Среда
13.11.2024
17:01
Форма входа
Календарь
«  Ноябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Таърихи дехаи Понгоз. Кисми 7

 

 

Т

Тиришмиш - ҷафс

Тушунмиш-фаҳмондан

Тутуламиш; - ту-ту гуфтан

Тумтароқай-пароканда

Тиррунча-майда

Тилмоҷ-тарҷумон

Тиллик-пора кардан

Туппак-хўроки хамира

Тирка-матоъ

Тирмизак-майдаи беқарор

Тўймиш-сершуда

Таппак-аз лой сохташуда

Тетик-бардам

Туғрӣ-рост

Тагчуқур-бо пуррагӣ

Тиргак-побарҷо истодан

Талғир-ҳарранга

Тобиш нашуд-бемор шуд

Тахтапуст-аз чанд пўсти гўсфандсохта

Тилпун-телефон

Танбақ-аз охлоти чорво тайёр карда мешавад

Тугмабоғӣ-ҷои тугмагузаронӣ

Толқун-ҳалвочак

Тулка-фақат

Ташурӣ-таҳҷоӣ

Тузук-дуруст

Титу пит-паҳну парешон

Тушоқ-ду пойи ҳайвонро бастан

Тухтамиш - истодан

Тақалмиш-истодан, дармондан

Тундии шаб-дерии шаб

Телба-саросема

Таққос-муқоиса

Типирклос-касалии сил

Татиш куҷоӣ-аслаш аз куҷо?

Тулум-касалманд, фарбеҳ

Тавланг-газна

Табақ-либосвории арўс

Тик нанигар-рост нигоҳ накун, ҳурмат кун

Терак-сафедор

Таппунча-туфангча

Тизгиниша каш-огоҳ кун

Таранг-сахт кашидан

У

Уланг-кушод

Уй кун-фикр кун

Усмиш - сабзиш

Уксамиш-ёд кардан

Уғур-ҷувоз

Уруғу аймоғ-авлоду оила

Устал - миз

Уймоқ-дар вақти дўхтан ба ангушти даст меандозанд

Умасос -омада истодааст

Унтангин-онгуна

Уреб-каҷ

Ур-нишебӣ

Устун-сутун

Ушук -хунукзада

Уроғранда - рандадаст

Уреб кун-яктарафа кун

Улоқ-бузкашӣ

Угайу уксук-модарандар

Учоқ-оташдони сайёри оҳанин

Унҷойӣ - дигарҷойӣ

Уҷияк-ҳашарот

Ф

Фишшас накун-оромона..

Фосаҷир-(пассаҷир) мусофир

Фарахуд-тайёра

Финҷ-наздикӣ

Фотилаҷун-ҷингила

Х

Хало-туалет

Хавос-хотирпарешон

Хитойска-чинӣ, хитойӣ

Хокгурзунак-хокро аз симтўр гузаронидан

Хумсемиз-обутобнаёфта

Хумдарон-меваи нопухта

Халофа-бесару сомон

Хилм-чирки нолозимии чашм

Хурмагӣ-оини хурди тўйи арўсӣ

Хилбат-пинҳонӣ

Хафак- чормағзи бепучоқ

Хумёза- кашиши мушакҳо, хамёза

Хаппак-оромгард

Хару хингил-хару ароба

Худиргӣ-нони дар танўр рехта

Ҳ

Ҳангу манг-ҳайрон мондан

Ҳаммомо-дар якҷоягӣ

Ҳайрону зор-бо ҳайрат нигоҳ карда истодан

Ҳойландӣ-бозии бачаҳо

Ҳайфи сан-дурандешӣ

Ҳашагандак-ҳамакор

Ч

Чалак- сатил

Чойхалта-халтаи чой

Чахмоқ-тарбузро сўрох кардан

Чилла-чиллаи тобистон, зимистон

Чумоқ-чормағз

Чамалик-таги чашм кардан

Чамамба-ба фикрам

Чайқондан-тоза кардан

Чимилиқ-таги чодар

Чақалоқ-кўдаки хурд

Чағора-чуқурии болопўшида

Чоммиш-алафдаравӣ бо як даст

Чиғидан-ҷеғ задан

Чочуқақ-ресмони нўги кокул

Чаллӣ-ҳезум аз дарахт

Чиллу пил-титу парешон

Чиғриқ-ҷудо кардани пахта аз чигит

Чутал-як ҳиссаи хурд

Чипта-ҷувол

Чочуқ-сачоқ

Чалантой-сусткор

Челак-асбоби ресандагӣ

Чирчирак-овози борики баланд

Чикоед-чӣ хел ҳастед?

Чико-чӣ хел?, чӣ тавр?

Ҷ

Ҷавун-ҷевон

Ҷияк-ороиши поҷома

Ҷелӣ-дом

Ҷавчӣ-хостгор

Ҷунамиш -оғози сафар

Ҷелака-либоси беостин

Ҷип-ҷилос - топ-тоза кардан

Ҷазу биз-чизе пухтан

Ҷинчироғ-чароғи пилтагӣ

Ш

Шидам-рост

Шаху шўх-сахт, беқа

Шаллоқӣ-ба чизе задан, шўх

Шолофӣ-лофу газоф, лофзан

Шапалоқ-як торсакӣ задан

Шошмиш-шитоб

Шарақ-қоғази ҷилодор

Широбча-оби кам мондан

Шумкўҳ-шомкўҳ

Шушӣ-як навъи себ

Ширакайф-нимсархуш

Шушкӣ-оби сарқути хўрок

Шушалай-ҳар кӣ беэҳтиёт сухан мегўяд

Ю

Юндӣ-пасмонда

Югурдак-лаббайгўй, хушомадгўй, косалес

Я

Яламасанг-санги калон

Явғон-нопўхта, хом

VIIҚИССАҲОИ ПОНҒОЗӢ

САНГТАХТА

Ин қисса дер боз дар байни мардуми Понғоз маълуму машҳур аст.

Лашкарак ном мавзеъ як замоне мансуби Понғоз буд. То кунун чанд тан Понғозиҳо он ҷо сукунат доранд. Корвониён ба воситаи Лашкарак ба   музофотҳои Оҳангарон, Шош,  Қурама мегузаштанд. Дар яке аз мавзеъҳои Лашкарак ҷуйборе мегузашт, ки мусофирону савдогарон сангтахтаеро болои он ҳамчун кўпрук бо нияти кори хайру савоб гузоштанд, то аспу хару одамон бе монеа аз ин ҷўйбор гузаранд. Солҳо мегузаштанд, аммо одамон намедонистанд, ки ин сангтахта чи сиру асрор дорад. Муддати мадид сангтахта чандир шуда, чун камонак қат мешуд ва ба оби ҷўй мерасид. Корвониён онро аз нав пуштнокӣ гузошта, роҳро давом медоданд. Ҳамин тавр, рост мешуду қат мешуд, корвониён ин корро идома медоданд. Савдогароне, ки роҳи Бузурги Абрешим, роҳи Осиёро тай мекарданд, аз кўпрукчаи сангтахтаи Лашкарак нақл мекарданд. Хабари чандиршавии Сангтахтаи Лашкарак ба яке аз савдогарони ганҷшиноси Чинӣ мерасад. Ў фаҳмид, ки ин санг асроре дорад. Дарҳол ду нафар ва аспу шутурро ба сафар омода кард. Онҳо ба мавзеи Лашкарак омада, таҳқиқ ва ҷои сангро муайян  карданд,  меҳмони  кампири  Чинигул шуданд. Кампир аз ҷўйбор дуртар зист мекард, вай ба аспу шутур ҷой кард ва ему хошок ҳам дод. Сипас онҳо асбобҳои сангбурриро тайёр карданд. Чиниён ба ҷои он сангтахта санги дигарро чун кўпрук гузоштанд. Сангро бо заҳмати зиёд пора-пора карданд. Кампири Чинигул ба онҳо чойу нон дод. Рўзи дигар   сангрезаҳои тахтасангро ба дастархони кампир баста рўи ҳавлӣ гузошта, саҳарии барвақт пораҳои сангро ба аспу уштур бор карда сўи мулки Чин равон шуданд. Пас аз ин моҳҳо, солҳо мегузаштанд. Сангтахта дигар қату   рост намешуд. Кампири Чинигул аз ин воқеот ба ҳаққу ҳамсояҳо ва хешовандон нақл кард. Дертар ин хабар ба музофотҳои Шош, Элок, Фарғона паҳн шуд. Ин қиссаи сангтахтаи Лашкарак чун «афсўси одамон» боқӣ мондааст. Солҳо, асрҳо мегузарад. Аммо ин қисса аз ёдҳо фаромўш намешавад, он аз даҳон ба даҳон мегузараду мегузарад...

Мегўянд, ки қисми асосии санг тиллои холис будааст.

МАВЗЕИ МУРДАНОБ

Мавзеи Мурданоб ҳоло яке аз мавзеъҳои ободи маҳаллаи Шахак мебошад. Доир ба таърихи чунин номро гарифтани ин мавзеъ олими варзида аз деҳаи Понғоз, маҳаллаи Шахак Мақсуд Ҳоҷиматов қиссаи зеринро нақл менамояд.

Тахминан сесад сол пеш аз ин мавзеъ як ҷои ноободу санглохе будааст. Мардуми зиёде баҳри ба замини кишт табдил додани он камари ҳиммат бастанд. Аз сой боло бо машаққатҳои зиёд ҷўй канда, ба камари кўҳҳо девор бардошта, новаҳо сохта, обро ба ин мавзеъ оварданд. Ҳамаи ин кори мушкил тариқи ҳашар анҷом дода шуд. Ҳатто аз ҷарие Ҳалими Корвон парида ҷон дод, ки ҳоло он ҷоро ҷарии Ҳалим Корвон мегўянд.

Хуллас об бо душвории зиёд ба ин мавзеъ оварда шуд. Бадии кор он буд, ки дар аввал ҳатто як сой обро ҳам ба ин ҷўйбор равона кунед, то ин мавзеъ фақат як дастаи каланд об меомад. Мардум мегуфт, ки аз ин заминро об додан мурдан осонтар аст. Ана ҳамин боис шуду номи ин мавзеъ Мурданоб гашт. Минбаъд, бо мурури замон боғҳои обод пайдо шуда, чашмаҳои обшор пайдо шуданд, ҷўйи наве ҳам ба ин ҷо тариқи ҳашар канда, оби бисёр оварданд.

«Илм ва ҳаёт» №3, 1991, саҳ 42-43.

 

КОРЕЗИ БАХМАЛУ БАҲМАН

(Ривояти таърихӣ)

Ҳар боре ки аз мавзеи Бахмал мегузарам, ривояти аз забони чандин мўйсафедон, омўзгорон шунидаамро ба хотир меорам.

Дар асрҳои миёна пеш аз ҳуҷуми арабҳо Баҳман ном сарвари як қабилаи тоҷикони Понғоз ба деҳаи Даҳана кўчида меояд. Ў бо кулолҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ карда, қубури обгузареро, ки дарозиаш 6-7 км буд, бунёд кард. Он аз сойи Даҳана ба Бахмал, аз назар пинҳонӣ дар чуқурии як-якуним метр гузаронида шуда буд. Ин қубур аз зағораву сафоли доирашакл, баъзан чоркунҷа сохта буд. Бо ҳамин усул оби софи Даҳана ба Бахмал омад. Сипас Баҳман бо қабилааш ба Бахмал кўчид. Дар ин ҷо диҷ (қалъа) сохт ва дар гирду атрофи қалъа деҳу боғу роғ кард. Тадриҷан набототу ҳайвонот пайдо шуд, ҳамин тавр дар ин музофот шаҳраки Бахмал бунёд шуд. Аз ин ҷо роҳи корвонгузари «Абрешим» мегузашт. Баҳманшоҳ дар маркази Бахмал аз сангу хоку лой баландие сохт ва аз он посбонон деҳаро нигоҳубин ва назорат мекарданд. Дар маркази қалъа оби қубури Даҳана фаввораосо ҷорӣ буд. Аз он ҷой ба дашту биёбон ва манзилгоҳи одамон ҷорӣ мешуд. Дар асл Бахмал ҷое буд бедолу дарахт, дашту биёбон ва беоб. Дар гирди қалъа ҷўйбори калон канданд, қалъаро девори баланди сангин иҳота мекард. Масоҳати қалъаи Баҳманшоҳ 4 -5 гектарро ташкил медод.

Дар асрҳои VII-VIII мавзеи Бахмал дар тасарруфи аҷнабиён набуд. Дертар ба давлати Давониҳо (Фарғона) дохил шуд. Қалъаро сарбозони далеру ҷасур ва нотарс бо тиру камону шамшер, найзаю гурз ҳимоя мекарданд. Аз ин сабаб қабилаҳои дуру наздик бо Баҳманшоҳ муросову мадоро мекарданд ва дар ваҳдат буданд. Бахмал чун маркази илму маданият, тиҷорат, ҳунармандӣ дар водии Фарғона шинохта шуд. Ҳамчунин оҳангарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, санъат торафт авҷ мегирифт. Шаҳр ободу зебо мегардид. Аъёну ашрофи Фарғона, Попу Чуст, Элоку Шош, Истаравшан ба ин ҷо ташриф меоварданд. Бори аввал дар Ҳуҷистон намаки ошӣ истеҳсол гардид. Аз ин ҷо ба дигар қишварҳои дуру наздик намакро мефурўхтанд. Баҳманшоҳ аз намак даромади калон мегирифт. Дар кони намак ғуломони ҳалқабаргўш кор мекарданд.

Солҳои 704-715 лашкаркаши араб бо сарварии Қутайба ибни Муслим ба вилоятҳои тоҷикнишин ҳуҷум карданд. Қалъаи Бахмал ба муҳосираи ҷанговарони араб меафтад. Онҳо рўзҳои дароз дар гирди қалъа мегаштанд, аммо қалъаро забт карда наметавонистанд. Як шаб ҳамсари Баҳманшоҳ - Сайрам берун омада ба назди сарлашкари араб, ки хешованди Қутайба   ибни Муслим буд, ташриф овард.

Ў гуфт, ки Бахмалро ҳаргиз фатҳ натавонӣ кард, чунки асроре ин ҷо ҳаст. Сарлашкар гуфт: Бигўй, он чӣ ҳикмат аст? Сайрам гуфт:

- Ба маркази қалъа аз Даҳана қубури обгузари зеризаминӣ меояд. Агар сароби қубурҳои обгузари Даҳана вайрон карда шавад, қалъа беоб мемонад. Он гоҳ Баҳман бе ҷангу ҷидол таслим мешавад. Ту шоҳи Бахмалу ман ҳамсари вафодори ту хоҳам шуд. Сарлашкари саропо мусаллаҳ ба Даҳана 10 уштур коҳи ғалладона бурда, ба об пошид. Дар ҷойи саршавии қубур гирдоб пайдо шуд. Афсарону ғуломон он ҷоро бо хоку санг пур карданд. Оби Бахмал руст карда шуд. Билохира диҷ бе об монд. Душманон тамоми қалъаро тороҷ карданд. Ба ҷои дини зардуштӣ дини нави мубини ислом ҷорӣ шуд. Сайрамро барои хиёнат ба шавҳараш ба аспе баста, кашолаву пора-пора карданд. Чунин буд қиссаи мухтасари мулки Баҳманшоҳ. Имрўзҳо дар Бахмал ҷо-ҷо корезҳои зағораю сафолӣ боқӣ мондаанд. Дар охири асри 20 ба ин ноҳия аз дарёи Сир ба василаи обноваҳо об оварда шуд. Деҳаи навбунёди Баҳмалтеппа ба вуҷуд омад. Дар гирду атрофи он аз нав боғу токҳо пайдо шуданд. Пахтакорӣ ривоҷ гирифт, чорводорӣ равнақ ёфт.

ЧАШМАИ МАҲМУД АЛӢ

(ривоят)

Дар замонҳои қадим подшоҳи одиле умр ба сар мебурд. Ў ба мардуми музофоташ амонӣ, озодӣ ва осоиштагиро таъмин мекард. Мардум ҳам ҳурмату эҳтироми подшоҳро ба ҷо меоварданд. Подшоҳ шахси худотарсу парҳезкор буд, Ин рафтору кирдори худро ба мардумаш талқин мекард. Солҳо мегузаштанд. Банохост ба фикраш омад, ки ба сафар барояду аз музофоти дигар огоҳ шавад.

Ҳамин тавр ҳам кард. Чанд уштуру ароба хўрока ва ёрдамчиёнро ба худ гирифт ва рахти сафар бастанд. Подшоҳ аз кўчаҳои шаҳру деҳот гузашта, ба мавзее расид, ки дашти беканор буд. Сафарро дар ин дашти беоб, бедолу дарахт давом медод. Чанд рўз роҳ гаштанд. Оқибат ба чашмае омада расиданд. Аз гармои офтоб тамоми ҷонварону паррандагон, ҳашаротҳо худро ба оби чашма ва сояи дарахт мегирифтанд. Ҳама ҷонварон аз оби чашма нўши ҷон карда, ҳаловат мебурданд. Бар ивази он бо тамоми овоз «Сад аҳсану сад офарин ба Маҳмуд Алӣ» мехонданд. Подшоҳ, ки шахси парҳезгор, бо иродаи илоҳӣ забондон буд, забони паррандагону ҷонваронро мёдонист. Ў аз шунидани ин суханҳо дар ҳайрат монд. Сипас подшоҳ аз ҷонварон пурсид: «Ку, Маҳмуд Алӣ?». Онон бо як овоз ҷавоб гардониданд? «- Маҳмуд Алӣ аз деҳаи Маҳмадӣ».

Подшоҳ он шабро дар чашмаи Маҳмуд Алӣ рўз карда, аз паи ҷустуҷўи Маҳмуд Алӣ шуд. Хеле роҳи тўлониро тай карда, оқибат ба деҳаи Маҳмадӣ омада расиданд. Соҳиби чашма онҳоро хуш пазироӣ намуд ва меҳмондорӣ кард. Он шаб дар хонаи Маҳмуд Алӣ хоб карданд.

Пагоҳӣ барвақт подшоҳ аз соҳибхона хоҳиш кард, ки чашмаи ободкардаашро бифурўшад. Маҳмуд Алӣ дуру дароз фикр карду розӣ нашуд. Подшоҳ бисёр илтиҷову илтимос кард, аммо ў розигӣ надод. Подшоҳ гуфт, ки 100 танга медиҳам, бифурўш. Оқибат Маҳмуд Алӣ бо дили нохоҳам розӣ шуд. Сипас соҳибхона онҳоро ба тарафи чашма гуселонид. Ҳама ба ҷониби чашма раҳсипор шуданд. Ба лаби чашма омада, об нўшиданд ва каме истироҳат карданд. Лаҳзае нагузашта овози ҷонварону ҳашарот баланд шуд. Онҳо ба як овоз «Сад аҳсану сад офарин ба Маҳмуд Алӣ»-ро мехонданд. Подшоҳ аз шунидани ин овоз ангушти ҳайрат газид. Ниҳоят фаҳмид, ки боғи касе бунёдкардаро савобу аҷраш ба соҳибаш мерасад, на ба шахси харидор. Ин сафар барои подшоҳ аз худ дарси ибрате гузошт.

АРЎСИ БОҒИ ПОНҒОЗ

Дар деҳаи Понғоз навъи себе ҳаст, ки онро сангсеб мегўянд. Ин себ то Иди Наврўз ҳамасола дар ҳолати хуб нигоҳ дошта мешавад, зеби дастархони наврузӣ мегардад.

Биёед, ба таърихи он шинос шавем. Ин навъро мардум мисли дарахтони дигар бо меҳр нигоҳубин мекунанд. Вай ба таърихи деҳа тақрибан баробар аст: Искандари Мақдунӣ баъди забти Дарвоз, Бадахшон ва Рашт ба Хуҷанд ҳуҷум мекунад. То ба кўҳҳои Қурама мерасанд, ҳамроҳони ў бо худ тухми себро оварда, ба деҳаи Понғоз низ мекоранд. Дар натиҷаи коштан ва пайванд кардан намуди он афзудааст.

Дар китоби Павел Лукнитский «Тоҷикистон» оиди ин себ чунин ишора рафтааст: «Себи Понғозӣ дар ширинию сифат аз меваҳои дигар фарқи куллӣ дорад». Роҷеъ ба сангсеб дар ашъори шоири маъруф Маъдани Понғозӣ ҳам сухан меравад. Такрибан 40-45 сол пеш майдони сангсеб 55 га буд, ҳоло ин рақам ба 3-5 га омада расидааст.

Чаро кам? Ин чанд сабаб дорад. Он дарахтони себе, ки аҷдодони мо шинондаанд, пиру пўк шудаанд. Аз офатҳои табиӣ, шамолу селобаҳо низ осеб дидаанд. Ҳамчунин мардум онро чун маводи сохтмонӣ ва ҳезум низ истифода бурдаанд.

Ин себ танҳо дар мавзеъҳои Понғоз ва қисми ками деҳаи Ошоба (Шевар)-и ноҳияи Ашт парвариш меёбад. Барои нигоҳубини он иқлими мўътадили он ҷо мувофиқ аст. Ин навъ гармии зиёдро ҳам намепарастад. Вобаста ба иқлим ва маҳал сангсеб баъзан калон-калон, ширин ва суп-сурх аст.

Хусусияти аҷиби ин навъи себ он аст, ки соли аввал ҳосил бандад, соли дуюм не. Ҳарорат баланд шавад ҳосил осеб мебинад: он хурдтару пастсифат мегардад.

Ҳар бех то 1200-1300 кг ҳосил медиҳад. Чунин серҳосилӣ бештар дар хоҷагиҳои шахсӣ ба назар мерасад. Солҳои пеш мавзеъҳои «Себак», «Себи қатор», «Себпуд», «Себзор» машхур буданд. Ҳоло ин навъ башумор. Дар Понғоз 18 навъи себ ба василаи пайванд парвариш мешавад. Монанди кадусеб, сангсеб, ноксеб, себи шушӣ, себи туршаки сафед, кулчасеби тирамоҳӣ, нурчиноқӣ, аштархонӣ ва ҳоказо.

Боғбонҳо ин себро одатан дар тирамоҳ: аз 5 то 15-уми октябр ҷамъоварӣ мекунанд. Одамони ботаҷриба онро дастчин карда аз думчааш ба мехҳои хона ва анборҳо овезон мекунанд. Барои то дер нигоҳ доштани он мўътадилии ҳавои хона муҳим аст. Пеш аз хоб як-ду донаи онро истеъмол кардан беҳтар. Чунки барои ҳазми хурок, васеъ кардани узвҳои ҳозима, рагҳои хунгард мафиатбахш. Дар таркиби 100 гр себ 0,4 гр сафеда, 9,8 гр карбоҳидрат (фруктоза, глюкоза, сахароза), 16 мг калсий, 11 мг фосфор, 9 г магний, 0,6 мг оҳак, 16 г витамини С ва ба миқдори муайян витаминҳои В1, В2, Рр мавҷуд аст. Моддаҳои органикии карбоҳидрати таркиби себ дар организми одам ба осонӣ ва тез ҳазм мешавад. Истеъмоли себи тару тоза организмро мустаҳкам мекунад, чунки моддахои каратин ва витаминҳои В1, В2 ва С дорад. Онро барои табобати захми меъда истифода мебаранд, зеро дорои моддаи танин мебошад.

Моддаҳои пектинии таркиби себ бактерияҳои зараровар ва моддаҳои кимиёвии заҳрнокро (намакҳои симоб, сурб, мис) аз организм берун месозад.

Дар Понғоз ба пайванди дарахт аҳамияти махсус медиҳанд. Масалан исканапайванд, баргпайванд ва муғчапайванд маъмул аст. Муғчапайванд вобаста ба хуб омадани обу ҳаво аз 10 август то 20 сентябр, исканапайванд аз 10 март то 10 апрел ва баргпайванд аз 20 май то 20 июн давраҳои хуб ба шумор мераванд. Яхобу обмонии доимӣ барои нобуд кардани ҳашароти зараррасони себ кўмак мерасонад.

Одатан 15-20 рўз пеш аз ҷамъоварӣ сангсебро об медиҳанд. Кирми дарахту ҳосилро нобуд кардан шарти муҳим аст.

Дар бораи сангсеб ё себи сурхи Понғозӣ байни мардум ривояте ҳаст: боре марди мусофир аз деҳаи Понғоз мегузашт. Зери сояи сангсеб истироҳат мекунад, ўро ғанаб мебарад. Ногоҳ море марди мусофирро мегазад. Дардро тоқат накарда, чанд дона сангсебро мехўрад. Дард кам-кам паст мешавад. Ин аст хусусияти хуби шифобахшии сангсеб.

Ҳифзу парвариши сангсеб вазифаи муқаддаси ҳар сокини деҳаи Понғоз аст, чунки ин меваи ширин зеби дастархон ва боигарии ҳар яки мост.

СЕБАК

Аз замони қадим замин ҳамчун воситаи рўзгузаронии мардум буд, вале хўҷаини он бойҳо ва амалдорон буданд. Мардуми камбағал ба чоряккорӣ, мардикорӣ ё хизматгорӣ рўз мегузарониданд.

Тахминан дусад сол пеш аз ин байни кўҳҳои Чилдухтарон ва тўдаи Сиёҳи маҳаллаи Муллоёни деҳаи Понғоз мавзеи ноободу санглохе буд. Дар маҳалла Хўҷаназар ном ҷавони тануманде бо падару модари пираш мезист. Бо зўри бозу ў қути лоямути ҳаррўзаашонро дарёфт мекард.

Муддате ў ба чўпонӣ машғул шуда, чорвои бойҳоро бонӣ мекард. Рўзе ба ин мавзеи нообод, вале аз алафҳои худрўй бой омада чорворо бонӣ кард ва дар як вақт дар домани кўҳ замини тахту ҳамвори камсангу шағалро мушоҳида намуд.

Ба сараш хаёле омад, ки агар чашмае бошаду ин замини ҳамворро киштбоб карда, дарахт шинонад ва гандум кораду ҳосили хубе гирад, зиндагиашон хеле беҳ мешавад. Бо ин мақсад ҳатто аз куҷо чоҳ кофтанро ҳам аниқ намуд.

Рўзи дигар, саҳарӣ чун чорворо бонӣ карданӣ баромад, асбобҳои чоҳканӣ низ бо худ гирифт. Ҳангоми алафхўрии чорво муддате чоҳ меканд, вақти дамгирӣ бошад ба ҷамъ кардани чорво машғул мешуд. Ҳамин тариқ, давоми ду ҳафта тахминан чор метр чуқурӣ кофт. Худаш чуқурӣ мекофту бо зинаҳои аз хок сохтаи худ хокро бароварда ба атроф мепартофт, вале аз об дараке набуд.

Рўзи понздаҳуми кораш, ҳангоми дамгирӣ аз беҳоливу бемадорӣ каме ғанаб кард. Дар хобаш ба ў шахси нуроние чунин гуфт:

-Хуҷаназар, писарам! Ту акнун ба мақсадат расидӣ. Аз хобат хезу ба чуқурӣ фаро, ду-се каланд зан, санги кабуди тунуки калонеро мебинӣ. Онро оҳиста бардор, аз таги он қурбоққае мебарояд.

Қурбоққаро оҳиста ба паҳлў гузор ва каме ки кофтӣ оби мусаффои зулоле мебарояд, онро барои обшоркунии замин ва ошомидан истифода бурдан мегирӣ. Инро гуфта он пири нуронӣ ғайб мезанад.

Хўҷаназар аз хоб бедор шуда, худро хеле бардам ҳис мекунад, ў гўё оши палави сергўшту равғанин хўрда бошад. Бардам-бардам бо зинапояҳои аз хок сохтаи худ ба поён фаромада ду-се каланд зада буд, ки санги кабуде намудор шуд. Онро бардошта қурбоққаро дид. Қурбоққаро ба паҳлў гузошта, каме заминро кофта буд, ки оби мусаффои зулоле фавворазанон баромад.

Хўҷаназар аз шодӣ чӣ кор карданашро намедонист. Зуд боло баромад. Давоми се-чор соат чоҳ пури об гашта, ба замин ҷорӣ шуд. Бо серӣ аз он нўшид. Рўзи дигар ба чорвобонӣ баромада, ў ба чашмони худ бовар намекард. Замини тахту ҳамвори таги чашм кардааш барои шудгор кардан тайёр буд. Давоми ҳафта он заминро аз сангу шағал тоза кард ва майдони корами ҳамвору ҳосилхез тайёр шуд. Атрофашро девор гирифт. Якчанд бех ниҳоли себ шинонд, гандуму ҷав кишт кард.

Ҳамин тавр як мавзеи ноободу санглох давоми солҳо ба гулистон табдил ёфт ва мардум он ҷоро Себак ном гузоштанд.

Солҳои зиёдест, ки мардуми бисёре аз ҳосили меваҳо ва киштаҳои он мавзеъ истифода мекунанд. Ҳоло бошад, 10-12 нафар сокинони маҳаллаҳои Муллоёну Устоёни ҷамоати деҳоти Понғоз дар мавзеи Себак боғ бунёд карда, аз ҳосили меваҳои себ, зардолу, шафтолу, гелос, чормағз ва киштаҳои худ баҳра мебаранд. Инчунин аз чўби дарахтони сафедору беди рўёндаи худ барои имораташон истифода мекунанд.

Онҳо ба марди чоҳ канда, об бароварда аз таҳти дил аҳсант мегўянд.

ҚИССАИ ЧИЛДУХТАРОН

Аз қиёфаи аду борони хуну ғазаб мерехт. Аспсаворон тўдаи мардумро бо шамшеру найза ғарқи хун мекард, хонаҳоро оташ зада, полезҳоро вайрон, молашонро ба яғмо мебурданд. Мўйсафедону кампирони бегуноҳ ба марги хеш розӣ буданд, аммо аз духтарони баномуси худ хавотирӣ мекашиданд.

Хавотир аз он буданд, ки тақдири чиҳил духтари рустоӣ чӣ мешуда бошад. Ба худо зориву тавалло ва илтиҷо мекарданд, ки духтарони моро аз дасти душман наҷот деҳ…

Замоне буд аҳду вафо, орият, нангу номус, муҳофизи ҳамдигар шудан анъанаи дерин гашта, савганд ёд мекарданд, ки дар ҳолатҳои ногувори зиндагӣ, таҳдиди душман, камию костӣ, қаҳтию қиматӣ, зўроварии бегонагон ба ҳам дасти мадад мерасонанд.

Copyright OOO "BOOM" © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz