Суббота 05.10.2024 23:45 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха РавотДеҳаи Равот – Village RavotРАБОТ, деҳа дар Совети қишлоқи Пӯлодон, райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози боғу токпарварии Работ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 15 км, то район 18 км, роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 2261 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, шуъбаи алока, боғчаи бачаҳо, нуқтаҳои хизмати маиши, 3 магазин, 2 чойхона 2 ошхона ва ҳаммом дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ - боғу токдорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара обьёрӣ мешаванд. РАБОТ, деҳа дар ҷ/д Пӯлодон, ноҳ.Конибодом, масофа то маркази ҷамоат 12 км, то маркази шаҳр - 15 км, шумораи хоҷагии он - 938, шумораи аҳолӣ - 5690 нафар (01.01.2017). Работ ба маънои ҳавлӣ, маҳалли истиқомати мусофирон, корвонсарой ва мусофирхона аст. Деҳаи Работи Конибодомро, ки дар маркази чорраҳа ҷойгир аст, «Истгоҳи муҳофизатӣ дар роҳи савдо» меномиданд. Ин ҷо барои мусофирон меҳмонхона, корвонсарой, чойхона, устохона, дӯконҳо сохта буданд. Ба бозори Работ тоҷирони Конибодому Исфара, Қӯқанду Бешариқ омада, савдо мекарданд. Работ инчунин маркази тақсимоти оби сойи Исфара ҳам буд. Оби сойи Исфара бо воситаи 12 ҷӯйи алоҳида деҳаҳои Конибодом ва Бешариқу Рапқонро бо об таъмин мекард. Аз қадим дар ин ҷо тоҷикон ва қисман ӯзбакҳо зиндагӣ доштанд. Маркази деҳаро «Қалъа» меномиданд. Ду километр дуртар аз Работ мазори касалиҳои пӯст - Оққум вуҷуд дошт. Иди Наврӯз ҳам ин ҷо гузаронида мешуд. Одамони номдори деҳа Қӯзӣ Амин, Бузургхон Махсум, Худойбердибой буданд. Аҳолии он бо кишти ғалладона ва ҳунармандӣ машғул мешуданд. Шумораи аҳолии он с.1880 120 нафар, 1907 1600 касро ташкил медод. Солҳои 30-юми асри гузашта деҳқонони ин деҳа колхоз ташкил доданд, ки он ба номи Раҳимбоев буд. Сипас он «Правда» ном гирифт. Солҳои 50-ум колхозро ба совхози боғдорӣ табдил доданд, сипас совхозро ба ҳашт хоҷагии деҳқонӣ тақсим намуданд. Баъди ба кор андохтани замини санглохи гирду атроф деҳа ба ду маҳалли зист Работи кӯҳна ва Работи нав тақсим шуд. Дар деҳа биноҳои маъмурӣ, истиқомати, бозор, ду МТМУ №12 ба номи Ҳ.Қӯзиев ва №46 ба номи Н. Розиқов вуҷуд дорад. Сокинони деҳа бо фарзандони обрӯманди худ фахр доранд. Дата образования: Что означает это название: Топоним «Равот, Рабад, Рабат» означает предместья города, окруженные стенами, городские стены и поселения по их внешнюю сторону; окраина города, предместье; каравансарай; сторожевой пост (арабское: среднеазиатские республики, арабские страны, Пакистан, Афганистан, Иран). Другие значения: "подворня", "странноприимный дом", "станция", "монастырь". В. В. Бартольд [1963, 2, 1] различает рабад и рабат: "...в Туркестане, как и в других пограничных областях мусульманского мира, строились рибаты (таково правильное арабское произношение), или рабаты (так произносилось это слово, которое не следует смешивать со словом рабад в Туркестане). По объяснению автора XII в., рабатом называлось "место, где привязывали коней" (таково и этимологическое происхождение термина); рабат предназначался для газиев (борцов за веру), так как они, когда поселялись в пограничном пункте, жили там лицом к лицу с врагами, отражая их козни и их нападения на мусульман". Таким образом, рабат первоначально в Туркестане - "пограничное поселение", а рабад - "предместье". Форма работ (равот), содержание которой обобщило значения, приведенные для этих слов, - "каравансарай", "окраина города", "предместье", "усадьба", но и "пограничный военный пост". Современное персидское ребат - "пограничный военный пост", "каравансарай", "предместье", "монастырь". Карта местности на Google map:
География: Равот расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами: Расстояние до центра джамоата 10 км Расстояние до центра района 13 км Расстояние до центра области г. Худжанд км Расстояние до г. Душанбе_____ км Административное подчинение: на июнь-август 1932 г. Джамсовет Равот Канибадамского района Таджикской ССР Являлся центром джамсовета Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности: Масчиди панҷвақтаи Работ. Масчиди панҷвақтаи Работ с. 1887 сохта шудааст. Аз гуфтаи мӯйсафедони деҳа масчиди мазкур то с. 1945 фаъолият кардааст. Сипас то с. 1989 ҳамчун анбор истифода бурда шудааст. Аз с.1989 то с.1991 масчид бо қувваи аҳли деҳаи Работ таъмир карда шудааст. Суроға: ҷ/д Пӯлодон, деҳаи Работ. кӯчаи ба номи Алишер Навоӣ, 24.
|
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |