Ҷамоати Далёни боло – Jamoat Dalyoni bolo
Санаи ташкилёбӣ – 01.06.1930 сол
Дата образования: 01.06.1930 сол. Описан в 1888 г.
Что означает это название: Топоним «Далёни боло» означает «Верхний Далён» и состоит из топонима «Далён» интерпретируемого по разному: 1) «Уроженцы города Дели (Индия)» и состоит из слова «Деҳли» - означающий «Дели» столицу Индии и «-ён» (-юн, -ан, -о (хо); -он, -ун) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание ^о используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. 2) От слова «Даҳвалиён» означающее «Десять друзей, десять хозяйств, десять святых» и состоит из слова «Даҳ» - означающий «десять», арабского слова «валӣ» — 1. друг, любимый; близкий (богу); святой; 2. разг. предсказатель; провидец; 3. покровитель; опекун; 4. близкий друг; 5. близкий к богу и «-ён» (-юн, -ан, -о (хо); -он, -ун) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание ^о используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты, суффикса «и» и слова «боло» - верх, верхний.
Центр: деха Далёни боло
Территория: 11264 км2 (01.01.2019 г.)
Кишоварзӣ (01.01.2019 )
– ҳамагӣ замин – 12156.02 га
– аз он обӣ– 2375.33 га
– шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ – 429 адад
Население джамоата
Мувофиқи маълумоте, ки дар натиҷаи ба ҳисобгирии аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати подшоҳӣ дар нимаи дуйуми асри ХIХ соли 1888 ва ибтидои асри ХХ соли 1905 ба кайд гирифта шудаст деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат дар ин солхо аз шумораи зерини хонавода ва аҳолӣ иборат буд:
Название городов, дехов и пгт. (на 01.01.2014 г.) |
Население городов, дехов и пгт. на: |
Расстояние от центра джамоата до деха, км. |
||||||||
1888 |
1908 | 15.01.1959 |
1970 |
1979 |
1989 | 1999 |
2009 |
01.01.2011 |
||
Далёни боло |
76 д./ 380 н. |
94 д./ 985 н. |
|
|
|
1644 д./ 6342 н. |
|
|||
Далёни поён |
146 д./ 730 н. |
144 д./ 1455 н. |
|
|
|
2007д./ 8097 н. |
|
|||
Дехманора |
- д./ - н. |
48 д./ 462 н. |
|
|
|
195 д./ 815 н. |
|
|||
Оби борик |
70 д./ 350 н. |
78 д./ 767 н. |
|
|
|
686 д./ 2739 н. |
|
|||
Навобод |
15 д./ 75 н. |
15 д./ 166 н. |
|
|
|
97 д./ 384 н. |
|
|||
Файзобод |
- д./ - н. |
- д./ - н. |
|
|
|
200 д./ 672 н. |
|
|||
Калъачаи Арбоб |
-д./ - н. |
25 д./ 245 н. |
|
|
|
614 д./ 2446 н. | ||||
Итого населения: | 1535 | 4080 | 21495 | |||||||
Итого домохозяйств: | 307 | 404 | 3963 |
д. - домохозяйств
н. - населения
Калонтарин ва сернуфузтарин дехахои Ҷамоати деҳоти Далёни Боло ин Далён аст. Вай дар шафати мавзеи собиқ Чашмасорон ва Кушосиё, он ҷое, ки шохобҳои Сои калон якҷо мегаштанд ва чарчоҳи шабакаҳои ҷӯйҳои Ӯротеппа ва Чормаҳалла, деҳаҳои канори он ҷой доштанд ба вуҷуд омадааст. Номи деҳаро бо якчанд маъно шарҳ медиҳанд:
1) Манзили муҳоҷирон аз Деҳлии Ҳиндустон,
2) Манзили Даҳвалиён (яъне даҳ дӯстон, хоҷагон, одамони муқаддас), деҳаи волиён ифода карда мешавад, ё худ ибодати даҳ рӯзаи валиён дар хонакоҳ.
Ҷанубтару ғарбтар аз деҳаи Далён дар доманаи қаторкӯҳҳои Қӯрғонак силсилаи деҳаҳои ободе буданд, ки яке аз онхо Далёни Боло мебошад, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои арчазори Қӯрғонак дар даромади дараи Шаршара ҷой гирифтааст. Деха дар замони ҳокими қабилаҳои юзи Ӯротеппа маркази маъмури оқсақолӣ, сонӣ баъди ба Россия ҳамроҳшавии Осиёи Миёна маркази волост буд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ дар деҳа масҷиди ҷомеи ҳашаматнок ва сернақшу нигори 32 сутун дошта (солхои 1889-1990) бунёд шудааст. Деҳаи нисбатан калони тарафи шарқии ҳавзаи рӯди Сои калон дар соҳили шохоби он Обиборик ном дорад, ки дорои чашмасорони мусаффову ширини ҳаётбахш аст. Обиборик номи чашмаи чинори қадиму баландро, ки то солҳои 80-уми асри гузашта он чинор мавчуд буд, ки фаври борикаш ба рӯи замин мебаромад гирифтааст. Тақрибан 5-6 км шарқтар аз деҳаи Далёни Боло деҳаҳои Калъачаи Арбоб ва Демнора ба вучуд омадаанд. Ибтидои асри ХIХ Арбоби Сабур ном заминдори калон аз гузари Арбоби Ӯротеппа ин деҳаро бунёд намудааст. Дар маркази мулкаш Арбоби Сабур барои ҳифзи аҳли хонаводааш Калъаи Қурғонеро сохта буд. Сонитар аз ҷониби наберааш Кулибой таъмир карда шуда, дар шафати он манзили аҳолӣ ташкил ёфт. Барои ҳамин халқ ин деҳаро ба ғайр аз Калъачаи Арбоб боз Қалъачаи Кулибой низ ном мебаранд.Шимолу шарқтар аз деҳаи Қалъачаи Арбоб дар масофаи 2 км дар сарҳади воҳаи деҳқонӣ ва саҳрои чорводорӣ. Сари роҳи байни манзилҳои навоҳии мингбирбулоқ ва Чорбасманда деҳаи Демнора ба вуҷуд омадааст. Ба ақидаи одамони солдида номи деҳа аз калимаи «Даҳ-манора» пайдо шудааст. Манораҳо дар замони забткорихои феодали бо мақсади ҳифзи аҳолӣ воҳаҳои зироатии Чорбасманда ва деҳаҳои ҳавзаи рӯди Сои-калон хизмат мекарданд.Ҷанубу Ғарбтар аз деҳаи Обиборик Чорманора 3 км дар доманаи даҳанаи Кизака Навобод ҷойгир шудааст, ки дар таърих онро Навободи Мулло Ҳасан ном бурдааст. Аҳолии ин деҳа аз Яғноб кӯч бастаанд.Шимолу ғарбтар аз деҳаи Далён дар масофаи 2 км Файзобод ҷойгир шудааст. Оиди пайдоиши ин деҳа дар таърих маълумотҳо аз рӯи гуфти мардуми калонсол аҳолии ин деҳа аз ш.Ӯротеппа омадааанд ва охирҳои асри Х1Х пайдо шудааст.
Ҷамоати деҳоти Далёни Боло дар шимолу ғарби ноҳияи Ғончӣ дар зери қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда аз шимолу ғарб бо Ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан зиёда аз 30 км ҳаммарз мебошад.Аз тарафи шарқ бо Ҷамоати Калининобод, аз шимолу шарқи бо Ҷамоати Чавкандаки ноҳияи Истаравшан, аз тарафи шимол бо ноҳияи Истаравшан, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди Ҷамоат 12117 га, иқлими он субтропики хушк буда, ҳаҷми боришотӣ аз 500 то 700 мм буда ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳҳои июн-июл 30-35 С, дар кӯҳҳо 12-15 С, дар моҳи январ -2-6 ва дар кӯҳҳо -12-15 С хушк мебошад. Сатҳи паҳни ноҳамвори теғадор аз шимол ба ҷануб аз 500 метр то 4743 метр тадриҷан баланд шуда маркази Ҷамоат деҳаи Далёни Боло дар баландии 1050 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Ҷамоат аз захираҳои табии масолеҳи бинокорӣ (гил, хок, сангҳои таҳкурсӣ, сангҳои барои истеҳсоли оҳак) санги мармар бой мебошад. Хокҳои Ҷамоат асосан хоки хокистарранги тира, зардхок, шағалхок, инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. Хоки минтақаи бешазори арча ва доманаи кӯҳсор қаҳваранг ё худ доминаранг буда, поёнтар ба гашти дашт он ба тирахаки кушод ва зардхок таҷлил меёбад. Дар ҳамвории доманакӯҳҳо дар баландиҳои (1000-1900 метр) набототи биёбонию нимбиёбони эфемирҳо, шибоғ, шутурхор, ҷӯробак, кавар, ковук ва гайра, дар куххо дар баландихои зиёда аз 1100-1900 дар биёбони дамои хӯшадорҳо, лубиёҳо, гулҳо, буттаҳои зирк, настаранг, бодомӣ, бодоми талхак ва ғайраҳо мерӯянд. Дар водиҳои ноҳия бошад зироатхои маданӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, нахуд, лаблабу, шалғам, турб, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, харбуза, каду, ангуру тут, себ, нок, шафтолу, зардолу,гелос парвариш меёбанд.
- олами ҳайвонотро юрмон, харгӯш, рӯбоҳ, гург, хуки ваҳшӣ, ҷайра, хирси мала, оҳу, бузҳои ёбоӣ;
- паррандаҳоро кабк, мурғи ҳилол, мастка, зоғ, уқоб, бургут, мусича, гунҷишк, фароштурук, акка, кабӯтари ёбоӣ, бедона, булбул;
- моҳиҳо ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафс -хазандаҳоро мор, калтакалос, сусмор, каждум, калпеса намояндагӣ мекунанд.
1.01.2011
Номгӯи деҳаҳо |
Миқдори хоҷагиҳо |
Шумораи аҳолӣ |
||
Ҳамагӣ |
мардҳо |
занҳо |
||
Далёни Боло |
1644 |
6342 |
3298 |
3044 |
Далён |
2007 |
8097 |
4210 |
3887 |
Обиборик |
686 |
2739 |
1424 |
1315 |
Қалъачаи Арбоб |
614 |
2446 |
1272 |
1174 |
Демнора |
195 |
815 |
424 |
391 |
Файзобод |
200 |
672 |
349 |
323 |
Навобод |
97 |
384 |
200 |
184 |
Ҳамагӣ: |
5463 |
21495 |
11177 |
10318 |
Аҳолӣ дар санаи 01.01.2019 – 25516 нафар
Мардҳо – 12785 нафар
Занҳо – 12731 нафар
Миллатҳо (01.01.2019 )
– тоҷикон – 24597 нафар – 96,7 фоиз
– ӯзбекон – 910 нафар– 0,042 фоиз
– русҳо – 5 нафар – 0,0002 фоиз
– дигар миллатҳо – 4 нафар -0,0002 фоиз
Маориф
– мактаби таҳсилоти умумӣ – 8 адад
– гимназия – 2 адад
Фарҳанг (01.01.2019 )
– хонаи маданият– 1 адад
– клубҳо – 2 адад
– китобхона – 3 адад
– фонди китобҳо – 16914 адад
Тандурустӣ (01.01.2019 )
– шумораи беморхонаҳо – 3 адад
– шумораи марказҳои саломатӣ – 2 адад
– шумораи бунгоҳи тиббӣ – 4 адад
Варзиш (01.01.2019 )
– толори варзишӣ – 2 адад
– майдончаи баскетбол – 6 адад
– майдончаи волейбол – 6 адад
– майдончаҳои варзишӣ – 10
01.01.1887 г. - 30.04.1918 г.
(1908 г.): Дальянская волость, Уратюбинского участка, Ходжентского уезда Самаркандской области Туркестанского края Российской империи
1905 - 1908 г.г. - Российская империя, Туркестанский край, Самаркандская область, Ходжентский уезд, Уратюбинский участок, Далянская волость, Верхне Далянское сельское общество