Воскресенье 06.10.2024 06:01 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Джамоат им. Н.Хисрав (Микаянобод)Ҷамоати ба номи Носири Хисрав – Jamoat named by Nosiri KhisravДата образования: Прежнее название: "Микаянобод" (с... по 7.10.1957 г.) Что означает это название: Абу́ Муи́н Наси́р ибн Хусра́у ибн Фарис ал-Кабадияни ал-Марвази (перс. ناصرخسرو, Кубадиян, 1004 – Ямган, 1088) — таджикский и персидский поэт философ и религиозный деятель. Родился в Кубадияне поселок на территории современного Таджикистана. Жил в Балхе и Газне при дворе газневидских султанов. После сельджукского завоевания жил в Мерве. Свои путешествия по многим странам от Магриба до Индии описал в «Книге путешествий». В Египте был обращён в исмаилизм и стал проповедником этого учения у себя на родине. После преследований укрылся в Ямгане в горах Памира. Народы Памира до сих пор считают его своим "пиром". Носири Хусрав - шоири адабиёти классикии тоҷик. Мутафаккири барчаста ва нависандаву шоири шахири форсу-тоҷик Носири Хусрави Кубодиёнии Балхӣ дар моҳи зулъкадаи соли 394 ҳиҷрӣ (сентябри 1004 мелодӣ) дар Кубодиён дар он замон тобеъи Балх буд, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Носири Хисрав соли 1004 дар шаҳри Қабодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хисрави Қабодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хисрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қабодиёни ба номи зодгоҳаш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носир баробари ёд гирифтани кори деҳқони, хату савод ҳам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиноси бештар майл зоҳир мекард. Носири Хисрав солҳои 30-уми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар корҳои маъмурии молиявӣ хизмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлатӣ оғоз ёфт. Носири Хисрав муддате дар девони молиёти Салчуқиён ба хизмат намудааст. Носири Хисрав бар замми хизмати дарбор, бо корҳои деҳқони низ машғул буд. Оҳиста- оҳиста хизмати дарбори ба дилаш зад, чунки дар хизмат тазъику фишор ва аз фосидон бадӣ медид. Дӯсти ҳақиқии беғаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгӯю риёкор буда, барои худ баҳрае меҷуст. Носири Хисрав ин гуна дӯстони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онҳо худро дур медошт. Ҳамаи ин сабаб шуданд, ки ӯ тарки хизмати дарбор намуда, ба сафар тайёрӣ дид. Мақсади сафар карданаш шинос шудан бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишварҳо, шаҳрҳо буд ва инчунин ӯ мехост бо мундариҷа ва таълимоти мазҳаби исмоилия дар минтақаҳои гуногун шинос шавад. Исмоилиён як шохаи машҳури шииён дар асрҳои X-XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазҳаб аз он сабаб майл дошт, ки онҳо ба ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озодфикрӣ буданд. Носири Хисрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли 1045 бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарби, Ироқ ва Арабистону Миср дидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав ҷараёни исмоилияро бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли 1052 Носири Хисрав ба Хуросон баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум мазҳаби исмоилияро ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард. Носири Хисрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд чойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хисрав дар ғариби ва дур аз ватани аҷдоди худро нороҳат ҳис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқони ҳам набуд. Носири Хисрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай қариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли 1088 Носири Хисрав дар Юмгон аз олам чашм пушид. Центр: пос. Кубодиён Территория:_________ кв.км Население джамоата,
на 1.1.2017 г.
Исторические документы:
|
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |