Суббота
12.10.2024
18:14
Форма входа
Календарь
«  Октябрь 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Архив записей
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 461
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Flag Counter

Всё о Таджикистане (или почти всё...)

Джамоат Хистеварз (Кистакуз, Чкалов, Кистакуз)

Ҷамоати Хистеварз – Jamoat Khistevarz

Ҷамоати деҳоти Хистеварз (Қистақӯз) соли 1929 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 1060,7 га мебошад. Шумораи аҳолӣ ба санаи 01.01.2013 сол - 54418 нафар буда, аз он мардҳо -27050 нафар, занҳо - 27362 нафар мебошанд. Дар ҷамоати деҳоти Хистеварз тоҷикон, ӯзбекон ва русҳо зиндагӣ менамоянд. Аксарияти аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар ҷамоат 2 адад корхонаҳои саноатӣ, 1 бахши алоҳаи «Тоҷиктелеком», 42 адад муассисаҳои хизматрасонӣ, 9 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 2 адад муассисаҳои томактабӣ, 2 адад китобхона, 1 адад беморхона, 2 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 6 адад марказҳои тиббӣ, 1 адад варзишгоҳ мавҷуд мебошад.

Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз ҷамоатҳои калонтарин на танҳо дар вилояти Суғд, балки тамоми ҷумхурӣ ба ҳисоб меравад, Ҷамоати деҳотро  аз тарафи шимол дарёи Сир, аз ҷануб қаторкӯҳҳои Қирғизистон ва аз шарқ ноҳияи Конибодому аз ғарб дарёи Хоҷабақирғон иҳота кардаанд. Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик (обанбори нерӯгоҳи барқии Қайроқкум) чойгир  мебошад. Аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шарқ бо ноҳияи Конибодом, аз ғарб бо Ҷамоати Овчиқалъача  ва аз шимол бо ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин ҳамсарҳад аст. (1.01.2020)

Ҳудуди ҷамоати деҳот  1060,7  километр  буда, масофаи чамоат то маркази ноҳия 9км, то маркази вилоят ш. Хуҷанд 25 км, то майдони хавоии байналмиллали 11 км ва то роҳи оҳан 9 км мебошад. Аз ҳудуди ҷамоати деҳот роҳҳои мошингарде мегузаранд, ки ахамияти байналмиллали доранд. Онхо Ҷамоатро аз тарафи ҷануб ба ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мекунад (шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом).

Ҳудуди Ҷамоати деҳотро 3 деҳа (Хистеварз, Сотсиализм ва Мирзобаҳодур) ботеъдоди 22 маҳалла ташкил менамоянд.

Шарҳи таърихию фарҳангии ҷамоати деҳот (1.01.2020)

Бостоншиносон дар рафти корҳои ҷустуҷӯйҳои худ аз Хистеварз ёдгориҳои моддие дарёфт намудаанд, ки онҳо ба асрҳои пеш аз исломӣ ва аз рӯи бозёфтҳои дигар ба асрҳои V-VI мелодӣ тааллуқ доранд. Ё худ дар сарчашмаи таърихии асари номаълуми «Ҳудуд–ул-олам» (муталиқ ба асри Ҷ) омадааст, Хистеварз аз деҳаҳоест, ки начандон дур аз Хуҷанду сари Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтааст. Маълумотҳои бозёфтаи бостоншиносон далолат ба он аст, ки ҳанӯз дар аввалҳои солшумории мелодӣ дар атрофи Хистеварз деҳаи калоне мавҷуд будааст.

Воқеъан ҳам  оид ба вуҷуд омадани исми ин деҳа  ва маҳаллаҳои он ҳикояту ривоятҳои бисёранд ва номи Қистақӯзро ба деҳа дар садаҳои охир додаанд. Номи аслии қадимааш тавре, ки дар сарчашмаҳои зиёд  сабт шудааст Хистеварз мебошад. Соли 1924 дар Осиёи Миёна мувофиқи тақсимоти миллии-ҳудудӣ деҳаи Хистеварз ба ҳайати округи Хуҷанди вилояти Самарқанди РСС Ӯзбекистон дохил мешуд. Аз рӯи тақсимоти нави маъмурӣ соли 1926 волости Хистеварз барҳам дода ва он ба Совети қишлоқ табдил дода шуд. То соли 1929, яъне то ба Тоҷикистон ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд қишлоқи Хистеварз низ дар ҳайати Ӯзбекистон буд. Соли 1929 Совети қишлоқи Қистакӯз ташкил карда шуд.

Баъдтар бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 14 майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Қистакӯз ташкил карда шуд, ки марказаш деҳаи Қистакӯз буд. Мувофиқи қисми дуюми ин Указ деҳаи Қистакӯз минбаъд Чкалов номида шуд ва ноҳияи Қистакӯз низ Чкалов ном гирифт (тайи солҳои 1941 то 1957). 19 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Чкалов барҳам дода шуда, қаламрави он ба ноҳияи Ленинобод шомил карда шуд.

18 апрели соли 1957 Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дархости Кумитаи иҷрорияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта, бо фармони худ  Совети қишлоқи Чкаловро бо номи пештараи он Совети қишлоқи Қистакӯз номгузорӣ намуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 бо қарори № 305 Қистақӯз ба Хистеварз табдил дода шудааст.

Шароити  таббиӣ, иқлимӣ ва захираҳо (1.01.2020)

Иқлими Ҷамоати деҳот  субтропикии хушк буда,  сатҳи боришоти солона зиёда аз 300 мм-ро  ташкил медиҳад.  Ҳарорати миёнаи фаслҳои гармо аз ӯ 35 то ӯ 40 С0    ва дар зимистон  -15 - 20 С0 мешавад.  Шароити хуби табиӣ-иқлимӣ имконият медиҳад, ки тамоми сол корҳои кишоварзӣ дар ҳавои озод гузаронида шавад. Дар ҳудуди Ҷамоат асосан хоки хокистаранги тира, шағалхок, зардхок, ки дар таркиби он оҳак, гипс ва намак зиёд аст, мавчуд мебошад. Дар нишебиҳо ва соҳили дарёҳо инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. 

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварз қисман обанбори Қайроқум воқеъ гардидааст. Обанбори мазкур дар натиҷаи сохтмони манбаи барқии оби ба вуҷуд омада буда, дарозиаш беш аз 75 км буда, масохаташ беш 4 миллион метрии мурабаъ мебошад, ҳаҷми умумии обанбор 4160 млн. м3 ва ҳаҷми фоиданокаш 2600 млн. м3 мебошад.

Вазъи демографии ҷамоат (1.01.2020)

Ба ҳолати 1 январи соли 2015 аҳолии Ҷамоати деҳоти Хистеварз 56497  нафарро ё 16,1 % аҳолии умумии ноҳияро ташкил медиҳад, аз ҷумла: мардон 28047 нафар (49,6 %) ва занон 28450 нафар (50,4%) буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ 132 нафарро дар 1 кмташкил медиҳад.

Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз минтақаҳои аграрии ноҳия ба шумор меравад.

Кишоварзӣ яке аз  соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва он дар ҳаёти иқтисодии ҷамоати деҳот нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзи қисми асосии аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунанд, соҳаҳои асосии кишоварзии ҷамоат растанипарвари, чорводори ва боғдори мебошад.

Масоҳати умумии заминҳо  якҷоя бо заминҳои дар ноҳияи Мастчоҳ буда 19124  гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 4456,3 га заминҳои корам мебошад.

Заминҳо асосан  тавассути каналҳои Фарғона, Фарғонаи калон, обёрикунандаи Оҳак ва ҷоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд, ки ба 63 хоҷагии деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ тақсим шудааст. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ҷамоат 9400 ададро ташкил дода, аз ин 4800 нафар саҳмдор аст.

Солҳои пеш соҳаи саноат дар ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз сохахои инкишоф ёфта ба ҳисоб мерафт, зеро ки ҳам аз ҷиҳати ҳудудию марзӣ, ҳам аз ҷиҳати зичии аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати дороияти кадрҳо ҷамоат яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ҳудуди чамоат 11 корхона саноати (аз ҷумла, 5 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 1 корхонаи саноати сабук, 4 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 1 корхонаи орд) фаъолият мебурд. Аммо индам бошад коргоҳҳои саноатии деҳот қариб пурра аз фаъолият бозмондаанд. Мақсади асоси Ҷамоати деҳои дар панҷсолаи навбавти зина ба зина таъмин намудани рушди ин соҳа мебошад.

Дар Ҷамоати деҳоти  Хистеварз соҳибкории хурду миёна бахусус истеҳсолӣ хуб инкишоф ёфта бошад ҳам, вале то ҳол омилҳое мавҷуданд, ки ба рушди он таъсири манфӣ мерасонанд. Чунончӣ  маҳдудияти нерӯи барқ, набудани имтиёзҳои лозимӣ, маҳкам будани сарҳади Ӯзбекистон, норасоихои инфрасохтории  бозори наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, сари вақт дастрас нашудани ашёи хом ва ғайраҳо.  Дар ҳолати аз байн бурдани ин омилҳо соҳибкорӣ рушд ёфта, ба сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Инҷунин дар ҳудуди ҷамоат 5 корхонаи нақлётӣ, 4 корхонаи хизматрасонии аҳолӣ, 30 нуқтаи хӯроки умум, 86 нуқтаи савдо, 10 мактаби миёна, 2 муассисаи  томактабии давлатӣ (4 муассисаи томактабии хусусӣ), 2 китобхона, 1 беморхона, 2 нуқтаи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, 7 муассисаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 6 майдони баскетбол, 5 майдони волейбол, 1 интернати махсус барои бачагони шунавоиашон суст ва кар  ва 1 мактаби варзишӣ фаъолият дорад.  

Ҳамчунин дар маркази  Ҷамоат бозори фурӯши молҳои саноатӣ ва хурокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва чандин маркази савдо мавҷуд аст. Сохтмони биноҳои замонавии баландошёна дар ҳудуди Ҷамоат вуҷуд надорад.

Дар худуди Ҷамоати деҳот баҳри дастгири соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Эсхата, Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Амонатбонк, Арванд, Ҷовид  ташкилотҳои байналхалқии Салиби сурх,  “Ҷовид”, ЮСАИД, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид , Маркази дастгирии Ҷамоат ва ғайраҳо фаъолият мебаранд. (1.01.2020)

Дата образования: описан в 1904 г. (Вирский, Михаил Моисеевич. Список населенных мест Самаркандской области: (по сведениям 1904 и 1905 гг.) / сост. М.М.Вирский - Самарканд : Типо-лит. Труд, 1906. - II, 117 с. : табл.)

Прежнее название: "Кистакуз" (с 18.04.1957 г. по 30.12.2011 г., "Чкалов" (с .. по 18.04.1957 г.), "Кистакуз" ( с 1905 по...)

Что означает это название:

Центр: деха Хистеварз

Территория: 1060,7 га

Административное деление джамоата:

на июнь-август 1932 г. Джамсовет Кистакуз Ходжентского района Таджикской ССР

Население джамоата:

Название городов,

дехов и пгт.

(на 01.01.2014 г.)

Население городов, дехов и пгт. на:

Расстояние от центра 

джамоата до деха, км.

15.01.1959

1970

1979

1989 

1999 2009 2013

 2019

 Мирзобоходур

 

 

 

 

     

 

 

 им. Аминова

 

 

 

 

     

 

 

 Хистеварз

 

 

 

 

     

 

 

Итого населения             54418    
Итого домохозяйств:                  
 
на 1.1.2017 г.
Исторические документы:

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ от 29 марта 2012 года № 305

О ПЕРЕИМЕНОВАНИИ ГОРОДА, ПОСЁЛКОВ, ДЕХОТОВ И СЁЛ СОГДИЙСКОЙ ОБЛАСТИ

Рассмотрев предложения Правительства Республики Таджикистан о ходатайствах Маджлиса народных депутатов Согдийской области «О переименовании поселков и сёл Согдийской области» за № 657 от 30 декабря 2011 года и «О переименовании некоторых населенных пунктов области» за № 82 от 1 марта 2012 года, в соответствии со статьей 23 Конституционного закона Республики Таджикистан «О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан» Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Переименовать посёлок КИМ города Исфара в посёлок Нурафшон.

Переименовать нижеследующие дехоты Бободжон Гафуровского района:

дехот Кистакуз в дехот Хистеварз

дехот Катаган в дехот Зарзамин

дехот Уткансой в дехот Чашмасор.

Переименовать дехот Овчи в дехот Вахдат,

дехот Калининобод в дехот Исмоили Сомони и нижеследующие сёла Гончинского района:

село Кучкина в село Нуробод дехота Муджун

село Кенагас в село Мехробод дехота Муджун

село Уртакургон в село Хазорчашма дехота Муджун

село Бешкал в село Панджбог дехота Муджун

село Чагат в село Гулшан дехота Муджун

село Иторчи в село Истиклол дехота Муджун

село Анбаргаз в село Анбарин дехота Муджун

село Мангит в село Зароб дехота Муджун

село Янгиарики Поён в село Зарнисор дехота Газантарак

село Каробуин в село Гулобод дехота Газантарак

село Янгиарики Боло в село Дархон дехота Калининобод

село Дам в село Вахт дехота Яхтан

село Хуштоири Джар в село Ходжа Тохир дехота Яхтан

село Джари Гуломкуш в село Богистон дехота Яхтан

село Кизили в село Лолазор дехота Яхтан

село Кийгир в село Шохин дехота Яхтан

село Мурияк в село Офтобру дехота Росровут.

Переименовать город Табошар в Истиклол.

Переименовать нижеследующие дехоты города Истаравшан:

дехот Ленинобод в дехот Чорбог

дехот Коммунизм в дехот Зархалол

дехот Фрунзе в дехот Сабристон.

Переименовать нижеследующие сёла города Конибодом:

село Кайрогоч в село Ободони дехота Пулодон

село Янги-Кучкаки в село Сомониён дехота Р.Хамробоева

село Тагойкуйчи в село Истиклолият дехота Г.Ортикова.

Переименовать нижеследующие сёла города Пенджикент:

село Гарибак в село Озодагон дехота Хурми

село Каттакишлок в село Хуррамобод дехота Хурми

село Зарангбош в село Зарфишок дехота Хурми

село Советобод в село Рукнобод дехота Вору.

Переименовать нижеследующие дехоты Аштского района:

дехот Джарбулок в дехот Ориён

дехот Камишкургон в дехот Мехробод

поселок Такали в поселок Сугдиён

посёлок Куруксой в посёлок Обшорон

дехот Авзикент в дехот Навбахор.

Переименовать нижеследующие дехоты района Спитамен:

дехот Нов в дехот Турсуна Улджабоева

дехот Октепа в дехот Истиклол

дехот Куркат в дехот Куруш.

Переименовать нижеследующие сёла и дехот Джаббор Расуловского района:

дехот Янгихаёт в дехот Хаёти нав

село Куланбош в село Гулистон дехота Дехмой

село Казнок в село Заркор дехота Дехмой

село Каттадам в село Саричашма дехота Гулхона

село Кичикдам в село Бахори дехота Гулхона

село Чирик в село Бахористон дехота Гулхона

село Кайрагоч в село Лолазор дехота Гулхона.

Переименовать нижеследующие сёла Шахристонского района:

село Холдоркипчок в село Ободи дехота Янгикургон

село Кушкургон в село Сугдиён дехота Янгикургон

село Янгикургон в село Навкент дехота Янгикургон

село Карабчи в село Гулистон дехота Янгикургон

село Тавокбулок в село Чашма дехота Янгикургон

село Кулликутан в село Хисор дехота Янгикургон

село Бураген в село Фирдавси дехота Шахристон

село Джаркутан в село Турсунзода дехота Шахристон

село Каерма в село Вахдат дехота Шахристон

село Ишкили в село Бустон дехота Шахристон

село Кенгкул в село Истиклол дехота Шахристон

село Урохли в село Темурмалик дехота Шахристон.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан  М. Убайдуллоев

г. Душанбе,

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ от 30 декабря 2011 года №657

О ходатайстве Маджлиса народных депутатов Согдийской области о переименовании поселков и сёл

В соответствии со статьей 23 Конституционного закона Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить ходатайство Маджлиса народных депутатов Согдийской области о переименовании:

посёлка КИМ на посёлок "Нурафшон" города Исфара,

джамоатов сёл "Кистакуз" на "Хистеварз",

"Катаган" на "Зарзамин",

"Уткансой" на "Чашмасор" Бободжон Гафуровского района,

джамоатов сёл "Овчи" на "Вахдат",

"Калининабад" на "Исмоили Сомони" Ганчинского района,

сёл      Кучкина на Нуробод,

            Кенагас на Мехробод,

Уртакургон на Хазорчашма,

Бешкал на Панджбог,

Чагат на Гульшан,

Иторчи на Истиклол,

Анбаргаз на Анбарин,

Мангит на Зароб Джамоата сёл Муджун,

сёл      Янгиарики Поён на Зарнисор,

Каробуин на Гулобод Джамоата сёл "Газантарак",

села    Янгиарики Боло на Дархон Джамоата сёл "Калининабад",

села    Дам на Бахт,

Хуштоири Джар на Ходжа Тоир,

Джари Гуломкуш на Богистон,

Кизили на Лолазор,

Кийгир на Шохин Джамоата сёл "Яхтан",

села    Мурияк на Офтобру Джамоата сёл "Ростровут"

Ганчинского района и представить на рассмотрение Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе

<