Вторник
19.03.2024
15:56
Форма входа
Календарь
«  Март 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 441
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Таърихи Конибодом

Таърихи Конибодом





К

онибодом дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои боэътимоди илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Яке аз шохаҳои роҳи бузурги Абрешим 3700 сол муқаддам аз ин шаҳр мегузашт ва тавассути Хуҷанду Истаравшан, Самарқанду Бухоро то ба Марв мерасид. Дар паҷӯҳишгоҳи охир, ки ба омӯзиши «Достони дувоздаҳ рух»-и «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ асос ёфтааст, тахмин рафтааст, ки Конибодом се ҳазор сол пеш аз ин «Канобад» ном дошта ва ҷанге миёни эрониёну тӯрониён дар мавзеи байни Канобад ва Райбад (Работи кунунӣ) сурат гирифтааст.

Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шӯҳрат дошт. Нахустин ҳуҷҷате, ки дар он номи «Канд» сабт шудааст, мактуби ба ҳокими Суғд Диваштак навиштаи сафири ӯ Фатуфарн аст, ки он тахминан солҳои 712 – 713 ҳангоми ба Мовароуннаҳр лашкар кашидани Қутайба ибни Муслим- сарлашкари араб навишта шудааст. Аз ин ҳуҷҷат метавон ба хулоса омад, ки Конибодом ҳанӯз пеш аз истилои араб вуҷуд дошт. Сайёҳ ва ҷуғрофидони маъруфи асри IX ал – Истахрӣ дар асари худ «ал – Молик ва –л-масолик» номи Кандро зикр карда, ба ҳайати вилояти Хуҷанд дохил будани онро таъкид кардааст. Каме дертар, дар охири асри X муаррих ва ҷуғрофидони машҳури араб Мақаддасӣ (946-990), ки Хуросону Мовароуннаҳрро сайёҳат карда будааст, дар асари худ «Аҳсан ут-тақосим фи маърифат ал ақолим» доир ба Канд маълумот дода, аз миёни шаҳр гузаштани ҷӯйбореро қайд кардааст.

Маълумоти мухтасар доир ба канд дар «Ашкол ул-олам» ном китоби ҷуғрофияи вазири маъруфи аҳди Сомониён – Ҷайҳонӣ низ омадааст.. муаллиф зимни тавсифи Хуҷанд овардааст, ки «дар амали он (яъне Хуҷанд) ҳеҷ шаҳри дигар нест, магар Канд. Аз ин ишораи Ҷайҳонӣ маълум мешавад, ки дар асри X Канд ба вилояти Хуҷанд дохил мешуда ва чун шаҳр ташаккул ёфта будааст.

Конибодом аз қадиммулайём бо бодоми худ машҳури ҷаҳон буд. Бо шӯҳрати бодоми ин шаҳр дар ашъори Ҳаким Сӯзании Самарқандӣ (ваф.1179) ва шоири Конибодомии асри XII Шайх Бобо Табиби Фарғонӣ сареҳан ишора рафтааст. Дар ин бора адиб ва муаррихи араб Ёқути Ҳамавӣ (ваф.1229) низ дар китоби худ «Мӯъҷам – ул – булдон» аз ҷамла навиштааст: «Канд бо сабаби фаровонии бодом бо номи «Конибодом» маъруф аст. Бодоми ин ҷо бисъёр хуштаъм ва тунукпӯст буда, пӯсташ ба соиши даст майда мешавад». Айни ҳамин гунна маълумот доир ба Конибодом дар «Бобурнома»-и адиб ва ходими давлатии асри XVI Зуҳуриддин Муҳаммад Бобур низ қайд шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки Канди бостонӣ аз асрҳои XII-XIII Сар карда ба худ «Конибодом» ном гирифтааст. Номи ҳозираи шаҳр – Конибодом зоҳиран дар асрҳои XVII-XVIII мустаъмал гардидааст.

Олими рус В. Наливкин дар китоби «Краткая истории Кокандского ханства» дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ будани деҳаи Хоҷаягонаро тадқиқ намуда, бо хулоса омадааст, ки ҷойи аввалаи шаҳри Конибодом ҳамин мавзеъ будааст. Аз рӯи навиштаҷоти ӯ деҳаи Хоҷаягона шаш ҳазор сол муқаддам вуҷуд дошт ва баъдан тӯъмаи оташ гардид. Бостоншиноси рус А.И Костание мавзеи Хаҷаягонаро таҳқиқ намуда, дар заминаи осори пайдокардааш дар замонҳои қадим вуҷуд доштани манзилгоҳеро дар ин ҷо тасдиқ кардааст.

Чандин сол муқаддам дар ҷануби деҳаи Работ ду сари гӯсфанд ва ханҷаре ёфт шуданд, ки аз биринҷ рехта шуда, ба асрҳои III-IV пеш аз милод тааллуқ доранд. Алҳол ин бозёфтҳои нодири санъати ҳайкалтарошии ниёгон дар осорхонаи Эрмитаҷи Санкт –Петербург маҳфузанд. Ба наздикӣ дар вақти кофтани хандақ тахминан аз 5-метр чуқурӣ аз хонаи омӯзгори мактаби деҳаи Сарикӯйи ҷамоати Пӯлодон кӯзае ёфт шуд, ки ба тахмини пешакии бостоншиносон ду-се ҳазорсола умр дорад.

Гузаштаи Конибодом пур аз воқеаҳои хунини сиёсӣ буд. Шаҳр борҳо мавриди ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ қарор гирифта ва дар натиҷаи ин рӯ ба харобӣ оварда буд. Аз ҷониби дигар, дарвозаи водии Фарғона будани Конибодом низ сабаб шудааст, ки шаҳр пайваста ба майдону ҷангу талоши хонҳову амирони маҳаллӣ табдил ёбад, биноҳои ободаш тӯъмаи оташ ва мардуми наҷибаш оғӯштаи хун гардиданд. Чунин воқеъаҳои хунин дар ёди конибодомиён, қиссаву ривоятҳои онҳо ва дар номи бисъёр мавзеъҳои таърихии шаҳр осори худро гузоштаанд.

Яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи Конибодом лашкар кашидани амири Бухоро Насрулло ба муқобили хони Қӯқанд Мадалихон дар соли 1842 мебошад. ин ҷанги шадид байни онҳо дар Конибодом сурат гирифта, боиси кушта шудани одамони бисъёр гардид. Бедодгарии қӯшуни амир Насрулло дар Конибодом дар «Мунтахаб ут таворих»-и Ҳоҷа Ҳакимхон (соли 1843) чунин инъикос ёфтааст: «… Амир Насрулло Конибодомро забт карда, панҷ ҳазор касро бандӣ кард. Сарбозони Насрулло паричеҳраҳои гулпираҳанро улҷа карда, бар кафили аспон Сару по бараҳна мебурданд ва зану мард дар кӯча синашикоф, ба хоку хун оғушта хобида буданд. … Аз ин зулми сарбозон замину замон дар ларза ва дарёҳо дар ҷӯ шва моҳиён дар хурӯ шва кӯҳҳо дар садов а мурғони ҳаво дар нола омаданд, қиёмати суғро барпо гашт…»

Ҳар дафъа баъд аз чунин воқеъаҳои хунин ва фоҷиаҳои даҳшатовар Конибодом бо ҳиммату заҳмати мардуми ҳунарвар ва меҳнатқаринаш аз нав эҳё ва ободу зебо мегардид.

Дар нимаи дуюми асри XIX Руссияи подшоҳӣ нақшаи ғасб кардани Осиёи Миёнаро кашида мехост, ки ба боигариҳои фаровони ин сарзамин соҳиб шавад, таъсири сиёсии худро дар он пурзӯр гардонад ва ба нуфузи мустамликадорони давлатҳои ғарб ба ин кишвар роҳ надиҳад. Бо ин мақсад қӯшунҳои подшоҳӣ бо Осиёи Миёна ҳаракат намуда, соли 1864 ба Тошканд ҳуҷум карданд. Сарбозони хони Қӯқанд ба ёрии тошкандиён рафтанд. Ба ин нигоҳ накарда, қӯшунҳои Русия Тошкандро забт намуданд.

Амири Бухоро – Музаффар бо сад ҳазор аскаронаш ба деҳаи маҳрами Конибодом омада манзил гирифт. Мардум пиндоштанд, ки амир ҳамроҳи қӯқандиён ба ҳимояи Тошканд меравад. Аммо амир аз бесилоҳу аскар мондани хони Қӯқанд истифода бурда, ба он ҳуҷум кард, одамони бисъёрро ба қатл расонид, қисмеро асир кард.

Устод Садриддин Айнӣ дар очерки «Ду ҳашар», ки 1940 ба муносибати сохтмони Канали калони Фарғона навиштааст, рӯзҳои хунини Маҳрамро чунин ёд кардааст: «Вақте ки аскарони императорӣ Тошкандро гирифтанд ва мардуми яроқноки Фарғона ба вилояти худ баргаштанд, амир Музаффар дар Маҳрам аз сари асирон як калламанора сохта, худ ба Бухоро баргашт…»

Соли 1866 қушунҳои подшоҳӣ Тошкандро пурра забт карданд. Забти Тошканд тақдири ояндаи хонигии Қӯқандро ҳал кард. Соли 1867 генерал-губернатории Туркистон (марказаш шаҳри Тошканд) таъсис ёфт. Байни генерал-губернаторӣ ва хони Қӯқанд Худоёр сулҳнома имзо шуд. дере нагузашта Худоёр аз тахт ронда шуд. Писари ӯ Насриддинбек, ки ҳокими Андиҷон буд, хони Қӯқанд гардид. Насриддинбек русҳоро «кофир» эълон карда, мардумро ба ғазоват даъват кард. Сарварии шӯриш ва ғазавотро Абдураҳмони офтобачӣ ба зима гирифт.

Хони Қӯқанд дар деҳаи Маҳрам бар зидди лашкари русҳо зиёда аз 30ҳазор сипоҳӣ гирд оварда, ҳуҷуми русҳоро ба Қӯқанд боздоштанӣ буд. Вале русҳо, ки бо сарварии генерал Кауфман қӯшунҳои бештар ва силоҳи хубтар доштанд, баъди чанд рӯзи задухӯрдҳои хунин қаъларо фатҳ карда, исъёнгарон ва сипоҳиёни Насриддинбекро сӯи дарё ронданд. Дар ин ҷанг аз ҳар ду тараф одамони бисъёр кушта шуданд. Рассоми машҳури рус В.В.Верешагин, ки худ бевосита иштирокчии фатҳи ин қалъа буд, «Муҳориба дар Маҳрам» ном сурате кашида, манзараи даҳшатовари ҷанги онвақтаро тасвир кардааст.

Баъди фатҳи чанде аз шаҳрҳои Фарғона аз ҷониби русҳо хони Қӯқанд ба шартомаи таслим имзо гузошт. Мувофиқи шартнома қалъаи Маҳрам чун қалъаи сарҳадӣ барҳам дода шуд.

Баъди забти Тошканд ва вилояти Фарғона Осиёи Миёна таҳти тасарруфи Русия қарор гирифт. Дар ҳайати давлати Русия вилояти Туркистон таъсис дода шуд. соли 1876 ба ҷои хонигарии Қӯқанд вилояти Фарғона ташкил дода шуд.

Пайвастани Осиёи Миёна ба Русия дар ҳайати иҷтимоиву иқтисодии Конибодом нақши худро гузошт. Бо сохтани роҳи оҳани байни Самарқанду Фарғона ва ба истифода додани он дар соли 1899 алоқаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ рӯ ба афзоиш оварданд. Аз Конибодом бо воситаи ин роҳ пахта, ангишт, меваи хушк, пӯст ба шаҳрҳои Русия фиристода шуда, аз он ҷо молҳои саноатӣ ва ғалла ворид мегардиданд.

Бо супориши Ҳукумати Русия ба Осиёи Миёна ва аз ҷумла ба Конибодом ба хотири кашф кардани сарватҳои табии ин кишвар гурӯҳи хокшиносону маъданшиносон омаданд. Дар Конибодом боигариҳои зеризаминӣ, аз ҷумла нафт ва ангиштсанг кашф карда шуданд. дар назди истгоҳи роҳи оҳан, кони ангишти Шӯроб ва коргоҳи нафти САНТО шаҳракҳои муҳоҷирони рус бунёд гардиданд.

Соли 1916 дар назди шаҳраки САНТО заводи коркарди нафт сохта ба истифода дода шуд.. дар Конибодом заводи пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба кор даромаданд.

Сохтмони роҳи оҳан, ба кор оғоз намудани нахустин корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли нафту ангишт ва ҳамкорӣ бо мутахассисони рус боиси ташаккули синфи коргар дар Конибодом гардид, ки ин амр ба вусъати ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ин шаҳр дар солҳои минбаъда бетаъсир набуд.

Баробари афзоиши коргоҳҳо ва маҳсулоти саноатӣ аҳолии Конибодом низ рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Соли 1917 дар Конибодом 30ҳазор ва дар шаҳраки «САНТО» 1010 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд.

* * * * *

Ғалабаи инқилоби бурҷуазӣ моҳи феврали соли 1917 дар Русия на танҳо ба вазъи сиёсиву иҷтимоии шаҳрҳои марказии Русия, балки минтақаҳои дури он низ, аз ҷумла Осиёи миёна таъсири худро гузошт. Коргарони кони нафти САНТО дар Конибодом Шӯрои коргарон ва солдатҳоро ташкил доданд. Шӯро манфиатҳои коргаронро ҳимоя намуда, назорати коргариро бар истеҳсолот ҷорӣ намуд.

Фармони императори Русия дар бораи ба ақибгоҳи фронт барои мардикорӣ даъват намудани аҳолии маҳаллӣ боиси норозигии мардум гардид. Ба ин нигоҳ накарда садҳо нафар камбағалон ба ақибгоҳи фронт сафарбар шуданд.

Вақте дар Русия Инқилоби Октябр пурзӯр гардид, дар Қӯқанд «ҳукумати мухтори Қӯқанд» ташкил ёфт, ки он халқи маҳаллиро ба мубориза бар зидди ҳукумати инқилобӣ ташвиқ менамуд. Тарафдорони ҳукумати мухтори Қӯқанд муваққатан гарнизони аскарони сурхро муҳосира намуданд. Вале ин «ҳукумат» дер давом накард. Дар муддати кӯтоҳ қувваҳои инқилобӣ онро аз байн бурданд. Аз ин рӯ ғалабаи инқилоб дар округи Хуҷанд ва шаҳри Конибодом Каме дертар, моҳҳои майу июни соли 1918 сурат гирифт. 5-майи соли 1919 дар Конибодом конференсияи ташкилии Ҳизби Коммунист даъват шуда, ташкили кумитаи ноҳиявии ҳизб эълон гардид. Ба ҳайати бюрои ҳизбӣ Исмоил Валиев ба ҳайси котиби аввал ва ба узвияти бюро Каримҷон Ҳусейнзода, Ҳомидҷон Мӯъминҷонов, Ашӯрбой Бобоев ва Раҳимпечон интихоб шуданд. Аввалин чорабиниҳои ҳукумати нав ва кумитаи ҳизбӣ ба миллӣ кунонидани заминҳои дар истифодаи заминдорон набуда, кушодани мактаб дармонгоҳ, ташкили шӯъбаҳои комиҷроия равона шуда буданд.

Гарчанде «ҳукумати мухтори Қӯқанд» аз тарафи аскарони сурх аз байн бурда шуд, вале қувваҳои аксулинқилобӣ тавонистанд, ки зиёда аз 70ҳазор нафарро барои мубориза ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ ҷамъ намоянд ва бо ин ҳаракати аксулинқилобӣ ва босмачигарӣ дар вилояти Фарғона асос гузоранд. Ба ин ҳаракат дар вилояти Фарғона генерали подшоҳӣ Рибако ва миссияи англисҳо бо сардории полковник Лоурент бо лақаби «Мавлавӣ» роҳбарӣ менамуданд.

Конфронси ҳизбии вилояти Фарғона соли 1920 қарор намуд, ки барои дафъи ҳуҷуми аксулинқилобӣ дар округу ноҳияҳо кумитаи револютсионӣ (Ревком, отряди худмудофиавии милитсия ташкил дода шавад. 30 ноябри соли 1921 дастаи 1000 нафараи Ислом – қӯрбошӣ аз деҳаи Яйпони ӯзбекистон ба Конибодом ҳамла намуда, роҳҳои муҳмми шаҳр, гарнизони отряди худмудофиавӣ, бинои милитсия, ҳукумат, кумитаи ҳизбӣ, анборҳои ғалла, ангишт, нафтро ба даст даровард. Дар натиҷаи ин ҳуҷум 36 нафар ҳизбиён, милисионерҳо, аъзои отряди худмудофиавӣ кушта шуданд. дар байни кушташудагон котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳр Элберг, сардори милитсия Каракафтанов, аъзои бюрои кумитаи вилоятии ҳизб Кузмин, коммунист Охунҷон, аъзои комсомол ҶӯРа Ғиёсов, аъзои бюрои кумитаи ҳизбии шаҳр Раҳимпечон, муаллими деҳаи Ниёзбек Ҳофиз Ҷалолӣ, муаллими деҳаи Маҳрам Эсан Шарифов ва чанде дигарон буданд.

Ин ҳуҷуми босмачиён ба шаҳр бори аввалу охир набуда, онҳо боз чанд дафъаи дигар ба гирду атрофии ноҳияи Конибодом ҳамла намуда, қишлоқҳоро талаву тороҷ намуда буданд. Солҳои 1924-1925 бо дастгирии полки 6-уми савора отряди худмудофиавии шаҳр ба дастаи босмачиён зарбаи қатъӣ зад.

Ҳамон солҳо дар шаҳр давраи пурдаҳшати гуруснагӣ сар шуд. Дар муроҷиатномаи кумитаи инқилобии Конибодом аз 3-ноябри соли 1925 гуфта мешуд, ки «гуруснагӣ характери муваққатӣ дорад ва рӯзҳои наздик деҳқонон ба таври кофӣ ғалла мегиранд». Ҳамон сол барои рафъи гуруснагӣ ба камбағалон 1500 пуд ғалла тақсим карда шуд.

* * * * *

Пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр Конибодом дар тобеияти уезди Қӯқанди вилояти Фарғона буд. Маблағҳои аз вилоят ҷудогашта ба ташкилоту идораҳо ваш ӯъбаи маориф сари вақт ворид намегардиданд. Барои гирифтани як ҳуҷҷат ба аҳолӣ лозим меомад, ки борҳо ба маркази вилоят сафар кунанд. Аз рӯи тақсимоти миллӣ – ҳудудии соли 1924 Конибодом боз дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии ӯзбекистон боқӣ монд, ки ин боиси норозигии аҳолӣ гардид. Аввали моҳи феврали соли 1925 конфронси V-уми ҳизбии вилоятӣ дар Фарғона баргузор гардид. Дар кори конфронс вакилон аз Конибодом низ иштирок доштанд. Дар конфронс раиси КИМ –и СССР М.И.Калинин ва роҳбарони Ҳкумати ӯзбекистон ҳузур доштанд. Вақти бозгашт аз Фарғона 8-феврали соли 1925 роҳбарони олимақомро дар истгоҳи роҳи оҳани Мелниково ( ҳоло Конибодом садҳо нафар намояндагони аҳолии Конибодом дар даст шиору байрақҳо пешвоз гирифта, масъалаи ташкили ноҳияи худмухтори Конибодомро ба миён гузоштанд. Роҳбарон ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик талаби онҳо дар бораи ташкили ноҳияи мустақили Конибодом ҳалли худро меёбад.

Пешвозгирӣ хуб ба анҷом расид, вале роҳбарони ноҳия барои ташкили «намоиш» ба ҷазоҳо сазовор гардиданд. Моҳи июни соли 1925 ба Конибодом аз Самарқанд комиссияи ҳизбӣ омад. Котиби аввали кумитаи ҳизбии Конибодом Аъзам Нодиров ва раиси комиҷроия Маҳмудҷон – ревком Ашӯрмуҳаммадов аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд. вале талаби халқ дар бораи ташкили ноҳияи Конибодом ба иҷро расонида шуд. Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии ӯзбекистон аз 15 апрели 1925 чунин фармон содир намуд: «Признатҳ необходимқм вқделитҳ в самостоятелҳную единиӣу Канибадамский район, населеннқй преимуғественно тадҷиками, с подчинением его непосредственно областному ӣентру» (ӣГА Тадҷ. ССР, ф.9 оп 1, д. 194, л.286).

Инчунин бо қарори кумиҷроияи вилояти Фарғона аз 14 майи соли 1925 ноҳияи Конибодом чун ноҳияи мустақил аз уезди Қӯқанд ҷудо гашта, бевосита ба вилояти Фарғона итоат мекард.

Дар ҷавоби ин қарор ҳукумати Конибодом аз номи меҳнаткашони шаҳру ноҳия ба КИМ-и ӯзбекистон бо мазмуни зайл барқия роҳӣ намуд: «Барои риояи ҳуқуқи миллат ба фирқум ва Кумиҷроияи Марказии Ӯзбекистон миннатдории тоҷиконро баён мекунем».

Фармони КИМ-и Ҷумҳурии ӯзбекистон ва қарори кумиҷроияи вилояти Фарғона дар тараққиёти иқтисодию фарҳангӣ ва маорифи халқи Конибодом нақши рӯшан гузошт. То тақсимоти миллӣ- ҳудудии Осиёи Миёна вулусиҳои Маҳраму Исфара аз Конибодом ҷудо буданд. Баъди фармони мазкури КИМ-и ӯзбекистон онҳо ба ноҳияи Конибодом ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамин тавр аз ҳисоби 3 вулусии мазкур соли 1925 ноҳияи мустақили тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати вилояти Фарғона ташкил гардид. Ба муносибати ташкили ноҳияи мустақили Конибодом бо қарори кумиҷроияи ноҳия сайругашти умумии серӯза эълон карда шуд.

То ташкили ноҳияи мустақили Конибодом дар тамоми мактабҳои ноҳия корҳои таълиму тарбия ба забони ӯзбекӣ сурат мегирифт, ҳол он ки забони модарӣ тоҷикӣ буд. Аз ин рӯ, бо қарори кумиҷроияи Конибодом аз 7-майи соли 1925 №14 коргузорӣ дар тамоми идораю ташкилотҳо ва таълим дар мактабҳо ба забони тоҷикӣ ҷорӣ карда шуд. Дар қарор нуқтаҳои зерин таъкид ёфта буданд:

1. Дафтари даромад дар корхонаҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Аризаро аҳолӣ ба забони модарӣ нависанд, қарорҳои мақомоти болоӣ танҳо ба забони модарӣ – тоҷикӣ ба аҳолӣ шунавонида шаванд.

2. Кассе, ки ин фармонро иҷро намекунад, дар асоси қонуни №107 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.

3. Танҳо дар ҷамоатҳои Кӯшкаку Ниёзбек ва Хамирҷӯй, ки аҳолии он аксаран ӯзбекҳо ҳастанд, корҳ обо забони ӯзбекӣ бурда шавад.Ин қарорро раиси кумиҷроия М. Ашӯрмуҳамадзода ва котиб К.Бобокалон аз санаи 07.05.1925 имзо кардаанд.Бо қарори кумиҷроия аз 14 майи соли 1925 №42 шаҳри Конибодом маркази идории ноҳия эълон карда шуд.28-майи соли 1925 бо қарори маҷлиси кумиҷроияи вилояти Фарғона ҳудуди маъмурии ноҳияи Конибодом тасдиқ карда шуд, ки он вулуси Чоркӯҳро бо 2 шӯрои қишлоқ, вулуси Исфараро бо 4-шӯрои қишлоқ ва вулуси Маҳрамро бо 2 шӯрои қишлоқ дар бар мегирифт. Бо ҳамин қарор штати кумиҷроия ваш ӯъбаҳои он иборат аз 71 кас аз ҷумла коркунони кумиҷроия аз 20 кас тасдиқ карда шуд. дар қарор таъкид шудааст, ки рафиқ «Погодин ва Никифиров масъалаи ба уезд баробар кардани ҳуқуқи кумиҷроияи Конибодомро дида бароянд»

Баъди ташкили ноҳияи мустақили Конибодом ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо суръати бештар тараққӣ кард. Истеҳсоли нафт дар коргоҳи САНТО, ангишт дар кони Шӯроб рӯ ба афзоиш овард. Нафто САНТО ба воситаи роҳи оҳан ба шаҳрҳои Русия фиристода мешуд.

Соли 1925 дар маркази шаҳр сохтмони заводи мевахушконӣ – кансервабарорӣ оғоз гардид. Ба ин коргоҳ дастгоҳҳои ватанию хориҷӣ оварда шуданд, ки насби онҳо бо кӯмаки муҳандиси амрикоӣ Мулигон Франк сурат гирифт. Ин коргоҳ 25 августи соли 1929 пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. инчунин дар шаҳр ҳафт артели ҳунармандӣ кушода шуд, ки 533 нафар аъзо дошт.

Бо мақсади ба нақша гирифтани сохтмони заводҳои нав 30-юми январи соли 1930 бо супориши ҳукумати Тоҷикистон ба Конибодом профессор Смирнитский ва сармутахассиси «Кансервтрест»-и собиқ СССР Дворкин фиристода шуданд.

Соли 1931 сохтмони роҳи оҳани Конибодом – Исфара оғоз ёфта, соли 1932 он ба истифода супорида шуд. сохтмони роҳроидома дод, онро ба шаҳраки Шӯроб расониданд. Сохтмончиёни роҳи оҳан соли 1933 дар Шӯроб охирин мехи пӯлодинро заданд.

Соли 1935 дар Конибодом сохтмони заводи пахтатозакунӣ, соли 1938 сохтмони фабрикаи ресандагӣ оғоз ёфта, ҳар ду коргоҳ сари вақт ба истифода дода шуданд. соли 1939 сохтмони заводи таъмири автомобил (Авторезавод оғоз ёфт. Дар солҳои пеш аз ҶБВ корҳои лоиҳакашии сохтмони заводи равғани Конибодом сар шуда буданд.

* * * * *

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Конибодом дар тӯли асрҳои миёна ба вилояти Хуҷанд дохил буд. Вулуси Конибодом аз соли 1866 дар ҳайати хонигарии Қӯқанд буд. Баъди барҳам хӯрдани ин хонигарӣ ( с. 1876) он ба ҳайати уезди Исфара ҳамроҳ карда шуд. бо фармони генерал – губернатори Туркистон аз 12 марти соли 1881 №83 уезди Исфара барҳам хӯрда, вулуси Конибодом боз ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил гардид.

Баъди ҳамроҳшавии Оиёи Миёна ба Русия ҳудуди Осиёи миёна (ба ғайр аз хонигарии Бухорову Қӯқанд) ба уездҳо тақсим мешуданд. Дар навбати худ уезд ба вулусиҳо, вулусӣ ба обшинаи деҳагӣ (ҷамоат0 тақсим шуда буданд. Ба ҳайати генерал – губернатории Туркистон 5 вилоят, 27 уезд ва 603 вулусиҳо дохил буданд.

Ҳудуди уезди Қӯқанд ба якчанд намояндагӣ (пристав) тақсим мешуд. Ин низоми маъмурӣ дар Туркистон соли 1889 ҷорӣ гардида, то барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ амал кард. Дар Конибодом намояндагии қитъавӣ (участковқй пристав) ба кори вулусиҳо ва ҷамоатҳо назорат мекард.

Охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX қисми марказии шаҳри Конибодом ба ҷамоатҳои Пӯлодон, Сарикӯй, Кӯйиғозиён ва Фирӯзоба тақсим шуда буд. Ҳар як қисми шаҳрро сардор – амин идора мекард. Дар шаҳр 60 маҳаллаи аҳолинишин мавҷуд буд, ки сардори онҳоро эликбошӣ (роҳбари 50-хоҷагӣ) меномиданд.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои мавҷуда соли 1898 участкаи ( қитъаи ) Конибодоми уезди Хуҷанд аз 6 вулусӣ: Навкат қипчоқ, Лайлак, Сӯх, Исфара, Маҳрам ва Конибодом иборат буд. Тобеияти ин вулусиҳо ба қитъаи Конибодом то тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 бетаъғйир боқӣ монда буд. Ба ҳайати ин вулусиҳо 21 ҷамоати деҳагӣ, 9 ҷамъияти авулӣ дохил буданд.

6-уми феврали соли 1921 ноҳияи Конибодом дар ҳайати 6 вулусии мазкур ташкил ёфт. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ вулусиҳои Лайлак Сӯх, Навкат қипчоқ аз ноҳияи Конибодом ҷудо гардиданд.

Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (ӣИК) –и ӯзбекистон аз 15 апрели соли 1925 аз ҳисоби се вулусии Маҳрам, Конибодом ва Исфара ноҳияи мустақили тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати ӯзбекистон ташкил карда шуд. баъди ду соли ташкили ноҳияи Конибодом ноҳияи Исфара аз Конибодом ҷудо гардида, ба ноҳияи мустақил табдил дода шуд.

14 феврали соли 1927 баъди гуфтушуниди бардавоми вакилони ноҳияи Конибодом бо роҳбарони вилояти Фарғона ноҳияи Конибодом аз тобеияти вилояти Фарғона ҷудо ва ба ҳайати округи Хуҷанд дохил карда шуд.

КМ ВКП (б) ва Ҳукумати СССР дархости меҳнаткашони округи Хуҷандро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 1929 қарор карданд, ки округи Хуҷандро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 1929 қарор карданд, ки округи Хуҷанд аз ҳайати маъмурӣ-ҳудудии ӯзбекистон ҷудо ва бо ҳайати Ҷумҳурии автаномии Тоҷикистон дохил карда шавад. Моҳи октябри соли 1929 Ҷумҳурии автаномии Тоҷикистон ба қатори ҷумҳуриҳои мустақили СССР ворид гардид.

Бо фармони Шӯрои олии РСС Тоҷикистон аз 6 феврали соли 1941 шаҳраки КИМ аз ҳайати Конибодом ҷудо ва ба ҳайати ноҳияи Исфара ҳамроҳ карда шуд.

Бо қарори КИМ –и РСС Тоҷикистон аз 14-октябри соли 1930 маркази ноҳияи Конибодом ба қатори шаҳрҳои мустақили маъмурӣ-ҳудудӣ дохил гардид. Бо ин қарор кумиҷроияи ноҳиявӣ ба ҳайати кумиҷроияи шаҳри Конибодом дохил карда шуд. Қисми маркази шаҳр ба 18 квартал тақсим гардид. Ба ҳайати шаҳр инчунин 15 ҷамоатҳо дохил шуданд.

Бо қарори КИМ –и РСС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1935 шаҳри Конибодом аз нав ба ноҳияи Конибодом табдил дода шуд. ба сабаби афзоиши корхонаҳои саноатӣ, вусъат пайдо кардани маркази маданӣ бо қарори КИМ-и РСС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937 маркази ноҳияи Конибодом ба шаҳр табдил ёфта, ба кумиҷроияи ноҳиявӣ итоат мекард. 4-январи соли 1963 ноҳия ба ду қисм: шаҳр ва ноҳия тақсим шуд, вале аз 6 январи соли 1965 ноҳияи Конибодо муттаҳид карда шуд.

* * * * *

Баъди анҷоми се давраи ислоҳоти обуз амин деҳқонони камбағал дар Конибодом соҳиби миқдори муайяни замин гардида бошанд, ҳам вале то давраи оғози коллективонии хоҷагии қишлоқ аксари заминҳо дар дасти соҳибони пештарааш боқӣ монда буд. Деҳқонон қисми заминҳоро аз давлат иҷора гирифта, ба ивази он аз рӯи шартнома пахта есупориданд.

Дар ҷараёни афзудани чунин муносибатҳо хоҷагии индувидиалиро инкишоф додан амри маҳол буд. Бинобар ин деҳқонон соли 1927 барои таҷриба дар Чеки Бердиқул, тумани назди деҳаи Шаҳидқарянтоқ, Қарақчиқум «ширкати якҷояи коркарди замин» (ТОЗ) ва артели заминаи асосии ба вуҷуд омадани колхозҳо ба ҳисоб мерафтанд. Ин хоҷагиҳо дорои иқтидори суст буда, замини бисъёр надоштанд. Дар деҳаи Пӯлодон ҳам 15 нафар деҳқонони камбағал артеле бо номи «Подвойский» (ҳоло ҶС бо номи Энаҷон Бойматова) таъсис намудаанд.

Соли 1930 бо тағъир ёфтани низоми соҳаи кишоварзӣ ба ҷои артелҳо аввалин колхозҳо ташкил ёфтанд. Роҳбарони ноҳияи Конибодом он сол дастури Ҳукумати Шӯравиро ба эътибор нагирифта, Принсипи ихтиёран ба колхоз дохилшавиро вайрон карданд, ба ҳеҷ гунна омодагӣ соли 1930-юмро дар ноҳия соли анҷоми пурраи колективонии хоҷагии қишлоқ эълон карданд. Вале колхозҳои бо роҳи зӯрӣ ва шитобкорона ташкилшуда баъди чанд муддат пароканда шуда рафтанд. Вобаста ба ин, аз 2200 хоҷагии деҳқонӣ, ки ба колхоз шомил гардида буданд, 221 хоҷагӣ боқӣ монду халос. Аз ин рӯ, ба роҳбарони ноҳия лозим омад, ки соли 1931 аз нав ба таъсиси колхозҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Дар натиҷа соли 1932 шумораи колхозҳо ба 43 адад расид.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи коллективонии хоҷагии қишлоқ дар Конибодом беасос ва бо ҳаргуна айбҳои бофтаву сохта деҳқонони миёнаҳол, ҳатто камбағалонро ба рӯихати кулакҳо дохил намудаанд. Танҳо соли 1931-1932 аз ноҳия 260 хоҷагии деҳқониро ба рӯихати кулакҳо дохил намуда, онҳоро ба Кавказ бадарға намуданд. Чанд тан аз ҳамдиёрони мо барои аз таъқиботи сиёсӣ раҳоӣ ёфтан тарки Вавтан намуда, ба давлатҳои Афғонистону Арабистони Саудӣ, Покистон ва ғайра рафтанд. Илова бар ин, бо қарори Комиссариати халқии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1932 зиёда аз 100 хоҷагӣ ба водии Вахш кӯчонида шуданд.

Колхозҳои навташкил ба душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, соли 1931 ба давлат 162 тонна пахта супориданд. Дар ташкили колхозҳо парки мошинӣ-тракторӣ (МТС), ки соли 1930 дар Конибодом таъсис ёфта буд, нақши назаррас дорад. фаъолияти ин парк ба кори бо техника таъмин намудани колхозҳо равона шуда буд.

Пахтакорию боғдорӣ ва обчакорӣ низ дар ноҳия дар он солҳо ривоҷ меёфт. Ҳосилнокии пахта, ғалла сол аз сол меафзуд. Соли 1939 ба шарофати сохтмони Канали калони Фарғона, ки дар зарфи 45 рӯз ба масофаи 270 км, ба таври ҳашари халқӣ кофта ба истифода дода шуд, садҳо га заминҳои санглох азхуд карда шуданд. солҳои бунёди «Баҳри Тоҷик» ва сохтмони стансияи барқии Қайроққум қисми зиёди заминҳои ҳосилхез аз деҳаҳои Маҳраму Қарақчиқум зери об монданд. Бошандагони ин деҳот ба соҳили чапи баҳр кӯч бастанд ва он ҷо биноҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳо сохтанд. Дар натиҷаи ба кор андохтани насосҳои обкашӣ танҳо дар Қарақчиқуму Маҳрам 3139 гектар замини санглох обод гардид. Колхозҳо бо кӯмаки Ҳукумати Шӯравӣ ба хоҷагиҳои пешқадам ва ба колхозҳои сарватманд табдил ёфтанд.

Аз солҳои 50-уми асри гузашта муттаҳидкунии колхозҳо оғоз ёфт. Дар натиҷа 44 колхози хурд ба 6 колхози бузург мутаҳид гардонида шуданд. ин раванд имкон дод, ки колхозҳо чӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ва чӣ аз ҷиҳати таъминот бо таҷҳизоти техникӣ пурқувват гарданд. Соли 1988 ноҳия дар истеҳсоли пахта бо нишондиҳандаи беҳтарин ноил гардид. Он сол деҳқонони ноҳия ба давлат 30277 тонна пахта супорида, иҷрои нақшаро ба 114,9%, ҳосилнокиро ба 29,9 сентнер расониданд.

Солҳои 90-уми асри гузашта вобаста ба дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодии кишвар дар заминаи колхозҳо ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтанд.

Айни ҳол ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо об, кишоварзони Конибодом аз дарёи Сир, сойи Исфара, Канали калони Фарғона 123 насоси обкаш истифода мебаранд.

* * * * *

22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо хоки Иттиҳоди Шӯравӣ аҳдшаканона ҳамла овард. Аз рӯзҳои аввали саршавии ҷанг бо даъвати Комитети давлатии мудофиа дар зери шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба» теъдоди зиёди одамон аз ҷумҳурии бародар барои мудофиаи мамлакат сафарбар шуданд. мардуми Конибодом низ дар ин корзори мардонагиву диловарӣ худро дар паҳлӯи бародарони дигар гузошта, саҳифаҳои таърихро бо корнамоиҳои ҷангӣ мунаққаш сохтанд. Ба ҷабҳа пеш аз ҳама кормандони ҳизбию давлатӣ, аз ҷумла котиби дуюми комитети ҳизбии шаҳр Абдулло Мақсудов, мудир ва кормандони шӯъбаи тарғиботию ташвиқотӣ Акбар Маҳкамов, Набӣ Фахрӣ, Самиҷонов, С. Ғоибназаров, раиси комиҷроияи ноҳия ҶӯРа Эргашев ва садҳо нафар ҷавонони ихтиёрӣ рафтанд. Ақибгоҳ низ ба майдони зуҳури корнамоиҳои меҳнатӣ ва такягоҳи умед барои Артиши Сурх гардид. Корхонаҳои саноатии шаҳр ва колхозу совхозҳои ноҳия дар муддати кӯтоҳтарин ба ҳолати ҳарбӣ мутобиқ гардонида шуда, қисме аз онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти саноати ҳарбӣ омода гардиданд.

Коргоҳи таъмири қисмҳои автомобилӣ (Авторемонтний завод), заводи консервабарорӣ, артели дӯзандагию бофандагӣ барои ҷанговарон маҳсулоти ҳарбӣ омода менамуданд. Дар комбинати консервабарории шаҳр сехҳои нави гӯштҳои бухкардашуда ва сехи ширию гӯштӣ таъсис ёфтанд, ки фаъолияти онҳо барои таъминоти хӯрока ба ҷабҳа равона гардид. Артели дӯзандагӣ барои ҷанговарон, кӯрпа, болопӯш, пойафзол, мӯзаҳои намадӣ истеҳсол менамуд. Вобаста ба ин, маҳсулоти саноатии шаҳр асосан ба фронт истеҳсол мегардид.

Занҳо дар ин рӯзҳои душвор касби мардонро аз худ намуда, ба паси чамбаракҳои мошин ва трактор нишаста, ҷойҳои мардҳои ба фронт рафтаро иваз намуданд. Матонату сабурии занон дар ақибгоҳ барои таъсиси бригадаҳои пешқадами фронтӣ шароит фароҳам овард. Ба ҳаракати стахановӣ аз колхози «Коммунист» Азимова, Самадова, Парпиева, аз колхози «Маданият» Аҳмедова, Хайрӣ Абдуллоева, аз колхози «Ударник» Ҷонон ӯрунова , аз колхози Чапаев Энаҷон Бойматова, Адолат Исоева ва чанде дигарон дохил шуданд. Фаъолзанҳои ноҳия гектарҳои мудофиавӣ кишт карда, фондҳои мудофиавӣ ташкил медоданд. Дар зарфи яку ним сол баъд аз саршавии ҷанг меҳнаткашони ноҳия ба фонди мудофиа 143531 сӯм маблағ ворид намуда, ба 181145 сӯм заёмҳои давлатиро харидорӣ карданд. Онҳо ба фронт инчунин 3500 ӣентнер ғалла, 6500 ӣентнер тармева, 8ҳазор тонна меваи хушк, 90 сар чорво, 586 ҷуфт мӯзаҳои намадин, 22 адад либосҳои нимпӯстин ва ғайра фиристоданд. Бо ташаббуси ҷавонони шаҳр ҷамъоварии маблағ барои сохтмони калонияи танкӣ фаъолона давом мекард. Ҷавонон ба сохтмони он 106187 сӯм маблағ ҷамъ намуданд ва 22 ҳазор сӯмина заёмҳои давлатиро харида гирифтанд. Ёрии ихтиёрӣ ба фронт аз рӯҳияи баланди меҳнаткашони ноҳия дарак медод.

Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг диловарони майдони набард матонати баланди ҷангӣ нишон дода, дар ҳимояи Ватан корнамоиҳои нотакрор зоҳир карданд. Дар байни ҷанговароне, ки сарҳади СССР-ро муҳофизат мекарданд, ҳамшаҳрии мо пулемётчӣ Акбар Маҳмудов ҳам буд. Ӯ дар муҳофизати қалъаи Брест чанд рӯз истодагарӣ намуда, матонату диловарии беназир нишон дод. Ҳарчанд аз тири душман ҳалок гардид, аммо матонату ҷасорати ҷангии вай ӯро машҳури ватан гардонид.

Зодаи деҳаи Маҳрам, лейтенанти хурд Эргаш Шарифов дар сарзамини Чехословакия, дар шаҳри Угер-Брод 30 ҷанговари немис ва 6 яроқи худгардро несту нобуд кард ва дар ин набарди хунин захм бардошт. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, то зада гардонидани ҳамлаи душман муҳорибаи мазкурро роҳбарӣ кард. Э.Шарифов барои ин корнамоии ҷангиаш аз 15 .05.1946 (баъди вафоташ) ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардид.

Зодаи деҳаи Сарикӯйи ҷамоати Пӯлодон, омӯзгор, командири қисм Додоҷон Сайфуллоев 4-5 августи соли 1941 дар деҳаи Гатнои фронти ҷанубӣ-ғарбӣ чун разведкачӣ дар ҷанг фидокорӣ нишон до два дар вақти ҳуҷуми душман захмӣ гардида, дар дасти рафиқони худ ҷон дод. Д.Сайфуллоев барои иштирок дар чандин муҳорибаҳои ҷангӣ баъди вафоташ аз 5.11.1941 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Собиқ кормандони корҳои дохилӣ подполковник Низом Назаров ҳанӯз соли 1938 дар ҷанги зидди миллитаристони Япон дар маҳаллаи Кӯли Ҳасан диловарӣ нишон дода, бо ҳамяроқонаш шумораи зиёди ҷангиёни Японро душманро несту нобуд карда, аз байни ботлоқзорҳои касногузар мошини тарафи душманро ба ғанимат оварда буд. 25 октябри соли 1938 ӯ яке аз аввалинҳо шуда, дар ин ҷанг бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шуд. дар ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳайати баталиони 491-уми армияи ҳавоии 16-ум ҷангкунон то ба шаҳри Берлин расид ва дар фатҳи ин шаҳр иштирок намуда, ду бор бо ордени Байрақи Сурх ва чанд медали дигари ҷангӣ мукофотонида шуд.

Хоҳари шафқат, ягона зани тоҷик аз Конибодом Шаҳрӣ Ҳайдарова дар ҷ