Вторник 26.09.2023 08:06 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Джамоат им. Г.Ортикова (им. К.Ворошилова)Ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов – Jamoat named by Gafurjon OrtiqovҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҒАФУРҶОН ОРТИҚОВ (марказаш – Кӯйи қозиён). Дар ибтидо он аз чор ҷамоат: Фирӯзоба, Кӯйи қозиён, Шаҳидқароянтоқ (Диловарон) ва Шӯрқурғон иборат буд. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30.10.1948 ҷамоати Фирӯзоба барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Кӯйи қозиён ҳамроҳ карда шуд. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30.11.1951 ҷамоати Шӯрқурғон, аз 28.07.1954 ҷамоати Кӯйи қозиён ва Шаҳидқароянтоқ барҳам дода шуда, ҳудуди онҳо ба ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов ҳамроҳ карда шуданд. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 01.10.1956 ҷамоати ба номи Ворошилов, (марказаш Кӯйи қозиён) ташкил карда шуд. 21.01.1958 ҷамоати мазкур ба номи Ғафурҷон Ортиқов номгузорӣ гардид. Ба ҳайати ин ҷамоат: деҳаҳои Кӯйи қозиён, Диловарон (Шаҳидқароянтоқ), Курғонча, шаҳракҳои Айнӣ, Сайхун (Калинин), деҳаҳои Шӯркурғон, Истиқлолият (Тағой кӯйчӣ), Гулбоғ (Тути қавола) ва Фирӯзоба дохиланд. Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов дар ш.Конибодом яке аз калонтарин ҷамоатҳо ба ҳисоб рафта, дар он 4537 хоҷагӣ, 26497 нафар (01.01.2017) аҳолӣ иқомат доранд. Дар ҳудуди ҷамоат 6 МТМУ (№14, 16, 17, 22, 37, 52), 3 муассисаи томактабӣ, 3 коргоҳ, 3 дармонгоҳ, 3 пункти тиббӣ, чойхона, бозор ва 878 хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷойгиранд. Аз ин ҷамоати деҳот даҳ нафар ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалисти ва 1 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор шудаанд, даҳҳо нафар ходимони ҳизбию давлатӣ, докторҳо ва номзадҳои илм зодагони ин ҷамоатанд. Инҳо раиси ҷамоати деҳот буданд: Юлдошева Ҳамро (1958-64), Қаҳҳоров Ҷӯра (1964-75), Ғафуров Абдуқаюм (1975-77), Мамадҷонов Шариф (1977-79), Қаюмова Қумрӣ (1979-84), Раҷабов Муҳидин (1984-89), Тӯйчибоев Юсуф (1989-91), Мансуров Орифҷон (1991-92), Мамадҷонов Сиддиқ (1992-99), Ҳакимов Зокир (1999-2006), Ваҳҳобов Маҳмуд (2006-2010), Ҷӯраев Мавлон (2010-2011), Ғафуров Абдуфаттоҳ (2011-2014), Мамадов Равшан (2014-2015), Ҷӯраев Ҷамшед (2015), Усмон-зода Ҳаӣдар Усмон (2015 - 04.2018), Эргашев Фирдавс (16.04.2018-...) Дата образования: 1937 г. Прежнее название: им. К.Ворошилова (до 10.12.1957 г.) Что означает это название: Назван в честь председателя колхоза «Коммунист» Канибадамского района Ленинабадской области, Героя Социалистического Труда Гафурджона Ортикова. Центр: деха Куйи Козиён Территория: На территории джамоата находятся 7 сел и 2 посёлка. Число общеобразовательных учебных заведений – 6, оздоровительных центров – 3, больниц – 4, библиотек – 3, спортивных залов – 5. Население джамоата
на 1.1.2017 г. Достопримечательности: Масчиди панҷвақтаи Қурғонча. Солҳои 1990-91 ба тариқи ҳашар бунёд гардидааст. Суроға: ҷ/д ба номи Ғафурҷон Ортиқов, кӯчаи ба номи Берунӣ, 73а. Известные уроженцы:
Исторические документы: Административно-территориальное деление Таджикской ССР, Указ от 04.01.1963 г. (перейдите по ссылке)
|
Copyright OOO "BOOM" © 2023 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |