Вторник
03.12.2024
13:03
Форма входа
Календарь
«  Декабрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 463
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Конибодомский район

Ноҳияи Конибодом- Konibodom region - ناحیۀ کانبادام

Дата образования в составе Таджикской ССР: 16.10.1929 г.

Дата образования в составе Таджикской АССР: 10.05.1929 г. 

Дата образования в составе Узбекской ССР: 26.09.1926 г.

Что означает это название: Топоним «Конибодом» правильнее «Канди бодом» означает «Миндальный город» и состоит из слов «кент, кенд, кант, кат» - город, дом, село и «бодом» — миндаль. Название «Конибодом» означает «Источник миндаля, город миндаля» и состоит из слова «кон» - источник, суффикса «и» и слова «бодом» — миндаль.

Центр:  г. Конибодом 

Территория: 828,9 кв. км 

Население Конибодомского района 146,30 тыс. чел. (2015)

По существующему административно-территориальному делению Конибодомского района входит в Согдийскую область Республики Таджикистан.  Конибодомский район расположен в юго-западной части Ферганской долины. На севере граничит с Аштским районом, на востоке — с Исфаринским районом, на западе — с районом им. Б.Гафуров Согдийской области Таджикистана, на юге — с Баткенской областью Кыргызстана.

На западе Ферганской долины, к юго-востоку от Кайраккумского водохранилища, в у северных предгорий Алайского хребта лежат земли Канибадамского района – важного транспортного центра и сельскохозяйственного региона. Здесь протекает Исфара (приток Сырдарьи), широко разливаясь по плодородной долине, которую прорезают искусственные каналы. Административный центр – «миндальный город» Канибадам – также является железнодорожным узлом и автомобильной развязкой.

Регион уже был хорошо освоен зароастрийскими племенами во втором тысячелетии до нашей эры. В средние века прошла исламизация, на месте древних городищ возникли новые поселения, среди которых и Канибадам. В течение многих столетий здесь процветала торговля (несмотря на бесчисленные войны), так как по долине шла она из ветвей Шёлкового Пути. В 18 веке регион вошёл в Кокандское ханство, а во второй половине 19 века – в царскую Россию (часть Туркестана). Район появился в числе первых в республике – в 1926 году. К объектам старины здесь относятся мавзолей Лангари-Бобо, мечети и медресе 16-17 веков.

Как добраться до Конибодомского района

Доехать до Конибодомского района  можно 2-я путями:

1. Через г. Душанбе. Необходимо из аэропорта г.Душанбе добраться до места Цемзавод. Стоимость аз аэропорта до этого места на такси 15$. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в Конибодомский район. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. В любом случае необходимо торговаться с таксистами. Расстояние от г. Душанбе до центра Конибодомского района - 421 км

2. Через г. Худжанд. 

Расстояние от г. Худжанд до центра Конибодомского района - 79 км

История района 

10.11.2000 г. - по настоящее время Канибадамский район Согдийской области Республики Таджикистан

Территория: 829 кв. км. (1.1.2017 г.) центр г. Канибадам

Число сельсоветов: 6 (1.1.2017 г.)

Число сёл: 36 (1.1.2017 г.)

09.09.1991 - 10.11.2000 г.г. Канибадамский район Ленинабадской области Республики Таджикистан

23.12.1970 - 09.09.1991 г.г. Канибадамский район Ленинабадской области Таджикской ССР

28.03.1962 - 23.12.1970 г.г.  Канибадамский район Таджикской ССР

27.10.1939 - 28.03.1962 г.г. Канибадамский район Ленинабадской области Таджикской ССР

Территория: 0,7 тыс. кв. км. (1941) центр г. Канибадам

Число сельсоветов: 15 (1941)

Число посёлков: 1 (1941) рабочий посёлок КИМ

16.03.1938 - 27.10.1939 г.г. Канибадамский район Ленинабадского округа Таджикской ССР

29.08.1930 - 16.03.1938 г.г. Канибадамский район Таджикской ССР 

Центр: г. Конибодом

Территория: 3604 кв. км. (15.07.1934 г.)

Число сельсоветов: 10 (15.07.1934 г.)

Число населённых пунктов: 

Число населения: 20600 чел. (15.07.1934 г.)

16.10.1929 - 29.08.1930 г.г. Канибадамский район Ходжентского округа Таджикской ССР 

10.05.1929 - 16.10.1929 г.г. Канибадамский район Таджикской АССР

26.09.1926 - 10.05.1929 г.г. Канибадамский район Ходжентского округа Узбекской ССР 

27.10.1924 - 26.09.1926 г.г. Канибадамская волость Канибадамского района Ферганской области Узбекской ССР

30.04.1918 - 27.10.1924 г.г. Территория Канибадамской волости входило в состав Исфаринской волости Кокандского уезда Ферганской области Туркестанской АССР

1881 - 30.04.1918 г.г. Канибадамская волость Кокандского уезда Ферганской области Туркестанского края Российской империи

17.03.1876 - 1881 г.г. Канибадамская волость Исфаринского уезда Ферганской области Туркестанского края Российской империи

1709 - 17.03.1876 года Канибадамская волость Ходжентского вилоята Кокандского ханства 

Достопримечательности:

ҚАЛЪАИ МАҲРАМ, таърихи сохтмони он пурра таҳқиқ нашудааст, аксаран онро ба асри XIX мансуб медонанд. Қисми деворҳои вайронаи он то нимаи асри XX вуҷуд дошт. Қалъаи Маҳрам дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буд. Аҳолии деҳаи Маҳрам он вақтҳо дохили қалъа иқомат доштанд. Қалъа бо деворҳои баланди похсагин ва атрофи он бо хандакҳо, чуқуриҳои пур аз об иҳота шуда буданд, ки онҳоро монеа меномиданд. Баландии девори қалъа 16-18 метр, ғафсии девор 12-14 метр, чуқурии хандак 10 метр, бари он 7 - 8 метрро ташкил медод. Қалъа ду дарвоза дошта, даромадгоҳи хонигии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт ва аҳамияти стратегиву мудофиавӣ  дошт. Қалъаро лашкари хонигӣ мудофиа менамуд. Қалъаи Маҳрам бо истодагарии муҳофизони он бар муқобили қӯшунҳои императории Руссия маъруф аст. Қӯшунҳои императорӣ баъди забти Тошканд ба сӯӣ Фарғона равона шуда, 23.08.1875 бо сардории К.П.Кауфман ба қалъаи Маҳрам ҳуҷум намуданд. Гарчанде қувваҳо нобаробар буданд, мудофиакунандагони қалъа истодагарӣ карда, чанд бор ҳуҷуми онҳоро зада rapдониданд. Он гоҳ як мӯйсафед лашкари русҳоро роҳбаладӣ карда, онҳоро аз ақибгоҳ вориди қалъа намуд. Барои ин хизмат мӯйсафед бо медали подшохии «Салиби Сурх» сазовор гашт. Бино ба маълумоти китоби «Таърихи Қарақчиқум» (3.Нозиров) ин роҳбалад сокини Қарақчиқум буда, барои хизматаш нафақаи ҳукумати подшоҳиро низ мегирифт. Яке аз иштирокчиёни ин воқеа рассоми рус Верешагин Василий Василевич (1842 - 1904) манзараеро аз фатҳи қалъа кашидааст, ки он дар осорхонаи «Эрмитаж»-и ш.Санкт-Петербург маҳфуз аст. Чуноне дар асари ёддоштиаш «Бозгашт» (Возврашение) Комил Ёрматов менигорад, бобояш дар давоми 25 сол сардори қалъаи Маҳрам ва вулуси Конибодом будааст. Вайронаҳои қалъаи Маҳрам то сохтмони обанбори Қайроққум (1956) вуҷуд дошт ва сониян зери обанбор монд. 

Численность населения населенных мест:

 

 Мужчины

Женщины

Оба пола

 На 15 января 1959 года

Канибадамский горсовет  26793 29419 56212
Городское население - г Канибадам 8266 9220 17486
Сельское население 18527 20199 38726
На 1970 год
Канибадамский горсовет - г. Канибадам 13622 13206 26828
Канибадамский район (сельское население) 27332 28900 56232
На 1979 год
г. Канибадам 14593 16683 32176
Канибадамский район (сельское население) 34367 35990 70357
к. Пулатон 3419 3513 6932
к. Сари-Куй 2769 2980 5749
к. Кучкак 3946 4185 8131
прочие сельские пункты 24233 25312 49545
На 2000 год
       
На 2011 год
       
       

    

КОНИБОДОМ, районест дар вилояти Ленинобод. 26 сентябри 1926 ташкил ёфтааст. Аҳолиаш 70357 нафар (1979), асо­сан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо ва ғ. Масоҳаташ 828,9 км2. Зичии аҳоли дар 1 км 85,3 нафар. Рай­он 6 Совети қишлоқ дорад: ба номн А.Лоҳутӣ, Патар, ба номи Э.Шарифов, Ҳамробоев, Ғ.Ортиқов ва Пӯлодон. Маркази район —ш. Конибодом. Территорияи район дар қисми ғарбии во­дии Фарғона, дар соҳили баҳри Тоҷик воқеъ аст. Аз Шимолу Шарқ, бо РСС Ӯзбекистон, аз Ҷануб бо райони Исфара, аз Ҷанубу Ғарб бо РСС Қирғизистон, аз Ғарб бо райони Хуҷанд ва аз Шимол бо райони Ашт ҳамҳудуд мебошад. Сатҳаш асосан ҳамвор, ба тарафи Шимол (то дарёи Сир) паст шуда меравад. Аз ҳудуди район дарёҳои Сир ва Исфара, инчунин Канали Калони Фарғона мегузаранд. Иқлими район континентӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи июль 27,8°С, январь тақрибан—2,—4°С. Боришоти солона дар водиҳо 80 мм, дар кӯҳҳо 100 мм. Давраи нашв (беш аз 5°) 266 рӯз. Хоки район асосан хокистарӣ ва қаҳваранг. Регзору даштҳои санглох, дар дарьёбод туқайҳо низ мавҷуданд. Даштҳо аз янтоқ, шӯра, саксавул ва дигар растаниҳо бойанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин дарахтони зардолу, биҳӣ, себ, олуча, шафтолу, нок, анҷир, гелос, анор, ангур, чормағз, санҷид, тут, бед, сафедор ва ғ. бисьёранд. Аз ҳайвонот рӯбоҳ, гург, ҷайра, аз паррандаҳо бедона, гунҷишк, мусича, фароштурук, эзорсурхак, булбул, кабк, акка, зоғ ва ғ., аз хазандагон тирмор, кӯрмор, мори буғма, мори чипор ва ғ. вомехӯранд. Дар иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ ҷои асосиро ишғол мекунад. Махсусан пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорию паррандапарварӣ ва кирмакдорӣ ривоҷ ёфтааст. Соли 1980 район 5 колхози пахта­корӣ, 2 совхози боғдорӣ ва 1 совхози паррандапарварӣ дошт. Майдони умумии заминҳои хоҷагии қишлоқ 56267 га, аз ҷумла заминҳои обьёришаванда 18 887 га. Майдони пахта 8159 га, ғалла (гандум, ҷав, ҷуворимакка, зироатҳои лӯбиёгӣ) 302 га, боғу токзорҳо 5862 га, зироати хӯроки чорво 3606 га. Саршумори чорвои район (1980, ба ҳисоби сар): гов —9402, бузу гӯсфанд—22533. Район соли 1979 ба давлат 22693 т пахта, 2038 т гӯшт, 6561 т шир, 7110 т сабзавот, 2696 т меваи хушк ва 262 т пилла фурӯхт. Корхонаҳои саноатии район: заводҳои пахтатозакунӣ, «Тоҷиксельмаш», равған. Соли таҳсили 1979/80 район 22 мактаби миёна, 16 мактаби 8-сола, 1 мактаби ибтидоӣ, 2 мактаб-интернат, техникуми технологӣ, омӯзишгоҳи педагогӣ ва 3 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ дошт, ки дар онҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Район инчунин 20 клуб, 6 хонаи маданият, 68 китобхона, 2 хонаи пионеров, 5 касалхона, 21 пункти фельдшерию акушерӣ, 6 пункти тиббӣ, 6 дорухона дорад. Аз территорияи район роҳи оҳани Тошкент — Хавос —Қӯқанд (станцияи Конибодом) мегузарад. Роҳи мошингард Конибодомро бо шаҳрҳои Ленинобод, Самарканд, Андиҷон, Қӯқанд, Ӯш мепайвандад. Аэродром дорад. Газетаи районӣ — «Машъали коммунизм» (соли таъсисаш 1932).
А.Қурбонов.

Дар ноҳияи Конибодом 36 деҳа (с. 2017) мавҷуд аст, аз ҷумла дар ҷ\д ба номи Абулқосим Лоҳутӣ - 3 деҳа (Лоҳутӣ, Санҷидзор, Ҷаҳонзеб), дар ҷ\д ба номи Ғафурҷон Ортиқов - 9 деҳа (Айнӣ, Гулбоғ (Тутиқавола), Диловарон (Шаҳидқароянтоқ), Истиқлолият (Тағойкӯйчӣ), Кӯйи қозиён, Ҳисорак (Қурғонча), Сайхун (Калинин), Фирӯзоба, Шӯробқалъа (Шӯрқурғон)), дар ҷ\д Патар - 6 деҳа [Ғалаба, Деҳқонобод, Дӯстӣ, Нурафшон (Қизилнур), Патар, Сафедорак (Яккатерак)], дар ҷ\д Пӯлодон - 8 деҳа [Ғалчамулло, Ободон (Қайрағочӣ), Пӯлодон, Роҳи нав, Работ, Работи нав (Янги Работ), Сарикӯй, Тагитӯда), дар ҷ\д ба номи Раҷаб Ҳамробоев - 5 деҳа [Бекобод, Кӯшкак, Сомониён (Янги Кӯшкак); Файзбор (Дашти қароянтоқ), Хамирҷӯй], дар ҷ\д ба номи Эргаш Шарифов - 5 деҳа [Маданият, Маҳрам, Ниёзбек, Пахтакор. Паҳлавон қалъа (Ботурқурғон)].

ВОЛОСТ, вулус (Қисми вилоят, ки аз якчанд деҳа иборат буда, худаш ҷузъи уезд буд). Вулус дар Конибодом аз охирҳои асри XV ташкил ёфта, он, бино ба навиштаи Бобур, ба вилояти Хӯҷанд тобеъ буд. Минбаъд вулуси Конибодом с.1866 ба ҳайати хонигии Қӯқанд ва аз с.1876 ба ҳайати уезди Исфара дохил буд. Соли 1881 баъди барҳам хӯрдани уезди Исфара вулуси Ко­нибодом аз нав ба тобеъияти уезди Қӯқанд дохил гардид. Баъди истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русия ҳудуди Осиёи Миёна (ғайр аз Бухорою Хева) ба вилояту уездҳо тақсим шуданд. Уездҳо ба вулус ва вулус ба обшинаи деҳагӣ тақсим гардиданд. Сардори вулус – «волисполком», сардори обшина – «амин» буд. Вулусиҳо ба сардори политсия (пристав) итоат мекарданд ва пристав ба уезди Қӯқанд тобеъ буд. То охирҳои асри 19 ба ҳайати Конибодом шаш вулуси зерин дохил буданд: Навкат-Қипчоқ, Лайлак, Сух, Исфара, Конибо­дом ва Маҳрам. Дар натиҷаи тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Осиёи Миёна вулусҳои Навкат-Қипчоқ, Лайлак ва Сух аз ҳайати Конибодом ҷудо шуданд. Дар ҳайати ву­луси Маҳрам вулуси Кӯшкак ташкил ёфт. Дар заминаӣ вулусҳои Исфараю Конибо­дом, Маҳраму Кӯшкак 14.05.1925 ноҳияи Конибодом таъсис ёфт.