Вторник 08.10.2024 13:53 |
Приветствую Вас Гость Главная | Регистрация | Вход | RSS |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Всё о Таджикистане (или почти всё...)Деха Куйи козиёнДеҳаи Куйи козиён – Village Kuyi qoziyonКӮЙИ ҚОЗИЁН, деҳаи аҳолинишинест дар ҳозира ҷ/д ба номи Ғафурҷон Ортиқови ноҳ.Конибодом. Масофа аз деҳа то маркази шаҳр - 2 км, шумораи хоҷагиҳо - 208 адад, шумораи аҳолиаш - 996 нафар (01.01.2017). Кӯйи қозиён ба маънои кӯчаи қозиён, яъне мансабдорони шаръӣ, ки баҳсҳои ҳуқуқӣ ва оилавиро аз рӯи қонуни шариат ҳал мекарданд, омадааст. Дар ин ҷо маҳаллаи Тангак низ ҷойгир буд, ки ҳоло ба ҳудуди шаҳр дохил мешавад. Ин ҷо ғайр аз тоҷикон қазоқҳо низ зиндагӣ мекарданд, ки 200 сол пеш аз ноҳияи Сайрам кӯчида омада буданд. Аҳолии шаҳр онҳоро қазоқ ё қазоқон меноманд, ки онҳо бо қазоқҳо муносибате надоштанд. Асосгузори ин маҳалла сайрамиҳои ин ҷо масканёфта бародарон Файзиддин ва Мирзобой буданд. Ин ду бародар аввалан дар ш.Хӯҷанд, сипас дар Конибодом маскан гузида буданд. Ғайр аз сайрамиҳо, манғитҳо ҳам кӯчида омада, ин ҷойро манзилгоҳ интихоб кардаанд. Намояндагони нисбатан маъруфи онҳо Қӯшоқ-манғит, Нор-манғит, Ҷӯра-манғит буданд. Ғайр аз қазоқу манғит ин ҷо қашқариҳо ҳам мезистанд. Аз чор як қисми маркази шаҳр деҳаи Кӯйи қозиён ба ҳисоб мерафт. Соли 1919 ҷамоати Кӯйи қозиён ташкил дода шуда буд, ки он с. 1954 бо ҷамоати Фирӯзоба як шуда, номи пештарааш – Кӯйи қозиёнро нигаҳ дошт. Ин ҷамоат аз 21.01.1958 ба номи Ғафурҷон Ортиқов гузошта шуд. Заминҳо аз Канали калони Фарғона обёрӣ карда мешаванд. Дар маркази деҳа бинои сеошёнаи собиқ АХД «Ирам», бинои ҷамоати деҳот, беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, чойхона, мағоза ҷойгир аст. Ин деҳа бо номи фарзандони баруманди худ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Шокирҷон Боҳиров, Рахмонҷон Қосимов, генералҳо Абдуқаҳор Сатторов, Маъруф Ҳасанов ва гурӯҳе аз олимони номдор шӯҳратёр аст. Дата образования: начало 18 века Что означает это название: Топоним «Куйи козиён», означает «Квартал судей» и состоит из слова «кӯй, куй» – 1. улица; квартал; 2. дорога; путь; суффикса «и», арабского слова «қозӣ» - 1. устаревшее, историческое: казий, судья (судивший по законам шариата); 2. казий, кази (глава мусульман) и - ён (-йон, -йун, -ан, -о (хо); -он, -ун) - Форманты. Суффиксы топонимических образований (терминов-существительных и собственных названий) обозначающих место, создают топоним, показатель множенности. В таджикском языке эти форманты имеют формообразующее свойство, они образуют множественное число существительных. Исторически окончание ^о используется как с существительными обозначающими живые объекты, так и неживые объекты. Карта местности на Google map: География: Куйи козиён расположена на высоте ________м от уровня моря, граничит с дехами: Является центром джамоата Расстояние до центра района 0,5 км Расстояние до центра области г. Худжанд ____ км Расстояние до г. Душанбе_____ км Как добраться: Доехать можно через____ _______. Необходимо из __________ добраться до места ___________. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в ________________. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. Население
Известные уроженцы:
Достопримечательности: ҲАЙДАРОВА Шаҳрӣ (1918, деҳаи Кӯйи қозиёни ноҳ. Конибодом - 1988, ҳамон ҷо), ҳамшираи тиббӣ, лейтенанти хурди хизмати тиббӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941 -1945. Солхои 1933-35 дар омӯзишгоҳи тиббии ш. Конибодом таҳсил намудааст. Солхои 1935 - 40 ҳамшираи тиббии беморхонаи ш. Конибодом буд. Ӯ ягона занест дар Конибодом, ки аз аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт ва дар баталиони санитарии фронти 2-юми назди Балтика адои вазифа намуд. Дар солҳои охири ҷанг дар сафи Фронти Шарқӣ, ки зидди милитаристони Япония меҷангид хидмат намуд. Ҷанги дувуми ҷаҳонро дар хоки Манҷурия анҷом дод. Солҳои ҷанг садҳо маҷрӯҳони ҷангро аз марг наҷот дода, умри дубора бахшид. Баъди Ғалабаи бузург дар ҷанг ба зодгоҳаш баргашта, дар ба сифати ҳамшираи тиббӣ адои вазифа намуд. Бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Исторические документы:
|
Copyright OOO "BOOM" © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz |