҷонбӣ, бибиҷон намирад, ё раб,
Ки бо чашмбанду фаранҷӣ пинҳон намирад, ё раб.

 
Ҳамчунин Ниёзмуҳаммад, Абдуллоҳ, Мирзоқаландар ва дигарон низ дар ҳайати лашкари Хўқанд буданд. Лашкари хонҳои Хўқанд аз юзбошӣ -дастаи саднафара, мингбошӣ - дастаи ҳазорнафара ва аз элликбошӣ - дастаи 50-нафара, инчунин Қўрабошӣ (сарвари қўраҳо) иборат буд.
Сарбозони Понғозии дар боло номбурда сарвари дастаҳои Элликбошӣ буданд, яъне ба 50 нафар фармонфармоӣ мекарданд. Дар он солҳо сарвари Чодаку Понғоз Бозорқули Меҳтарӣ ном дошт, ки аз муқаррабони Умархон буд. Дар ноҳияи Ашти ҳозира дар деҳаҳои калон дастаҳои махсуси ҳарбӣ ташкил шуда буд. Дар Ашту Ошоба, аз он ҷумла Шаҳидону Понғоз, ки онҳо ба таркиби лашкари хони Хўқанд ворид буданд, чун сарбозони захиравӣ ному макон доштанд. Дар ин айём ҳуҷуми лашкари Умархон ба Хуҷанд, Ўротеппа ва дигар ноҳияҳои дуру наздик оғоз ёфт.
Ҳукмронии хони охирини Хўқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1875) то ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия идома дошт. Дар давраи ҳукмронии Худоёрхон ҷангҳои шадид нашуда бошад ҳам, аммо ситондани боҷу хироҷ, тороҷи боигарии шаҳру деҳаҳо ҷой дошт. Аз Понғозиҳо маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ситонда мешуд. Ҳатто дарахтонро ҳамчун маҳсулоти бинокорӣ, кандакорӣ бурида ба Хўқанд мефиристонанд, ки 12 дарвозаи қасри хони Хўқанд то имрўзҳо ҳам вуҷуд дорад, аз чўби чинори азими бемислу монанд, ки мазори Чинорбобо ном дорад, сохта шуда буд. Дар ин бобат мардуми Ашт ва Понғозиён чунин мегўянд:

 

Худоёр гурехта рафт,
Дарвоза кушода рафт.
Буду шуди тиллоро,
Ба ҳар ҷо пошида рафт.

 
Ё худ мардумони таҳҷоии тўронӣ то имрўзҳо ҳам ба забони ўзбекӣ чунин мегўянд:
Худоёр қочуб кетди,
Дарвоза очиб кетди.
Бармоғ тилло тангани,
Ҳар ҷойда сочиб кетди.

Дар интиҳои ҳукмронии Худоёрхон пеш аз ҳуҷуми генерал-губернатори Туркистон Романовский ба Хуҷанд барои муҳофизати Хуҷанд аз армияи рус лашкари 3500 нафараро дар Булоқу Қамишқўрғон, Боштол, Равот, Шайдону Понғоз бо фармони Худоёрхон ҷойгир карда буданд. Ин аскарон барои муҳофизати Хуҷанд аз қисмҳои армияи рус, ки ба тарафи соҳили рости дарёи Сир омаданӣ буданд, пешбинӣ мешуд. Аммо ин нақшаи ҳарбӣ амалӣ нагардид. Худоёрхон бо муқаррабонаш ва мансабдорони олимақом роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ҳамин тавр, давлати Хони Хўқанд, ки сарвари охиронаш Худоёрхон буд, ба Русия ҳамроҳ карда шуд. Бе ҷангу ҷидол, бе муҳориба бо сулҳу салоҳ.
Дар соли 1875 лашкари Русияи подшоҳӣ баъди забти Бухоро, Тошканд, Самарқанд ба водии Фарғона ҳуҷумро идома дод. Ин ҳаводис дар соҳили рости дарёи Сир чунин сурат гирифта буд. Лашкари Хони Хўқанд Худоёрхон, ки ҷамъулҷамъ 3500 нафар буданд ва дар соҳили рости дарёи Сир барои ҷанг омодагӣ доштаид, пароканда шуданд. Ағлаб роҳи гурезро пеш гирифта, ба манзилу маскани худ фирор карданд, як қисми ками сарбозони хон пароканда боқӣ монданд. Айёми забти ноҳияҳои соҳили рости дарёи Сир полковник Миллер Закамленский ба лашкари рус сарварӣ мекард. Аммо айёми забти ноҳияи ҳозираи Ашт, сарфармондеҳи рус Пичугин буд.
Аҳолии маҳаллӣ муқобилияти сахт нишон медоданд. Аҳолии деҳаҳои Ошоба, Оқҷар, Овлиқ, ки асосан ўзбекон буданд, муқобилияти шадид зоҳир намуданд. Аз сабаби афзалияти қувваҳои мусаллаҳи муқобил аҳолии дар боло номбурда шикаст хўрд. Сарбозони рус муборизонро беамон ба қатл мерасонданд.
Тасхири деҳаи Ошоба ҳузнангез буд. Сарбозони рус аҳолии маҳаллии Ошобаро, ки беяроқ буданд, қир карданд. Ин манзараи мудҳиш дар китоби олим - таърихшинос Ҷ.Раҳимов инъикос ёфтааст. Аҳолии маҳаллии Шайдон, Саро, Бободархон, Понғоз дар ин ҷанги нобаробар ширкат наварзиданд. Оқибатҳои фоҷиавии ин ҷанги мудҳишро одамони ин деҳаҳо аз сар нагузаронданд.
Баъди 5-6 соли ба тасарруфи худ гирифтани водии Фарғона то соли 1879 ташкили волостҳо оғоз ёфт. Дар деҳаи Понғоз волости Бободархон ташкил карда шуд, ки 6 деҳаҳои дуру наздикро дар бар мегарифт. Дар он солҳо волости Бободархон 12,7 ҳазор нафар аҳолӣ дошт. Чун пештара зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ дар деҳаи Понғоз ривоҷу равнақ меёфт. Аммо мардум ба ин нигоҳ накарда, ба мардикорӣ ба шаҳрҳои дуру наздик мерафтанд. Ин ҳаводис дар оғози асри ХХ буд. Дертар муҳоҷирони рус ихтиёрию иҷборӣ аз Русия ба водии Фарғона омаданд. Аз он ҷумла ба деҳаи Шайдон як қисми муҳоҷирони рус муқиминишин шуданд. Шакли ҳокимият чун ҷамоати деҳа амал мекард. Солҳои 1910-1915 аввалин молҳои рўзғори русҳо ба деҳаи Понғоз омад. Ин ҳам бошад шамъ, гўгирд, собун, карасин, қанд, шакар, аз молҳои фабрики матоъҳои пахтагин, мўина, асбобҳои рўзғор ва ғайраҳо буданд. Ин ҳама чизҳои воридшуда бо маҳсулоти кишоварзӣ, чормағзу тут, зардолу, себ иваз карда мешуд.
Понғозиҳо бори аввал ба молҳои олами тамаддуни аврупоӣ шинос мешуданд ва истифода мебурданд. Молҳои саноатӣ аз шаҳрҳои Осиёи Миёна бо туфайли савдогарон ба деҳаи Понғоз оварда мешуд. Дар ин кор инчунин саҳми мардикорон ҳам назаррас буд.
Бо ҳамин ҷамъбаст шуд таърихи мухтасари аз тарафи Русия забт кардани Осиёи Миёна дар водии Фарғона. Волосту ҷамоатҳои деҳа, ки ҳокимияти маҳалли буданд, ба генерал-губернатори Туркистон итоат мекарданд. Сарварони уездҳои дар шаҳр буда (уезди Хуҷанд, Намангон) ва ғайраҳо миёнарав буданд, ҳокимони уездҳо, волостҳо ва ҷамоатҳои деҳа, аз он ҷумла волости Бободархон соҳиби ҳуқуқҳои номаҳдуде шуданд. Бо ҳамин аҳолии деҳаи Понғоз дар муддати кўтоҳ аз ҷамъияти сохти феодалӣ ба сармоядорӣ гузашт.
 
ОЛОГИЯИ ТАЪРИХИ ДЕҲАИ ПОНҒОЗ
 
1.        Асрҳои VI-III то милод - пайдоиши аҳолии муқиминишин аз қабилаҳои Ориёнии Вайҷа, ки аз қавму қабилаҳои эронӣ дар Аҷаманд.
2.        Асрҳои II-I-и то милод, I-II-и милодӣ. Понғоз дар ҳайати давлати Даван
3.        Асрҳои II-IV - як қисми таркибии Кушониён
4.        Асрҳои IV-VI- дар тасарруфи ҳоқони Турк
5.        Асрҳои VII-VIII - хилофати араб.
6.        Асрҳои IХ-Х - як қисмати таркибии давлати Сомониён
7.        Асрҳои ХI-ХII -дар ҳайати ҳукумати Қарохониҳо
8.        Асри ХIII - ҳукмронии сулолаи муғулҳо
9.        Асрҳои ХIV-ХV -дар тасарруфи Темуриҳо
10.        Асри ХVI - дар ҳайати давлати Шайбониён
11.        Асри ХVП - ҳукмронии Аштархониҳо
12.        Асрҳои ХVII-ХIХ салтанати Хонҳои Хўқанд
13.        Солҳои 1856-1895 Ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна
14.        Солҳои 1918-1922. Барқароркунии Ҳокимияти Шўравӣ дар Понғоз. Муборизони роҳи озодӣ. Ҳаракати босмачигарӣ. Командири артиши сурх Василий бо ҳамроҳии Эрмат Эшматов моҳи августи соли 1918 дар Сари Бозор ҷамъомад намуда барқароршавии Ҳокимияти Шўравиро эълон карданд.
15.        Солҳои 1931-1937 Репрессияи Сталинӣ.
16.        Солҳои 1933-1937 Коллективонидани хоҷагии қишлоқ.
17.        Солҳои 194.1-1945 Ҷаиги Бузурги Ватанӣ
18.        Солҳои 1946-1960 Барқароркунии харобаҳои ҷанг
19.        Солҳои 1960-1990 Сохтмони сотсиализм
20.        25.12.1991 Фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ
21.   9.09.1991 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
22.     Солҳои 1992-1997 Ҷанги шаҳрвандӣ
23.     Соли 1996 - Пурра гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ.
 

БАРҚАРОРКУНИИ ҲОКИМИЯТИ ШЎРАВӢ ДАР ПОНҒОЗ
 
Баъди ба тасарруфи Русияи подшоҳӣ тадриҷан воридшавии Осиёи Миёна давлати худмухтории хонигарии Хўқанд низ аз байн рафт. Солҳои 1918-1922 барқароркунии Ҳокимияти Шўравӣ дар водии Фарғона, аз он ҷумла дар Понғоз шурўъ гардида буд. Барои таъмини бехатарии ҳокимияти маҳаллӣ ячейкаҳои аскарони сурх, ки иборат аз русҳо ва одамони таҳҷоӣ буданд, ташкил карда шуд. Ин ташкилотҳо дар шаҳрҳои калону хурд бунёд ёфт. Аммо дар деҳаҳои калону хурд ҳоло ташкили ҳокимияти Шўравӣ суст буд.
Ҳаракати аксулинқилобӣ ва хавфу хатари он дар пеш буд. Аз ин сабаб сафҳои афсарони инқилобӣ зина ба зина ташаккул ёфта, мустаҳкам мегарданд. Дар сафҳои қўшунҳои инқилобии водии Фарғона Понғозиҳо ҳам ширкат доштанд. Яке аз фаъолони инқилоби деҳаи Понғоз Нуриддин Аҳмадов буд. Ў соли 1918 ба сафи Армияи Сурх дохил шуд. Солҳои 1921-23 ҳамчун ёрдамчии сардори шўъбаи махсуси муборизаи зидди босмачиён дар шаҳри Хўқанд буд. Дертар ўро раиси иттифоқи «Қушчӣ» дар уезди Намангон таъин мекунанд. Бо ташаббуси ин сарбози инқилобӣ бунёди ҳокимияти маҳаллии болшевикон дар ноҳияи Ашт, аз ҷумла Понғоз сурат гирифт. Оғози ин ҳаводисро Понғозиҳо Аҳмади Хонкелдӣ номиданд. Он вақт маркази Понғоз деҳаи Бободархон буд. Дар ин деҳа ҳокимияти маҳаллии Понғоз ташкил шуд. Аввалин сарвари шўрои занон хоҳари Нуриддин Аҳмадов Файзиниссо буд, ки ҳаёти ҷамъиятии сиёсӣ ва иқтисодиро идора мекард ва як муддат раиси ҷамоат ҳам буд.
Дар солҳои 1922-23 дар сар то сари водии Фарғона баробари ташкилшавии Иттиҳоди Шўравӣ дар деҳаи Понғоз ба ҳокимияти маҳаллии Шўравӣ замина гузошта шуд. Ба сафи сарварони ҳокимияти маҳаллӣ занону духтарон низ ҷалб карда мешуданд. Маросимҳои ҳукуматӣ, ҷамъомадҳо гузаронида, он ба низому тартиб дароварда мешуд. Ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, фаранҷипартоӣ (саккизинчи март – фаранҷини торт) «8-март фаранҷиро парто», чун шиор дар деҳа маълум ва машҳур шуд. Аввалинҳое, ки фаранҷипартоӣ карданд, Файзиниссо, Гулбибӣ, Хурсандой ва ғайраҳо буданд, ки аз фаъолони Ҳокимияти маҳаллии Шўравӣ ба шумор мерафтанд. Баъдтар маркази деҳа аз Бободархон ба Понғоз кўчонда шуд. Дар ин давру замон ҳаракатҳои аксулинқилобӣ дар деҳаҳои Ошоба, Ашт, Понғоз, Даҳана, Шайдон, Қамишқурғон оғоз ёфт. Ба сафи он ҷавонон ворид шуданд ва задухўрдҳо байни инқилобчиёну аксулинқилобчиён ва ғоратгарии босмачиҳо сар шуд.
Солҳои 1918-1922 қувваҳои аксулинқилобӣ бо сарварии Раҳмонқул-қўрбошӣ, Ашўрмат-қўрбошӣ, Умарқул-қўрбошӣ дар деҳаҳои Ашт, Ошоба, Ғудос, Шайдон, Бободархон, Понғоз мардумро ғорат карда, бераҳмона мекуштанд, зидди Ҳокимияти Шўравӣ амал мекарданд. Ба деҳаи Понғоз, Бободархон Ашўрмат-қўрбошӣ ва дастаҳои он ҳамла оварда, ғоратгарию бедодгариҳо мекарданд. Ин аҳвол дар ҳамаи деҳаҳои ноҳияи Ашт аз тарафи босмачиён ба вуқўъ меомад. Ҳаракати босмачигарӣ боис шуд, ки мардум ба дигар музофотҳо фирор кунанд. Онон ба Тошканд, Оҳангарон, Фарғона, Қурама кўч бастанд. Қураи асосии босмачиён дар Ошоба дар таги кўҳи Бобои Об буд. Лашкари босмачиён зиёда аз 2000 нафарро ташкил мекард. Аксари муаллимон, комсомолон, фаъолонро қатл мекарданд, хонаҳоро оташ мезаданд. Одамон аз ҳуҷуми босмачиён огоҳ шуда, дар ҷои намоёни деҳа дар баландие алав (оташ) карда, бо дуди он мардумро огоҳ мекарданд. Мардум аз дидани дуди оташ ба кўҳҳо, хонаҳо, таҳхонаҳо паноҳ мебурданд.
Шўрои фронти Туркистон соли 1921 барои нест кардани дастаҳои босмачӣ дар водии Фарғона, аз он ҷумла ноҳияи Ашт қарор баровард. Ба он инқилобчиён Пўлод Ниёзов, Дадомат Азизов, Нуриддин Аҳмадов фиристонда шуданд. Соли 1922 дар яке аз ҷангҳои шадид Пўлод Ниёзов дар Ошоба аз дасти босмачиён ваҳшиёна кушта мешавад. Қабраш дар чорраҳаи деҳаи Булоқ аст.
Падари чекист Эшматов Эрмат ва хешовандони Дадомат Турсуновро босмачиён нобуд месозанд. Соли 1922 сарварони аксулинқилобӣ аз тарафи Ҳукумати Шўравӣ дастгир карда мешавад. Онон бо ҳукми суди Трибунали ҳарбии Туркистон қатл карда мешаванд. Дар ин боб дар китоби нависанда, шоир, шодравон Дилбар Аҳмадов «Дар лонаи босмачиён» амиқу дақиқ навишта шудааст. Раиси шўрои инқилобии волости Бободархон Муҳаммадбобо Яминов таъин мегардад. То ҳол дар байни мардуми Понғоз оид ба Рақмонқул-қўрбошӣ қиссае ҳаст, мардум онро аз даҳон ба даҳон мегўянду мешунаванд.
Боре Рақмонқул-қўрбошӣ ба Шайдон ба меҳмонӣ меояд. Ба косаи ў заҳри марги муш андохта, мадҳуш мекунанд. Сипас ба ҳокимияти маҳаллӣ хабар медиҳанд. Онро гирифта ба Хўқанд мебаранд.

Тақ-тақи дарвоза шуд,
Рафта бинам, кӣ бошад.
Китфашанда бешотар,
Бо Рақмонқул набошад.

Бо шикаст хўрдани дастаҳои босмачиён ҳаракати босмачигарӣ дар ноҳияи Ашт ва дар Понғоз хотима ёфт. Дар ташкили идораи милитсия Дадомат Азизов, Нуриддин Аҳмадов ҳиссаи бузурге гузоштанд. Соли 1924 аввалин мактаби ибтидоӣ дар деҳаи Понғоз кушода шуд. Соли 2004 мактаби рақами 4, ба номи Маъдан 80-солагии таъсисашро ҷашн гирифт.
29-сентябри соли 1926 ноқияи Ашт бо қарори Комитети Иҷроияи Марказии ҶШС Ўзбекистон дар ҳайати водии Фарғона, уезди Намангон ташкил карда мешавад.
Соли 1931 41 нафар аз оилаҳои Понғозиҳо бо молу мулк «кулак» карда мешавад, ки дар ин масъала ба шитобкорӣ роҳ дода шуда буд, аксарияти онҳо баъди вафоти Сталин сафед карда шуданд. Ин худ яке аз сабабҳои ҳаракати зиддишўравӣ, яъне давоми ҳаракати аксулинқилобӣ дар водии Фарғона мебошад. Одамони бегуноҳ, бомаърифат, фаъолон бадарға карда мешуданд. Муҳоҷирати навбатӣ ба шаҳрҳои Оҳангарон, Фарғона, Тошканд, Қурама, Бақсуқ ва ғайраҳо боз ҳам вусъат гирифт. Аммо ба зудӣ пеши роҳи ин сиёсат гирифта шуд. Баъзе ашхоси хабаркашу беимон дар тўҳмат ва бадарға кардани ашхоси доро «ҳиссаи сазовори» худро гузоштанд, ки аз гирифтани номи онҳо худдорӣ намудем.
Дар деҳаи Понғоз якчанд колхозҳо ташкил шуда буд. Сохтмони колхозӣ душвориҳои зиёдеро талаб мекард. Қувваи корӣ хеле кам буданд ва замини зиёд ҳам надоштанд.
Аввалин колхозҳо
1.         Саро бо номи «Совет» - Шодиқулов О.
2.         Бободархон - «Аскари Сурх» - Ашўров Муталиб
3.         Хиштхона - «Гулистон» - Холматов Одинабой
4.         Бурак - «Шотемур» - Сармусоқов Холмат
5.         Шахак «Зарбдори Ашт» - Гулматов Қурбонбой
6.         Хотхона - «1 -май» - Алиев Қосим
7.         Судҷа - «Маленков» - Раҳматуллоев Абдалӣ
8.         Хуҷибак - «Боғдори сурх» - Шарипов Абдуқодир
9.         Пушта - «Роҳи Ленин»-Алиев Дадомат
10.       Қалъа - «Крупская» -Собиров Абдулазиз
Дар сиёсати коллективонӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон азхудкунии заминҳои водии Вахш меистод. Зиёда аз 45 оилаҳои Понғози поён ва Понғози боло иҷборӣ ба он ҷо фиристода шуданд. Онон ба воситаи аробаи «Кутак» то Бешариқ, сипас бо қатора ба самти Душанбе омада, аз он ҷо савораю пиёда то Ёвон, Куйбишев, Колхозобод, Қумсангир ва дигар ноҳияҳо мерафтанд. Солҳои 1948-49 як қисми муҳоҷиршудагон ба Ватан баргаштанд, қисме аз онҳо ба касалӣ ва беморӣ дучор шуданд.
Он солҳо дар Понғоз соҳаи хоҷагии қишлоқ - боғдорӣ, ғаллакорӣ авҷ мегирифт. Таъмини деҳқонон ба замин ба роҳ монда шуда буд. - Дар ноҳияи Ашт 46-адад колхозҳо буд, ки онҳо аз 10 то 75 га замини корӣ ва лалмӣ доштанд. Ҳосилнокии меҳнат торафт меафзуд. Деҳқонони пешқадам дар слёти пешқадамони колхозчиён ширкат меварзиданд, заводи кони намак бо технологияи нав муҷаҳҳаз шуд. Коркарди маъданҳои кўҳи Қурама ба кор оғоз кард. Дар ин кор ҳиссаи олимони рус бузург аст. (ниг. Ба омўзиши геологии Понғоз).
Понғозиҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 900 нафар иштирок намуданд. Онҳо дар фронтҳои Белоруссия, Киев, Украина, мамолики Аврупо, Япония корнамоиву далерӣ нишон доданд. Имрўзҳо 42 нафар аз онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд, ки давлати пирӣ меронанд. Онон шоҳидони таърихи зиндаи мову шумоянд. Қодиров Ҳотамқул - иштирокчии паради «Ғалаба», Азимов Исматулло, Дадоҷонов Ҳувайдулло ва чанде дигарон аз ҷумла онҳоянд.
Дар таърихи шаҳидномаи Понғозиён, ки 313 нафар ҷанговарон сабт шудаанд, беному нишон дар ҷанг нобуд гаштанд. Аммо хотираи онҳо дар дилу дидаи мо авлодон ва наслҳои ҳозираи мо ҷовидонист. Боварии кас намеояд, ки аз як оила 4 нафар бародарон дар ҷанг беному нишон гум шуданд. Мисоли ин Ҳусейновҳо - Мадиброҳим, Ҳусенбой, Ирисалӣ, Ашўрмат.
Диловарию матонати Юлдош Нурматов, Парпиқул Усмонов, ки дар сарзамини Югославия ва Русия ҷангҳои беамон карданд, қобили таваҷҷўҳ аст. Омўзгор Усмонов П. соли 1988 бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд. Хотираи неки ҷанговаронро имрўзиён ва насли наврас ҳамчун дарсҳои шуҷоату матонат қабул карданд.
Зиёда аз 340 нафар афсарони Понғозӣ дар ҷанг ҷароҳат бардоштанд. Онҳо рўҳафтода нашуданд ва ҷангро давом доданд. Турсунов Мирзоаҳмад, Шарипов Ҷўрабек, Худоёров Холбой, Турсунов Тоҷиддин, Абдалӣ Худойбердиев, Раҷабов Исмоил, Комилов Боймат ва чанде дигарон аз зумраи онҳо буданд. Ақибгоҳ низ майдони фронтро мемонд. Пирону кампирон, занону наврасон, муаллимон шабу рўз кор мекарданд. Барои фронт озуқа, либоси гарм, ғалла, пойафзол гусел мекарданд. Ба гармову сармо нигоҳ накарда дар таъмиии талаботҳои аввалини аскарон буданд. Бо ташаббуси колхозчиёни деҳаҳои Саро, Бободархон, Хиштхона 33,6 ҳазор сўм пул ҷамъ карда, ба фронт фиристонда шуд, ки барои сохтани калоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» сарф карданд. 20-майи соли 1942 шўрои ноҳияи Ашт «Дар бораи рафти тайёрии аҳолӣ ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ва зидди химиявӣ» масъала муҳокима кард. Дар даври якум 447 нафар, дар даври дуюм 247 нафар таҳсил карда, ин бахшҳоро хатм карданд.
Дар ақибгоҳ Майсупов Абдукарим (чўпон), Мирзоматов Ҳусенбой, Раҷабов Ашўрмат (муаллим), Алиева Хурсандой (китобдор) ва чанде дигарон заҳмати бисёре кашиданд.
Роҷеъ ба ҷанговарони Понғозӣ як қатор ҷангноманависон Р.Сафаров, Д.Ахмедов, А. Мўъминов, С. Саодатдинов, Ф. Қурбонов, Ю.Рўзиматов ва як қатор олимон М.Исоматов, Р.Абдуллоев, Н.Азимов, А.Собиров, Ш.Ҳайдаров маводҳо омода ва нашр карданд.

Иштироки Понғозиён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
 
т/р    Номи маҳалла    Гумшудагон    Баргаштагон    Ҷамъ
1              Саро                      20                       31            51
2         Бободархон               34                       27            61
3           Хиштхона                 25                      14            39
4              Бурак                     41                      25            66
5    Судҷа ва Ходхона           18                      23            41
6    Муллоён ва Устоён         14                      17           31
7    Соқиён ва Пушта             13                      21           34
8    Қалъа                              18                      23            41
9    Хуҷибак                          11                      16            27
10    Шахак                           19                      15            34

Ҷанг бисёр хоҷагиҳоро хароб карда буд. Якчанд колхозҳо муттаҳид карда шуданд, як қатор хоҷагиҳои боғдорӣ, чорводорӣ, пахтакорӣ ривоҷ ёфт. Дар тарбияи кадрҳои педагогии мактабҳои Понғоз роли омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом бузург буд. Як қатор муаллимони Понғозӣ дар тарбияи насли наврас заҳмати беше ба харҷ доданд. Инҳо Боқиматов М., Қодиров Ҳ., Ахмедов Ф.. Маюсупов А., Ўрунов Я„ Масолиев Р., Фидоматов Н., С.А.Турсуновҳо, Ғафуров А., Воҳидов К., Файзуллоев М,, Дадоматов Б.,Камолиддинов Ҳ., Машарипов А., Мадалиев А, Қодиров Н., Ҳувайдуллоев Ф., Имомовҳо ва садҳо дигар муаллимони Понғозӣ дар тарбияи насли наврас вазифаи муқаддаси хешро иҷро карданд. Дар пешравии кори маорифи халқ И.Файзуллоев, А.Мирзоматов, С.Дадоматов, М.Шарипов, К.Қосимов, Ҳ.Азимов, А.Абдуқодиров корҳои шоёни диққат карданд.
Дар сохтмони иншоотҳо ва обод кардани заминҳои Ашти калон колхозу совхозҳои навбунёди шаҳракҳои Гулшан, Бахмалтеппа, Шайдон ва ғайра кори муҳандису сохтмончиён М.Саидов, А.Абдулазизов, А.Исоев, А.Миродиев, З.Мамадҷонов, И.Усмонбоев, М.Бобоев, А.Мирзоев, М.Мадумаров, Б.Абдувалиев ва садҳо нафар Понғозиён хеле пурарзиш буда, ҳиссаи хешро гузоштанд.
Иттиҳодияи чеварони хонакор дар ҳаёти Понғозу Понғозиён дигаргунии куллие овард. Занону духтарон дар хона алоча, палос, қолин бофта, дар оила 5-10 нафар кор мекарда