Пятница
15.11.2024
20:05
Форма входа
Календарь
«  Ноябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 66
Гостей: 66
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Деха Яхакпаст

Деҳаи Яхакпаст – Village Yakhakpast

Дата образования:

Что означает это название: Топоним «Яхакпаст», означает «Низина льдинки или Известковая низина» и состоит из слов «яхак»-означающий: «1. льдинка; тонкий лёд; 2. кулинарное: яхак - халва из виноградного сока, 3. «яхак, ахак (аҳак (ahak), оҳак(ohak)) – известь, и «паст – «низкий», «плоский», «пасти» - низина, низменность, впадина, ложбина. 

Карта местности на Google map:

География: Яхакпаст расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами: Кули офтобруя, Кули сояру и Кизило

Расстояние до центра джамоата 14 км

Расстояние до центра района 34 км

Расстояние до г. Душанбе_____ км

Как добраться:

Доехать можно через пгт. ГАРМ. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона.

Население

  1959 1976 1989 1999 2009 1.1.2017
Количество домохозяйств            
Количество населения           308
из них мужчин            
из них женщин            
Количество медпунктов            
Количество школ            

Известные уроженцы:

.....

МОҶАРОИ ҚИПЧОҚҲО

Чи тавре, ки дар боло гуфта будем, эшони Авлиё Мирзораҳим бобои эшони Султонро мири Қаротегин солҳои 50-уми асри 19 ба Ғарм даъват карда деҳаи Яхакпастро ба ӯ мебахшад. Дар ин деҳа чанде пеш аз тарафҳои Бухорову Самарқанд як гуруҳи қипчоқҳоро оварда буданд. Барои ҳамин ҳам мардуми ин деҳаро қипчоқҳо мегуфтанд. Эшони Авлиё Мирзораҳим аз Вахё муридонашро ба Яхакпаст даъват намуда ба онҳо заминҳои корамнашударо тақсим мекунад. Сол то сол сафи муридони вахёчии эшонҳои Ёзғанд дар Яхакпаст зиёд мешавад. Махсусан омадани вахёчиҳо ба Яхакпаст дар замони эшони Султон хеле зиёд мешавад. Мавқеи қипчоқиҳо дар Яхакпаст торафт танг мегардад. Онҳо аз додани ушр ба эшонҳо саркашӣ мекунанд. Эшони Султон фармон медиҳад, ки қипчоқҳое, ки ушр ва закот намедиҳанд аз замин ва хонаву дар берун карда шаванд. Бадарғаи қипчоқҳо дар соли 1914 аз деҳаи Яхакпаст ба таври оммавӣ сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол байни муридони вахёчии эшони Султон ва қипчоқҳо задухӯрд сурат мегирад. Эшони Султон аз болои қипчоқҳо ба Қӯшбегии Ҳисор шикоят мебарад. Қӯшбегии Ҳисор 20 нафар қипчоқии Яхакпастро ба Ҳисор даъват мекунад то дар назди қозии шариат ба саволҳо ҷавоб гӯянд. Яке аз онҳо, Одинаро, ҳабс карда ба Бухоро мефиристанд. Се нафари дигар Ҷалол, Юнус ва Ҳисориро дар Душанбе зиндонӣ мекунанд. Тибқи ҳукми қозӣ боқимондаҳо ҳақ доштанд, ки дар Яхакпаст ба ҳайси чоряккор зиндагонӣ кунанд ва аз заминҳояшон истифода баранд. Вале аз байни ин 16 нафар се нафарашон Зайниддини Амон, Салим Самеъ ва Мирзо Хол ба Тошканд ба назди губернатори рус барои шикоят рафтанд.

Ва аммо дар Тошканд низ касе ба доди онҳо намерасад. Онҳо боз ба назди амири Бухоро даромаданӣ мешаванд. Эшони Султон аз ин нияти қипчоқҳо бохабар шуда Қӯшбегии Ҳисорро низ хабардор мекунад. Қӯшбегии Ҳисор тавассути Қӯшбегии Бухоро, ки хешаш будааст, роҳ намедиҳад, ки қипчоқҳо ба назди амир раванд. Он гоҳ ба ин 16 нафар қипчоқии Яхакпаст 70 нафар ҳамшаҳриёни онҳо, ки ба Бухоро қаблан омада буданд, ҳамроҳ мешаванд. Хулоса, байни қипчоқҳову одамони Қушбегӣ задухӯрд ба амал меояд. Чанд нафар захмӣ мешавад. Гап ба гӯши Амир Олимхон мерасад ва оқибат қипчоқҳоро ба ҳузури хеш даъват мекунад. Дар асоси шикояти қипчоқҳои Яхакпаст замини эшонҳоро дар Яхакпаст ду қисм намуда як қисми онро ба қипчоқҳо ва қисми дигари онро ба эшони Султон медиҳанд. Дар Бухоро ин ҳодисаро ҳодисаи вахёчиҳо ном мебурданд. Устод Садриддин Айнӣ як рубоӣ дорад, ки дар он бо эҳтимоли зиёд ба ҳамин ҳодиса ишора шудааст:

Фарёд, ки моро фалаки иғвочӣ,

Афканд миёни мардуми балвочӣ.

Таърих зи рӯи ҳуш ҷӯйӣ ёбӣ,

Аз "воқеаи тумонии вахёчӣ".

“Султони Ҳамад, "Бурхи Валӣ - дӯсти Худо", Душанбе, Истеъдод, 2013.”

 Достопримечательности: