Вторник
24.12.2024
05:45
Форма входа
Календарь
«  Декабрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 464
Статистика

Онлайн всего: 12
Гостей: 12
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Джамоат Яхтан

Ҷамоати Яхтан – Jamoat Yakhtan

Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Ғончии вилояти Суғд 8 деҳаро дар бар мегирад, аз он ҷумла: деҳаҳои Қизилӣ, Қийғир, Даштикон, Хуштоири Мухлон, Хуштоири Ҷар, Ҷари Ѓуломкуш, Дам ва Яхтанро дар бар мегирад.

Маркази маъмурии Ҷамоат дар деҳаи Хуштоири Мухлон ҷойгир мебошад. Масофаи байни маркази Ҷамоат аз маркази ноҳия 14 км аст. Ҷамоати деҳоти Яхтан аз шимолу шарқ бо ноҳияи Спитамен аз ғарб - бо шаҳри Истаравшан, аз ҷануб - бо Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия ҳамсарҳад аст.

Ҷамоати деҳоти Яхтан соли 1930 ташкил шудааст. Таърихи пайдоиши деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат асосан марбут ба муҳайё будани шароити нисбатан мусоид барои чорводорӣ буд, ки мардуми ин мавзеъ ба туфайли чарогоҳҳои васеъю сералаф дар ин ҷой муқимӣ шудаанд. Ба ғайр аз ин ҷойгиршавии ҷуғрофии деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат, аз он далолат мекунад, ки деҳаҳо асосан дар шафати роҳи куҳан, ки онро «Роҳи абрешим» ном мебаранд, ҷойгир мебошанд. Дар замони қадим «Роҳи абрешим», барои тараққиёти иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии деҳоти Яхтан нақши назаррас бозида, пайвандгари тамаддунҳо ва ризқрасон низ будааст. Ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пайгиронаи давлату ҳукумат имрӯз «Роҳи Абрешим» аз нав «эҳё» шуда, тақрибан 10 км шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз ҳудуди Ҷамоат мегузарад ва барои рушди соҳибкори- тиҷорат мусоидат намуда истодаааст.

Ҷамоати деҳоти Яхтан дар қисми шимолии маркази ноҳия (шаҳраки Ғончи) ҷойгир шуда, масоҳаташ 16850 га-ро ташкил менамояд. Ҷамоат дар минтақаи дорои иқлими гарми субтропикӣ, боришот нисбат ба дигар минтақаҳои ноҳия камтар мебошад. Дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво то ба 35- 42 дараҷа гармӣ расида, ҳарорати миёнаи ҳаво дар давоми сол 23- 25 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Қисмати шимолии ҳудуди Ҷамоат, ҳудуди деҳаҳои Даштикон, Хуштоири Мухлон ва мавзеи «Сексарӣ» - и дењҳи Қизилӣ, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор, мавзеи дорои шамоли сахт, ки аз тарафи шарқ мевазад, ҷойгузин аст. Релефи ҳудуди Ҷамоат аксаран ҳамвор, талу теппаҳои паст ва фарохро дорост.

Мављудияти чарогоҳҳои фароху сералаф ва иқлими мусоид боиси шуғли бештари аҳолии маҳаллӣ ба чорводорӣ гаштааст.

Ҳудуди Ҷамоат дорои захираҳои бойи масолеҳи сохтмон (хоки аълосифат барои хишти хому пухта), обҳои зеризаминӣ (мавзеи сойи Хуштоир, ки зиёда аз 400 литр обҳои зеризаминӣ дорад), чашмасорҳо дар деҳаи Қизилӣ, мавзеи Қутурбулоқ ва оби гарми зеризаминӣ дар деҳаи Қизилӣ мебошад.

Ҳолати демографӣ. Аҳолии Ҷамоат ба ҳолати 01.01.2011 - 13464 нафар, аз ҷумла 6727 нафар мардон ва 6737 нафар занонро ташкил медиҳад. ҳамасола 300-350 нафар афзоиш ёфта, ба ғайр аз ин аз ҳисоби муҳоҷирони экологӣ ва ихтиёрии минтақаҳои зерикуҳии ноҳия (Ҷамоатҳои Росровут ва Овчӣ) инчунин деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ суръати афзоиши аҳолӣ бештар гардида истодааст.

Дата образования: 01.06.1930 г. 

Что означает это название: Топоним «Яхтан», означает «Ледяное туловище» и состоит из таджикских слов "ях" - означающий "лёд" и «тан» - тело, туловище, стан, корпус. Считается, что топоним произошел от слова «яхдон», что в переводе означает "холод, холодильник". Название ассоциируется с климатическими условиями местности. Здесь часто дуют сильные ветра, особенно в зимний период, поэтому в пределах поселка и его окрестностей температура на несколько градусов ниже, чем в других населенных пунктах области.

Центр: деха Яхтан

Территория: 16850 га (01.01.2019)

 

КИШОВАРЗӢ (01.01.2019)

Заминҳои корам – 6290 га; 

Аз ҷумла заминҳои обӣ – 2294 га; 

Боғот – 279 га;  

Население джамоата

Название городов,

дехов и пгт.

(на 01.01.2014 г.)

Население городов, дехов и пгт. на:

Расстояние от центра 

джамоата до деха, км.

15.01.1959

1970

1979

1989 1999

2009 

 1.1.2017

 Бахт

 

 

 

   

 

 

 

 Богистон

 

 

 

   

 

 

 

 Лолазор

 

 

 

   

 

 

 

 Ходжа Тохир

 

 

 

   

 

 

 

 Шохин

 

 

 

   

 

 

 

 Яхтан

 

 

 

   

 

 

 

Хуштохири Мухлон

               

на 1.1.2017 г.

Аҳолӣ мувофиқи 01.01.2019 сол – 16653 нафар; 

Аз он ҷумла: 

Мардҳо – 7909  нафар; 

Занҳо – 8744  нафар; 

Миллатҳо: (01.01.2019)

Тоҷикон – 1177  нафар; 

ӯзбекон – 15478нафар; 

дигар миллатҳо – 4 нафар. 

МАОРИФ (01.01.2019)

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – 9 адад; 

Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ  – 1 адад; 

Муассисаҳои тарбияи томактабӣ – 2 адад;  

ФАРҲАНГ (01.01.2019)

Хонаи фарҳанг, клубҳо – 4  адад; 

Китобхонахо – 4 адад; 

Фонди китобҳо – 16116 адад;  

ТАНДУРУСТӢ (01.01.2019)

Марказҳои саломатӣ – 2 адад;   

Шумораи бунгоҳҳои тиббӣ – 4 адад;  

ВАРЗИШ (01.01.2019)

Майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ – 6 адад; 

Толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ – 4 адад; 

Исторические документы: