Суббота 12.10.2024 18:13 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)пос. Сайхун (Калинин, ст. Мельниково)Шаҳраки Сайҳун – Town SayhunКАЛИНИН (то 1977 — станция Мельниково), посёлкаест дар Совети қишлоқи ба номи Ғафурҷон Ортиқови райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Ленинград». Аз Калинин то маркази район ва станцияи роҳи оҳани наздиктарин — Конибодом 6 км, роҳ асфальт. Аҳолиаш 1662 нафар (1979), тоҷикону ӯзбекон. Мактаби 8-сола, китобхона, пункти тиббӣ, кинотеатри тобистона, шӯъбаи алоқа, хонаи хизмати маишӣ, ресторан, магазин, чойхона дорад, Соҳаи асосии хоҷагӣ —пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Фарғона ва дарёи Исфара обьёрӣ мешаванд. САЙХУН (КАЛИНИН), шаҳракест дар соҳили Сирдарё, номи пештарааш стансияи Мелниково. Маҳалли аҳолинишини ҷ/д ба номи Ғафурҷон Ортиқови ноҳ. Конибодом. Масофаи шаҳрак то маркази ҷамоат - 8 км, то маркази шаҳр - 6 км. Шумораи хоҷагии он - 449, аҳолиаш - 2530 нафар (01.01.2017). Бо қарори комиҷроия аз с. 1977 стансияи Мелниково ба номи Калинин номгузорӣ шудааст. Дар охири асри 19 дар вақти сохтмони роҳи оҳани Тошканд - Андиҷон ба истгоҳи роҳи оҳани Мелниково (Конибодом) даҳҳо нафар сохтмончии роҳ кӯчида омаданд. Соли 1903 дар ин истгоҳ аз ҳисоби муҳоҷирони рус деҳаи муҳоҷирнишини коргарӣ ташкил ёфта буд. Дар солҳои минбаъда шумораи аҳолии шаҳрак аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ хеле афзуд. Дар паҳлӯи роҳи оҳан маҳалҳои нави зист, анборҳои ғалла, нафт, мағоза, клуб, мактаб сохта шуда, бинои истгоҳи роҳи оҳан пурра аз нав таъмир гардид. Дар Сайхун Ҳамдам Сувонқулов, Очилбой Ҷамолиддинов ва чанде дигарон зистаанд ва дар вусъати фаъолияти истгоҳи роҳи оҳан нақши худро гузоштаанд. Бо қарори маҷлиси вакилони халқии шаҳр аз 16. 04.2012 №124 номи шаҳраки Калинин ба Сайхун иваз карда шуд. Дата основания: 1903 г. Прежнее название: Калинин (с 1977 - 02.10.2012) - станция Мельниково (с 1903 по 1977 гг.) Что означает это название: В древности так именовалась река Сирдарья Карта местности на Google map: География: Сайхун расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________ Расстояние до центра джамоата 6 км Расстояние до центра района 6 км Расстояние до центра области г. Худжанд _____ км Расстояние до г. Душанбе_____ км Как добраться: Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности: Масчиди панҷвақтаи Абдуллоҳ ибни Масъуд. Масчид солҳои 1989 - 90 ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Суроға: ҷ/д ба номи Ғафурҷон Ортиқов, деҳаи Сайхун, кӯчаи Вокзалная, 171а. МЕЛНИКОВО, истгоҳи роҳи оҳан дар шашкилометрии шаҳр. Соли 1898 ба истифода дода шуда, ба шарафи аввалин вазири роҳи оҳани Императории Рус, олим ва муҳандис, генерал-лейтенант Павел Мелников (1804 - 1880) номгузорӣ шудааст. Воқеаҳои бисёре ба номи ин истгоҳ пайвандӣ доранд, ки муҳимтаринаш ҳодисаи 8 феврали с.1925 мебошад. Дар ин сана сокинони Конибодом ба истгоҳ баромада, пеши қатораи махсуси давлатиро, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи марказии Умумиттифоқ Михаил Калинин аз анҷуман (қурултой)-и панҷуми ҳизбии вилояти Фарғона бармегашт, дошта талаб карданд, ки ноҳияашон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда ба ҳайати Тоҷикистон дохил карда шавад. Ин ягона эътироз аз тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар Шӯравӣ буд, ки дар таърих бо номи «Роҳбандии Конибодомиён» машҳур аст. Дар натиҷаи ин эътироз аризаи меҳнаткашони шаҳр ба унвони И. Сталин мусбат ҳал шуда, 15.04.1925 ноҳияи мухтори тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил шуд. (Вакилони ноҳия ба ин қаноат накарда, соли 1927 муваффақ шуданд, ноҳияашонро аз тобеияти вилояти Фарғона бароварда, ба округи Хӯҷанд ҳамроҳ шаванд). Истгоҳи Мелниково дар тақдири мардуми навоҳии Конибодом, Исфара ва Ашт нақши муҳим бозидааст. Аз ҳамин истгоҳ с.1916 садҳо сокинони се ноҳияро ба ақибгоҳи Ҷанги якуми ҷаҳон ба мардикорӣ бурдаанд. Аввалин ячейкаҳои болшевикӣ ҳам ин ҷо ташкил шудааст. Ба азхудкунии заминҳои водии Вахш аз ҳамин ҷо рафта, садҳо сокинон чун «душмани халқ» аз ҳамин истгоҳ, ба сӯӣ Сибиру Қафқоз роҳ гирифтаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1945-1945 аскаронро аз ҳамин истгоҳ гусел мекарданд. Номи истгоҳи Мелниково с. 1961 ба «Конибодом» иваз карда шудааст. Исторические документы: Правительство Республики Таджикистан ПОСТАНОВЛЕНИЕ от 2 октября 2012 года, № 535 О предложении Маджлиса народных депутатов Согдийской области о переименовании некоторых населенных пунктов города Канибадам В соответствии со статьей 23 Конституционного закона Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет: Поддержать предложение Маджлиса народных депутатов Согдийской области о переименовании поселка имени Калинина на посёлок Сайхун, сёл имени Гафуржона Ортикова, села Ботиркургон на село Пахлавонкала, сёл имени Эргаша Шарифова, села Дашткароянток на село Файзбор, сёл имени Рачаба Хамрабаева города Канибадам Согдийской области, и представить на рассмотрение Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон г. Душанбе |
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |