Суббота
12.10.2024
17:49
Форма входа
Календарь
«  Октябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Каздон

Деҳаи Каздон – Village Kazdon

Зи Каздон аст аслу решаи ман.

Зи хокаш сар занад андешаи ман

Ватанхоҳи маро омӯхт кӯҳаш

Ватанхоҳи аз ин шуд пешаи ман.

Что означает это название: Топоним «Каздон» означает «Волшебное место» и состоит из согдийского слова «kaž kj, krz; karž» означающий: чудо, совершение чуда, волшебство или таджикского слова «канзд» означающий: названия местности, местность и «-он» (-о (хо), -ан, -ун, -юн, -ён) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. 

Вожаи Каздон мураккаб буда, аз ду ҷузъ иборат аст. Ҷузъи аввал «казд» ва ҷузъи дуюми онро «он» ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар забони форсӣ бо номи «Канздон» ва «Гаждон» номҳои ҷуғрофие мавҷуд аст. Вожаи «канзд» номи ҷой, ҷойгоҳ мебошад. Ё ин ки Каздон (=казд+ойно) ҷойгоҳи мардуми муъҷизаофар, аҷиб. Вожаи мавриди андеша дар фарҳанги суғдӣ дар шаклҳои kaž kj, krz; karž омада маънои «мӯъҷиза, эъҷоз, сеҳрро» дорад (http://kazdontj.blogspot.com/p/blog-page_8999.html)

Кварталы села: Село состоит из трех кварталов Бустон, Гулистон и Миёна

Карта местности на Googlemap: Координаты:  39°20'41"N 68°57'15"E

География: Каздон расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с (дехами, городами): Дарг

Расстояние до центра джамоата 12 км

Расстояние до центра района 60 км

Расстояние до центра области г. Худжанд    _____ км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. 

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 01.01.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           879
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

Участники Великой Отечественной Войны (1941-1945 г.г.)

  1. Авезов Рачаб

  2. Авезов Кенҷабой

  3. Боқиев Сайидбурҳон

  4. Боев Бобочон

  5. Дилшодов Шоди

  6. Зубайдов Қурбон

  7. Каримов Юсуф

  8. Қурбонов Ато

  9. Қурбонов Бобо

  10. Мирзоев Раҳмон

  11. Мирзошоев Бобо

  12. Мирзошоев Мирзо

  13. Мирзошоев Шомад

  14. Саидов Аҳмад

  15. Сайидов Сайидакрам

  16. Тиллоев Ҳотам

  17. Тиллоев Мирбадӣ

  18. Хокироев Мирзогиё

  19. Шарипов Саидмирзо

  20. Шарифов Иброҳим

  21. Шарифов Миршариф

  22. Мавлони Мирзораҳим (додари Мулоберди)

  23. Шоев Неъмат

  24. Шомирзоев Табарук

  25. Шоев Мирқарор

  26. Эвазов Рачаб

  27. Файзуллоев Бадал

Известные уроженцы: 

Аз қадимулайём ин рустои хурдакак бо бузургону донишмандонаш дар водии Зарафшон шӯҳрату овоза доштааст, ки номи он бузургмардон ханӯз вирди забони хосу оми ин водист. Мулло Мирфозил, Муллоҳоҷӣ, Муллобердӣ, Эшони Ҳоҷӣ ва нафарони зиёди дигар хатмкардагони мадрасаҳои Бухоро будаанд.

Аз шахсиятҳои маъруфи имрӯзи деҳа инҳоро номбар кардан мумкин аст: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдов, шоири зиндаёд Махсум Олимӣ, олимони соҳаҳои гуногун Мирзомурод Саидов, Бахшулло Ҷумъаев, Насриддин Олимов, Ризо Хокироев, Ҳамза Боқи, рӯзноманигори варзида, Раиси хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон Мухтор Боқизода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анбоз» Халифабобо Ҷумъазода, муаллифи маҷмӯаи шеърии «Насими Каздон» шоир Шоҳи Каздонӣ, журналист ва аккоси тавоно Саидаҳмади Акрампур, муовини якуми директори ТВ Синамо Комрон Сафаров, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Меҳруддин Шарипов, ҳамчунин Зикрулло Зубайдов, Муҳаммад Бердиев, Абдушукур Хокироев, Мулломир Шоев, Шопури Форс, Мирзонавот Авезов, ва Махсуми Муллоҳоҷӣ нафарони зиёди дигар. (http://kazdontj.blogspot.com/p/blog-page_8999.html)

Страница посвященная селу: http://kazdontj.blogspot.com/p/blog-page_8999.html

Достопримечательности:

Деҳаи Каздон аз захираи об хеле бой аст. Дар кўҳу дараҳо бештар аз 350 чашма, 12 сойҳои хурде мавҷуданд, ки аз онҳо ба миқдори як ҷўйбор об меояд. Онҳо аз барфу пиряхҳо ғизо мегиранд. Чашмаобҳои зиёде руди Каздонро шодоб намуда, бо дарёи пуртуғёни Зарафшон омехта то ба Самарканду Бухоро мерасад. Саргаҳи дарёи Каздон бо номи Муллошаршара аст, ки он дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, худ аз баландии 134 метр, аз дили санги азиме сарозер ба поён мерезад. Баландтар аз он дар масофаи тахминан 3500 метр аз сатҳи баҳр ҳавзи нилгуне миёнҷои сангҳо ҷойгир аст, ки онро мардуми деҳаи Каздон, Яғнобу Ҳисор, Ромиту Варзоб Ҳавзи Бетаг меноманд. Дар ҳақиқат то ба ҳол намедонем, ки аз будан ё набудани ин кўл касеро огоҳие ҳаст. Зеро мо то ба имрўз дар ягон сарчашмае нахондаву надидам, ки аз хусуси Ҳавзи Бетаг ва шаршараи басо асрорангези инҷо бо номи Муллошаршара сатре зикр шуда бошад. Ба ҷуз дар як дубайтии шоири шодравон Қутбии Киром, ки гуфтааст: Аз шаршараи Каздон обам мебод... Оид ба ин мўъҷизаи табиат кам касон огоҳи доранд. Дар дили кўҳсори баланд ҷойгир будани Ҳавзи Бетаг ва аз дили санги хоро ҷори шудани оби муссафо ва ба замин рехтану аз назар нопадид шудани он ва аз масофаи 1500 м берунзаҳидани оби софи нуқрафоми сард ҳайрати касро дучанд мегардонад. Ин манзара агар имконият бошаду дар раванди рушди сайёҳии Точикистон ба назар гирифта шавад барои сайёҳон басо ҷойи гуворое хоҳад буд. Дар ин мавзеъ дар баҳорон ва тобистон бештар молчарони мекунанд. Мардуми кўҳансоли деҳа ёддошт медиҳанд, ки дар садсолаҳо пеш дар ин ҷо мардуми дараи Ромит, Варзоб ва Ҳисору Яғноб мол мечарониданд. Он замонҳо табиати афсункори ин мавзеъ ҳамаро тасхир карда буд. Чаро мардум ин Шаршараро Муллошаршара мегўянд? Агар дар бораи ин шаршараи мўъҷизамонанд чи қадарҳо гўем кам аст. Чун фасли Баҳор расад тахминан 12-15 апрел аз дили санг оби шаршара пайдо мегардад. Ҳангоми тирамоҳ тахмин аз 23 то 25-уми октябр ин шаршара бо амри Аллоҳ маҳкам мешавад. Агар Шумо он ҷоро бинед дар ҳайрат мемонед, ки чи тавр аз дили ин санг об мебарояд ва ба пойин рехта зери сангҳои калон нопадид мегардад ва аз поёни сангҳо об аз зери замин як дарёро ташкил медиҳад, ки ин дарё то ба Зарафшон мерезад. (аз Рахмонзода Каздони)

Об нӯши агар аз шаршараи Каздон нӯш,

Ба ҳазорон нияти соф ба ҳар дармон нӯш.

Ин, ки гармо ба танат тай бинамуд ҳар лаҳза,

Баҳри ороми танат бо шарару армон нӯш.

Аз байни санг ба поён фаввора мезанад  об,

Шаршараи аҷоиб бас дилрабои Каздон.

Дар моҳи нӯҳуми сол фаввора мешавад хушк,

Дар моҳи панҷум ояд оби сафои Каздон.

Ҷаннат  агар бихохед бар Луриён биёед,

Шайдо шаведу мафтун бар чашмаҳои Каздон. 

Деҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 китобхона, хонаи саломатӣ, 5 мағоза, дорухона, сартарошхона, ҷойи ҷамъиятӣ, ошхона, чойхонаи ҷамъиятӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, 2 бӯстонсаро, хоҷагии колективии «Тоҷикистон», 3 осиёи обӣ, 1 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, толори варзишӣ, масҷиди ҷомеъ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва дарёи Каздон обёрӣ мешаванд.

Деҳаи Каздон аз 3 махалла иборат аст: Бустон, Гулистон вам Миёна

Шаршараи Каздон-муъҷизаи табиат

Ё чанд маълумот ва андешаи парешон атрофи он

Мусаллам аст, ки тамоми дарёҳои азим асосан дар натиҷаи ба ҳам пайвастани шохобҳои хурду калон ба вуҷуд омадаву баъдан ҳаҷман калон мешаванд.

Зарафшон, ки яке аз рудҳои калонтарини на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ба шумор меравад, маҳз дар пайи якҷо шудани шохобҳои шаҳру ноҳияҳои ин водии зархез-Панҷакент ва Айниву Масчоҳи Кӯҳӣ ба вуҷуд меояд.

Шаршараи Каздони ноҳияи Айнӣ сароби яке аз шохобҳои дарёи овозадори Зарафшон ба шумор рафта, он дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Дарёи пуртуғёни ин диёри биҳиштосо ва макони фарзандони оқилу фарзона маҳз аз ҳамин Шаршараи зебову тамошобоб ва муъҷизаи беҳамтои табиат маншаъ гирифта, то ба руди Зарафшони бузург рафта мерасад.

Хусусияти нодир будани ин Шаршара дар он зоҳир мешавад, ки он домани пиршахи азимҷуссаеро ба таври муъҷизавӣ шикофта, дар масофаи тахминан 150- 200 метр бо шуру шари хоса, ки нидояш ҳатто аз чанд км дуртар ҳам шунида мешавад, ба замин ҷорӣ мегардад.

Ба саволи он, ки оби Шаршараи мазкур дар байни ин қадар сангу шахҳои бадвоҳимаи касногузар аз куҷо меомада бошад, чунин посух додан ҷоиз аст, ки ба эҳтимоли зиёд манбаи асосии он куле бо номи Ҳавзи Бетаг ба шумор равад, ки бошандагони ин диёр онро чунин ном бубаранд.

Ҳамзамон, пиряхҳои дар руйи куҳи Арарасанги деҳ хуфтида, ки ҳатто гармои тобистон ҳам онҳоро пурра нест кардан наметавонад, эҳтимолан оби онҳо куҷое дар зери куҳу шахпораҳои воҳиманок бо оби Ҳавзи Бетаг якҷо шуда, аз ин сурохии пиршах ҷорӣ мегарданд, ки дар натиҷа чунин Шаршараи поку мусаффо ба вуҷуд омадааст.

Баъди ба руйи замин пошидан оби Шаршара танҳо дар масофаи бештар аз 10-12 метр аз болои сангу регҳо ҷорӣ гаштаву оҳиста-оҳиста гум мешавад… Сипас, дар як мавзеи ҳамвории 2-3 км поёнтар оби он аз чанд ҷо ва ба мисли чашмаҳо аз миёни сангҳо боз пайдо шудаву маҳз аз ҳамин макон дарёи Каздон оғози маҷрои хешро пайдо мекунад.

Ҳарчанд Ҳавзи Бетаг хеле калонҳаҷм аст, вале то кунун вобаста ба масофаи гирду атроф ва баландии он маълумоти аниқу дақиқ мавҷуд нест.

Барои расидан ба Ҳавзи Бетаг мавзеъҳои Чол ва Лайлоқчаро бо панҳоҳои каҷу килеб (роҳҳои хеле хурди ноҳамвор) сипарӣ бояд кард, ки дар ҳар қадам пешорӯи кас сангҳои сафеди калон- калон, тобасангҳои боби фатирпазӣ барои занони овулнишин, ки гӯё усто онҳоро бо маҳорати хоса тарошида бошад, вомехӯранд.

Новобаста ба мавқеи ҷойгиршавии наздики 4 ҳазор метр баландӣ аз сатҳи баҳр, дар талу теппаи ҷойҳои болозикр гулу алафҳои гуногун, дарахтони арча ва дар байни бошандагони ин деҳ бо номҳои Фаркак ва Четан маълуму машҳур ва ғайраҳо низ мерӯянд ва махсусан сабзазори мавзеи Лайлоқча дар вақти тобистон айни тамошост.

Ранги оби Ҳавзи Бетаг кап- кабуд буда, дар қисми бештари гирду атрофи он барфу пиряхҳо ҳатто дар фасли тобистон ҳам ба назар мерасанд. Обаш ончунон сард аст, ки нушидан як тараф истад, ҳатто шахс тоқат кардан наметавонад, ки як фурсати кӯтоҳ дастонашро дар он нигоҳ бидорад.

Аз назди Ҳавзи Бетаг то макони ҷоришавии Шаршара шояд тақрибан бештар аз 6-7 км роҳ бошад. Маълум мегардад, ки оби кули мазкур ҳамин қадар масофаро дар зери сангу шахҳои бодабдаба гузаштаву пасон банди дили шахи азимеро шикофта, ба замин мерезад.

Дар байни мардуми ин деҳ аз давраҳои пеш анъанаи аҷибе роиҷ шуда, ки ҳар нафаре ба тамошои Ҳавзи Бетаг барояд, ҳатман номи хешро бо сана ва моҳу соли он рӯз дар сангҳои хурду калон бо нуги тобасангҳои тез менависад.

Бинобар ин, ҳангоми гузар кардан аз чунин мавзеъҳо сари ҳар қадам дар сангҳо исми чандин нафар сокини деҳаи зикршударо вохӯрдан мумкин аст, ки даҳсолаҳо пеш нависта шудаанд ва мутаассифона бархеи онҳо аллакай дар қайди ҳаёт нестанд.

Бале, дар табиат чашмаҳову шаршараҳо хеле зиёданд, ки аз болои сангу шахҳо ҷорӣ мешаванд, вале хеле ва хеле ангуштшуморанд он шаршараҳое, ки дили сангу шахҳои азимҷуссаро ба таври ҳайратангез шикофта, аз баландиҳо ҷорӣ шаванд.

Бидуни шак, вуҷуд доштани ингуна Шаршара аз туҳфаи нодири табиат ба инсоният дарак медиҳад, то аз тамошояш лаззат барад ва ба қадри чунин офаридаҳои ҳаёт бирасад.

Аз ин ҷост, ки мардуми деҳаи Каздон аз руйи эҳтироми хос ин муъҷизаи табиатро дар байни худ ҳатто Муллошаршара ном мебаранд.

Аз шоҳидони ҳоли деҳа нақли ҷолибе шунидам: Чандин сол қабл як зани солманди русто дар рахти беморӣ ва дар арафаи ҷон ба Ҷонофарин таслим кардан қарор доштан аз пайвандонаш хоҳиш менамояд, ки барои ӯ аз ҳамин Шаршара об биоваранд. Охирин орзуи он зани бемор ҳамин будааст ва вақте хоҳишашро фарзандон иҷро мекунанд, чанд рӯз пас аз олам мегузарад.

Ин ҳодиса аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ин диёр Шаршараи мазкурро, ки рамзи зебоиву покӣ, манбаи сарсабзиву шукуфоӣ ва ободониву хуррамӣ аст, ниҳоят дӯст ва нисбаташ эҳтирому эътиқоди хоса доранд.

Бо гузашти чандин сол ва бо шарофатии рухсатии меҳнатӣ чанде қабл имкон ёфтем, ки бори дигар ба тамошои ин Шаршараи муъҷизаосои зодгоҳ баромада, дар ин тамузи тафсон лаҳзае ҳам бошад, ба руҳу ҷони худ ҳаловат бахшем.

Бигзор ба табиати Ватани азизамон, ки тамоми гӯшаву канори он пур аз манзараҳои нодир, ҷаззобу мафтункунанда ва тамошобоб аст, ҳеҷ гоҳ ва ҳатто як зарра ҳам газанд нарасад.

Хусрав Шоҳсаидзода,

журналист,

Душанбе-Каздон-Душанбе

Исторические памятники:

Масҷиди Каздон дар маркази деҳа ҷой гирифтааст. Он дорои мустаҳабхона, ҳаммом ва аловхона буда, дохили масҷид аз 14 офоқ, 13 сутун, дари даромад, айвони он аз 6 офоқ, 5 сутун иборат мебошанд. Масҷид соли 1725 сохта шуда, солҳои 1813—1815 ва соли 1914 тармим карда шудааст

Исторические документы: