Вторник
19.03.2024
12:07
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Махрам (им. Ю.Гагарина, Махрам)

Деҳаи Маҳрам – Village Mahram

МАҲРАМ, деҳаест дар ҷ/д ба номи Эргаш Шарифови ноҳ. Конибодом. Аз Маҳрам то маркази ҷамоат - 6 км, то шаҳр - 26 км роҳи асфалтпӯш. Аз деҳа роҳи оҳани байниҷумҳуриявӣ мегузарад. Шумораи хоҷагиҳо 1324, аҳолиаш 8927 нафар (с. 01.01.2017), асосан тоҷикон. Деҳа 2 МТМУ дорад, ки дар онҳо 1703 хонанда таҳсил намуда, 172 нафар муаллимон кор мекунанд. Деҳа китобхона, клуб, беморхона, муолиҷагоҳ, дорухона, шӯъбаи алоқа, пункти пахта, коргоҳи таъмири қатораҳо дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорӣ, чорводорӣ ва кирмакпарварӣ аст. Заминҳо аз Канали калони Фарғона бо воситаи обкашҳо обёрӣ карда мешаванд. Таърихи пайдоиши деҳа бо сохта шудани қалъаи Маҳрам (асри XVIII) алоқамандӣ дорад. Қалъа ягона нуқтаи муҳофизати хонигарии Қӯқанд ба ҳисоб рафта, он деворҳои баланди васеъ ва дар атрофаш хандакҳои чуқури муҳофизати дошт, ки бари он то 4 метр буд. Қӯшунҳои Россия баъди забти шаҳрҳои Осиёи Миёна 12.08.1875 ба қалъаи Маҳрам ҳамла оварда, баъди талафоти зиёд онро забт намуданд ва ба сӯӣ Қӯқанд раҳсипор гардиданд. Қалъа дар асри XX тамоман вайрон шуда, боқимондаи он зери обанбори Қайроққум монд. Рассоми рус В.В.Вере­щагин манзараи фатҳи қалъаи Маҳрамро кашидааст, ки дар осорхонаи Эрмитажи ш. Санкт - Петербург маҳфуз аст. Баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи қӯшунҳои рус тақсимоти нави маъмурии ҳудудӣ гузаронида шуд. Аз рӯи он ҳудудӣ Конибо­дом ба ду вулус: Конибодом ва Маҳрам тақсим шуд. Ҳар яки он соҳибҳуқуқ буда, онро сардори Волисполком идора мекард. Вулуси Маҳрам то ташкили ноҳ. Конибодом (1925) вуҷуд дошт. Ба ҳайати он се ҷамоат: Қарақчиқум, Маҳрам ва Хамирҷӯй дохил мешуданд. Аз рӯи маълумоти тадқиқотчии рус М.С.Бичурин (1927) дар охири асри XIX дар Маҳрам 200 хонавода зиндагӣ мекард. Дар деҳа 11 санг осиёи обӣ, 15 масчид мавҷуд буд. Замини деҳқонон ба воситаи ҷӯйи Маҳрам ва аз обкашаки Мир Раҳими Хӯҷандӣ обёрӣ мешуд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ деҳаи Маҳрам рӯ ба ободӣ овард. Деҳқонон аввалин колхозҳоро бо номи «Тоҷикистони сурх», «Ударник», «Стаханов» ташкил дода, ба кори саҳро баромаданд. Дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳи барқии Қайроққум ва пайдоиши обанбори он замин ва хонаҳои истиқоматии деҳа зери об монд. Аҳолӣ дар дашт манзилҳои нав сохта даҳҳо гектар замини санглохро обшор ва боғҳои нав бунёд кард. Маҳрам зодгоҳи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Эргаш Шарифов, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҷонон Ӯрунова, Латиф Муродов, профессор Абдуҳамид Ҷалилов, кормандони ҳизбию давлатӣ Неъмат Ашӯров, Каромат Мирзоалиева, Ортиқ Қурбонов, Раҳим Мазоҳидов, номзадҳои илм: Худойдод Ҳусейнов, Аҳмадҷон Азимов, Агрономи хизматнишондода Набиҷон Мамадҷонов, яке аз муборизони роҳи озодӣ Мулло Эсан Шарифов, ҳуқуқшиноси маъруф Фозилҷон Охунов ва дигар номбардорони ин диёр аст.

Дата основания: 18 век

Описан 20.01.1876 г. "Арендаренко Г. Возмущение в Матче и действия против неприятеля Самаркандского отряда; Зимняя экспедиция генерал-майора Абрамова в верховья Зеравшана; Из Самарканда / Туркестанские ведомости 1876, №3, 15; 1878, №10" 

Прежнее название: "им. Ю.Гагарина" - "Махрам"

Что означает это название: Топоним «Махрам» означает «1. близкий друг; 2. близкий родственник мужа, от которого женщина не закрывает лица; 3. близкий родственник, состоящий в кровном родстве и не имеющий права вступать в брак с кем-либо из этой семьи».

Карта местности на Google map:

География: Махрам расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами:

Махрам — посёлок в Согдийской области Таджикистана в 45 километрах к востоку от Ходжента и в 15 километрах западнее города Канибадам. Махрам располагается на берегу Кайракумского водохранилища и на железнодорожной ветке Хаваст — Коканд.

Расстояние до центра джамоата 5 км

Расстояние до центра района 25 км

Расстояние до центра области г. Худжанд  45  км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

 

конец

19 века

1959 1979 1989 1999 2009 01.01.2017
Количество домохозяйств 200           1324
Количество населения             8927
из них мужчин              
из них женщин              
Количество медпунктов             1
Количество школ             2

Исторические факты:

В XIX веке Махрам — кокандское укрепление (крепость) на левом берегу реки Сырдарьи, располагавшееся в 44 верстах (то есть в 45 километрах) от Ходжента.
Во время восстания в Кокандском ханстве в 1873 - 1876 годах Махрам стал центром сил воставших. 22 августа 1875 года генерал Кауфман во время боевых действий против отрядов Кокандского ханства, приведших в конечно итоге к ликвидации ханства, взял эту крепость и совершенно разгромил кокандцев, потерявших в этой битве более 2 тыс. убитыми. С российской стороны было потеряно 5 убитыми и 8 ранеными. Однако, следует заметить, что русские войска понесли чувствительные потери через несколько дней после взятия укрепления.
В Ташкенте до революции 1917 года одна из центральных улиц города носила название Махрамский проспект.

Известные уроженцы:

ШАРИФОВ Эргаш (1913, деҳаи Маҳрами ноҳ. Конибодом - 25.04.1945, ш. Угерски - Броди Чехословакия), лейте­нанти хурд, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (15.05.1946 баъди ваф.). Мактаби 7 солаи деҳа ва Дорулмуаллимини тоҷикии ш. Тошкандро хатм намудааст. Солҳои 1930 - 33 муаллими н.Кангурти в.Кӯлоб буд. Моҳи сентябри с. 1933 ба хизмати ҳарбӣ рафт. Солҳои 1936 - 37 курси яксолаи Комиссариати корҳои дохилии ш.Тошкандро хатм кард. Соли 1942 директори стансияи мошинӣ-трактории н. Кировобод (Панҷ) таъйин гардид. Моҳи январи с. 1943 дафъаи дувум ба сафи Армияи Сурх даъват шуд. Моҳи июли с.1943 баъди хатми омӯзишгоҳи артиллерии ш.Красноярск ба арсаи набард даромад. Ба вазифаи командири взводи тӯпҳои 75 миллиметрии пол­ки 387-уми артиллерии ордени Суворов ва Богдан Хмелнитский дори Армияи 40-ум таъйин шуд. Взводи ӯ дар сафи аввалинҳо ба ш. Бэнкса - Бистритсаи Чехословакия зада даромада, барои пешравии қӯшунҳои пиёда шароит муҳайё кард. Дар ҷанг ба захмдор шуданаш нигоҳ накарда, то пурра аз душман озод кардани шаҳр аз майдони муҳориба берун набаромад. Дар як муддати кӯтоҳ аз Звелин то Угерски Брод взводи ӯ 5 тӯпи худгард ва бисёр афсарону сарбозони душманро несту нобуд карда, дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шуд. Корнамоии ҷангиаш баъди вафоташ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» тақдир гардид. Ба поси хотири ӯ дар ш. Угерски Броди Чехословакия санги хотиравӣ, дар Конибодом ҳайкали ёдгорӣ гузошта шудааст. Дар зодгоҳи қаҳрамон кӯчаву мактаб ва ҷамоат номи ӯро гирифтаанд.

Иргаш (Эргаш) Касымович Шарипов 
командир взвода 387-го артиллерийского полка (40-я армия, 2-й Украинский фронт), младший лейтенант. Родился в кишлаке Махрам ныне Канибадамского района Согдийской (до 2000 года – Ленинабадской) области Таджикистана в семье крестьянина. Таджик. В 1935-1937 годах проходил срочную службу в Красной Армии. Вернувшись домой, окончил курсы учителей в городе Ташкенте. Работал учителем средней школы в Кулябской области. Член ВКП(б) с 1940 года. В январе 1943 года был вновь призван в армию и направлен в артиллерийское училище. На фронте с июля 1943 года. К апрелю 1945 года младший лейтенант Шарипов воевал в составе 387-го артиллерийского полка. Отличился в боях при освобождении Чехословакии. 25 марта 1945 года в ходе наступления на город Банска-Бистрица огневой взвод младшего лейтенанта Шарипова действовал в боевых порядках пехоты. Принимая на себя вражеский огонь, выводил пушки на прямую наводку и огнем обеспечивал продвижение пехоты. В числе первых ворвался в город, в уличных боях уничтожил свыше 10 огневых точек противника. Был ранен, но остался в строю. 21-22 апреля в боях с превосходящими силами противника за город Угерски Брод взвод понес большие потери. Шарипов сам встал за наводчика и в упор расстреливал наступающих врагов. Был смертельно ранен, но продолжал вести огонь, пока не потерял сознание. Указом Президиума Верховного Совета СССР от 15 мая 1946 года за образцовое выполнение боевых заданий командования на фронте борьбы с немецко-фашистскими захватчиками и проявленные при этом мужество и героизм младшему лейтенанту Шарипову Иргашу Касымовичу присвоено звание Героя Советского Союза посмертно. Награжден орденом Ленина, медалями. Похоронен в городе Угерски Брод (Чехословакия). В городе Канибадам имя Героя носит улица, установлен его бюст.

МАЮСУПОВ Ахмаджон Дехканович, рядовой, водитель, родился 13.02.1966 в кишлаке Махрам с/с им. Э. Шарипова Канибадамского района Ленинабадской области Таджикской ССР. Таджик. Работал в колхозе "Коммунизм". В Вооруженные Силы СССР призван 12.4.85 Канибадамским ОГВК. В Республике Афганистан с августа 1985. Совершил более 20 рейсов по доставке боеприпасов, продовольствия и материальных средств частям дивизии. 7 раз принимал участие в отражении нападений мятежников на колонну подразделения. 24.11.1985 во время очередного рейса по маршруту Пули-Хумри — Баграм колонну обстреляли мятежники. МАЮСУПОВ Ахмаджон Дехканович проявив высокие профессиональные навыки, вывел свой поврежденный автомобиль из-под обстрела и освободил дорогу колонне. Заняв огневую позицию, огнем из личного оружия отражал нападение. В ходе боя получил смертельное ранение. Награждён орденом Красной Звезды (посмертно). Похоронен в кишлаке Махрам. Там его именем названа улица.

МАЮСУФОВ Аҳмад Деҳқонович (13.02.1966, деҳаи Маҳрам, ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов, ноҳ. Конибодом - 24.11.1985, Афғонистон, дар зодгоҳаш дафн шудааст), ҷанговари интернатсионалист. Соли 1973 ба синфи якуми мактаби миёнаи №31 (ба номи А.Ҷалилов) рафта, маълумоти син­фи VIII-po дар ин ҷо гирифтааст. Соли 1981 ба ОКТ №10 шаҳраки Нефтободи ноҳ. Исфара қабул гардида, онро с.1984 бомуваффақият хатм менамояд. Соли 1985 барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ сафарбар мегардад. Пас аз омодагии семоҳа дар ш.Кушкаи Туркманистон барои иҷрои қарзи башардӯстона ба Ҷумҳурии Афғонистон фиристода мешавад. 24.11.1985 дар ҷанги зидди душман (дар самти Пули Хумрӣ - Баҳром) қаҳрамонона ҳалок мегардад. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 21.03.1986 М. барои нишон додани ҷасорат ва қаҳрамонӣ ҳангоми иҷрои қарзи башардӯстона, баъди вафоташ бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст. Яке аз кӯчаҳои деҳаи Маҳрам ба номи ӯ гузошта шудааст.

ОХУНОВ Мурод Ёкубҷонович (01.01.1963, деҳаи Маҳрами ҷ/д ба номи Эргаш   Шарифов, ноҳ. Конибодом - 16.07.2013, ҳамон ҷо), ҷанговари интернатсионалист. Солҳои 1970 - 80 дар мактаби миёнаи №32 ба номи Эргаш Шарифов таҳсил на­мудааст. Баъд аз хатми мактаб дар ОКТ №18 (МДТ литсейи касбии саноати кишоварзии ш.Конибодом) таҳсил намуда, касби ронандаи тракторро омӯхт. 15.05.1981 аз тарафи комиссариати ҳарбии ш.Конибодом ба сафи Қуваваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шуд. Баъд аз гузаштани давраи омодагии наваскарӣ барои идомаи хизмат ба қисми ҳарбии 82869 фиристода шуд. Қисми ҳарбии мазкур дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон қарор дошт. Муродҷон Охунов ба монанди дигар ҷавонмардон қарзи байналмилалии худро иҷро намуда, дар набардҳои шадид ҷонбозиҳо кардааст. Дар яке аз чунин набардҳо 15.03.1982 вақти адои супориши ҷангӣ танки Муродҷон Охуновро муҷоҳидон аз кор бароварданд ва худи ӯ ҷароҳати вазнин аз гулӯлапораҳо гирифт. Барои ҷасорат, мардонагӣ ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 19.07.1982 Охунов бо ордени Ситораи Сурх (№3683621) мукофотонида шуд. Бо меда­ли Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон», медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

МАЗОИТОВ Раҳим (03.04.1914, деҳаи Маҳрами ноҳ. Конибодом - мар­иа 1980, шаҳраки Нефтободи ш.Исфара), корманди ҳизбӣ ва давлатӣ, Депу­тати Совети Олии РСС Тоҷикистон даъватҳои I (1938), II (1947), III (1951-55), IV (1955 - 59), узви ҳизби коммунист аз с. 1934. Солҳои 1928 - 32 дар мактаби ҳунаромӯзии фабрика - заводи (ФЗУ) - и назди коргоҳи нафт (САНТО) таҳсил на­муда, баъди хатми он пармагари кони нафт, солхои 1935 - 40 сардори идораи нафткашии КИМ (Нурафшон), 1940 – 42 мудири шӯъбаи саноати кумитаи ҳизбии вил. Ленинобод (Суғд) буд. Соли 1942 ихтиёран ба фронт рафт. Дар ҷанг командири баталиони тирандозии Фронти якуми Украина буд. Хизмати ҳарбиро дар ш. Прага (Чехославакия) ба охир расонид. Солҳои 1945 - 69 сардори идо­раи нафткашии КИМ буд. Дар зарфи зиёда аз 40 соли фаъолияти меҳнатиаш, истеҳсоли нафт сол аз сол афзуд. Чоҳҳои нав кофта, ба истифодабарӣ супориданд. Дар маркази ду шаҳраки аҳолинишини нефтчиён - КИМ ва Нефтобод биноҳои маъмурию истиқоматӣ, клубу мактаб, беморхона сохта шуданд. Барои хизматҳои шоёни ҷангиву меҳнатиаш бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I, Ситораи Сурх, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Борҳо ба депутатии Советҳои шаҳрию вилоятӣ ва узвияти КМ ҲК Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

Достопримечательности:

Масчиди панҷвақтаи Салмони форс. Масчиди панҷвақтаи мазкур аз с.1994 фаъолият мекунад. Бинои масчид ба тар­зи ҳашар бунёд шудааст. Масчид тобеи масчиди ҷомеи Имом Муслим мебошад. Суроға: ҷ/д ба номи Эргаш Шарифов, деҳаи Маҳрам, кӯчаи Назаров, 3.

Исторические документы: