Вторник
08.10.2024
08:38
Форма входа
Календарь
«  Октябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 460
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Вору

Деҳаи Ворӯ – Village Voru 

ВОРӮ, деҳа дар Совети қишлоқи Ворӯ, райони Панҷакенти вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Зарафшон». Аз Ворӯ то маркази Совети қишлоқ 18 км, то район 80 км. Аҳолиаш 669 нафар (1976), тоҷикон. Ворӯ дорои мактаби миёна, пункти тиббӣ мебошад. Соҳаҳои хоҷагӣ- чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обьёрӣ мешаванд.

Ворӯ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент. Аз Ворӯ то маркази шаҳр 70 км. Аҳолиаш 1347 нафар (2017), тоҷикон. Сокинони ин ҷамоати деҳоти Ворӯ асосан машғули кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошанд.

Номи Ворӯ аз калимаи Суғдии "Ворӯбарашта" гирифта шудааст.

Дата образования: известен с 1792 года 

Карта местности на Googlemap:

География: Вору расположена на высоте 1800 м от уровня моря, граничит с (дехами, городами):____________

Деҳаи мазкур дар доманаи кӯҳҳои баланди водии Зарафшон ҷой дорад ва аз ҷумлаи кӯҳҳои баландаш ин кӯҳҳои: Зав, Ӯлғар, Кӯҳи Сиёҳ ва ғайраҳо ки аз нигоҳи манзар беназиранд.

Иқлими деҳаи Ворӯ субтропикӣ-континенталӣ (гармии ҳаво дар давраи тобистон аз +24°С то +36°С ва дар давраи зимистон то — 22°С) мебошад. Табиат ва иқлими деҳа барои рушди соҳаҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ хеле мусоид буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот заминаи асосӣ мегузорад. Дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент 150 навъи растаниҳои доруворӣ, 50 навъи растании асаловар, 100 навъи растании ғизоӣ, 120 растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо дар талу тепаҳо ва пуштаҳои ҳудуди деҳаи Ворӯ мавҷуданд.

Расстояние до центра джамоата 40 км

Расстояние до центра района 70 км

Расстояние до центра области г. Худжанд    _____ км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1905 1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств 70            
Количество населения 332   669       1347
из них мужчин 190            
из них женщин 142            
Количество медпунктов     1        
Количество школ 1   1        

Известные уроженцы:

Деҳаи мазкур зодгоҳи Домулло Ато, Мулло Мавлавӣ, Эшони Қозӣ, Мулло Бобури Ишқӣ, Мулло Маҳмуди Кӯҳӣ, Аълохон Афсаҳзод, Исомиддини Абдушаҳид, Муҳаммад Ансор, Абӯбакр Зубайдов ва дигар абармардоне амсоли инҳо мебошад.

Мулло  Бобур (Ишқӣ)   (1792-1863)

Мулло Бобур соли 1792 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон  ба дунё омадааст. Номи падараш Ҳидоятулло буда, дар мактаби деҳа саводи ибтидоиро мегирад. Сипас дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро таҳсили илм намудааст. Баъдан ба деҳааш баргашта дар он ҷо ба деҳқони машғул мешавад ва гоҳо барои дуктарошон ва шоха-гарони Самарқанду Ургут аз кӯҳистон чӯбу дуку тирак меовард.

Ашъори Ишқӣ дар девоне фароҳам омадааст, ки тақрибан 3500 байтро ташкил медиҳад ва  ду сол пеш аз вафоти шоир мураттаб шудааст. Девони Ишқӣ аз ғазалу мухаммас ва рубоию қитъа иборат буда, шоир  дар ашъораш бештар аз баҳору нигор, гулу лола, ишқу муҳаббат, аҳволи вазнин, зиндагии қашоққона ва ноободии кӯҳистони тоҷик сухан рондааст. Ғазалҳои Ишқӣ  дар пайравии Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Шавкат ва Сайидо навишта шуда, номбурда ба ғазалҳои шоирони мазкур мухаммасҳо бастааст. Сабки ашъораш соддаву равон буда, дар онҳо таъбирҳои халқӣ, луғати зиндаи мардуми маҳалли, ташбеҳу истиораҳои рӯшан ба кор рафтаанд. Тибқи ривояти ҳамдиёронаш авлодони шоир ҳама аз аҳли фазл ва шоиру фозилони давр маҳсуб меёфтаанд, ба монанди: Ворис, Мулло Фозил, Факи. (М.Махмадшоев)

Кӯҳӣ (1857-1914)

Мулломаҳмуди Муллоаҳмад соли 1857 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент дар оилаи косиби сангтарош ба дунё омадааст. Кӯҳӣ аз табори Саидаҳмади Қосим буда, гузаштагонаш аз ашхоси хирадманду мӯътабари диёр махсуб мешуданд. Саводи ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд меравад ва як муддат дар мадориси он ҷо илм меомӯзад. Ӯ бо тахаллуси Кӯҳӣ шеър мегуфт ва дар баробари ин хаттоти моҳир низ будааст. Аз эҷодиёти Кӯҳӣ тақрибан 1500 мисраъ боқӣ мондааст. Мероси адабии ӯ аз ғазал, мухаммас, тарҷеот иборат мебошад. Кӯҳӣ ба ғазалиёти чанде аз шуарои форс-тоҷик хусусан Сайидо мухаммас баста, баъзан ба ғазалиёти Ҳофиз пайрави ва татаббӯъ намудааст. Ӯ дар шеърҳояш ишқу муҳаббат ва зиндагию меҳнати деҳқононро сутудааст. Гоҳо аз ноҳамвориҳои замон, нокомии мардуми меҳнаткаш, ситаму беадолатиҳои ҳокимон забони шиква во кардааст. Забони ашъори ӯ соддаю равон буда, вай аз калимаю ибораҳои гуфтугӯии мардум ва таъбирҳои рехтаи халқӣ фаровон истифода намудааст. Кӯҳӣ дар навишти хатти настаълиқ ва шикаста мумтоз будааст.  Шоири соҳибдевон буда, бар асари солҳои шахспарасти ашъораш тӯъмаи оташ гаштааст. Ба мо як қисми парокандаи ашъораш тавассути баёзи яке аз пайвандонаш Зиндадили Саҳронишин дастрас гардид, ки дорои   4 ғазал, 4  мухаммас  буда, ҳаҷми он 100 байтро ташкил медиҳад. (М.Махмадшоев)

Мулло Одинамуҳаммади Мулло Абдуҷалил бо тахаллуси Ворис

 Яке аз чеҳраҳои шинохтаи исломии замон, факеҳ, олим, мударрис ва муттакии соҳибҳол буда, соли 1875 дар деҳаи Ворӯи Панҷакент дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Назди падараш Мулло Абдуҷалили Раҳматуллоҳ, ки хатмкардаи мадрасаи Шердори Самарқанд будааст, таҳсили ибтидои гирифта ва баъдтар дар мадрасаҳои Самарқанд ва мадрасаи  Мири Араби Бухоро ба муддати 18 сол илм омӯхтааст. Аз шарикдарсони устод Айни  махсуб мешавад. Дар ҳузури амири давр аз илмҳои  фикху илоҳиёт ва тафсир имтиҳони махсус супорида, ба унвони мавлавӣ сазовор гардидааст. Муддате чанд мударриси намуда, таи 3 сол то Инқилоби Октябр раёсати исломии водии Киштӯду   Панҷакентро роҳбарӣ мекард. Баъди инқилоб ба таъкиб афтода, ба деҳаи худ бармегардад. Ҳаёти ин давраи шоир бисёр вазнину душвор ва дар азияту нотавониҳо гузаштааст. Ҳамон солҳо дар деҳаи Варзиканда ба беморӣ гирифтор шуда, вафот мекунад. Дар бораи соҳибхоливу мунозира ва каромоти ӯ  миёни мардуми он сарзамин ривоятҳои бисёр ҳаст. Гӯиё ду маротиба бо Хоҷаи Хизр вохӯрдааст. Ду маротиба хонадор шудааст. (М.Махмадшоев)

Достопримечательности:

 

Исторические документы:

1905 г. - Российская империя, Туркестанский край, Самаркандская область, Самаркандский уезд, Пенджикентский участок, Кштутская волость, Воруское сельское общество, деха Вору

* Варунъ = Вору, Газа = Газза (Ghazza), Гартанъ = Гуйтан (Ghuytan), Динъ = Вен