Воскресенье 06.10.2024 10:15 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха Галчамулло (им.Жданова, Галчамулло)Деҳаи Ғалчамулло – Village GhalchamulloЖДАНОВ (собиқ Ғалчамулло), деҳа дар Совети қишлоқи Пӯлодон, райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Москва». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 км, то район 9 км. роҳ асфальт. Аҳолиаш 949 нафар (1978), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, магазин, чойхона ва ғ. дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара обьёрӣ мешаванд. Прежнее название: "Галчамулло" (с...по настоящее время) - "им. Жданова" - "Галчамулло" Что означает это название: Топоним «Галчамулло», означает «Приземистый мулла» и состоит из слова "ғалча (ghalcha)" - означающий " низкорослый крепыш; приземистый, плотный; толстый (о человеке) 1. печаль, грусть; скорбь, горе; 2.забота; тревога, переживание (за кого-л., что-л.;)" и «мулло» означающий المُلَّا /аль-мулла/ от арабского: مَوْلَى «наместник; хранитель; хозяин»; - мусульманское духовное звание богослова (улемы), учёного мужа и правоведа, знающего Коран, хадисы и нормы шариата.. Карта местности на Google map:
География: Галчамулло расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами: Расстояние до центра джамоата 4 км Расстояние до центра района 7 км Расстояние до центра области г. Худжанд км Расстояние до г. Душанбе_____ км Как добраться: Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности: Масчиди панҷвақтаи Ғалчамулло. Масчиди панҷвақтаи Ғалчамулло тақрибан солҳои 1980 сохта шудааст. Масчид бо ташаббуси аҳли деҳа бино гардидааст. Масчиди мазкур аз 1 бино ва 1 ҳавз иборат аст. Суроға: ҷ/д Пӯлодон, деҳаи Ғалчамулло, кӯчаи ба номи Тӯрабой Турсунов, 81. Исторические факты: ҒАЛЧАМУЛЛО, деҳаи аҳолинишин дар ҷамоати Пӯлодони ноҳ. Конибодом. Масофаи Ғалчамулло то маркази ҷамоат 4 км ва то маркази шаҳр 7 км. Шумораи хоҷагӣ - 348, аҳолиаш 2393 (01.01.2017). Аҳолӣ аз тоҷикон ва қисман аз ӯзбакҳо иборат мебошад. Сокинони ин деҳа асосан аз маҳалҳои Пӯлодон, Себахша, Арабхона, Арабои болою поён ва аз ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбакистан пеш аз Инқилоби Октябр ва баъдан кӯчида омадаанд. Деҳа аз се қисм: Ғалча, Оқуй ва Фармон иборат буд. Аҳолӣ фасли баҳор барои кишт ба Ғалча омада, фасли зимистон ба ҷойҳои истиқоматии худ кӯчида мерафтанд. Сардори арабҳои ин ҷо Фозилбобо, Турсунбой оқсақол, Бобо Наврӯз буданд. Заминҳои корами ин ҷо ба Муродбой, Шодӣ-араб, Хоҷа-Олим тааллуқ доштанд. Ғалчамулло ном гирифтани ин деҳа таърихи худро дошт. Оиди вожаи «Ғалча» ховаршиноси машҳур А.Ф.Миддендорф хулоса менамояд, ки ғалча ё тоҷики кӯҳистонӣ аз мардуми асили ориёӣ буда, дар тамоми манотиқи кӯҳии ҷануби Фарғона вомехӯрад ва тозатарин шакли аҳолии эрониёни қадими таҳҷоии ин сарзамин мебошад. Омӯзиши хусусиятҳои антропологии тоҷикони кӯҳистон муаллифро ба хулосае овардааст, ки онҳо натанҳо сокинони қадими эронии минтақа, балки бо ориёиҳои малламӯйи замони бостон решапайвандӣ доранд. Ба андешаи В.И.Масалский сокинони кӯҳистон, яъне мардуми ғалча бо симои зоҳирию ҷисмонӣ, анъана ва забон аз дигар ҳамқавмони дар водиҳо ва доманакӯҳҳо иқоматдошта то андозае фарқ доранд (Масалский В.И. Таджики. Россия. Полное географическое описание нашего отечества. Туркестанский край. Т. 19. СПб, 1874. Солҳои 404-409). А. Шишов низ дар «Тоҷикон»-и худ тоҷиконро ба сокинони водӣ ва кӯҳистон ҷудо намуда, зикр мекунад, ки тоҷикони води кӯҳистониёнро бо номи ғалча ёд мекунанд, вале онҳо низ мисли шаҳрнишинон бештар бо номи маҳал ва музофот муаррифӣ мешаванд. Маълумоти нисбатан мукаммалро оид ба маънои вожаи «ғалча» мо дар ду пажуҳиши пурарзиши В.В.Бартолд - «Тоҷикон. Очерки таърихӣ» (1925) ва «Таърихи ҳаёти фарҳангии Туркистон» (1927) пайдо менамоем. Шарҳу тафсири В.В.Бартолд дар заминаӣ таҳлили илмӣ ва бунёдӣ асос ёфтааст ва қадами ҷиддӣ дар омӯзиши этимологияи ин вожа мебошад. Ба андешаи ин олими дақиқсанҷ эҳтимол ҳанӯз дар замони тоисломӣ байни аҳолии води ва кӯҳистон фарқ гузошта мешуд. «Дар давраи исломӣ, - менависад В.В.Бартолд, - мо бо истилоҳоте дучор меоем, ки аз рӯи таркиби овозҳояшон баромади хеле қадимӣ доранд: ғар (кӯҳ), ғарча ё ба талаффузи кунунӣ ғалча (кӯҳистонӣ), Ғарч ё Ғарҷистон - вилояти Кӯҳистон. Ноҳияи болооби Мурғобро (дар Мавр) ба таври махсус Ғарҷистон меномиданд, ки то асри XI мулки ҷудогона ба шумор мерафт: ғайр аз ин Самъонӣ дар асри XII дар бораи «Ғарҷистони Самарқанд» сухан ронда, бо эҳтимоли қавӣ ноҳияи кӯҳсори болооби Зарафшонро дар назар дорад». «Умуман, - менависад В. В. Бартолд, - вожаи «ғалча» дар адабиёти давраи то истилои муғулҳо ҳамеша ба шакли «ғарча», ки аз калимаи «ғар» - кӯҳ реша дорад, истифода шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат вожаи муллоӣ кӯҳистонӣ, «Ғалчамулло» пайдо шудааст. Чунки номҳо ва ё наздик ба ин номҳо дар водиҳо ва дар кӯҳистонӣ Тоҷикистони азизи мо хеле зиёданд, намунаи онро дар шаҳри Конибодом дидан мумкин аст. (С.Н.Сайд, Н.Убайдулло, ҳафтавори «Тоҷикистон» №50 аз 14.12.2016). Деҳа дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ хеле тараққӣ кард. Солҳои 30-юм инҷо деҳқонон колхоз ташкил намуда, онро ба номи Жданов гузоштанд. Деҳа аз сойи Исфара ва ба воситаи обкаш аз Канали калони Фаргона обёрӣ карда мешавад. Дар деҳа МТМУ №27, клуб, ҳаммом, кӯдакистон мавҷуд аст. Номи фарзандони ин деҳа собиқ вакили Шӯроӣ Олии РСС Тоҷикистон Баҳром Орифов, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилкунандаи осоишгоҳи «Конибодом» Тӯрабобо Турсунов ва омӯзгори барӯманд Абдусаттор Шарифов ба аҳолии Конибодом ва берун аз он шинос аст. Дар ин хоҷагӣ солҳо Почо Абдурасул, Мулло Умар, Мулло Эргаш, Ортиқбоев, Юлдошбой Соҳибов, Тӯлибой Сулаймонов, Абдумаҷид Расулов, Нишонбой ва чанде дигар аз мардони баруманд заҳмат кашида, даҳҳо гектар боғу майдонҳои нав бунёд кардаанд. Исторические документы:
|
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |