Понедельник 14.10.2024 03:43 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Джамоат ПулодонҶамоати Пӯлодон – Jamoat PulodonҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОДОН, марказаш деҳаи Пӯлодон, санаи ташкили он - 02. 09. 1919. Ҷамоати Пӯлодон яке аз ҷамоатҳои калонтарин ва бонуфузтарин дар шаҳру ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар 5197 хоҷагии ин ҷамоат 33441 нафар аҳолӣ (ба 01.01.2017) истиқомат мекунанд. Дар ҳудуди ин ҷамоат 1912 хоҷагиҳои кишоварзӣ, деҳаҳои аҳолинишини Пӯлодон, Ғалчамулло, Работ, Сари кӯй, Роҳи нав, Таги тӯда, Ободон, шаҳраки Курғонча, ҶС ба номи Энаҷон Бойматова, ҳафт мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, комбинати таълимию истеҳсолии байнимактабӣ, дармонгоҳ, панҷ пункти тиббӣ, китобхона, хонаи маданият, бозор, заводҳои пахтатозакунӣ ва равганкашӣ, масоҷид ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд. Ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ибтидо аз чор ҷамоат: Пӯлодон, Работ, Сари кӯй ва Роҳи нав иборат буд. Аз солҳои 50-уми асри XX дар натиҷаи муттаҳидшавии колхозҳо фаъолияти ҷамоатҳо нисбатан маҳдуд гардида, муттаҳидкунии онҳо оғоз гардид. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30.10.1948 ҷамоати Роҳи нав барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Сари кӯй ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 03.11.1950 ҷамоати Сари кӯй барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 26.05.1952 деҳаи Ғалчамулло аз ҳудуди ҷамоати Пӯлодон бароварда шуда, ба ҳудуди ҷамоати Работ ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 08.10.1954 ҷамоати Работ барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 01.10.1956 ҷамоати Патар барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҷамоати Пӯлодон ҳамроҳ карда шуд. Бо фармон аз 05.01.1965 ҷамоати Патар аз нав ташкил ёфта, деҳаҳои Патар, Калпаса, Халтақишлоқ, Яккатерак, ҳудуди идораи ҷангал, заводи равған, заводи пахта аз тобеияти ҷамоати Пӯлодон ба тобеияти ҷамоати Патар гузаронида шуданд. Ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ҷумҳурӣ чун манбаи кадрҳои баландихтисос шӯҳрат ёфтааст. Аз ҳудуди ин ҷамоат, се нафар ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, сазовор гардидаанд, даҳҳо олимони барҷаста фарзандони ин маконанд. Ҷамоати Пӯлодон аз лиҳози ободонӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятии намунавӣ ва тартибу танзими расму оинҳои нав борҳо ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ гардида буд. Дар ин ҷамоат дар солҳои гуногун ба сифати раис: Азимов Мухсинбой (аз 09.09.1919), Мирзоумаров Акбар (1922), Заӣниддинов Ғиёсиддин (1933-34), Турсунов (1935), Ортиқов Маҳкамбой (1936-37), Шокиров Ахмадҷон (1937-39), Назирова Шарифа (1955-63), Отахонов Исмоил (1963-64), Тайфиқов Юнус (1964-66), Боҳиров Турсунбой (1966-75), Ҷӯраев Сайдулло (1975-82), Раҷабова Фарида (1982- 85), Бобоолимова Фотима (1985-90), Марасулов Мухтор (1990-95), Шарифов Бахтиёр (1995-97), Ҷабборов Ҳасанбой (1997-2001), Шарифов Бахтиёр (2001-03), Юсуфова Ҳанифа (2003 -11), Шарифов Боҳир (2011-2013), Холматова Дилбар (2013-2015). Ализода Набичон (17. 03. 2015 -..) Дата образования: Что означает это название: Топоним «Пулотон» правильнее будет «Пулодон», означает «Стальные» и состоит из слова " пӯлод" - означающий "стальной" и «-он» (-о (хо); -ан, -ун, -йон, -йун, -ён) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание ^о используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. Центр: деха Пулодон Территория: Население джамоата
на 1.1.2017 г.
Исторические документы:
Административно-территориальное деление Таджикской ССР, Указ от 04.01.1963 г. (перейдите по ссылке)
Указ от 28.07.1954 г. (перейдите по ссылке)
|
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |