Вторник
19.03.2024
07:37
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Джамоат Гозиён

Ҷамоати Ғозиён – Jamoat Ghoziyon 

Ҷамоати деҳоти Ғозиён 05 январи соли 1965 ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ҷамоат 544,86 га мебошад. Шумораи ахоли ба 01.01.2013 -18629 нафар мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат тоҷикон, ӯзбекон ва русҳо зиндагони мекунанд. Дар ҳудуди ҷамоат 1 корхонаи хиштбарори фаъолият намуда истодааст. Инчунин ҷамоат дорои шӯъбаҳои алоқа, 20 муассисаҳои хизматрасони дорад. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиён 5 мактабҳои таҳислоти умумӣ, 2 муассисаҳои томактабӣ, 2 клуб, 3 марказҳои саломати, 1 хонаи саломати, 1 масҷиди ҷомеа ва 3 масҷиди панҷвақта дорад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд деҳаҳои Ғозиён ва Чорсу аз қадимтарин деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешудаанд. Ғозиён аз давраи тасаллути ислом дар атрофи Хуҷанд номи худро чун пойгоҳи "Ғозиҳо" (ҷанговарони роҳи дини мубини ислом) аз ҳамин калима гирифтааст. Яъне ҳудуди ҳозираи деҳа он вақт макони исти лашкари араб будааст. Азбаски идораи Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар маркази он ҷойгир шуда буд, чунин номида шудааст. Дар Ҷамоати Ғозиён деҳаҳои Чорсу, Деҳаи Боло, Охер, Қотма, Седаста, Ғозиён, Гумбаз, Деҳаи Поён дохил мешаванд. Дар байни ин деҳаҳо Чорсу, Ғозиён, Деҳаи Боло аҳолиаш сернуфузанд. Дар ҳудуди Ҷамоат зиёда аз 17 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар Ҷамоат имрўз 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи атомии Чернобил  ва зиёда аз 800 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 15 нафар Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ фахр мекунанд: Пӯлод Бобокалонов, Орифбой Неъматов, Абдуҳамид Баротов, Муллорозиқ Бобоҷонов, Раҳматбой Султонов, Бихосият Миролимова, Тошпӯлод Норматов, Шарифбой Ашӯров, Гадойбой Юлдошев, Хайрӣ Умарова, Дилбар Нурматова, Холмамад Шарифов, Каримбой Маҳкамов, Деҳқонбой Қобилов, Ҷӯрабой Отаев ва бисёр номварони дигар кор ва зиндагӣ кардаанд, ки меҳнаташон имрӯз ибрати ҳамагон аст. Онҳо ба рушди деҳот, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Дехаи Ғозиён хамчунин зодгоҳи арбоби намоёни давлатӣ, Президенти аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов ба ҳисоб меравад. Дар ин деҳаи назаррабо боз бисёр олимон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, табибон ва ҳуқуқшиносони шинохта зиндагонӣ намуда, дар рушди илму фарҳанг, пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузоштаанд ва имрӯз низ саҳмгузорӣ доранд. Дар ҳудуди Ҷамоат 18 хоҷагӣ деҳқонӣ, 10 хоҷагӣ инфиродӣ,  мактаби таҳсилоти умумии № 11, 20, 21, 62, мактаби хусусии «Амид», марказҳои саломатии Ғозиён, Чорсу, Қотма, хонаи саломати деҳаи Поён ба мардум хизмат мерасонанд. Инчунин мағозаҳои тиҷоратӣ ва хўрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона, корхонаи бо газ таъминкунии Рўхак, боғчаи бачаҳо, тўйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат мебошад.

Дата образования: 05.01.1965 г. 

Что означает это название: Топоним «Гозиён», имеет два значения. Первое означает "Прядильщики" и состоит из слова: «ғоз (ghoz)» – начало (от глагола «ғозидан (ghozidan)», первое действие прядильщиков, которое начинается с растягивания ваты), и «- ён» (-он; -о (хо); -ан, -ун, -йон, -йун,) – Форманты, суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. Второе означает «Поборники ислама».

Топоним «Гозиён» (Автор: А.К.МИРБАБАЕВ). Термин заимствован из арабского языка. Газиями в прошлом называли дружины борцов за веру, которые насильственным образом иноверцев обращали в мусульман. Дружины газиев обычно останавливались за пределами городской стены в лагере. В 70-х годах XX в. в районе селения Кайрагач Т.А.Брыкиной было раскопано зороастрийское погребение типа Науса.

Центр: деха Гозиён (с 05.01.1965 г. по настоящее время)

Территория: 544,86 га

Население джамоата 

Название городов,

дехов и пгт.

(на 01.01.2014 г.)

Население городов, дехов и пгт. на:

Расстояние от центра 

джамоата до деха, км.

15.01.1959

1970

1979

1989

1999 

2009

 1.1.2019

Дехаи Боло

 

 

 

 

 

 

 

 

 Гозиён

 

 

 

 

 

 

 

 

 Гунбаз

 

 

 

 

 

 

 

 

 Котма

 

 

 

 

 

 

 

 

 Кахрамон

 

 

 

 

 

 

 

 

Дехаи Поён

 

 

 

 

 

 

 

 

 Седаста

 

 

 

 

 

 

 

 

 Чорсу

 

 

 

 

 

 

 

 

На 1.1.2017 г.

Исторические документы: