Пятница 13.09.2024 23:22 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха Рашнаи поёнДеҳаи Рашнаи поён – Village Rashnai poyonРАШНА, деҳа дар Совети қишлоқи Шинги райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Терреторияи колхози «Правда». Аз Рашна то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 47 км, роҳ қисман асфальтпуш. Аҳолиаш 1155 нафар (1981), тоҷикон. Рашна дорои мактаби 8 сола ва магазин мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ – тамокукорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Шинг обьёрӣ мешаванд. Дата образования: Прежнее названия: Что означает это название: Топоним «Рашнаи поён» означает «Нижняя Рашна» и состоит из согдийского слова «рашно» - одно из течений огнепоклонников, суффикса «и», и слова «поён, поин - вниз, нижний. Карта местности: География: Рашнаи поён расположена на высоте 1710 м от уровня моря (39.232828, 67.800607), граничит с (дехами, городами):____________ Расстояние до центра джамоата 8 км Расстояние до центра района 50 км Расстояние до центра области г. Худжанд 281 км Расстояние до г. Душанбе 257 км Как добраться: Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы: Камолии Рашнагӣ Номи аслии ӯ Мулло Миркамол ибни Мулло Исмоил аст, ки дар охирҳои асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ дар деҳаи Рашнаи Поёни ноҳияи Панчакент ҳаёту фаъолият намуда, бо тахаллуси Камолии Рашнагӣ ашъор сурудааст. Аз маълумоти бадастрасида маълум мешавад, ки вай муддате дар шаҳрҳои Бухорову Кобул таҳсили илм карда, боқи тамоми умр ба деҳқони машғул буд ва дар баробари ин тарқи эҷод накардааст. Аз қавли мардуми деҳаи Рашнаи Поён бармеояд, ки қисми асосии ашъори Камоли солҳои 30-юм дар қатори бисёр осори гаронмояи ниёгонамон тӯъмаи оташ қарор гирифтаанд. (М.Махмадшоев) Махзуни Рашнагӣ (1834-1897) Мулло Ашур мутахаллис ба Бисмил ва Махзун соли 1834 дар деҳаи Рашнаи Поён дар оилаи Мулло Ҷонмуҳаммад ибни Бадалбоки ба дунё омадаст. Шоир дар қатори бародаронаш Шомуҳаммад, Мулло Абдуллоҳ, Ниёзбоки, Мулло Мурод, Мулло Турсун ва хоҳараш Эвазмо аз мактаби падар сабақ гирифта, илмҳои замонаашро фаро гирифтааст. Вай тамоми умр дар деҳа зиндагӣ карда, ба касби деҳқони шуғл варзидааст. Мулло Ашур дар давоми ҳаёти хеш ду маротиба оиладор шудааст. Аз зани аввалааш Огомо панҷ фарзанд- Наҳлиддин, Ойбегим, Бобоҷон, Мулло Қурбон, Сафуро ва аз зани дуюмаш Ҷаннат низ панҷ фарзанд-Фазлиддин, Лутфиддин, Гулваш, Дилкаш, Гулрухсор ба дунё омадаанд. Наберагон ва аберагони шоир Усто Бердӣ, Мулло Ҳотам, Мулло Ашӯр, Мулло Аҳмад, Мулло Тӯлибой миёни мардум бо ҳунару одоби накӯ ва дониши баланд сазовори ҳурмату эҳтироми хосса мебошанд. Аз ашъори парокандаи шоир маълум мешавад, ки ӯ дили пурдард дошта, аз бевафоии рӯзгор ва аз вафоти ҳамнишинон ба танг омада, аз шеъру шоири дасти мадад меҷӯяд. Аз эҷодиёташ ғайр аз ашъори пароканда китобе бо номи «Миноҳаҷ-ул-ибод ва танбеҳ-ул-ғофилин», ки аз 27 боб иборат аст ва дар мавзӯъҳои динию ахлоқӣ бахс мекунад, боқӣ мондааст. Ин китоб бо хати худи шоир китобат шудааст. Мулло Ашӯр соли 1897 дар синни 63-солаги дар диёри худ аз олам гузаштааст. Зарифии Рашнагӣ Мулло Мирзариф шоири асри ХVIII дар деҳаи Рашнаи Поён таваллуд шуда, тамоми умр дар ҳамон деҳа умр ба сар бурдааст. Ба касби деҳқони машғул буда, дар баробари ин эҷод менамуд. Ашъори Зарифи пароканда буда, то ба мо қисми хеле камаш расидааст. (М.Махмадшоев) Достопримечательности:
Исторические документы: ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 19 июни соли 2024, № 523 Дар бораи иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз карда шаванд: 1) дар шаҳри Истаравшан: - деҳаи Бафоии деҳоти Гули Сурх ба деҳаи Вафоӣ; - деҳаи Саричияки деҳоти Қалъачаи Калон ба деҳаи Саричак; 2) дар шаҳри Панҷакент: - деҳаи Киштудаки Поёни деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Киштудаки Пойин; - деҳаи Сойи Вешисти деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Нови Вешист; - деҳаи Уртақишлоқи деҳоти Саразм ба деҳаи Миёндеҳ; - деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Ғезани Пойин; - деҳаи Майдони Моғиёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Моғиёнмайдон; - деҳаи Рашнаи поёни деҳоти Шинг ба деҳаи Рашнаи Пойин; - деҳаи Ҳушёрии деҳоти Шинг ба деҳаи Ҳушор; 3) дар ноҳияи Ашт: - деҳаи Ашти Поёни деҳоти Ашт ба деҳаи Ашти Пойин; - деҳаи Каттасарқамиши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Найистон. Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ |
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |